Главная / Биология / Парандагони Тегаисинадор ё ин ки кабксина

Парандагони Тегаисинадор ё ин ки кабксина

Ин катор кариб 95%-и хамаи Намудхои паррандагонро дар бар мегирад, ки аксарияти онхо парвозкунанда буда кариб 8 хазор намудро ташкил мекунанд. Хамаи намояндагони ин болокатор ахамияти хочаги, саноати, зебои доранд. Яъне аз онхо тухм, пару пату гушт истехсол мекунанд. Гайр аз ин аксарияти паррандахо хашаротро нобуд мекунанд, онхо ранги зебо ва овози форам низ доранд. Зарари онхо, дар он аст, ки бо пару пати худ кайку канаю птабушкхоро пахн мекунанд, хуитахои сердони галлалона ва мохию обхокихои фоиданокро мехуранд ва ба замин тутрез менамоянд. Аз чихати таксимот ба якчанд катор чудо мешавад.

лаклак

Катори лаклакхо. Лаклакхо аз чихати хачм гуногун буда, гардану пойи дароз доранд. Кисми дарози соки пояшон луч аст. Пояшон 4 панча дорад, ки якеаш дар акиб ва 3-тояш дар пеш буда, байнашон парда дорад, Нулашон дароз аст. Онхо аз тухм баромадаи луч мебошанд. Лаклакхо ба гайр аз Арктика ва Антарктида дар дигар чойхои кураи замин пахн шудаанд. Намояндаи онхо лаклаки сафед, лаклаки сиёх ва гайрахо мебошанд, ки дар ботлокхои кисми аврупои, Кавказ ва Осиёи Миёна вомехуранд.

Катори козхо.
Катори козхо.

Катори козхо. Козхо паррандахои оби буда, хачми калон, гардани дароз, пойи кутохи панчахояш пардадор доранд. Дар орнитофауна (олами паррандахо) то хол 200 намуди онхо маълумавд, ки дар хамаи китьахо пахн шудаанд. Дар охири бадан — зери пархо гадуди равгании нагз инкишофёфта доранд. Дар як сол 1 маротиба афзоиш мекунанд. Баъзе Намудхои он хонаги карда шудаанд. Онхо хурокашонро аз мухити обу ботлок ёфта мехуранд. Козхо аз 3 то 8 тухм гузошта, аз 28 то 40 руз онхоро пахш карда, чуча мебароранд.

Катори паррандахои даррандаи рузона. Намояндахояш нули хамидаи чангаки, чанголхои хамидаи вазифанокшуда, халки васеъ, магзи сари нисбатан калон доранд. Яке аз зеркаторхои он каргаси америкои аст, ки вай даррандаи рузона буда, узви хиссиёташ хуб, садопардахояш суст инкишоф ёфтааст. Зеркаторхои дигараш укоб, шохин ва карчигайхо аст, ки Намудхои онхо дар дашту куххо зиндаги мекунанд ва бештар хашароту обхоки, хазандаю парранда ва ширхурхои хурдро шикор мекунанд. Онхо бештар 2-4 тухм гузошта, 1 мох онхоро пахш менамоянд.

Катори мургхо. Намояндахои ин катор паррандахои васеъ пахншудаи руизаминию дарахти буда, чор панчаи нагз инкишофёфта доранд, ки бо онхо хокро мекобанд. Тухмгузори ва нигохубини чучахо ба ихтиёри мокиён аст. Азбаски Намудхои он хонаги карда шудааст, бештар ахамияти хочаги дорад. Зотхои мургхо хеле бисёр аст, аз чумла: мурги марчон, товус, мурги банкиви, мурги хилол, кабк, бедона ва гайрахо.

турна
Сурати турна

Катори турнахо ё ин ки кулангхо паррандахои калони хушкигард буда, думи кутоху гардани дароз доранд. Онхо дар ботлоку дашгхо вомехуранд. Масалан, турнаи хокистарранг аз тундра то минтакаи кухсорхои Осиёи Мнёна пахн шудааст, ки дар зери буттахо 2-3 тухм мегузорад. Хурокаш курбокка, хазанда, хояндахо ва решаю тухми галладона мебошад. Ватани асосии онхо Осиёи Чанубй ва Африка аст. Онхо зимистон ба чойхои гарм куч мебандаад.

Савол ва сулоришхо:

  1. Оид ба пайдоиш ва инкишофи тадричии паррандахо накл кунед.
  2. Дар бобати болокатори паррандахои бетегасинагихо (хамворсинагон) маълумот дихед.
  3.  Дар бораи болокатори пингвинхо ва болокатори тегасинадорон ва катори гагарахо маълумот дихед
  4. Оид ба катори мурги туфон (найчабинико), лаклакхо, фламинго (мурги сако). козхо, мургхо ва турнахо, катори паррандахои даррандаи рузона маълумот дихед.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …