Главная / Биология / Пахншавии бактерияхо дар хаво, об ва хок

Пахншавии бактерияхо дар хаво, об ва хок

Дар руи Замин кариб чое нест, ки дар он чо бактерияхо ё микроорганизмхо набошанд. Онхо дар пиряххои Антарктида дар харорати – 83°С хунуки ва дар чашмахои сузони харораташон + 85 метавонанд зиндаги кунанд. Хусусан, микдори зиёду гуногуншакли бактерияхо дар мухити хок сукунат доранд.

bakteriyaПахншавии бактерияхо дар хаво. Дар хаво пахншавии бактерияхо якхела нест. Дар хавои куллакуххои сарбаланд, бахру укёнусхо, марзхои арктики микдори бактерияхо нихоят каманд. Масалан, дар 20 метри мукааби (кутбии) хавои Арктика хамаги 2-3 адад бактерия мавчуд асту бас. Инчунин, дар хавои чангалхои сузанбарг микдори бактерияхо хеле каманд.

Баръакс, бактерияхо дар хавои шахрхои калони саноати, ки саршумори ахолиашон хеле зиёд аст, бисёранд. Дар хавои дехоту кишлокчойхо микдори бактерияхо кам мебошад.

Пахншавии бактерияхо инчунин ба баландшавии амудии кабати хаво низ вобастаги дорад. Хар кадаре, ки мо ба боло бароем хамон кадар микдори бактерияхо кам мешаванд. Чунончи, дар хавои шахри Москва дар баландии 500 метр, дар як литри хаво 2-3 бактерия, дар баландии 2000 м бошад, хамаги як бактерия мушохида карда шудааст. Бактерияхо дар хаво хатто то баландихои 20 км вомехуранд.

Вобаста ба мавсими сол микдори бактерияхо дар хаво тагйир ёфта меистад. Микдори аз хама зиёди бактерияхо дар хаво ба фасли тобистон рост меояд. Дар фасли зимистон бошад, микдори бактерияхо дар хаво хеле кам аст.

Умуман, хаво барои сабзиши бактерия мухити доимии зист хисоб намеёбад. Вай ба туфайли шамолу гарду чанг ба хаво бардошта шуда, муддати муайян дар он чо сокин шуда, сипас хамрохи гарду чанг боз ба замин тагнишин мешавад. Инчунин, хаво барои бактерияхо мухити басо нокулай ба хисоб меравад. Хусусан, набудани харорати муътадил (тагйирёбии тези харорат), таъсири нурхои ултрабунафши офтоб, хушкшави ва гайра ба зуд нобудшавии бактерияхо оварда мерасонад.

Пахншавии бактерияхо дар мухити об. Баръакси мухити хавои мухити оби барои сабзишу пахншавии аксари бактерияхо басо мувофик мебошад.

Оби дарёхо, хавзхо, кулхо ва бахрхо барои бактерияхо хамчун мухити табиии зист хизмат мекунанд.

Дар хар хел об дар баробари моддахои маъдани ба микдори кам ё зиёд албатта моддахои органики мавчуданд. Хар кадар дар об микдори моддахои органики зиёд бошад, хамон кадар микдори бактерияхо низ зиёданд. Онхо хусусан дар обхои норавон, кулмакхо хеле зиёданд.

Дарёе, ки аз байни шахрхои калони саноати ва ахолиашон зиёд мегузарад, нисбати он дарёхое, ки аз чои ахолинишин дуранд, садхо маротиба зиёдтар бактерияхо дорад. Лекин дар ин дарёхо хамин, ки онхо аз худуди шахр чандин километрхо дур раванд, микдори бактерияхо хеле кам мешавад. Зеро бактерияхои зиёди оби дарё моддахои органикии даронбударо бо тези тачзия карда, истеъмол мекунанд ва аз нарасидани моддахои гизои микдори зиёди онхо нобуд мешаванд. Дар чунин шароит афзоиши онхо низ бехад суст мегузарад. Ин ходисаро худтозашавии об меноманд. Масалан, дар оби дарёи Урал, пас аз минтакаи ахолинишин гузаштанаш дар як мл (миллилитри) обаш 400 хазор бактерия дорад, хол он ки дар оби хамин дарё, ки ба худуди (нуктаи) ахолинишин холо нарасидааст, хамаги хазор бактерия дида мешаваду бас.

Одатан, микдори зиёди бактерияхо дар сатхи болоии об набуда, балки дар чукурии кабати муайяни он вомехуранд. Масалан, дар сатхи болоии оби кул (300 м дуртар аз сохили он) дар як мл об – 38 бактерия, дар чукурии 5 м — 79 бактерия ва дар чукурии 20 м хамаги 7 бактерия ёфт шудааст.

Хусусан, пас аз бориши борон микдори бактерияхо дар об нихоят зиёд мешаванд. Агар то боридани борон дар 1 мл об 8-то бактерия бошад, пас аз боридани борон адади бактерияхо дар он ба 1223 мерасад.

Пахншавии бактерияхо дар хок. Хок барои зиндаги ва гизогирии аксари намудхои организмхои андозаашон микроскопи, аз он чумла бактерияхо мухити басо кулай ба хисоб меравад.

Чи тавре ки маълум аст, хок худ махсули фаъолияти хаётии набототи дарачаи оли, хайвонот ва организмхои дарачаи паст мебошад.

Дар натичаи фаъолияти хаётии растанихои сабз микдори зиёди моддахои органики ба вучуд оварда мешаванд. Ин моддахо дар якчояги бо бокимондахои растани ба хок меафтанд. Бактерияхо аз ин моддахо гизо гирифта, онро тачзия карда, ба моддахои маъдани табдил медиханд. Дар натичаи гардиши моддахо ин моддахои гайриорганикии хосилшударо аз сари нав худи растанихо истифода мебаранд. Хар кадаре, ки дар хок моддахои органики бисёр бошад, микдори бактерияхо низ зиёд мешавад. Чунончи, дар як грамм сиёххоки аз моддахои органики бой, такрибан 5-6 миллиард бактерияхо (микроорганизмхо) вомехуранд. Дар як грамм хоки хокистарранги аз моддахои органики нисбатан камбагал, хамаги 2 миллиард ва дар як грамм кум (реги нарм) ниммиллиард бактерияхо мавчуданд.

Хок барои бактерияхо на танхо мухити сергизо ба хисоб меравад, инчунин барои сукунат ва зиндагии онхо басо мусоиду мувофик аст. Зеро хок на танхо бактерияхоро бо нами ва хаво (оксиген) таъмин мекунад, вай инчунин онхоро аз нурхои марговари Офтоб мухофизат мекунад.

  1. Пахншавии бактерияхо дар хаво чи гуна аст?
  2. Барои чи хаво барои бактерияхо мухити нокулай ба хисоб меравад?
  3. Кадом омилхо ба микдори бактерияхо дар об мусоидат мекунад?
  4. Худтозашавии обро чи тавр мефахмед?
  5. Барои чи дар хок микдори бактерияхо нисбат ба об ва хаво зиёд аст?
  6. Дар кадом хели хок микдори бактерияхо зиёд аст?

 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …