Главная / Гуногун / Панисломия ва пантуркия

Панисломия ва пантуркия

Чанги триполитани ва чангхои балкани тахайюлоти чавонтуркхоро низ шикаст дод ва онхо мачбур шуданд, ки дар масъалаи милли сиёсати худро аз нав дида бароянд. Бархамхурии хукмронии туркхо дар Балкан ба муборизаи миллию озодихохии халкхое, ки хануз дар хайати ин империя буданд, таъсир расонид ва махсусан ба халкхои араб. Чавонтуркхо дар чунин шароит барои дар ягонаги нигох доштани империя ба макоми дини ислом диккаги калон медодаги шуданд. Барои хамин онхо гояи панисломии Абдулхамидро фаъолона таргиб мекарданд.

pantyurkizm

Асоси дигари идеологии сиёсати миллии чавонтуркхо пантуркия гардид. Ин гоя дар асоси миллатгароии чавони турки тавлид ёфтааст. Яке аз асосгузорон ва ифодакунандагони асосии ин гоя файласуф Зиё Гиёкалп (1876-1924) буд. Бар хилофи панисломия у зарурати таксими хокимиятро ба дуняви ва рухони ва дар асоси тамаддуни европави таракки додани миллати туркро асоснок кард. У мегуфт, ки яке аз чорахои асосии дар ин рох ба муваффакият ноил шудан дар як давлат муттахид кардани туркзабонхо мебошад. Ин гояхо махсусан дар байни чавонтуркхо обруи баланд пайдо намуданд. Кисми нисбатан миллатгарони намояндагони онхо гояхои Гиёкалпро ривоч дода, ба таълимоти пантурки табдил доданд. Ин чавонтуркхо талаб мекарданд, ки хамаи туркзабонхо тахти хокимияти султони Туркия муттахид карда шаванд ва бо рохи зури турк кунонидани акаллиятхои милли ва бо хамин рох нест кардани онхоро даъват менамуданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …