Главная / Маданият ва санъат / ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Сабабхо ва таърихи таъсиси мансаби Президенти Чумхурии Точикистон Мувофики кисми 1 моддаи 64-уми Конститутсияи Чумхурии Точикистон Президент Сарвари давлат ва хокимияти ичроия (Хукумат) аст.

Аз руи таълимоте, ки дар илми хукукшиноси вучуд дорад, Сарвари давлат шахси расмии мансабдор буда, дар табакабандии сохторхои давлати чои аввалро ишгол мекунад ва дар муносибатхои байнидавлати ва байналхалки намояндаи олии давлат ба шумор меравад. Дар амалияи сиёсати чахони 2 навъи сарвари давлат вучуд дорад – яке президент (раиси чумхури) ва дигаре монарх (шох, султон, амир ва гайра). Мансаби президент танхо дар шакли идоракунии чумхурияви арзи вучуд дошта метавонад.

Дар давлатхои сохти чумхурияви президентро кулли шахрвандони дорои хукуки интихоботи, инчунин аъзои парламент ва дар баъзе давлатхо (масалан, Иёлоти Муттахидаи Амрико) коллегияи интихобкунандагон бо рохи овоздихи интихоб менамоянд.

Монарх бошад, дар давлатхое, ки сохти мутлакият доранд, бо рохи махсус, яъне ба мерос гирифтан таъин мегардад ва мухлати рохбарии у махдуд нест.

prezident

Бояд гуфт, ки ягон ходисаву зухуроти сиёси бе асоси конуни инкишоф ёфта наметавонад. Асоси хукуки барои таъсиси мансаби Президенти Чумхурии Точикистон санадхои зерини хукуки буданд:

  1. Эъломияи истиклолияти ЧШС Точикистон аз 24 августи соли 1990;
  2. Карори Шурои Олии ЧШС Точикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тагйироту иловахо ба Эъломияи истиклолияти Точикистон».
  3. Изхороти Шурои Олии ЧШС Точикистон «Дар бораи истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон аз 9 сентябри соли 1991».

Мазмуни асосии санадхои зикршуда аз он иборат буд, ки хокимияти давлати аз ин пас мебоист ба воситаи се шохаи хокимият-конунгузор, ичроия ва суди амали мешуд. Аммо ин гуна таксими хокимият бе мансаби президент имкон надошт.

Хамин тавр, 29 ноябри соли 1990 Конуни ЧТ «Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти ЧШС Точикистон ва тартиби интихоби у» кабул шуд. Дар ин конун сабабхои таъсиси ин мансаб шарх дода шудаанд.

Инхо, пеш аз хама, хифзи хукук, озоди ва манфиату амнияти шахрвандон, устувор сохтани сохти конститутисиони ва вусъат додани чараёни дигаргунихои сиёсиву иктисоди буданд.

Гайр аз ин, дар конуни мазкур аник карда шуд, ки ба ин мансаб шахси синнаш аз 35 боло интихоб шуда метавонад. Президент бо рохи овоздихии пинхони дар Шурои Оли ва аз хисоби вакилони халк ба мухлати салохияти ин Шуро интихоб карда мешавад. Агар аз се ду хиссаи вакилони халк хоханд, Президент аз вазифа сабукдуш карда мешавад. Хамин тарик, бори аввал 30 ноябри соли 1990 Каххор Махкамович Махкамов дар интихоботи Шурои Олии Чумхурии Точикистон ба вазифаи Президенти Чумхурии Точикистон интихоб гардид.

Мувофики Конуни дигар аз 1 декабри соли 1990 «Дар бораи такмили сохти хокимияти ичроия ва амрдиханда дар ЧШС Точикистон ва дохил кардани тагйироту иловахо ба Конститутсияи (Конуни асосии) ЧШС Точикистон» вазифаи ноиби Президент таъсис дода шуд. Инчунин, бо максади сари вакт ва бо сифати хуб ичро кардани ваколатхои Сарвари давлат Шурои Олии Точикистон Карор «Дар бораи таъминоти хизматрасони ва мухофизати Президенти ЧШС Точикистон»-ро кабул кард, ки ба халли масъалахои мухими фаъолияти Сарвари давлат – музди кор, таъминот бо манзил ва наклиёт, мухофизати шахси, нафака ва гайра равона шуда буд.

Хар инсон, новобаста аз вазифа, баромади ичтимои ва мавкеи дар кору зиндаги ишголкардааш мувофики конунхои мамлакат хукуки химояро аз хар гуна дахолат, тухмат ва тахкиру таъкиб дорад.

Президент низ мисли хар яки мову шумо инсон аст ва паст задани шаъну эътибори у мисли хар шахси дигар мумкин нест. Аз ин хотир, 29 июни соли 1991 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи химояи шаъну эътибори Президенти ЧШС Точикистон» кабул гардид, ки мувофики он тахкири оммавии Президент, тухмат кардан ба у чи аз чониби шахсони алохида ва чи аз чониби воситахои ахбори умум кирдори чинояти эътироф карда шуд.

Санади дигаре, ки ба таърихи таъсис додани мансаби Президент дахл дорад, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон» аз 10 сентябри соли 1991 мебошад.

Мувофики ин конун мукаррар карда шуд, ки хар шахрванди Чумхурии Точикистон, ки синнаш аз 35 боло буда, 10 соли охир дар кишвар зиндаги карда бошад, метавонад барои интихоб шудан ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон номзадии худро пешбари намояд. Як шахс паихам бештар аз ду мухлат Президент шуда наметавонад.

Тибки хамин Конун 24 ноябри соли 1991 якумин интихоботи умуми барои Президенти Чумхурии Точикистон гузаронида шуд. Дар ин интихобот Рахмон Набиевич Набиев дуввумин Президенти Чумхурии Точикистон аз чониби халк интихоб гардид. Шурои Олии Чумхурии Точикистон 27 ноябри соли 1992 конуни дигар кабул намуд, ки мувофики он хамаи меъёрхои конститутсиони рочеъ ба хокимияти Президент бекор карда шуд. Ваколату салохияти Президент ба Шурои Оли ва Шурои Вазирони Чумхурии Точикистон баргардонида шуданд. Баъди асосан ба анчом расидани кашмакашихои дохили 20 июли соли 1994 Конун «Дар бораи ислохоти конститутсиони дар Чумхурии Точикистон» кабул гардид ва масъалаи аз нав таъсис додани мансаби Президенти Чумхурии Точикистон мазмуни асосии конуни навро ташкил намуд.

Хамин тавр, 21 июли соли 1994 Конуни дигар «Дар бораи интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон» кабул шуд ва дар асоси он 6-уми ноябри хамон сол дар хаёти кишвари мо ходисаи вокеан таърихи ба амал омад. Якчоя бо интихоби Президенти Чумхурии Точикистон лоихаи нави Конститутсияи Чумхурии Точикистон дар раъйпурсии умумихалки кабул гардид. Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон Эмомали Шарифович Рахмонов сеюмин сарвари давлат аст, ки бо рохи интихоботи умуми ба боварии халки Точикистон сазовор шуд.

Хамаи вокеахое, ки дар боло номбар кардем, давраи аввали ислохоти сиёсиву хукукиро ташкил медиханд. Давраи дуюми ин ислохот ба огози мархилаи сулху суботи умуми ва ризоияти милли рост меояд.

Сухан дар бораи он меравад, ки харчанд соли 1997 миёни Хукумати ЧТ ва Иттиходи мухолифини точик Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризоияти милли ба имзо расида буд, вале то соли 1999 хануз масъалахои халношуда боки монда буданд. Бо рохи конуни хал нашудани ин масъалахо боиси сар задании мунокишахои нав ва халалдор гардидани комёбихои сулхи точикон мегардид. Махз бо ташаббуси Сарвари давлат Э.Ш.Рахмонов корхои омодаги ба раъйпурсии умумихалки оид ба дохил намудани тагйиру иловахо ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон огоз гардиданд. Баробари дохил намудани тагйиру иловахо ба Конститутсия шахрвандони дорои хукуки интихоботии Точикистон дафъаи дуюм Э.Ш. Рахмоновро ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон интихоб карданд.

Ислохоти конститутсиони баъди ин боз хам идома ёфт, зеро худи хаёт такозо мекард, ки чараёни демократикунони тезонида шавад ва хамаи сохахои хаёти иктисоди ва чамъиятиву сиёси баробари чомеаи чахони пеш равад. Аз ин сабаб, 22-уми июни соли 2003 оид ба даровардани тагйиру иловахо ба Конститутсияи мамлакат раъйпурсии умумихалки гузаронида шуд. Мувофики натичахои ин раъйпурси акнун шахрвандони кишвар Сарвари худро ба мухлати 7 сол интихоб мекунанд ва як шахс паихам беш аз ду мухлат ба мансаби Президент интихоб шуда наметавонад.

Тавре ки мебинем, таърихи таъсиси мансаби Президенти Чумхурии Точикистон чандон тулони набошад хам, аммо мазмуни амики сиёсиву ичтимои дорад. Вокеияти 15 соли истиклолият гувохи медихад, ки ислохоти конститутсиони дар хусуси мансаби Президент барои расидан ба натичахои хеле назаррас имконият фарохам овард.

Аввалан, махз тавассути чахду талош ва сиёсати окилонаву дурандешонаи Президенти Точикистон Эмомали Шарифович Рахмонов сулху субот ва ризоияти милли дар саросари мамлакат баркарор гашт.

Дуввум, дар хама сохахои хаёти чамъият- иктисоду ичтимоиёт, фархангу маънавиёт ва умуман хамаи самтхои сиёсати дохиливу хоричи дигаргунихои азиме рух доданд, ки самараи онро мову шумо дар зиндагии харрузаи худ мебинем ва эхсос мекунем.

Президент – сарвари давлат ва хокимияти ичроия (Хукумат)

Баробари рохбари умумии давлат будан Президент мувофики мукаррароти Конститутсия сарвари яке аз се шохаи хокимияти давлати – хокимияти ичроия, яъне Хукумат низ мебошад. Хукумат макоми марказии хокимияти ичроия ба шумор меравад.

Дар Конститутсияи Точикистон оид ба фаъолияти Президент як боби алохида – боби 4-ум бахшида шудааст. Президент махз дар асоси хамин боб фаъолият намуда, ба тамоми сохахои хаёти кишвар рохбари мекунад. Бояд гуфт, ки на дар хамаи давлатхои чахон макоми Президент як хел муайян карда шудааст.

Аз кишвархои аъзои Иттиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ) факат конститутсияхои Узбекистон, Туркманистон ва Точикистон Президентро сарвари хокимияти ичроия муайян намуда, сардории Хукуматро ба ухдаи Президент гузоштаанд. Аммо баробари ин дар онхо мансаби Сарвазир низ мукаррар гардидааст. Дар конститутсияхои Федератсияи Россия, Казокистон ва Киргизистон рохбарии хокимияти ичроия ба ухдаи Хукумат гузошта шудааст. Хамин тарик, Президенти Чумхурии Точикистон хамчун сарвари давлат ва хокимияти ичроия нисбат ба президентхои баъзе кишвархои аъзои ИДМ салохияти васеътари конститутсиони дорад.

Мувофики Конститутсия Президент хомии Конститутсия ва конунхо, хукуку озодихои инсон ва шахрванд, кафили истиклолияти милли, ягонаги ва тамомияти арзи, пойдории давлат, мураттабии фаъолияти макомоти давлати, хамкории онхо ва риояи карордодхои байналмилалии Точикистон мебошад.

Ичрои вазифахои Президент аксар вакт бо фаъолияти Мачлиси Оли ва макомоти суди алокаманди дорад.

Вале баробари ин Президент мураттабии фаъолияти хамаи сохахои хокимияти давлати ва масъулияти макомоти хокимиятро дар назди конун ва халк таъмин менамояд.

Аз ин ру, мувофики Конститутсия Президент бояд шахси бегараз бошад. У наметавонад вазифаи дигареро ичро намояд, вакили макомоти намояндаги бошад, ба сохибкори машгул гардад (моддаи 68). Ин номгуй хеле махдуд аст, зеро аслан хар як мансабу

амале, ки Президент ба таври илова ишгол ё ичро менамояд, набояд бегаразии уро ба шубха гузорад.

Хатто ичрои вазифахое, ки хамчун шахрванд ба ухдаи у гузошта шудаанд, бояд бечунучаро ва катъи риоя гарданд. Шакли идоракунии президенти бо мавчудият ва фаъолияти макомоти олии намояндаги ва конунгузор, яъне Мачлиси Оли алокаманд

гардонида шудааст.

Дар муайян кардани хадди вазифахои Президент, хусусан алокаманди ва фаркияти онхо бо вазифахои Мачлиси Оли ба таври конститутсиони риоя кардани усули боздорию мувозинати хокимияти хар яки онхо мавкеи калон дорад.

Мувофики моддаи 67-уми Конститутсия Президент пеш аз огози вазифа дар чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон савганд ёд мекунад.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …