Главная / Илм / ПРОГРАММАХОИ СИСТЕМАВИИ «КОФТУКОВ» ВА АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ФАВРИ»

ПРОГРАММАХОИ СИСТЕМАВИИ «КОФТУКОВ» ВА АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ ФАВРИ»

Азбаски дар дискхои компютер микдори зиёди папкахову зерпапкахо нигох дошта мешаванд, бинобар он баъзан истифодабарандаи компютер бо ягон сабабе фаромуш карданаш мумкин аст, ки фалон файл ё программа дар кадом папка махфуз аст. Агар истифодабаранда номи файли хуччат ё программаи заруриро пурра ё кисман донад, ё акаллан дар матни он кадом мафхумхо ё калимахо истифода шуданашонро дар хотир дошта бошад, он гох аз имкониятхои программаи системавии Кофтуков (Поиск –Find) истифода бурда, сурогаи объектро зуд муайян карда метавонад. Кофтукови объектхо дар асоси меъёрхои пешниходкардашуда (критерияхо) гузаронида мешавад. Барои кофтукови ягон хуччат ё программа пеш аз хама равза наи программаи Кофтуковро кушодан лозим аст. Ин равзанабо ёрии командаи Менюи асосии система ПускНайтиФайлы и папки (ОгозЁфта шавадФайлу папкахо) ё командаи менюи равзанаи программаи Рохбалад СервисНайтиФайлы и папки кушода мешавад, ки он Найти: Все файлы (Кофтани хамаи файлхо) ном дорад .

Равзанаи программаи Кофтуков ба гайр аз сатри сарлавха ва сатри меню боз аз се тугмаи кабатии Имя и местоположение (Ном ва чойгиршави), Дата (Таърихи тагйирот) ва Дополнительно (Иловаги) ва якчанд майдончахои дохилкунии информатсияю се тугмаи командавии Найти (Кофтан), Остановить (Истодан), Новый поиск (Кофтукови нав) иборат аст.

poskАгар номи файли хуччат ва диске, ки дар он ин хуччат махфуз аст, маълум бошад, он гох аз тугмаи кабатии якум истифода мебаранд. Хангоми такрибан маълум будани таърихи охирини мурочиаткуни ба файли хуччат, аз тугмаи кабатии дуюм ва хангоми истифодабарии информатсияи иловаги (масалан, типи файл, ягон мафхуми матни он ва гайра), аз тугмаи кабатии сеюм истифода бурдан кулай аст.

Хангоми истифодабарии тугмаи кабатии дилхох ва пур кардани майдончахои дохилкунии информатсия, тугмаи командавии Найти (Кофта шавад)-ро пахш кардан лозим аст. Агар Расми 40. Равзанаи программаи системавии Кофтуков файл ё файлхо ёфта шаванд, он гох номи пурраи онхо ва дигар параметрхояшон дар кисми поёнии равзана нишон дода мешаванд.

Баъзан лозим меояд, ки бе кушодани программахои амали, ба таври фаври информатсияи дохили хуччатхо дида баромада шаванд. Барои амали гаштани ин максад дар Windows программаи махсус пешбини карда шудааст, ки он программаи Азназаргузаронии фаври (Quick View –Быстрый просмотр) ном дорад (Рами 41). Ин программаро бо ёрии равзанахои программахои Кофту-ков, Компютери ман ва Рохбалад ба кор даровардан мумкин аст. Агар нишона ё номи файл дар равзанаи ин программахо

кайд карда шуда бошад, он гох аз командаи менюи онхо ФайлБыстрый просмотр (ФайлАзназаргузаронии фаври) истифода бурда, информатсияи дохили файли кайдкардашударо дар экран дидан мумкин аст. Бояд кайд Расми 41. Равзанаи программаи Азна- заргузаронии фаври кард, ки бо ёрии ин программа информатсияи дохили файл-ро танхо дидан мумкин аст, вале онро тахрир кардан гайри имкон аст.

Барои тахрир намудани файли ёфташуда албатта зарур аст, ки программаи ба он вобастаро кушоем. Чунин имкони ятро худи равзанаи программаи Азназаргузаронии фаври таъмин менамояд. Аз командаи менюи равзанаи ин программа ФайлОткрыть для изменения (ФайлБарои тагйирдихи кушода шавад) истифода бурда, дар информат-сияи дохили файл тагйирот дохил намудан мумкин аст.

Саволхо:

  1. Программахои системавии Кофтуков ва Азназаргузаронии фаври ба рои ичрокунии кадом вазифахо пешбини карда шудаанд?
  2. Программаи системавии Кофтуков аз программаи системавии Азназаргузаронии фаври чи фарк дорад?
  3. Программаи системавии Кофтуковро чи тавр ба кор даровардан мумкин аст?
  4. Функсияхои тугмахои кабатии Имя и размещение (Ном ва чойгиршави), Дата изменения (Таърихи тагйирот) ва Дополнительно (Иловаги) аз чи иборат аст?
  5. Дар кадом мавридхо аз программаи системавии Азназаргузаронии фаври истифода бурдан кулай аст?
  6. Программаи системавии Азназаргузаронии фавриро чи тавр ба кор даровардан мумкин аст?
  7. Чи тавр бо ёрии равзанаи программаи системавии Азназаргузаронии фаври файли ёфташударо тахрир кардан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро накл кунед.
  2. Бо ёрии Менюи асосии Windows аз программаи системавии Кофтуков истифода бурда, папкаи хусусии худро кофта ёбед ва равзанаи онро кушоед.
  3. Бо ёрии программаи системавии Кофтуков программаи Корзина (Сабад)-ро аз дискхои компютер чустучуй намоед.
  4. Аз тугмаи кабатии Дата изменения-и равзанаи программаи система вии Кофтуков истифода бурда, руйхати хамаи файлхои мохи охир сохташударо ба экран бароред.
  5. Матни яке аз файлхои дар банди болои ёфташударо бо ёрии программаи системавии Азназаргузаронии фаври ба экран бароред.
  6. Аз имкониятхои равзанаи программаи системавии Азназаргузаронии фаври истифода бурда, матни файли дар экранбударо тахрир намоед.

 

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …