Главная / Гуногун / ПРИНСИПИ ФОН НЕЙМАН

ПРИНСИПИ ФОН НЕЙМАН

Орзухои Беббиx такрибан пас аз гузаштани 100 сол дар хаёт амали гаштанд. Соли 1937 профессори университети Айоваи ИМА – булuор Xон Атанасов ба сохтани мошини хисоббарорие сар кард, ки он барои халли масъалахои физикаи математики пешбини шуда буд.

Такрибан дар хамон сол лоихаи мошини релегиро корманди донишгохи Гарварди ИМА Говард Айткен пешниход намуд. Ин мошин Mark-1 номида шуд ва соли 1944 аз тарафи фирмаи IBM сохта шуд. Вале он низ мошини электрони набуда, балки электромеханики буд. Танхо соли 1946 дар ИМА аввалин МЭХ бо номи ENIAC сохта шуд, ки муалли фони он кормандони донишгохи Пенсилвания Преспер Эккерт ва Xон Мочли буданд.

Кадами навбатии хеле мухимро дар пешрафти МЭХ математики барxастаи амрикои Xон фон Нейман гузоштааст.

E соли 1945 аввалин шуда пешниход намуд, ки дар баробари маълумоти ададии додашуда, программаи коркарди ин маълумот низ ба хотираи мошин дохил карда шавад. Акнун имконият пайдо шуд, ки ба программа низ хамчун ба объект таъсир расонида шавад.

Фон Нейман гояи худро дар шакли макола ба олимони чахон пахн намуд. Дар макола у ба таври хеле содда ва фахмо принсипхои кори тачхизоти универсалии хисоббарориро маънидод намуд, ки онхо бо номи принсипи фон Нейман машхур гаштаанд.

Аз чумла, фон Нейман дар макола овардааст, ки компютер бояд аз кисмхои зерин иборат бошад:

  1.  кисми арифметики-мантики. Бо ёрии ин кисм хамаи амалхои арифметики ва мантики ичро карда мешаванд;
  2.  кисми идоракуни. Бо ёрии ин кисм дигар кисмхои компютер идора ва раванди ичрошавии программа назорат карда мешавад;
  3.  кисми хотира. Бо ёрии ин кисм программа ва маълумотхо захира ва нигох дошта мешаванд;
  4.  кисмхои беруна. Бо ёрии ин кисмхо информатсия ба компютер дохил ва хорич карда мешаванд.

Хотираи компютер бояд аз якчанд ячейкахои ракамдор иборат бошад, ки дар хар кадоми онхо ё маълумотхои коркардашаванда ё командахои программа нигох дошта мешаванд. Хамаи ячейкахои хотира бояд ба таври одди ва хеле содда дастраси дигар кисмхои компютер бошанд.

Алокамандии кисмхои компютерро фон Нейман чунин тасвир намудааст:

Дар схема бо ёрии сигналхои идоракуни ва бо ёрии сигналхои информатсиони ишора карда шудаанд. Бо ёрии сигналхои идоракуни кисми идоракунии компютер

хамаи кисмхои дигари онро идора менамояд ва бо ёрии сигналхои информатсиони бошад, вай раванди интиколи информатсияро дар байни кисмхои компютер ба танзим меорад. Тарзи кори компютер дар намуди умуми чунин аст.

Аввал бо ёрии ягон кисми беруна ба хотираи компютер программа дохил карда мешавад. Кисми идоракуни аз ячейкаи хотира, ки дар он командаи якуми программа нигох дошта шудааст, информатсияро чег мезанад ва ичрошавии онро ташкил менамояд. Ин команда метавонад ё ичрошавии ягон амали арифметики ё амали мантики, ё аз хотира хондани ягон маълумот, ё ба хотира сабт намудани натичахо, ё ба воситаи кисми дохилкуни ба хотира ворид намудани маълумотхо, ё аз хотира ба кисми хоричкуни содир намудани маълумотхо ва гайрахо бошад.

Пас аз ичрои як команда, кисми идоракуни ба ичрои командаи навбатии программа шуруъ менамояд. Хамин тарик, кисми идоракуни пай дар пай командахои программаро ба таври автомати, яъне бе иштироки одам, ичро намуда масъалаи дар наздаш гузошташударо хал менамояд.

Аввалин компютери дар асоси принсипи Чон фон Нейман коркунанда, соли 1949 дар Англия аз тарафи Морис Уилкс ихтироъ карда шудааст. Бо хамин асри МЭХ кадамхои аввалини худро гузошт. Аксарияти мамлакатхои тараккикардаи xахон ба сохтани мошинхои электронии хисоббарор сар карданд. Аз xумла, аввалин мошини англиси бо номи EDSAC соли 1949, мошини руси бо номи МЭСМ соли 1951 ва uайрахо сохта шуданд.

Соли 1954 дар тамоми xахон такрибан 100 МЭ{ буд. Дар солхои минбаъда бошад микдори онхо бо суръати хеле баланд зиёд мешуд:

  •  соли 1965 – 40 000 адад
  •  соли 1974 – 215 000 адад
  •  соли 1978 – 580 000 адад
  •  соли 1983 – кариб 2 000 000 адад
  •  холо бошад, микдори онхо ба якчанд миллионхо расидааст.

Саволхо:

  1. Аввалин компютер чи ном дошт, кай ва дар кучо сохта шудааст?
  2. Принсипи фон Нейман аз чи иборат аст?
  3. Компютерхои дар асоси принсипи фон Нейман сохташуда аз кадом кисмхо иборатанд?
  4. Сохти хотираи компютер чи гуна аст?
  5. Ба таври автомати ичрокунии командахо чи маъно дорад?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Номи якчанд компютерхои аввалинро номбар кунед ва гуед, ки онхо дар кучо сохта шудаанд.
  3. Дар синфхонаи компютери бо кисмхои компютер шинос шавед ва гуед, ки кадом кисм барои ичрокунии кадом вазифа пешбини карда шудааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …