Главная / Биология / Пайдоиши растанихои мазруи

Пайдоиши растанихои мазруи

Растанихои мазруи асосан аз растанихои худруй пайдо шудаанд. Ин рохи дуру дарози инкишофи растанихо мебошад, ки бо дахолату фаъолияти хаётии инсони сохибхирад зич алокаманди дорад.

Дар даврахои кадими дур аввалин одамон талаботи ба хурок (гизо) доштаи худро ба туфайли шикори хайвонотхои гуногун конеъ мегардониданд. Дар баробари шикори хайвонот, одамон, инчунин, ба чамъоварии мева ва тухми растанихои гуногуни худруй машгул буданд. Дар натичаи тез-тез тагйирёбии иклим, номусоидии обу хаво, кам шудани микдори хайвоноти шикоршаванда одамон мачбур шуданд, ки бештар ба гизои растаниги руй оваранд. Шояд бори аввал ба киштукори растанихо даст задани аввалин одамон натичаи чунин руйдодхо бошад.

Пайдоиши растанихои мазруи

Сараввал онхо ба чамъоварии тухми растанихои галладонаги машгул шуда, онро ба сифати хуроквори истифода мебурданд ва захира мекарданд. Тухм ё дони ин растанихо тасодуфан дар атрофи бошишгоххои одамони кадим афтода, нашъунамо карда, хосил медод. Ии холат боиси он шуд, ки одамон дар чустучуи тухму мевахои хуроки дур нарафта, растанихоро дар назди макони зисташон парвариш намоянд. Хамин тавр, зироатчиги пайдо шуд.

Дар асоси маълумотхои таърихию археологи метавон кайд кард, ки дар бисёр минтакахои чахон, бахусус, дар кисми шаркии Бахри Миёназамин, бори аввал дастпарвар кунонидани растанихо ва хонаги гардонидани хайвонот тахминан 11 хазор сол кабл сурат гирифтааст.

Аввалин растанихои мазруи чав ва гандум будаанд. Сипас, наск ва мушунг мазруи карда шудаанд. Дар катори растанихои мазруишуда, метавон нахуд, мунч, дарахти нахл, анор, ангурро номбар кард. Дар баробари парвариши дарахти нахл, инчунин кишти растанихои равгандиханда, хусусан, загир, низ хеле барвакт сар шудааст. Зироатхои номбаршуда манбаи асосии ангиштоб, сафеда ва равган буда, одамонро бо хуроки муфиди сергизо таъмин мекарданд.

Бо пайдо шудани растанихои мазруи, бо гузашти вакт аз тарафи одамон 10 хазор сол мукаддам олотхои коркарди замин ва тарзхои гунучини хосил инкишоф ёфта, мукаммал гардиданд. Онхо тайёр кардани зарфхои гилин ва дар он захира кардану нигох доштани галладонаро ёд гирифтанд.

Дар баробари зироати кунонидани растанихо, дар Шарки Наздик инчунин, хонаги кунонидани хайвоноти гуногун (саг, буз, гусфанд, чорвои калони шохдор ва гайрахо) ривоч ёфт. Ин хайвоноти алафхурро инсон барои шир, гушт, пуст ва пашм парвариш мекард.

Аввалин растанихои зироати кардашудаи Америкаи Шимоли ва Чануби чуворимакка, лубиёи мукаррари, чормагзи замини буданд. Дар Мексика бошад, растанихои мухими кишоварзи — пахта, каламфур, помидор, тамоку, какао, ананас, каду ва гайрахо ба хисоб мераванд.

Тачрибаи парвариши растанихо дар байни одамон аз насл ба насл мегузашт ва онхо мунтазам растанихои муфиди худруй ва мазруиро интихоб мекарданд. Олимони сохаи кишоварзи онхоро хаматарафа омухта, бехтаринашонро интихоб карда, роххои парвариши окилонаро дарёб мекунанд.

Растанихои мазруи аз растанихои худруй ба кулли фарк мекунанд. Баробари гун шудани донишхои кишоварзи, дар давоми солхои тулони, таъсири инсон ба растанихо хеле пурзур гардид. Ин ба пайдошавии навъхои наву гуногуни растапихон мазруи, сабаб гардид.

Навъ гурухи ба хам монанди растанихост, ки дорои аломат, сифат ва хосиятхои якхелаанд. Хусусан, хосияти навъ хангоми аз тухмаш афзоиш додани он (растанихои сабзавоти, галладонаги ва гайрахо) бакулли нигох дошта мешавад.

Селексия (аз калимаи лотинии “селексио” — интихоб, сара кардан, интихоб кардан, бармеояд) як сохаи мухими истехсолоти кишоварзи ба хисоб рафта, ба руёндани навъхои наву сермахсули растанихои мазруи ва бехтар кардани зоти хайвонот сарукор дорад. Навъхои бавучудовардашуда бояд ба гарми, сармо, касалихо ва зараррасонандагони зироатхо тобоварии зиёд дошта бошанд. Бисёр навъхои кадимии селексияи халки, аз кабили зироатхои галладонаги, полизи, ангур, дарахтони меваги (хусусан, зардолуи навъхои бобои, кандак, мирсанчали, хурмои ва гайра) дар айни замон кадру эътибори худро гум накардаанд ва шухрати умумичахони доранд.

Ба туфайли мехнату захмати бисёр селексионерон (навъофарон) хосилнокии бисёр растанихои кишта афзуд. Масалан, навъхои гандуми руёнидаи И. Т. Сухобрус ва дигарон (Сурхак 5588, Сурхак 262, Иродии 1006, Сурхаки чашни), П. П. Лукяненко (Бесуки — 1, Аврора, Кавказ), В. Н. Ремесло (Мироновии 808, Мироновии чашни, Иличевка) ва дигархо дар мамлакатамон ва берун аз худуди он кошта шуда, аз хар гектар 50-70 сентнери хосил медиханд.

Селексионери сермахсул И. Г. Сухобрус яке аз аввалин олимоне мебошад, ки чихати руёнидану дар истехсолот чори кардани бисёр зироатхои галладонаги, равгандиханда ва растанихои лубиёги дар Точикистон корхои зиёдеро ба анчом расонидааст.

Солхои охир селексионерони точик дар руёнидани навъхои нави серхосили пахта, ки ба касалихои гуногун тобоваранд, мехнати зиёд кардаанд. Онхо навъхои нави пахтаи махиннахи 8386 — В (Б. Санги- нов), Шараф — 80 (М. Ч. Чумъаев), Ленинобод – 7 (Н. И. Мансу- ров)-ро ба вучуд овардаанд. Олимони селексионер ба монанди Я. Д. Нагибин, В. П. Красичков, Б. Сангинов, II. И. Мансуров, Т. Ш. Бурнашев ва дигархо ба руёнидани навъхои пахтаи миёнанах машгул шуда, навъхои Регар — I, Душанбе — I, Регар — 34, Точикистон – 4, Гулистон ва гайрахоро ба вучуд овардаанд, ки дар аксари нохияхои пахтакории чумхуриамон кошта мешаванд.

Олимони Пажухишгохи току богпарвари ва сабзавоткории Точикистон (олимон В. И. Сулай, Д. Д. Савченко ва дигарон) навъхои нави зардолу, ангур, афлесун, лиму, тарбуз, харбуза, бодиринг, каламфур, сирпиёз, анори мулоимдона ва гайрахоро руёнидаанд, ки дар минтакахои гуногуни чумхурии офтобиамон парвариш ва кишт карда мешаванд.

Хар сол селексионерон навъхои зиёди растанихоро ба вучуд меоваранд. Навъхоеро, ки сифати истехсолии худро гум мекунанд, аз истехсол хорич ё ба бехдошташ кушиш мекунанд.

  1. Чаро одамони кадим ба парвариши растанихои худруй машгул шуданд?
  2. Кадом сабабхо боиси пайдо шудани растанихои мазруй гардидаанд?
  3. Кадом растанихои кишта ё мазруи аз хама кадимаанд?
  4. Навъ чист?
  5. Селексия чист ва кадом селексионерони ватаниро медонед?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …