Главная / Гуногун / Падар (Хикоя)

Падар (Хикоя)

Аз хавои хуши зодгохаш чукур нафас кашида, Точинисо бо писараш чун наврузи бахор ба остонаи хонаи падар кадам мегузорад. Ва эхсоси он ки модараш уро пешвоз намегирад, сараш ба шур омада, дилаш пургусса мегардад.

Ха, бе модараш хавли холи, хона тихи!

pritcha-01Вале эхсоси он ки падараш хаст, акахову хохараш хастанд, дили уро таскин медихад.

Вале гуё ба огуши сарди тирамох афтода бошад, якбора лолу карахт мегардад. Ба у чунин менамояд, ки ба манзили бегонае афтодааст. Ва чун дузде, ки ба даст афтодааст, бо харос ба чор су чашм медавонад. Хонаю дарро дар як холи табох мебинад. Деворхои гирди хавли чо-чо афтода буданд. Оташдонхои модараш ба замин яксон, огилхонаву кахдон на дар доштанду на бом. Аз гулбуттахои модар ному нишоне намонда. Аз дарахтони хавли кундахо боки монда буданду халос. Сахни хавлиро шураю янток пахш карда буданд. Дар мобайни хавли тудаи хокистар ва хокруба ба назар мерасид. Гирду атрофи хона пур аз ифлоси, гуё солхо ин чониб тамиз нашуда ва чоруб надида бошад.

Дари хона яктарафа овезон, чашмакхои тиреза шикаста. Хама чо чим-чит, садое шунида намешуд, гуё ин чо касе намезист. Тарсу ларзе ба тамоми вучудаш медавад. Хазор фикру хаёл ба сараш хучум меорад. Дилаш тах мекашаду сараш чарх мезанад. Чомадон аз дасташ рахо шуда, ба руи замин меафтад. Шухрат хайратзада ба руи у нигох мекард. Шараккоси дарвоза Точинисоро аз банди хаёлоти магшуш рахо мекунад. Вай тоб хурда, падарашро мебинад. Падараш на риш дошт, на фаш. Басо хаставу ранчуру нотавон менамуд. Як эхсоси номаълум дили Точинисоро фишор медихад. Ин лахза чашми падараш ба у меафтаду як кад мепарад:

– Хой, ту кисти?!

Хайрону музтар Точинисо ба Шухрат ва Шухрат ба у менигарад. Падараш охиста-охиста пеш меомад ва мегуфт:

– Хой, ин чо чи мекоби?! Дузди даромади?!

Нафаскашии пиронаи падар баръало ба гуши Точинисо мерасад.

– Салом, падар!

Гуё дар хамин дам тамоми пешонаи падарро чин пахш мекунад.

– Ту кисти?

– Ман… Ман Точинисо, – бо хаячону овози ларзон мегуяд Точинисо.

Падараш ба у бегонавор ва сангин нигариста:

– Эх, ин туи, Точинисо, – мегуяд.

– Падарчон! – Точинисо ба суяш давида, ба гарданаш махкам мечаспад. Аз чашмонаш ашк чори мешуду аз сару руи падар гаштаву баргашта мебусид.

– Бас! Шуд! – норозиёна нидо менамояд падараш. – Сар те!

Аммо Точинисо падарашро аз огушаш хеч рахо кардани набуд. Мехост уро ба сари синааш зер кунад, буй кашаду ашк резад. Ашк резаду буй кашад.

Аммо падараш бехудона:

– Сар те! – гуён, дод зада, уро тела медихад.

Кадаме кафо рафта, Точинисо дасту по мехурад.

Парда-бобо гиребонашро дошта, ба сари синааш туф мекунад. Сипас бо абрувони гирех ва хашмолуд ба у нигариста, бо адоват нидо мекунад:

– Ин чи афту андом аст?! Худатро маймун кардаи-ку?!

Гушхои Точинисо кулф мезананд. Парда-бобо гур-гуркунон идома медихад:

– Охир, занро бо мую ру гуфтаанд.

Дар ниходи Точинисо чизе канда мешаваду аламе таконаш медихад, вале худро ба даст мегирад. Мехохад бигуяд, ки: “Мардро бошад бо ришу фаш!” Вале худдори мекунад. Ва ба писараш мегуяд:

– Рав, бо бобочонат салом кун.

– Не, не, намехохам, – мегуяд Шухрат ва дар паси модараш пинхон мешавад.

– Не нагуй! – хитоб мекунад Точинисо. – Тез рафта, салом кун!

Аз паногохи худ охиста сар мекашад Шухрат ва бо тарсу харос ба бобояш менигарад.

– Э, гусолаи бешох! – ба сари у дод мезанад бобояш. – Биё, ман бобоят.

Ин хангом ба хавли Мавлуда-хола, зани миёнсоли мавзункомати гандумгун ворид мегардад.

– Кудакро сарзаниш накун! – танбехомез ба Парда-бобо мегуяд у. – Айби у чи? Кудак фаришта аст, неку бада тез мефахмад. Ин сазои худат. Бехуда нагуфтаанд, ки: “Гандум кори – гандум дарави, чав кори – чав!”

– Хайр, бас! – сухани уро бурида, дуг мезанад Парда-бобо. – Саг барин начак!

Вале Мавлуда-хола ба ин суханони у заррае ахамият надода, ба назди Точинисо меояд ва бо як мухаббати бепоёне огуш кушода, уро канор мегирад ва сарашро ба сандуки дилаш зер мекунад. Аз пешонааш бо лабони ларзонаш гаштаву баргашта мебусад. Ва бо садои пур аз шодиву сурур холу ахвол мепурсад:

– Охо, омади, Точинисо, садкат шавам! О, ин кадар дер омади, моро пазмон карди, курбон!

Баъд ба Шухрат ишора карда, бо саросемагии бачагона мепурсад:

– Ин кавкбача писарат?

Табассум менамояд Точинисо ва аз симои гулгуни у чашм наканда:

– Ха, – мегуяд.

Аз хуршеди рухи Мавлуда-хола вазъи вазнину нохинчори Точинисо каме сабуктар мегардад.

– Охо, гулписар муборак шавад! – мегуяд Мавлуда-хола ва Шухратро ба огуш мекашад ва бо як мехри беандозаи модарона бусаборон мекунад.

Хурсандиву нишот Мавлуда-холаро торафт бештар фаро мегирифт. Хис карда мешуд, ки майли сухбату дил холи кардан дорад. Вале Парда-бобо ба ин имкон намедихад.

Дар чашмони Точинисо оташи дарду алам аланга мезанад. Ва у бо хасрат охе мекашад.

– Хеч гох ох накаш, – мегуяд Мавлуда-хола. – Хуб нест. Фахмиди? Хайр, сухбат боки.

Мавлуда-хола сабук-сабук по партофта, хавлиро тарк мекунад.

– Худоё, тавба! – мегуяд Парда-бобо. – Зан ки пир шуд, майнаашро мехурдааст.

Як чизи лундае дар гулуи Точинисо дармемонад.

– Х-а-айр, – норозиёна абру бар хам мекашад Парда-бобо. – Ба хона даро.

Дар хона буи ба хам омехтаи пупанак, рутубат ва косаву табаки ношуста хукмфармои мекард. Аз колинхое, ки пеш ба девор овезон буданд, на ном буду на нишон. Чо-чо андоваи деворхо рехта, сакф рангпаридаву сиёхгашта. Гилеми рангпаридаи фарш чо-чо суда шуда, аз байни он замини фарш ба чашм менамуд. Панч-шаш курпача ва се-чор болишти чиркин бисоти асосии хона буданд.

– Уф-фу! – бо нафрат бини инч мекунад Шухрат.

– Чи бини инч мекуни?! – бо иллату итоб ба сари у дуг мезанад бобояш. – Ин чо шахр не, деха.

Ногох аз кунчи хона муше чолокона суи дар медавад. Шухрат тарсида, худро ба огуши модараш мезанад. Бобояш кох-кох механдад.

– Э, шахрии буздил-е! О, ин муш аст, муш! Ё фил гумон карди?! Шахрихо тарсончак мегуфтанд, рост будааст.

Ин суханон ба Точинисо намефоранд. Вай як табассуми ранчишомез карда, бо тамасхур:

– Ха, ин муш аст, писарам, – мегуяд. – Муши нахс.

– Муши маро тахкир накун! – хушхолии яклахзаинаи Парда-бобо гайб мезанад. Руяш турш, абрувонаш чин мешаванд.

Хона чим-чит мегардад.

Онхо якчанд дакика хомуш менишинанд. Нихоят Парда-бобо сар бардошта, ба гап медарояд. Акнун у беист гап мезад. Гап мезаду худ намедонист, ки чихо гуфта истодааст. Ба кавле яке аз богу яке аз рог. Яъси ногуворе Точинисоро ба доми худ мекашад. Дилаш ба дард даромада, паи хам сих мезанад. Суханони падарашро бо эхсоси магшуш гуш мекард. Вай беист гап мезад, Точинисо наметавонист пеши дахони уро бигирад. Окибат Точинисоро дигар токати шунидани суханони падар намемонад. Аъсобаш таранг мешаванд. Хар як калимаи падар уро ба сутух меовард. Вай чукур-чукур ва вазнин-вазнин нафас мекашид, гуё ба куллаи кухе баромада истода бошад. Хайрият дар кушода мешаваду писараке калла мекашад. Шухрат зуд мехезаду дартоз берун меравад.

Боз хона чим-чит мегардад.

Ин лахза дар болои раф муш пайдо мешавад. Вай кимир-кимир нонреза мекофт. Точинисо мушро меронад.

– Ба муши ман кордор нашав! – ба сари у дод мезанад падараш.

Аз ин гапи падар у як кад парида, худро гум мекунад. Сипас худро ба даст гирифта:

– Магар дигар гапи мегуфтани надоред? – мегуяд.

– Надорам, – оташин шуда, мегуяд падараш.

Ким-чи хел як харосе ба дили Точинисо чо мегардад. Вай лахзае чанд хайратзада ба падараш чашм медузад. Падараш охе мекашаду мегуяд:

– Ту чи медони. Хаёл мекуни, ки ман гам надорам.

– Гам?

– Ха, гам, гами гарон, – падараш бадкахрона ба суи у назаре меафканад ва ба гилаву чингила меогозад. – Э, шаб нагуфтам, руз нагуфтам – мехнат кардам, захмат кашидам, азобу укубат кашида, хамаатонро ба воя расонидам. Омада-омада, дар пеши мардум шармандаву шармсор, забонкутоху русиёхам кардед.

Гулугир мешавад Точинисо ва вазнин-вазнин нафас кашида, бетокатона мепурсад:

– О, чи хел?

– Чи хел?! – бо димоги сухта ва озурдадилона мегуяд падараш. – Акахоят ба гапам гуш надоданд. Ба Россия рафтанд. На хату на хабар. Бе ному нишон. Занхояшон баромада рафтанд. Хохарат хам думи як боевикро гирифта рафт. Аз у хам дигар на хат шуду на хабар. Беному нишон, мурдаю зиндааш маълум не. Ман мондаму сари сахтам.

Парда-бобо дуруг гуфт ва гумон кард, ки Точинисо дуруггуии уро пай мебарад – хомуш мешаваду дигар чизе намегуяд. Дуругхои падарро Точинисо дарк мекунад. Дилаш гирех зада, чашмонаш хира мешаванд. Дигар худдори карда наметавонад. Гиря банди гулуяшро мегирад. Руймолчаро лахзае ба чашмонаш зер карда, хучуми ашку гиряро пасанда месозад.

Падараш ба берун мебарояд, вале ба зуди бозмегардад.

– Ман ба масчит рафтам, – гуён, дубора бадар меравад.

Яъси гароне Точинисоро ба доми худ мекашад. Худро басо хору залил хис мекунад. Муддати зиёде ночунбон, чун суроби сангине менишинад. Саранчом аз чояш мехезад, то ки паи коре шавад. Ва ин лахза эхсос мекунад, ки хеле гурусна мондааст. Аз ин ру тасмим мегирад, ки хуроки шом омода мекунад. Ин су, он суро мекобад. Ба чуз чанд дона пиёзи намкашида, кадре равган ва каме орди кухна, дигар чизе намеёбад.

– Худоё, чи пазам?

Аз хаёлхои бе сару нуг магзаш гич мешавад. Ногох ба ёдаш атола меояд. Модараш онро хеле бомаза мепухт. Вай атола мепазад.

– Э, ин бекора, намехурам, – бини инч мекунад Шухрат ва бо кахр косаро тела медихад.

Дар ин асно Мавлуда-хола меояд. Бо худ ошу нон оварда буд. Шухрат хурсанд шуда, ошро боиштихо мехурад. Мавлуда-хола Точинисоро дилбардори мекунад, ба зури аз оши овардааш мехуронад. Вакти рафтан бо лахни ороме мегуяд:

– Зик нашав. Сабр пеша намо. Хамааш хуб мешавад.

Лахзае пас падараш аз масчит бармегардад.

– Масчит набошад, аз зики мекафию аз гушнаги мемури, – худ ба худ мегуяд у ва чашмаш ба табаки ошолуд меафтад.

– Ха-а, хам ош пухти, хам атола?! – чашмонаш калон кушода мешаванд.

– Не, ошро Мавлуда-хола овард, – гамгинона чавоб медихад Точинисо.

Парда-бобо бо андоми туршу абрувони овезон ба Точинисо менигарад. Ин лахза чарог хомуш мешаваду хама чойро торики фаро мегирад. Якбора Шухрат ба инчики медарояд.

– Токат кун, холо дар мегирад, – уро ором кардани мешавад Точинисо.

– Не, дар намегирад, – бо зарда мегуяд падараш. – Хар шаб хамин вакт мекушанд. Чарогро дар гирон.

– О, ин чарог бутун нобуд-ку? – бо хайрони мегуяд Точинисо. – Боз натаркад…

– Э, забоната гунда газад! – дагалона мегуяд Парда-бобо.

– Охир, ин сурох…

– Як беимон нав гуфта, ба ман фурухт. Сакич часпон, шудан мегирад.

Чарог хира-хира месухт.

– Ин кадар хира?! – дили Шухрат тамоман танг мешавад. – Модарчон, баланд кунед.

Нав Точинисо даст ба чарог мебурд, ки падараш дод мезанад:

– Баланд накун!

Як кад парида, Точинисо дасташро кафо мекашад.

– Шиша мекафад! – мегуяд падараш. – Шиша кимат!

Аз зики Шухратро хоб зер мекунад, чашмонаш нимпуш мешаванд. Вай ба модараш руй меорад:

– Модарчон, хоб дорам.

– Хайр, хоб кунед, – мегуяд Парда-бобо ва хонаи хоби худаш меравад.

Барои писараш Точинисо чойгахи хоб омода мекунад.

– Мо-дар-чон… Хобида наметавонам. Чойгах буй мекунад.

– Хайр, нозу нуз накун, писарчон, – бо овози орому нарм мегуяд Точинисо. – Токат кун. О, ту мард-ку.

Баъд чойгахи худро хам омода карда, ноилоч зери курпа медарояд. Буйи баде ба димогаш мезанад. Чашмонаш пури ашк мешаванд. Ин лахза доду войи падараш баланд мешавад.

– Точинисо, чарогро гирифта, биё!

Саросема чарогро гирифта, ба хонаи хоби падараш меравад. Падараш дасту по мечунбонд, доду вой мегуфт.

– Точинисо, ёри дех!

– Чи шуд? – мепурсад Точинисои хайратзада.

– Лаънати, маро мехурад, – дасту по чунбонда мегуяд падараш. – Маро мехурад.

Ин вакт аз даруни шалвори падараш як мушбача баромада, худро ба сурохии бехи девор мезанад.

– О, ин муши худатон-ку?

Аз шиддати завк Шухрат дасташро болои дилаш гирифта, механдид ва пойхояшро ба замин мекуфт.

Парда-бобо ба як холати ногуворе афтода, охе мекашаду ба руи замин мешинад.

– Бобо, ёри лозим нест?

Аз ин саволи ногахонии набера бобо гаранг мешавад ва якбора чи гуфтанашро намедонад. Сипас ба худ омада, дуг мезанад:

– Рав, хоб кун!

Модару писар ба хонаи хабашон бармегарданд. Шухратро тез хоб мебарад. Ба чашмони Точинисо то дер вакт хоб мехмон намешавад. Посе аз шаб мегузарад. Хомушии пурасроре хукм меронд. Бо чарог: “Чашмаки ту, чашмаки ман” – гуён, андешахояш дар олами руъёву тахайюл сайр мекарданд. Ногох пардаи хомуширо даронда, овози дурушту хашмолуди падараш ба гушаш мерасад:

– Чарогро куши, намешавад. Охир, каросин мехурад.

Ноилоч Точинисо бехолона аз чой бархоста, чарогро хомуш мекунаду боз ба чогах медарояд.

Аз нав чашмонаш пури ашк мешаванд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …