Главная / Чамъият / Пардохти андозхо ва мукаррароти маъмури

Пардохти андозхо ва мукаррароти маъмури

Моддаи 158-и Кодекси Андоз. Пардохти андозхо ва мукаррароти маъмури

  1. Супорандагони андоз аздаромад андозро дар махалли бахисобгириашон дар мухлатхои барои пешниход намудани эъломияхои андоз мукарраршуда пардохт менамоянд.
  2. Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки аз хисоби кор дар ташкилотхои дипломатию консулгарии давлатхои хоричи ва ташкилотхои ба онхо баробаркардашудаи ташкилотхои байналмилали дар Чумхурии Точикистон даромад мегиранд, вазифадоранд аз даромадхои худ мустакилона андози даромадро дар мухлатхои барои пешниходи эъломия мукарраршуда супоранд.
  3. Таксим кардани маблаги пардохтхои чории андоз аз фоида, инчунин маблагхои андозе, ки бояд ба кисми даромади бучетхо аз руи чамъбасти соли таквими гузаронида шаванд, аз чониби корхона байни бучетхои махалли чойгиршавии вохиди асосии корхона, инчунин дар махалли чойгиршавии хар як вохиди алохидаи он бо дарназардошти хиссаи харочот барои пардохти музди мехнате, ки ба вохиди асосии корхона ва ба хар як вохиди алохидаи корхона дар харочоти умумии музди мехнат дар корхона (вохиди асосии корхона дар якчояги бо хамаи вохидхои алохидаи корхона) тааллук дорад, мутобики маълумоти бахисобгирии мухосибии корхона сурат мегирад.Хиссахои харочоти барои пардохти музди мехнат дар хамин кисмпешбинигардидабо дарназардошти нишондихандахои вокеии харочот барои музди мехнати вохиди асосии корхона ва вохидхои алохидаи он мутобики маълумоти бахисобгирии мухосибии корхона барои охири давраи хисоботи муайян карда мешаванд.
  4. Хисоб кардани маблаги пардохтхои чории андоз аз фоида, инчунин маблагхои андозе, ки бояд ба кисми даромади бучетхо аз руи чамъбасти соли таквими дар махалли чойгиршавии вохиди асосии корхона ва хар кадом вохиди алохидаи он пардохт шаванд, аз чониби корхона мустакилона анчом дода мешавад.Маълумотро дар бораи маблагхои пардохтхои чории андоз аз фоида, инчунин дар бораи маблагхои аз руи чамъбасти соли таквими хисобкардашуда корхона ба вохидхои алохидаи худ, инчунин ба макомоти андози махалли чойгиршавии худ ва махалли чойгиршавии вохидхои алохида на дертар аз мухлати барои амали намудани пардохтхои чори мутобики моддаи 157 Кодекси мазкур мукарраргардида ва барои пешниходи эъломия аз руи андоз аз фоида мутобики моддаи 156 Кодекси мазкур дастрас менамояд.
  5. Корхона маблаги пешпардохтхо ва маблаги андозеро, ки аз руи чамъбасти соли таквими хисоб карда шудааст, ба бучети махалли чойгиршавии вохиди асосии корхона ва вохидхои алохидаи он тавассути вохиди асосии корхона ё тарики хар вохиди алохидаи на дертар аз мухлати мукаррарнамудаи хамин модда ва моддаи 157 Кодекси мазкур месупорад.
  6. Супорандагони андоз аз фоида хисоби нихои анчом медиханд ва андозро дар махалли бахисобгириашон на дертар аз 10-уми апрели соли баъди соли таквимии хисоботи фарорасанда пардохт менамоянд.
  7. Бонки миллии Точикистон андоз аз фоидаро на дертар аз  1 августи соле, ки баъди соли хисоботи фаро мерасад, месупорад (КЧТ аз 18.03.15с., №1188).
  8. 8. Назорати пардохти андоз аз фоида ва андоз аз даромад аз чониби макомоти андоз анчом дода мешавад.
  9. 9. Дастурамалхо оид ба хисоб ва пардохт намудани андоз аз фоида ва андоз аз даромад, инчунин шаклхои эъломияхо ва хисобхои дахлдор аз чониби макоми ваколатдори давлати дар мувофика бо Вазорати молияи Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …