Главная / Маданият ва санъат / ПРАВОСЛАВИЕ (Калисои Ортодоксии шарки)

ПРАВОСЛАВИЕ (Калисои Ортодоксии шарки)

Акидахои асосии православие дар шурохои умумичахони мухимтаринаш Никей ва Константинопол мебошанд, ба тартиб оварда шудаанд. Дар хар яке аз ин шурохо ин ва ё он коидаи хаёти дини тасдик гардиданд. Китохои асосие, ки дар онхо таълимоти дини православи зикр ёфтаанд, “Китоби мукаддас” ва «Ривоёти мукаддас» мебошанд. Ба «Китоби мукаддас» вахйи илохи, китобхои ба пайгамбарон ва хаввориён тааллук дошта дохил мешаванд. Ба «Ривоёти мукаддас» гуфтори ашхоси мукаддас, ки ба дигарон-наслхои оянда ахкоми дин, илохиётро таълим дода, чи гуна ичро кардани расму оинхои диниро меомузанд, дохиланд.

pravoslaviyaБаръакси таълимоти протестантизм, ки «Китоби мукаддас»-ро чандон ба эътибор намегирад ва католисизм, ки онро нопурра медонад, православие хар ду ин манбаъхоро баробар мешуморад. Хомиёни православи таъкид мекунанд, ки сирри «Каромоти илохиро» танхо хангоми ин ду манбаъро як чо истифода бурдан фахмидан мумкин аст ва «ривоёти мукаддас» барои дуруст фахмидани «Китоби мукаддас» оварда шудааст. Мувофики таълимоти рухониён рукнхо, нуктахои асосии хар дин дар эътикоднома баён ёфтаанд, ки хеч гуна исбот ва бурхонро талаб намекунанд.

Эътикодномаи православи инчунин он нуктахое, ки дар шурои Константинопол /соли 381/ кабул карда шудаанд, хамчун эътикоднома истифода мекунанд. Эътикоднома, ки дар шурои Константинопол кабул карда шудааст, аз 12 кисм иборат аст ва ин эътикод ба вучудияти Худо-падар, ки холики одам аст, сипас эътикод ба фарзанди илохи-Исон Масех, ки аз Марями мукаддас таваллуд ёфтааст ва дар давраи Понтий Пилат кушта шуд ва рузи сеюм аз нав зинда шуда ба осмон рафтааст, эътикод ба Худо-рухи мукаддас (руху-л-кудс), зарурияти таъмид, чипда гардонидан баъд аз миронидан ва хаёти човидонии баъди марг ва гайраро дар бар мегирад. Аз назари факехони православи ин аркони дин хакикати илохи мебошанд ва хеч гох тагйир талаботи хиради инсонро конеъ мекунанд. Дар охири асри Х дар давраи хукмронии Владимир Рус дини насрониро кабул кард, ки нуфузи он кариб 100 сол пеш огоз ёфта буд.

Дини насрони ба Рус дар шароите пахн гардид, ки динхои кадимаи славянхо дигар мавкеи устувор надоштанд. Махз равияи православи барои он дар Рус пахн шуда буд, ки алокахои иктисоди, сиёси мадании давлати Руси Кадим бо Визатия -маркази ин Калисои Шарки, нисбат ба дигар чойхо устувор буд.

Сеюм он шакл, ки дини насрони дар Византия дошт, диккати князхои Киеви Русро ба чихати мутеъ будани калисо ба давлат чалб кард. Католисизм худро аз давлат болотар мегузошт. Сеюм ин ки фаъолияти таблиготии калисои Византия хеле барвакктар нисбат ба дигар равияхои дини огоз ёфта, вусъати бештаре дошт.

Чорум ин ки ибодатхои равияи православи ба забони модари, на бо лотини мисли католисизм, баогузор мешуд, ки ин хам диккати князхои бузурги русро ба худ накашида наметавонист. Дини насрони дар Руси Кадим ба зуди пахн нашуд, балки муддати зиёд лозим омад, ки аз тарафи оммаи мардум кабул шавад. Ибодатхои харруза, идхои гуногуни дини, маросимхо, руза ва гайра ба диндорон таълимоти православиро таъкид менамояд, онхоро водор месозанд, ки доимо Худо мурочиат кунонанд ва бо калисо дар иртиботи доими карор гиранд.

Микдори умумии маросимхои православихо ба 467 мерасад, дар худуди 200 руз бояд онхо руза доранд. Махсусан, идхои дини хеле бошукух аз тарафи калисохои православи ва диндорон кайд карда мешаванд. Иди кадими православихо ва тамоми насронихо иди эхё мебошад, ки дар ин руз Исои Масех ба таври муъчизанок дубора зинда шудааст. Дигар иди бисёр мухими православихо пасха, ба кавли ахди калисо, «иди идхо» аст.

Сипас, идхои дувоздахгона, таваллуди модархудо, ба калисо ворид шудани модар-худо, таъмиди Масехо, ба Байтулмукаддас омадани Худо /панчоха/, рузи модархудо ва гайра.

Дар православие рузхое, ки руза дошта мешавад ва диндорон аз хурокхои гушти худдори мекунанд, низ ба низом дароварда шудааст.

Рузахо бисёрруза ва якруза хастанд. Аз чумлаи рузахои бисёрруза рузаи акбар ё руза, чилруза, руза ба шарафи хаввориён Петрус ва Павлус, руза ба шарафи модархудо, ки ба таквими кухна аз I то 15 август давом мекунад. Ба рузахои якруза рузахои чоршанбе ва чумъа, рузхои азобу шиканча ва фавти Исои Массех ва гайра илова мешаванд. Ба гайр аз ин дар православие маросимхое хастанд, ки диндорон дар онхо мархамати илохиро мебинанд. Ин гуна маросимхо мукаддасоти хафтгона номида мешаванд ва аз инхо иборатанд: 1/таъмид, ки маънои ворид шудан ба калисоро дорад, 2/ тадхин, ки шахси нав ба дин воридшуда бо равган молида мешавад, 3/ ашои раббони-хурдани нону шароби калисо, ки диндоронро ба Исо мепайвандад ва ба хаети абади шарик мегардонад, 4/ эътироф /эътирофи гуноххои кардашуда, 5/ кабули силсилаи мукаддас, ки барои дар калисо кор кардан хукук медихад, 6/ никох, ки барои таваллуди кудаки халоли ва тарбияи онхо дар рухи насоро хукук медихад, 7/ тадхини майит (такоруб), ки дар холати

бемории сахт ба нияти шифо низ онро ба кор мебаранд.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …