Главная / Гуногун / Пахтакори дар Точикистон

Пахтакори дар Точикистон

Дар давраи хисоботи хочагихои пахтакори чумхури дар масохати 185816 гектар кишти пахта гузарониданд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 11838 гектар, нисбат ба дурнамо 12316 гектар зиёд буда, нисбат ба баходихи 1684 гектар кам мебошад. Кишти пумбадона дар вилояти Хатлон 122404 гектар, вилояти Сугд 57194 гектар ва шахру нохияхои тобеи марказ 6219 гектар гузаронида шуд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта дар вилояти Хатлон 2854 гектар, Сугд 6429 гектар ва шахру нохияхои тобеи марказ 2556 гаектар зиёд мебошад.

paxta-tojikiston

Аз майдони умумии кишти пахта 182350 гектари он дар заминхои корам, 561 гектар дар заминхои партов, 1317 гектар дар байни каторхои богхо, 80 гектар дар чарогох ва 1508 гектар дар дигар заминхо кишт карда шудааст.

Тибки маълумоти омори то санаи 10 октябри соли 2018 пахтакорони чумхури 168,0 хазор тонна пахта чамъовари намудаанд, ки нисбати соли гузашта 111,3 хазор  тонна ё 39,8 фоиз кам мебошад. Аз чумла дар Вилояти Сугд 64,7 хазор тонна, вилояти Хатлон 97,5 хазор тонна ва НТЧ 5,8 хазор тонна, ки нисбати хамин давраи соли гузашта, вилояти Сугд 9,6 фоиз, вилояти Хатлон 51,4 фоиз ва НТЧ 18,8 фоиз кам пахта чамъовари карда шудааст. 

Хачми умумии истехсоли пахта ба холати 10 октябри соли 2018

Вилоятхо                                                         ва шахру нохияхо Соли 2017 Соли 2018 Фаркият бо фоиз нисбат соли 2017
Чумхурии Точикистон 279251 167996 60,2
Вилояти Сугд 71555 64691 90,4
Вилояти Хатлон 200522 97480 48,6
НТЧ 7174 5826 81,2
Турсунзода 3508 1739 49,6
Хисор 2110 3043 144,2
Шахринав 491 460 93,6
Рудаки 713 468 65,6
Вахдат 352 116 33,0

Гарм омадани боду хаво дар фасли тобистони соли чори, инчунин дар сатхи зарури истифода нашудани тухмии хушсифат ва сари вакт ба анчом нарасидани кишти пумбадона хамчун омилхои камшавии истехсолот арзёби мегарданд.

Дар ин росто, пахншавии зараррасонхои пахта дар минтакахои чумхури бо тагйирёбии харорати хавои тобистони имсола нисбат ба соли гузашта хусусан майдони пахнгаштаи тортанаккана 8348 гектар ва кирми гуза 5632 гектар зиёд ба кайд гирифта шуд, ки барои пешгирии саривактии пахншавии зараррасонхои маккандаи пахта, хусусан тортанаккана дар майдони умумии 89703 гектар коркарди кимиёви гузаронида шуд.

Бинобар ин Вазорати кишоварзи якчо бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати бо максади расидан ба нишондихандаи дурнамо, инчунин пурра чамъовари ва нигох доштани хосили пахта тадбирхои заруриро рохандози намоянд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …