Главная / Гуногун / ПИСАРХОЛА

ПИСАРХОЛА

Баъзе устодони донишгох дар замони Шурави хеле сахт- гир буданд. Ба фарк аз имруз, бахои донишомузро факат дар асоси донишаш мемонданд. Ришваву фасод кариб вучуд на- дошт. Як руз як писархолаам, ки дар Донишгохи политехники мехонд, ба ман мурочиат кард, ки мусоидат бикунам, то аз донишгох хорич нашавад. Мочаро аз кавли у ин буд, ки устоде ба у касд гирифтаву мехохад уро аз донишгох хорич кунад. Ме- гуфт, он муаллим хамшахрии дусти наздики ман – Мирзо асту хатман гапи Мирзоро дар замин намемонад. Таваллову зори мекард Мирзоро хохиш кунам, то бо он устод гуфтугу карда, хадди акал уро барои аз нав имтихон супурдан рози кунад.

  • Мирзо метавонад, хатман метавонад, чун онхо харду аз як чо хастанд, хамдигарро бояд бишносанд! – вачх меовард у. Ман бо Мирзо аз замони донишчуи шиносои доштам ва вокеан бо хам хеле дусти наздик будем. Аз сабаби он ки ман ба Мирзо барои худдори аз корхои номаъкул, баъзан «насихат» мекардам, у маро шухиомез «рохбари маънави» меномид.

Ин Мирзо дар шахр бисёр маъруф буд ва аксарият уро мешинохтанд. Зохиру сураташ хам бисёр хотирмон буд. Каду комати баланд дошт ва бо риши кутоху муйхои дароз мегашт, лакабаш Риш буд. Баччаи ахли дустиву рафокату улфат буд ва аз ин ру, рафику ошнои зиёд дошт. Каме шухрати гарданкаши хам дошт. Ман хам фикр кардам, ки ин кор хатман аз дасти Мирзо бармеояд!

Мурочиат кардам, Мирзо гуфт:

  • Намешиносамаш, хайр мерем, шинос мешем.

Мо секаса хамрохи Мирзову писархолаам ба донишгох рафтем. Писархолаам то пушти дари утоки муаллим моро рах- намои карду худаш берун интизор монд. Мирзо дарро так-так заду интизори чавоб нашуда ворид шуд ва назди мизи муаллим рафт, ман хам аз пасаш. Мирзо бо як лахни кучаги пурсид:

  • Мумкинай, малим?

Устод дар посух гуфт:

  • Шумо аллакай даромадед.

Рост мегуфт, чун Мирзо дарро зада бошад хам, мо ичозатро мунтазир нашуда, ворид шуда ва ба назди мизи у расида будем. Мирзо курсиро кашиду нишаст ва ба ман хам бо сар ишора кард: «Бишин». Мирзо худашро шинос кард:

  • Малим, ма Мирзои Риш, ай Дангараам, баччаи фалони. Муаллим гуфт:

 

  • Ман хам аз Дангараам, вале туро нашинохтам, падаратро хам.

Ва пурсид:

  • Чи хизмат?

Мирзо бо хамон лахн гуфт:

  • Малим, мо барои як студентут омадем, ай имтихони худут мушкил доштай, барои хамин пешут омадем.

Зохиран, танхо донишчуе, ки имтихони ин устодро насупо- рида буд, хамин писархолаи ман буд, ки муаллим билофосила пурсид:

  • Барои Салохиддинов?

Мирзо тарафи ман нигох кард, сар такон додам: «Худаш». Муаллим дафтари хузури донишчуёнро боз карду сафхаеро ба мо нишон дод, ки дар радифи номи писархолаам харфи «н», яъне «набуд», катор буд. Гуфт:

  • У умуман ба дарсхои ман намеомад, хеле бехурмати ме- кард, ман хеч гох ба у бахо намегузорам.

Мирзо дасте ба ришаш бурду гуфт:

  • Малим, мо фахмидем, ки у ягон номаъкули кадай, ки худут ика сахтуш гирифтаи, мо хам барои хамин омадем, я балош буку бачча ай институт хорич нашава.

Муаллим гуфт:

  • Гуш кун, хамин модари ман бемор шуд. Бемори вазнин. Духтари як хамсояамон парастор аст. Хамин духтар чандин мох модари маро нигохубин ва парастори карда, ба навъе, аз марг начот дод. Ана аз хамин хонавода як писар дар хамин дониш- гохи мо мехонд. Дарсхои маро аз худ карда натавонист. Ман ба хамин бачча бахои «ду» мондам. Модарам аз ман илтимос кард, ки ба хамин бачча «ду» намонам, руи хотири хохараш, ки модарамро аз марг начот дод, ёри кунам. Ман ба хамон бачча ёри накардам, аз институт хорич шуд.

Яъне ин муаллим на танхо сахтгири гузаро буд, балки но- одам хам буд. Баъд аз ин Мирзо нафаси чукуре кашиду бо як харакати ачиби дастхову ангуштон, ки хоси у буд, аз чо бархост. Маълум буд, ки у ба хашм омадааст. Вакте у бархост, муаллим фикр кард, ки Мирзо ба касди тахдид мехезад. Каме курсиашро акиб карду гуфт:

  • Агар мезани, бизан!

Киёфаи Мирзо, бо ришу муи дароз каме харосафкан буд, вале ин замон осори хашм хам дар чехрааш пайдо шуда буд.

  • Агар хатто бизани, ман ба хамин бачча бахо намемонам! – карори муаллим катъи буд.

Мирзо коматашро рост карду тарафи муаллим нигох кард ва ангушти ишораташро суи у тег карда гуфт:

  • Э, тура худо бизана! Агар ба касе, ки модарта начот додай, ёрдам накада боши, тура худо бизана!

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …