Главная / Гуногун / ПИСТАИ ХАНДОН

ПИСТАИ ХАНДОН

 

Хар як инсон дар дил орзуе мепарварад. Ман хам кайхо орзу мекардам, ки сохиби хавли шавам. Нихоят ду сол пеш ба орзуям расидаму гами нихолшинони пеш омад. Чор нихоли себ, ду бодом, ду гелос, ду зардолу ва панч оличабандак шинондам. Пистаи хандонро шунидаму дар дилам алов афтод. Бояд як нихол шинонам. Шашуми феврал ба ярмаркаи фуруши нихолхо ба боги Дустии Халкхо рафтам. Хама як чавоб медоданд: «Нест!» Танхо як нафар гуфт, ки буд, тамом шуд. Табъам хеле хира шуд. Баъд барф бориду пистаи хандон аз ёд рафт. Ду хафта пас ба бозори Саховат рафтам. Пистаи хандонро сурог кардам. Боз чавоби «Нест!»-ро шунидам.

pistaТанхо як нафар гуфт, ки:

– Хаст.

Табъам хеле хуш шуд.

– Кани?

– Дар хона.

Вай чавонмарди тахминан сисолаи бузбала буд. Риши кутохи сип-сиёх дошт. Нигохаш тез, чашмонаш медурахшиданд.

– Хонаатон дур аст?

– Дар Семиганчи нохияи Вахдат.

– Пагох меоред?

Вай ба суи ман зехн монда нигарист ва гуфт:

– Пешпардохт дихед. Пагох меорам.

– Пешпардохт? Охир биёред, бинам, ки чи мол аст.

– Не, – гуфт у, – ин тур намешавад. Нихоли пистаи хандон нодир, бисёр нозук ва кимат аст. Биёрам, ки фиреб кунед, нагиред, шамол мезанад, хушк мешавад.

Аз ин гапаш кахрам омад, аммо худдори кардам.

– Кимат гуфтед? Чанд меистад?

– Яксаду панчох сомони.

Лахзае чизе гуфта натавонистам. Баъд пурсидам:

– Чаро ин кадар кимат?

– Охир моли Эрон аст.

– Дар Эрон чанд меистад?

– Саду бист-саду си.

– Мегуянд нихолхои пистаи хандонро аз нохияи Зафаробод меоранд-ку?

– Э вай нихолхо нихол не, пая. Аз садто яктояш базур мегирад. Нихолхои эрони сара.

– Наход?

– Агар дуруг гуям, руям сиёх.

– Нихолхоро худатон аз Эрон овардед?

У шубханок ба суям нигариста, хомуш монд. Баъд гуфт:

– Не.

Чавонмарде ки то ин вакт хомуш ба гуфтугуи мо гуш медод лаб ба сухан кушод:

– Нихолхоро падараш овардааст. Холо у каме бетоб аст. Аз ин ру «Асои пир ба чои пир» – гуфта писараш ба халк хизмат мекунад.

Ба бозори Баракат омадам. Дар ин чо танхо се-чор нихолфуруши кавокгирифта буду халос. Ягон нафар харидор ба чашм намерасид. Маро диданду кавокашон кушода шуд.

– Пистаи хандон доред?

– Дорем, – зуд чавоб дод чавонмарди миёнакади бузбала.

– Кани?

– Ана.

Якбора табъам болида гашт.

– Нархаш чанд аст, нархаш?

– Дувоздах сомони. Ба Шумо дахи медихам.

«Ё ачабо?! Нархаш дар Саховат дар осмон, дар ин чо дар замин. Сираш дар чи бошад? Наход?..»

Ба каъри чашмонаш бодиккат нигаристам.

– Дуруг намегуед?

– Магар акламро хурдаам, ки ба Шумо дуруг гуям? Агар дуруг гуям, руям сиёх. Охир дуруг торикии имон аст.

– Мусулмонед?

– Алхамдуллилох.

– Калимаи шарифи шаходатр медонед?

Вай ба газаб омада, маро бад-бад песонд ва баъд гуфт:

– Ин чо чои калима гардондан нест.

Як лахза хомуш мондам. Сипас пурсидам:

– Сертификати мутобикат доред?

Каме дасту по хурд.

– Сертификати мутобикат? Ин чист?

– Хуччате ки ба стандарт чавобгу будани нихолро тасдик мекунад.

Дар холе ки саргаранг шуда буд, базур гурунгос зад:

– Чи, гумон мекунед ман нихолхоро дуздидаам? Ба хурмати Худо аз худам. Хочагии дехкони дорам.

– Хуб, майлаш. Кай механдад?

– Чи-и? Ки?

– Писта.

– Ха-а. Пас аз се сол.

– Нахандад чи?

У китф дахам кашида хандид.

– Агар нахандад, ту гиря мекуни.

25 феврали соли 2010

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …