Главная / Илм / ПУСТИ ОДАМ – ЭХСОСИ МУХИТИ ЗИСТ ТАВАССУТИ ПУСТ

ПУСТИ ОДАМ – ЭХСОСИ МУХИТИ ЗИСТ ТАВАССУТИ ПУСТ

Одам тавассути пуст гарми, хунукй, дардро хис мекунад. Пусте, ки бадани одамро мепушонад, 1/20 кисми вазни умумиро ташкил медихад. Иртиботи аз хама кало ни организми одам бо мухити зист тавассути пуст сурат мегирад.

Дар пуст, махсусан дар ангуштони дастон, кафхо, лабхо ва кафи пойхо теъдоди зиёди нуги торхои асаби мавчуд мебошанд. Аз ин ру, онхо хама хассос мебошанд.

inson

Ба пуст чахор навъи эхсос хос мебошанд: эхсоси дард, эхсоси тамос, эхсоси хунукию гарми. Азбаски дар пуст бисёр рангхои хунгард, гадудхои аракин хастанд, вай накши бузургеро дар танзими харорат мебозад.

Аз хисоби шуъои гармй ва бухоршавии арак 80% гармидихи тавассути пуст сурат мегирад. Худи пуст гармиро начандон хуб интикол медихад. Вай гармиро аз хуни ба он чоришаванда, мегирад. Гармидихи бо тагйир ёфтани суръати гардиши хун, ки тавассути фишурдашави ва тавсиаи рагхо муайян мешаванд, танзим меёбанд.

Дар кисматхои гуногуни бадан харорат гуногун мешавад.

Таври мисол,

Кафхои даст – 32,2°С,

Пешони – 33,4° С,

Кисмати болоии кафаси сина – 39,8°С,

Шикам – 31,1 °C,

Гардан – 34° С,

Зери багал – 36,7°С,

Кафи пой- 30,2°С.

Дарорати бадани одамро дар зери багалхо месанчанд. Аз ин ру, харорати муътадил 36,7°С шуморида мешавад. Яке аз хусусиятхои асосии пусти кудакон ва наврасон ин бештар будани сатхи нисбии пусти онхо нисбат ба сатхи нисбии пусти одами болиг ба шумор меравад. Ба 1 кг вазни одам чунин майдони сатхи пуст баро­бар меояд:

Кудаки навзод – 704 см2

Кудаки 1-сола – 528 см2

Кудаки б-сола – 456 см2

Кудаки 10-сола – 423 см2

Навраси 15-сола – 378 см2

Одами болит – 221 см2

Аз ин ру, дар мукоиса бо гармидихии одамони болит, гармидихии кудакон нисбатан бештар мебошад. Гадудхои араки арак ихроч мекунанд. Шумораи гадудхои араки то ба 2-3,5 миллион расида, микдори он барои хар як одам гуногун мебошад. Араккунии организм ба микдори гадудхои араки вобаста аст. Гадудхои аракй дар ба­дан яксон карор надоранд. Онхо дар кафхо, зери багал ва кафи похо бисёр буда, дар пушт, соку зонухо кам мебошанд.

Якчо бо арак, аз организми одам маводхои сершумор, намак ва хамчунин карба­мид, яъне партови мубодилаи сафеда дар организми одам ва бисёр хайвонхо, хорич мешаванд. Аз одами миёнасол дар як шабонаруз 400-600 мл арак , хамчунин 40 г намак, 10 г азот хорич мекунад. Пуст вазифахои гуногунро ичро менамояд. Вай организмро аз таъсироти механики( фишор, молиш, харош ва чарохатхо) мухофизат менамояд. Дангоми харорати муътадил +18°С – +20°С тавассути пуст ба организм 1,5% кислород ворид мешавад. Хангоми кори чисмонй ва харакат воридшавии кис­лород ба организм 45 баробар зиёд мешавад. Дамчунин пуст организми инсонро аз шуъохои ултрабунафши офтоб хифз менамояд.

Тахти таъсири шуъохои ултрабунафш витамини Д пайдо мешавад, ки он аз бемории рахит мухофизат мекунад. Пусти тозаи чарохатнадида монеаи ворид шудани маводхои кимиёви ба организм мегардад.

Тоза нигох доштани пуст фаъолияти муътадили организмро таъмин мекунад.

Ифлоси дар пуст бинобар аз хад зиёд шудани равгани пуст ва кабати болоии пуст ба вучуд меояд. Дар ин маврид, сурохихои пуст баста шуда, зуд ярачахо пай­до мешаванд. Хангоми ифлосшавй хориши пуст ва шароит барои ворид шудани инфексия ба организм пайдо мегардад. Хатто тавассути дастони ношуста метавон ба беморихои сершумори сироятй мубтало шуд. Пуст хангоми шустан бо собун бо оби хунук тоза намешавад.

Собун пустро мулоим карда, барои рахои аз хучайрахои мурда кумак мекунад.

Риоя кардани коидахои гигиенаи шахси хангоми нигохубини пуст барои пешги- рии беморихои пуст кумак мерасонад.

Супориш

Вобаста ба синну соли хуц ва вазн сатхи нисбии пусти бадани худро муайян кун. Таври мисол, агар ту 10-сола хасти ва вазни ту 30 кг аст, пас ту метавони сатхи нисбии пусти бадани худро бадин тавр муайян карда боши : 423 -ЗОкг = 12690 см2.

Пурсишхо

  1. Чанд навъ эхсос дар пуст мавчуд мебошад?
  2. Пусти одам чанд хиссаи вазнашро ташкил медихад?
  3. Пустдар зиндагии мо чй ахамият дорад?
  4. Тавассути пуст чй ихроч мешавад?

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …