Главная / Гуногун / Панди Чаббор Рассулов

Панди Чаббор Рассулов

Ин вокеа дар замоне рух дода, ки орд фаровон, нон арзон ва нарх дастрас буд. Хар оила медонист, ки дар давоми мох аз магозаи деха меъёри орди барои таъмини зиндагию рузгори худ кофиро дастрас кунад. Ин фаровони табиист, ки мардумро нозпарвар хам карда буд. Баъзехо пурталабу шартакигу шуда, гузаштаро аз сахфаи хотирахо хат зада буданду ба оянда бепарво. Ба ин вокеа чил сол пеш тасодуфан шохид гашта будам. Тафсилоти он вокеа чунин аст. Бегохии бахорони соли 1978 аз мактаб бармегаштам.

jabbor-rasulovЧун одат ба магозаи дехаи хамсояи дар сари рох вокеъ як сари кадам медаромадам. Магозачи Хикматулло Абдуллоев доимо дар хизмат буд. Он солхо магозаи дехахо ва майдончаи назди нуктаи танзими баркро одамони аз кори харруза баргарданда ба таъбири хамсабакам Чуракул “сугалмазор”ном гузошта буданд. Мардум баъди кор дар ин чойхо бо муйсафедону нафакагирон ва бо ягон-ягон бекорчи вохурда, аз вокеахои давоми рузи деха бохабар мешуданд, барои фарзандону наберагон шириние харида ва ё камбудии дар рузгор доштаашонро буд карда, ба хонаашон мерафтанд. Дар ин “сугалмазор” аксар маврид муйсафедони интизори азони намоз ба таъбири худашон “бо политинформатсия” машгул шуда, якдигарро аз навигарихои дидаю шунидаашон шинос мекарданд.

Нав бо хозирин вохурда, ба пештахтаи магоза наздик шуда будам, ки аз дар котиби якуми Хизби коммунисти Точикистон-рохбари аввали республика (он вакт касе чумхури намегуфт) Чаббор Расулов ва котиби якуми кумитаи районии (он замон нохия намегуфтанд) Урок Аловиддинов ворид шуданд.Онхоро дида, хама ба истикболашон шитофта халка гирифтанд. Рохбарони чумхурию нохия бо хар яке дасти вохурда, ахволпурсии маъмули карданд ва сарвари чумхури магозачиро наздаш хонд. Барои эхтироми рохбарон ва муйсафедон худро канор гирифта, андаке дуртар аз онхо дар паси каторахои маводи магоза истодам. Чаббор Расулов ба фурушанда ру овард: -Гугирд доред? -Хаст, муаллим, – магозачи бо чолоки куттии калони пургугирдро нишон дод. Он солхо мухотаби эхтиромии “муаллим” хеле маъмул буд ва аксар рохбаронро бо ин калима эъзоз ва бо он ба онхо мурочиат мекарданд. -Керосин чи? -Дируз овардем. -Собун, канди сафед? -Хаст, муаллим. -Вазъи орд чи хел? -Мерасад, муаллим.

Рохбари чумхури номгуи маводи талаботи харрузаи рузгорро ба забон мегирифту магозачи онхоро нишон медод ва ё дар бораи дар кучо будани онхо маълумот пешкаш менамуд. Баъди муколама бо фурушанда Чаббор Расулов ба хозирин ру овард: -Аз чи танкиси мекашед? Оё магазинчи рост мегуяд? Муйсафедон як ба хамдигар нигох карданду бобои Солех, ки дар хар мачлис музокирачи буду ба кавли худаш “хакталаби” мекард, дар ин чо хам пешдастиро аз даст надод: -Магазинчи дуруг мегуяд. Тасаввур кунед, холати фурушандаро.

Рангаш кандаю интизори хукми сарвари чумхури пеши по хат мекашиду чашм аз дахони рохбари Точикистон намеканд. Мушохида мекардам, ки ахволи рохбари нохия хам аз холи магозачи бех набуд. -Орди халол нест, рафик Расулов. Котиби якум аз паси айнакаш ба магозачи ва сипас ба Урок Аловиддинов тег кашида, ба оханги савол нигох кард. Дар навбати худ рохбари нохия ба фурушанда итоб кард:

-Булбул барин чавоб доди, ба ин савол хам чавоб дех! Магозачи оби дахонашро фуру бурда, нимгурма:

-Инхо орди навъи аълоро дар назар доранд,

-гуфта сар поён афканд.

-Ха, муаллим, орди виший сорт намеорад,

– боз пешдасти кард бобои Солех. -Кадом навъи орд доред холо?- ба фурушанда ру овард Чаббор Расулов. -Орди навъи якумро кариб таксим карда шудем, як-ду оила монд. Орди дуюму сеюмамон аз мохи гузашта истодааст. -Намехаранд? -Кам. -Чаро? -Мегирем, рафик муаллим, аммо мардум орди виший талаб дорад, -бобои Солех бо дасти мачрухи качгаштаи аз майдони Чанги Бузурги Ватани овардааш дастак зада байни рохбарон меистод. -Кадоматон рост мегуед? – котиби аввал ба магозачи ру овард. Хикматулло Абдуллоев, ки акнун хеле ба худ омада буд, часорат пайдо карду барои халосии худ посух дод: -Бисёр вакт орди навъи сеюмро барои хуроки чорво мегиранд. Мушохида кардам, ки рангу руйи Чаббор Расулов хам канд, айнакашро лахзае ба даст гирифта боз ба чашм гузошт ва аз дасти дастакзадаистодаи бобои Солех дошта, ногах ба суйи ман ру овард: -Писар, ин чо биёед. Ба халкаи рохбарону муйсафедон ноилоч ворид шудам. Котиби аввал бо дасти дигараш аз оринчам дошт ва ба ман мурочиат кард: -Шумо чикора? -Муаллим. -Ба чанд даромадед? -Ба бисту хашт. -Шумо чи? – ба бобои Салох мурочиат кард. -Таваллудам соли бисту шаш, дар фронти Украина будам, инвалиди гурухи сеюмам… – Шояд шумо рузхои дароз гурусна чанг карда бошед? -Ха, хатто хафтахо, – таквият медод сухани рохбари чумхуриро бобои Солех, – гушти аспи хароммурдаро хам хурдаем…

Чаббор Расулов сухани уро бурид ва бо овози баланд ба хозирон ру овард, садояш тамоми бинои калони магозаро пахш кард: -Агар ана ин муаллим, ки касофати чангро надидааст, нонро, ордро ба халолу харом чудо мекард, фахмидан мумкин буд, зеро у дар замони осоишта, дар замони серию пури мактаб хондаасту ба воя расидааст. Шояд у хам норасоие дар рузгор дорад. Ки камбуди дар зиндаги надорад? Аммо шумо, ки дар байни оташу тир будед, хатто ярадор шудаед, ба гуфти худатон иштирокчии чанг хастед. Ман он вактхо дар Москва кор мекардам, ахволи таъминоти фронтро бо хурок аз дигарони ин чо истода бештар медонам. У сухан мекарду баробари овози баландаш панчахояш дар бозуям фишурда мешуданд ва хаёл кардам, ки нохунхояш то устухони бозуи дастам фуру рафтанд. -Бале, чанг буд, чанг касофат аст, касофаташ ба хама расидааст, аммо намедонам, ки шумо чи хел чанг кардаеду ба кадри осоиштагии замона намерасед. Хайфи умратон, рафик чанговар!- у чашм боло карда ба хозирон ру овард: – Ба кадри замони осоишта ва нони фаровон расидан даркор, рафикон! Чаббор Расулов якбора дасти ману бобои Солехро сар доду рохи баромадро пеш гирифт.

lХозирин ба бобои Салох дарафтода ба кохишаш сар карданд, аммо муйсафед дасти мачрухашро афшонда аз онхо дур шуд. Баъди чандин соли ин вокеа, аникаш соли 1994, ки он вакт дар маркази нохия кор мекардам, бобои Солех дар рох хамрохам шуд. У симои пажмурдаю афгор дошт ва барои як халта орд ба идораи чамоат мерафт. Изои муъмин харом гуфта чизе нагуфтам, аммо худаш суханро огоз кард: -Хамон вохуриро дар магозаи мо, ки Расулов омада буд, ёд доред? -Он сабаке буд, бобочон, аз ношукрии мо, ки дар хаёт исботашро бо чашми худ дидем. -Ха, аз худамон гузашт, рост гуфтед шукрро аз ёд баровардем, ба кадри амонию арзони нарасидем, ана окибаташ, -бобои Солех бо фаши саллаи нимдошташ оби дидагонашро пок кард. Имруз Чаббор Расулов, Урок Аловиддинов, магозачи Абдуллоев Хикматулло, бобои Солех аз кулли иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватании хамсоядехаамон дар байни мо нестанд, аммо он вокеа бо дидани нони зерипогаштаю дар партовчойхо хобида хар замон ба хотирам меояду чун Чаббор Расулов бонг задан мехохам: -Ба кадри осоиштагии замон ва нони фаровон бирасед, азизон!

Султонмуроди ОДИНА, нависанда

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

akasharif-juraev-

АКАШАРИФ ЧУРАЕВ – Хофизи Халки Точикистон

Устод  Акашариф Чураев зодаи нохияи Калъаихуми Дарвоз аст, ки соли 1896 дар дехаи Личак ба …