Главная / Биология / Пахта дар Точикистон

Пахта дар Точикистон

Пахта яке аз мухимтарин ва кадимтарин растании нахдору равгандихандаи техники ба хисоб меравад. Вай ба оилаи тугмачагулхо мансуб аст. Дар Хиндустон 3 хазор сол пеш аз милод пахтаро кишт карда, аз он матоъ мебофтаид. Дар Миср ба кишти пахта дар асрхои 1 то милод, дар Хитой бошад, асрхои 9-7 сар кардаанд. Дар Осиёи Миёна пахта аз асрхои 7-6 то милод инчониб парвариш карда мешавад.

paxta

Пахта, агарчанде растании бисёрсола аст, дар зироаткори хамчун растании яксола парвариш карда мешавад. Вай хелхои зиёд дорад. Вале дар як катор мамлакатхо, аз он чумла дар чумхурии Точикистон, асосан ду намуди он пахтаи мукаррари ва мисри кишт карда мешавад. Намудхои худруи пахта дар саваннахои (мачмуънабототи) Африка, Арабистон, Америкаи Шимоли ва Австралия меруянд.

Пахта решаи бокуввати сершохронда дошта, ба хок 2,4—2,6 м чукур меравад. Бахши чаббандаи (об ва махлули намакхои маъдани) реша асосан дар кабати нисбатан болотари хок (яъне дар чукурии 15-30 см) чойгир аст. Пахта пояи рости сершоху барг дошта, аз 70 то 200 см кад мекашад.

Дар растании пахта ду намуди шохахо, яъне шохахои сабзиши ва меваовар инкишоф меёбанд. Аз багалбаргхои поёни шохахои сабзиши (рушди) ва аз кисми болоии поя аз 15 то 20-то шохчахои самаровар (мевадиханда) ба воя мерасанд. Барги пахта тунуки сабз, шаклаш 3-7-паррадор ё мудаввари паршакл мешавад. Баргхо дар поя пай дар хам чой гирифтаанд. Барги аввалини хакики пас аз 7—10 рузи неш зада баромадани тухми ва барги дуюм 4-5 руз пас аз барги якум мебарояд.

Гулхои калон-калони пахта дучинса буда, аз 5 гулбарги рангашон зард ё зардчаранги сафед иборатанд. Гардбаргхояш бешуморанд. Гули пахта худгардолудшаванда аст. Дар асоси найчаи гард- баргчахо шахддонхо чойгиранд, аз ин ру гули пахта метавонад, инчунин ба туфайли хашаротхо аз гулхои атрофаш гардолуд ша- вад. Гардолудшави ва бордоршавии гули пахта такрибан ду шабо- наруз давом мекунад.

Дар шароити багоят мусоид пахта хеле хуб инкишоф ёфта, метавонад то 200 курак бандад. Пунбадонаи пахта байзашакл ё мурудшакл буда, одатан бо наххои дарози сафед ихота гардидааст. Дарозии хар нахи пахта аз 30—40 мм то 50—60 мм мерасад.

Дар Точикистон пахтаро дар аксари нохияхо, ба чуз минтакахои баландкух, парвариш мекунанд. Мухлати кишти пахта, вобаста ба шароитхои иклимии нохияхо, аз мохи апрел шуруъ шуда, то аввалхои мохи май давом мекунад.

Хар як мутахассиси сохаи кишоварзи хуб медонад, ки барои руёндани хосили фаровони пахта пеш аз хама заминро бояд хаматарафа ба кишт тайёр кард. Бинобар он, тирамох заминро аз гузапоя тоза карда, ба он нурихои фосфордор андохта, то чукурии 30—40 см шудгор мекунанд.

Сипас, дар аввалхои бахор, баробари ба шудгор мувофик шудани замин, ба чукурии 8-10 см сихмола мекунанд. Агар хоки замин нисбатан сахт шуда бошад, онро аввал чархмола ва сони сихмола мекунанд. Баъди гузаронидани чунин корхо ба кйшти пунбадона (чигит) шуруъ мекунанд. Барои аз касалии риштатосак ва гомоз мухофизат кардани растани чигитро бо моддахои захрноки химияви (формалин) олуда мекунанд. Дар вакти кишти пунба харорати хок бояд 14—16°С бошад. Дар чунин харорат, хангоми кифоя будани нами, хаво ва дигар омилхои зарури,чанини чигит ба сабзиш шуруъ мекунад. Кишти чигити пахтаро тавассути чигитпошакхо гузаронида, харакат мекунанд, ки тухми дар чуку- рии 3,5 – 4,5 см дар зери хок пинхон шавад. Баъди дубарга шудани нихолхо, онро ягона мекунанд. Агар ягонакуни дертар огоз шавад, он гох намноки паст гардида, моддахои гизои бехуда талаф мешаванд, ки ин боиси кам шудани хосил мегардад.

Барои руёнидани хосили фаровони пахта коркарди байни каторхоро сари вакт дар асоси талаботи агротехники гузаронида, ба пахтазор додани нурихои маъдании нитрогендор, фосфордор ва калийдор хеле муфид аст.

Дар давраи рушду нумуи пахта чандин маротиба бех ва байни нихолхоро мулоим мекунанд. Дар натича алафхои бегона хеле кам шуда, барои инкишофи муътадили нихолхо шароити мусоид фарохам меояд. Хусусан, баъди хар обмони бояд байни чуякхо нарм карда шавад. Баъди дар нихолхо пайдо шудани шохахои самаровари мевадех нихолхои пахтаро чеканка менамоянд (яъне сарнуги расишкунандаашро дасти канда мепартоянд). Хосили пухта расидаи пахтаро баъди шукуфтани куракхо дасти ё бо мошинхои пахтачини чамъовари мекунанд.

Ба даст овардани хосили фаровони пахта пеш аз хама ба мавчудияти навъхои хубу хаматарафа санчидашудаи пахта, ки ба шароитхои гуногуни нохияхои кишоварзи мувофиканд, вобастагии калондорад.

Дар тули чандин дахсолахо дар Точикистон асосан навъхои пахтаи миённахи 108-Ф, 153-Д, Тошкент-1, Тошкент-6, 133, 149-Ф, Регар-1, Гулистон ва пахтаи махиннахи навъхои N 23, 504-В, 2326-В, 8809-В, 5010-В, 5904-И, 5595-В ва гайрахо кошта мешаванд.

Чи тавр ки маълум аст, пахта дорои ахамияти калон аст. Зеро нахи пахта барои тайёр кардани матоъхои гуногун истифода мешавад. Аз як кг нахи пахта ба хисоби миёна 5 м лас, 20 м сон (суф), 40—140 адад риштагалтак истёхсол менамоянд. Аз як кг пунбадонаи пахта бошад, 270 г равган, 400 г кунчора, 300 г шелуха, 30 г линт гирифта мешавад. Бар замми ин линти пахтаро барои истехсоли линолеум, лак ва дигар масолеххо истифода мебаранд. Равгани пахта маводи хурокии пурбахо буда, он аз витаминхо ва дигар моддахои органикии фоиданок бой мебошад.

Инчунин, пустпарда (шелуха) ва кунчора, ки партови корхонахои равганбарори ба хисоб меравад, хуроки сергизо ва пуркимати чорво мебошад. Дар натичаи коркарди пустпарда спирт, кислотахои (чавхархои) органики ба даст оварда мешавад. Аз барги пахта чавхари себу лиму истехсол мекунанд. Гузапоя ва партовхои заводи пахтатозакуни дар натичаи коркарди махсус ба хуроки сергизои чорво табдил дода мешаванд. Хамин тавр, пахта зироати пурарзиш буда, боигарии халки мо ба хисоб меравад.

  1. Аз руи кадом аломатхояш пахтаро ба оилаи тугмачагулхо дохил мекунанд?
  2. Дар Точикистон кадом намуд ва навъхои пахта кишт карда мешаванд?
  3. Дар бораи таърихи пайдоиш ва пахншавии пахта чи гуфта метавонед?
  4. Дар нихоли пахта чи гуна шохчахо фарк карда мешаванд?
  5. Гули пахта чи тавр гардолуд мешавад?
  6. Барои ба кишт омода кардани замин чи гуна чорабинихоро анчом додан лозим аст?
  7. Барои нашъунамои пахта кадом шароитхо заруранд?
  8. “Пахта боигарии мо аст”, инро чи тавр шарх медихед?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …