Главная / Илм / ПРОГРАММАИ СИСТЕМАВИИ «КОМПЮТЕРИ МАН»

ПРОГРАММАИ СИСТЕМАВИИ «КОМПЮТЕРИ МАН»

Чунон ки пештар дида баромадем, дар Мизи кории системаи Windows нишонаи папкаи Мой компютер (Компютери ман) чойгир шудааст (Расми 2). Вакте ки мо ин нишонаро интихоб менамоем ва ду маротиба пай дар пай тугмаи чапи мушро пахш мекунем, дар экран равзанаи он (Расми 19) кушода мешавад. Аз расм дида мешавад, ки дар дохили равзанаи папкаи Мой компютер (Компютери ман) нишонахои хашт папкаи дигар чойгир шудаанд. Аз онхо чортояшон нишонахои дискхо буда, чортои дигарашон ба папкахои махсус дахл доранд. Бо ёрии нишонахои дискхо, мо метавонем мундаричаи папкахо ва хуччатхои дар онхо сабтёфтаро ба экран барорем, информатсияи лозимиро кофта ёбем ва программахои заруриро ба кор дарорем. Нишонаи Панель управления (Панели идоракуни) имконият медихад, ки баъзе параметрхои системаи Windows-ро тагйир дихем. Бо ёрии нишонаи Принтеры (Принтерхо) бошад, мо метавонем ба системаи Windows принтерхои навро пайваст намоем.

komputer-windows-znak

Менюи папкаи Мой компютер (Компютери ман) ба мисли менюи дигар папкахо истифода бурда мешавад. Бояд кайд кард, ки папкаи Мой компютер (Компютери ман) папкаи одди набуда, балки программаи махсус мебошад. Ин программа метавонад информатсияи дохили хар як папкаро дар равзанаи алохида нишон дихад. Ичрои ин амал аз речаи кории программаи Мой компютер (Компютери ман) вобаста мебошад. Бо максади чори намудани ин речаи кори, дар менюи Мой компютер (Компютери ман) банди Вид (Намуд) ва дар зерменюи пайдошуда сатри Свойства папки (Хосиятхои папка)-ро интихоб менамоем. Дар экран равзанае (Расми 20) пайдо мешавад, ки он Свойства папки (Хосиятхои папка) ном дорад.

Чунонки аз расм дида мешавад, дар дохили доирачаи сатри На основе выбранной настройки (Дар асоси шакли танзими интихобкардашуда) аломати нукта гузошта шудааст. Барои информатсияи папкахои кушодашавандаро дар равзанахои алохида нишон додан лозим аст, ки нишондихандаи мушро ба доирачаи сатри Обычный вид (Намуди мукаррари) гузошта, тугмаи чапро пахш кунем. Пас аз ин программаи Мой компютер (Компютери ман) информатсияи дохили хар як папкаеро, ки дар равзанаи он нишон дода мешавад, дар равзанахои хусусии алохида дар экран инъикос менамояд.

Равзанахои кушодашаванда дар Мизи кории системаи Windows чойгир мешаванд. Онхоро дар руи миз бо тарзхои гуногун чойгир кардан мумкин аст. Бо максади интихоби тарзи чойгиркунии равзанахои кушодашуда, нишондихандаи мушро ба чойи дилхохи холии сатри Панели масъалахо гузошта, тугмаи рости онро пахш мекунем. Дар натича, дар экран менюи равзанаи динамикии робитави (Расми 21) пайдо мешавад.

Сатри аввалаи ин меню, ки Панели инструментов (Панелхои асбобхо) ном дорад, барои идоракунии Панели масъалахо истифода бурда шуда, се сатри минбаъда бошанд, се тарзи чойгиркунии равзанахоро дар Мизи кори муайян менамоянд: пай дар пай (дар шакли силсила), аз боло ба поён ва аз чап ба рост. Дар вакти интихоб кардани сатри Свернуть все окна (Хамаи равзанахо гун карда шаванд) кулли равзанахои кушодашуда ба нишона табдил ёфта, ба Панели масъалахо кучонида мешаванд. Баръакс, барои аз нав хамаи равзанахоро кушодан, нишондихандаи мушро ба ягон чойи холии Панели масъалахо гузошта, тугмаи рости онро пахш мекунем ва дар менюи равзанаи робитавии пайдошуда сатри Отменить свернуть все (Гункуни бекор карда шавад)-ро интихоб мекунем.

Чунон ки аз расми 20 дида мешавад, дар катори тугмаи кабатии Общие (Умумихо) боз ду тугмаи кабатии дигар чойгир шудаанд: Вид (Намуд) ва Типы файлов (Типи файлхо). Хангоми пахш кардани тугмаи кабатии Вид (На- муд) дар экран равзанаи дар расми 23 овардашуда, пайдо мешавад, ки ба воситаи имкониятхои он ба параметрхои тарзхои инъикоскунии объектхои равзана тагйирот ворид Расми 21. Менюи динамикии робитавии чойгиркунии равзанахо дар Мизи кори 55 намудан мумкин аст. Масалан, агар дар доирачаи сатри Отображать все файлы (Хамаи файлхо инъикос карда шаванд) аломати нукта гузошта шавад, он гох хамаи объектхои дохили папкаро ба экран баровардан мумкин аст. Агар лозим бошад, ки файлхои махфи ва системавии дохили папка нишон дода нашаванд, он гох дар доирачаи сатри Не показывать скрытые и системные файлы гузоштани аломати нукта кифоя аст.

Барои дар кисми болоии равзанахои системаи Windows ба мисли MS DOS нишон додани рохи пурраи ёфтани папкахо ё файлхо лозим аст, ки дар квадратчаи сатри Выводить полный путь в строке заголовка аломати байракча гуРасми 22. Тарзи чойгиркунии равзанахо дар намуди силсила зошта шавад.

Пас аз пахш кардани тугмаи кабатии Типы файлов (Типхои файлхо) бошад, дар экран равзанаи дар расми 24 овардашуда, пайдо мешавад. Дар ин равзана хамаи намудхои файлхое, ки дар системаи Windows ба кайд гирифта шудаанд, нишон дода мешаванд. Ба воситаи имкониятхои ин равзана аник кардан мумкин аст, ки кадом намуди файлхо бо кадом программахо алокаманданд. Барои муайянкунии алокамандии намуди файлхо ва программахо кифоя аст, ки нишондихандаи мушро ба нишонаи ягон намуди файл гузорем ва тугмаи чапи онро пахш намоем. Дар кисми поёнии равзана намуди объекти интихоб кардашуда ва программаи ба он алокаманд нишон дода мешавад. Масалан, агар файли намуди XLC интихоб карда шавад, он гох ба сифати программаи ба он алокамандбуда, таблитсаи электронии Excel нишон дода мешавад.

Дар равзанаи Свойства папки (Хосиятхои папка) хангоми интихоби тугмаи кабатии Типы файлов (Типи файлхо) се тугмаи ёрирасони дигар пайдо мешаванд. Тугмаи Новый тип… (Типи нав…) барои ба система илова намудани ягон намуди нави объектхо (Расми 24) хизмат мерасонад. Бо ёрии тугмаи Удалить (Хоричкуни)

объектхои намуди дар айни хол нолозимро аз системаи Windows хорич намудан мумкин аст. Тугмаи Изменить (Тагйирдихи) бошад, имконият медихад, ки алокамандии намуди файл ва программа дигар карда шавад.

Саволхо:

  1. Программаи системавии Компютери ман барои ичрои кадом амалиёт пешбини карда шудааст?
  2. Бо ёрии кадом нишонаи Мизи кори программаи системавии Компютери манро ба кор даровардан мумкин аст?
  3. Дар равзанаи папкаи Компютери ман нишонахои кадом папкахо чойгир шудаанд?

Равзанаи Свойства папки хангоми фаъол будани тугмаи кабатии Типы файлов

  1. Хосиятхои равзанахои папкахоро бо ёрии имкониятхои кадом равзана тагйир додан мумкин?
  2. Равзанахои папкахоро дар Мизи кори бо чанд тарз чойгир кардан мумкин аст?
  3. Равзанаи Свойства папки (Хосиятхои папка) аз чанд тугмаи кабати иборат аст ва онхо барои ичрои халли кадом масъалахо пешбини карда шудаанд?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро накл кунед.
  2. Равзанаи папкаи Компютери манро кушоед ва нишонахои папкахои дохили онро муоина намоед.
  3. Ба воситаи равзанаи папкаи Компютери ман равзанахои якчанд папкахоро кушоед ва онхоро дар Мизи кори бо тарзхои гуногун чойгир намоед.
  4. Тугмахои кабатии равзанаи Свойства папки-ро бо навбат пахш намуда бинед, ки ин равзана кадом шаклхоро кабул менамояд ва дар онхо кадом тугмахои идоракуни ё командави пайдо мешаванд.
  5. Тугмаи кабатии Вид-и равзанаи Свойства папки-ро пахш намоед ва бо ёрии имкониятхои он равзанахои папкахоро аз нав танзим намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …