Главная / Гуногун / Пахлави ва Аршакидихо

Пахлави ва Аршакидихо

Ё шояд гуфтаи асосгузори мактаби шаркшиносии Русия дар асри 19 Борис Александрович Тураев дуруст аст, ки у мегуяд: «Ин халк аз сахнаи таърих рафта»,  ватани уро кабилахои бегона гирифтаанд?

Чавоб: Ин гуфтахо шояд аз чонсузи бошад?!

Ин халк пас аз эхёи дини мубини Ислом хам дар хамаи сохахо; чи дин, чи фалсафа, чи илмхои табиатшиноси хазорон нобигахои чахониро офарид, ки номхои онхо аз лавхи таърих хануз хам нарафтаанд.

Барои инъикоси хакики ва пурраи даврони Пахлави бехтарин матолиби таърихи ин навиштачоти муаррихону нависандагони замони Пахлави ё хеч набошад, даврони ба Пахлави наздик мебошад. Вале сарфи назар аз он ки Шарк гахвораи тамаддуни башар аст, ба солноманависон муносибатхои сулолави, кабилави ва эътикоди диниашон имконият надодаанд то таърихи халки худро ба таври хаккони баён кунанд. Ба чои хакикати таърихи муносибати мутлако субъективи ва мухобот хукмрон гардидааст. Ва ин яктарафаги ба инкори таърих оварда расонидааст. Мухаккики машхури рус, шаркшиноси охири асри XIX А. Кримский чунин мегуяд: «Нависандахои шарки ба мо дар бораи Пахлави ва Аршакидихо маълумоти хеле кам медиханд».

Манбаи форсию сосони – ин нусхаи аслии ба мо нарасидаи китоби давлатии «Худойнома» аст, ки дар ахди хилофат аз забони пахлави ба забони араби Ибни Мукаффаи точик тарчума карда буд ва ба шакли хубаш аз руи навиштахои таърихшиноси араб Табари (ваф. 923) ба мо расид. Онро Фирдавси (934-1021) бо унвони «Шохнома» дар шакли шеър бо забони форсии нав – точики эъчод кардааст. Ин манбаъ назар ба тарчумаи замони Пахлави бештар боваринок аст.

Дар пеши назари эрониёни даврони сосони, ки «Худойнома» дар ахди онхо пайдо шудааст, замони Пахлавихо дар Эрон ба мисли тасарруфи пештараи юнонихои селевки, давраи гасбкунии ачнабиён зикр шудааст, сарфи назар аз он ки Пахлавихо худро бевосита ачдодон ва ворисони конунии Куруши Кабир ва Доро хисоб мекарданд. Ашрофони сулолаи сосони ва таърихшиносони онхо хукмронии панчсадсолаи Пахлавиро дар Шарк хамчун interim-и гайриконуни, ачнаби кардаанд. Фосилаи ба миён омадаи байни шохигарии кадимаи форсии Хахоманишхо ва шохигарии форсии эхёшудаи Сосониёнро гуё аз хаёти миллии Эрон сокит кардаанд.

Аз ин ру, «Худойнома» дар бораи шохигарии Пахлави хеле кам накл мекунад (Хамаи шохони Пахлави якчоя, хангоми хисобкунии умумии раками шохон, хамчун якто N кабул карда мешаванд) ва худи фосилаи вакти байни хахоманиши охирин Доро ва сосонии нахустин Ардашер дар таърихшиносии расмии сосони хеле махдуд карда шудааст: он 266 сол (ба чойи 558 сол) кабул карда шудааст. Маълумоти мухтассари дар бораи Пахлави овардаи китоби номбурда маълумоти гайритаърихии ба ким-кадом ривоятхои гандаи афсонави асосёфта будаанд. Барои он ки ноустувори ва нопуррагии манбаи форсии сосониро аник кунед, таъкид мекунем, ки шохони бештар баруманди Пахлави, хатто шохони аз болои хокимони чахон – римихо зафар намуда ва ба мо аз манбаъхои юнонию рими маълум буда, на хамаашон дар ин китоб номбар карда шудаанд, аз онхо хатто номи Мехрдод ва Ород хам нест». (Кримский А. 1905.)

Файласуфи сурияги Посейдони Родосси соли 130 ба дунё омада, соли 45 пеш аз милод аз олам гузаштааст. Муаррихони баъдина чи Трога, чи Страбон доир ба таърихи Пахлави ба ин файласуфи равияи стоикхо мурочиат кардаанд. Ситсерон аз мактаби хамин мутаффакир гузаштааст. Посейдони Родосси дар илми таърих пайрави Полибей буд. У доир ба таърих 52 китоб навиштааст, ки аз соли 145 пеш аз милод то замони Мехрдоди Пахлавиро дар бар мегиранд. У дустдори фанни чугрофия ва этнография будааст. Ба шарофати пайравони у, аз кабили Трога, Страбон ва дигарон гуфтахои у дар бораи таърих ва чугрофияи Пахлави то замони мо омада расидаанд, вале асархои худи ин мутафаккир аз байн рафтаанд.

*   *   *

Страбонро муаллифи асархои чугрофии умумичахони меноманд. У соли 60 пеш аз милод ба дунё омада, соли 20 милоди аз олам гузаштааст. Гуфтахои ин муаррихи забардаст дар бораи Пахлавихо махз ба шарофати ба таври васеъ иктибос кардани Юстин то ба замони мо омада расидаанд. Худи Страбон бошад махз аз муаррихони гузашта Посейдон, Аполлодар, Артемидор дар бораи Пахлавихо истинод кардааст.

*   *   *

Плутарх муаррихи дунёи кадими юнони буда, соли 46 ба дунё омада, то соли 126 милоди умр ба сар бурдааст. Китобхои у асархои тарчимахоли буданд. Агар у дар бораи подшохи ягон мамлакат бинависад хатман доир ба ягон шахс ва ё давлате, ки бо кахрамони у замоне иртибот доштааст, дар бораи у маълумоти басанда медихад. Хатто дар бораи баъзе вокеахои чандон ба мавзуи у вобастаги надошта хам ба таври муфассал накл кардааст. Хусусан дар бораи шахси дуюми Рим Красс, ки бо сарлашкари пахлавихо Сурён чанг карда, дар як руз 20 хазор лашкарро талаф дод ва худ кушта шуд, ба таври хеле муфассал навиштааст. Ин лахзахо дар замони Ороди бузурги Пахлави, солхои 40 пеш аз милод рух дода буданд. Плутарх ин вокеаро ба мисли асари бадеи тасвир кардааст.

*   *   *

Дар байни муаррихони Рим ва Юнони кадим дар ибтидои солшумории нави милоди чунин анъана пахн шуда буд,  ки таърихи халки худро навишта истода, дар бораи вокеахои чолиби диккат, кахрамонихо ва ё ягон ходисаи дигари хаёти пахлавихо низ накл менамуданд. Хол он ки руйдодхои хаёти пахлавихо ба он чи ки онхо менавиштанд, ягон дахле надоштанд.

  Масалан, нависанда ва муаррихи дарбории Сезар Иосиф Флавий (37-95),  муаррих, олими табиатшинос Плинии Калони (23-79) комуси чугрофи – космографиро бо унвони «Naturalis historioe libri XXXVII” таълиф намуданд, ки дар он аз хусуси давлатдории пахлавихо накл карда мешуд. Онхо ин маълумотро аз муаллифхои пешина, ки номхояшон хатто аз лавхи таърих афтода буданд, гирифта буданд.

*   *   *

Муаллифи асари 80 чилдаи таърихи Рим Дион Кассий (155-230) китоби Арриан «Пахлави»– ро истифода кардааст, ки ин китоб то замони мо омада нарасидааст. Дар ин китоб дар бораи чанги Трояна бо пахлавихо сухан рафтааст. Аз руи гуфтаи муаллиф ин чанг гуё дар дохили давлати Пахлави руй додааст. Вале «чанги Трояна дар дохили давлати Пахлави» руй дод гуфтан ин маънои онро надорад, ки императори Рим (98-117) ба Осиёи Миёна наздик шуда бошад. У умуман максади ба шарк даромадан надошт. Хануз мувофики карордоди пахлавихо бо намояндаи олии Рим Сулла сархади байни ду давлати бузурги чахони дарёи Дачла карор дода шуда буд. Пойтахти давлати Пахлави шахри Мадоин (Ктесифонт) буд.

Дар ибтидо Трояна ба поёноби дарёи Дунай, кисми чанубии Россия, мамлакати Дакийихо хучум кард. Шохи Даки Десебал бошад бо шохи Пахлави Пакори II робита дошт. Трояна баробари аз болои Дакихо дар Россияи Чануби галаба ба даст овардан рухбаланд гардида соли 105 ба кисми чануби ва канори Сурия хучум кард. Максадаш бархам додани шохигарии Набат буд. Вале набатихо муковамати сахт намуданд ва билохира соли 106 таслим шуданд. Шохигарии Набат бархам дода шуда ба музофоти арабии Рим табдил дода шуд. Трояна ба муносибати ин галаба тангахои махсус баровард. Иштихои Трояна дар айёми пири боз шуданд ва акнун аз накшаи пешинааш  гузар карда, ба чанг даст зад. Соли 113 ба мукобили пахлавихо чанг эълон кард. Ба ин чанг бевосита худи император Трояна сарвари мекунад. Дар ибтидо галабаи у баркосо буд. Трояна Арманистон  ва Бахрайннахрайнро ба худ тобеъ намуда, онхоро музофоти Рим эълон кард. Сипас ба пойтахти давлати Пахлави шахри Мадоин (Ктесифонт) хучум намуда онро ба даст даровард ва ба гораткуни даст зад. Троянихо аз руи гуфти муаррихони кадим «Тахти тиллогини шоханшохии Пахлавиро соли 116 дуздида рафтанд». Ин амали императори Рим кутохандешона буд. Аз як тараф заминчунбии сахт Сурияро хонахароб карда буд, аз тарафи дигар яхудихо шуриш бардошта буданд. Гарнизони Рими дар Сурия монда рафтаи Трояна гирифтори шаттаву шаллок шуд. Трояна аз окибати вокеа андешида, ба Антиоха баргашт, ки дар ин чо гарнизони харбии у карор дошт. Дар рох арабхои Бахрайннахрайн ба мукобили Трояна хучум карданд. Дар маркази Ал-Хазра, ки шайхи диловари кабилаи арабхо дар он чо карор дошт, чанги сахт руй дод. Императори солхурдаи кутохандеши Рим Трояна мачбур шуд худаш ба даст ярок гирифта ба чанг дарояд, ки ин чанги вопасини у гардид.

Харакати баркосои Трояна ба мукобили давлати Пахлави на факат кутохандешона буд, балки пояи мустахкам надошт. Писархонди у Адриан соли 122 бо империяи Пахлави сулх баст. Мувофики карордоди онхо Арманистон ва Бахрайннахрайн аз нав ба давлати Пахлави вогузор карда шуданд. Сархади империяи Рим ва империяи Пахлави боз дарёи Дачла карор гирифт. Мувофики ахдномаи Сулх тахти шоханшохии тиллои, ки Трояна аз пойтахти пахлавихо дуздида бурда буд, бояд баргардонида мешуд. Вале вориси Адриан Антонин Пий (138-161) тахти тиллоиро баргардонидан нахост, ба чойи он ба чанг ба мукобили давлати Пахлави тайёри дид. Вале ба максадаш нарасида вафот кард. Ба чойи у Марк Аврелии Философ  (161-180) император таъин шуд. Ин дафъа чанг 60 сол идама ёфта Римро хонахароб кард ва давлати Рим мачбур шуд, ки товони чангро дихад.

*   *   *

  Чунон ки дар боло ишора кардем факат дар натичаи сиёсати игвогарони кутохандешонаи дарбориёни Сосони империяи бузурги Пахлави ва хукмронии нимхазорсолаи он аз лавхи таърих дур андохта шуд. Ин хусумат ва ин кутохандеши дар тамоми рафти таърихи Шарк накши манфи бозидааст.

Мо подшоххои Сосониро ба гунахкор кардан мутлако хукук надорем. Агар онхо зидди пахлавихо мебуданд хеч гох сиёсати онхоро идома намедоданд. Он чи ки давлатро гирифтанд, ин конуни аст.

Махз ба шарофати омузиши таърихи Рими кадим олимони аврупои дар асри XIX милоди ба таърихи Пахлави ру оварданд. Ва кори бехамто бузурги таърихиро ба сомон расониданд, ки ин сазовори такдир аст.

*   *   *

Ф. Момсен чилди панчуми китоби худро бо унвони «Таърихи Рим» соли 1885 ба табъ расонид, ки боби IX он пурра ба таърихи пахлавихо бахшида шудааст. Дар ин боб муборизаи доимии байни давлатхои Рим ва Пахлави, пас аз хукмронии Ороди Аввал ба давлати дуюмини бузурги чахони табдил ёфтани давлати Пахлави, боз аз сари нав ба вучуд омадани империяи бузурги Пахлави инъикос ёфтааст.

*   *   *

Альфред фон Гутшмид соли 1888 дар Тюбинген пеш аз марги худ китоберо бо унвони «Geschichte Irans und seiner Nachbarlander von Alexander dem Grossen bis zun Untergang der Arsaciden» ба табъ расонид, ки ин яке аз бехтарин маъхазхои илми доир ба таърихи давлати Пахлави ё ба гуфтаи худи муаллиф Аршакидихо мебошад.

Олими забардасти дуняви Т. Нёльдеке дар бораи китоби Гутшмид мегуяд: «Ман бовари дорам, ки ин китоб арзиши бардавоме хохад дошт… ва дертар наслхои оянда бо эхтироми бузург гуфтахои онро сармашки кори худ карор хоханд дод»

*   *   *

Дар асри XX чи аз тарафи олимони Гарб ва чи Шарк зиёда аз 300 кори илми дарч гардидааст, ки ба ин ё он тарафи замони Пахлави даст задаанд. Вале хеч кадоме аз ин муаллифхо таърихи Пахлавиро, хамчун империяи бузург дар арзи нимхазор сол, мавриди тадкик кадор надодаанд. Ин муарриххо бештар дар бораи Сосониён андеша ронда, гох-гохе ба забон ва адабиёти давраи Пахлави дахл кардаанд.

Мо дар ин мусохиба асосан ба хонанда гуфтахои бузургони чахониро дар бораи Империяи Бузурги Пахлави муарифи намудем. Дар бораи корномахои пахлавихо, муборизахои диловарони онхо – ба мукобили юнониёну макдунихо ва римихо галабахои баркосои эшон ва дар замони пахлавихо осудаву хуррам гардидани халкхои дар тасарруфи онхо буда – аз Осиёи Миёна то Мисру Иерусалим дар китобхои «История цивилизации арийцев» Д., 2006., аз сах. 391 то 438.  «ARYANS” ва «Таърихи тамаддуни ориён» ба таври муфассал накл намудем.

Мо аз ин гуфтахои олиму муаррихони аврунои огох гардидем, ки дар таърих, дар хакки Империяи Бузурги Пахлави аз тарафи дарбориёни сосони хиёнат карда шудааст. Вале чизи дигар моро ба хайрат меорад, ки чаро олиму муаррихони муосири точик аз ибрози хакикат дар бораи гузаштагони халки худ канорагири мекунанд?

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …