Главная / Гуногун / ПРИНТЕРХО

ПРИНТЕРХО

Принтер (Printer тачхизоти чопкуни) асбобест, ки барои дар когаз хорич намудани информатсия хизмат мерасонад. Ба воситаи принтер на танхо информатсияи матни, балки расму графикхоро низ чоп намудан мумкин аст. Принтерхо хам ба мисли мониторхо информатсияи тасвиршавандаро дар намуди ранга ва сиёху сафед хорич карда метавонанд. Принтерхои ранга аз принтерхои мукаррари киматтаранд. Принтерхо вобаста аз тарзи корашон матрисави, рангпошанда ва лазери мешаванд.

Принтерхои матрисави ё нуктавиматрисави он принтерхое ба хисоб мераванд, ки онхо солхои 80ум ва аввали солхои 90ум барои компютерхои IBM PC аз хама пахнгаштатарин буданд.

printerХоло онхоро принтерхои рангпошанда ва лазери аз истифода танг карда баровардаанд. Сифати чопи онхо нисбатан паст буда, хангоми чопкуни садои баланд мебароранд. Азбаски нархи онхо аз дигар принтерхо хеле арзонтар аст, принтерхои матрисавиро холо хам дар бисёр корхонаву муассисахо дидан мумкин аст. Принсипи кори ин принтерхо чунин аст: кисми чопкунандаи принтер аз катори сузанчахои борики металлии ба таври амуди чойгирбуда иборат аст. Кисми чопкунанда бо самти сатри чопшаванда харакат менамояд ва сузанчахо дар вактхои зарури аз болои лентаи рангкардашуда ба когаз зарба мезананд. Ин бошад, ташаккулёбии символхо ва ишораву тасвирхоро дар когаз таъмин менамояд.

Принтерхои рангпошанда барои компютерхои IBM PC холо намуди пахнгаштатарини принтерхо ба шумор мераванд. Дар ин принтерхо тасвири символу расмхо бо ёрии микрокатрахои рангхои махсус ташаккул меёбанд, ки ин микрокатрахо бо воситаи найчахои борики дар кисми чопкунандаи принтер мустахкамкардашуда ба когаз пошида мешаванд. Дар кисми чопкунандаи принтерхо аз 50 то 200 чунин микронайчахо мавчуданд. Дар принтерхои рангпошанда низ ба мисли принтерхои матритсави кисми чопкунанда ба самти уфуки харакат менамояд. Пас аз чопи хар як хати уфукии тасвир, когаз ба самти амуди ба пеш харакат мекунад ва дар натича пай дар пай тасвири зарури дар когаз пайдо мешавад. Сифати чопи принтерхои рангпошанда аз сифати чопи принтерхои матрисави хеле баланд аст. Хангоми чопкуни принтерхои рангпошанда овози зиёд намебароранд. Бо ёрии ин принтерхо чопи рангаи аз хама арзонтарро хосил намудан мумкин аст.

Принтерхои лазери сифати аз хама баландтарини чопи ранга ва сиёху сафедро таъмин менамоянд. Сифати чопи ин принтерхо ба чопи типографи хеле наздик аст.

Дар принтерхои лазери принсипи ксерографи истифода бурда мешавад: тасвири символу предметхо ба когаз ба воситаи барабани махсус гузаронида мешавад, ки ба он хиссахои хока (тонер) ба таври электрики мечаспанд. Фарки ин принтер аз аппарати ксерокопиякунанда дар он аст, ки барабани чопкунандаи он ба воситаи командаи компютер бо ёрии лазер электризонида (заряднок кардан) мешавад. Принтерхои лазери аз хамаи дигар намуди принтерхо суръати баланди чопкуни дошта, барои чоп когази махсусро талаб намекунанд. Масалан, суръати чопи принтерхои лазерии фардии HP LaserJet 5L ё 5P одатан дар як дакика 45 сахифаро ташкил медихад. Дар принтерхои офисии HP LaseкJet 4 ё 5 бошад, ин адад ба 8-12 сахифа мерасад.

Саволхо:

  1. Принтерхо чи вазифа доранд?
  2. Чанд намуди принтерхоро медонед?
  3. Принтерхои матрисави чи гуна кор мекунанд?
  4. Принтерхои рангпошанда аз матрисави чи фарк доранд?
  5. Принсипи кори принтерхои лазери чи гуна аст?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Дар бораи принтерхо ва намудхои онхо фикратонро дар дафтар баён намоед.
  1. Агар дар синфхонаи компютериатон принтер мавчуд бошад, он гох намуди он ва характеристикахояшро номбар кунед.
  1. Тарзи истифодабарии принтерро бо ёрии муаллим омузед.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …