Главная / Чугрофия / ПИРЯХХОИ Точикистон

ПИРЯХХОИ Точикистон

Пандоиши пирях. Шумо медонед, ки як кисми боришот ба сатхи Замин ба намуди барф ва жола мерезад. Дар кутбхо, нохияхои наздикутбй, куххои баланд, ки хаво дар тобистон хам хунук аст. барф ва жола пурра об намешаванд. Дар натича сол аз сол микдори зиёди барф чамъ мешавад. Баъд барф охиста- охиста зич шуда, ба ях табдил меёбад.

Пиряхи Федченко
Пиряхи Федченко

Дар куххо барф то баландихои муайян об мешавад. Аз он боло барфхои доими ва пиряххо хукмфармо мебошанд. Худуди поёнии онхоро хати барфй меноманд. Аз ин хат боло барф дар давоми сол об намешавад. Баландии хатти барфи дар хама чо як хел нест. Дар куххои назди хати истиво хати барфи дар баландии 500 метр буда, дар куххои Помир аз баландихои 5200-5240 метр мегузарад. Дар кутбхои Шимоли ва Чанубй то сатхи оби укёнус поён мефарояд.

Пиряхи кухи ва руизамини. Пиряххои сатхи хушкиро вобаста ба андоза ва хусусияту мавкеи чойгиршавиашон ба ду гурухи калон чудо мекунанд: пиряххои кухй ва руизаминй. Пиряххои руизамини дар минтакахои кутби пахн гардидаанд. Андозаи онхо  бузург буда, масохати хеле калонро хамчун сипар пушондаанд. Пиряхи руизамини кариб тамоми сатхи Антарктидаро фаро гирифтааст. Он бо таъсири вазни худ аз марказ ба тарафи укёнус харакат мекунад. Хамин ки ба укёнус расид, шикаста, чун кухи яхин шино мекунад, ки онро айсберг (аз лафзи скандинавй куххои яхин) меноманд. Дарозии онхо  то 300 километр ва баландиашон то 600 – 700 метр мешавад. Айсбергхо барои киштихое, ки дар укёнус шино мекунанд, хатарнок мебошанд.

Пиряххои кухи ба монанди пиряхи минтакахои кутби мавзеи ишголкардаашонро саросар напушондаанд. Онхо дар куллахо, хамихо ва водихои кухи аз якдигар чудо-чудо хобидаанд. Шакл ва андозаи онхо  гуногун мешавад. Баъзеи онхо  шоха доранд. Пиряххо дар он мавзеъхое хобидаанд, ки сатхи онхо  ба ин ё он су нишеб аст. Бинобар ин пиряххо аз нишебии куххо ва водихои кухй ба поен харакат мекунанд. Харакати онхо  хеле суст аст. Дар як шабонаруз аз 20 см то 80 см харакат мекунанд. Хангомн харакат чинсхои кухии нишебии кух ва водиро канда бо худ мебаранд.

Пиряххои кухи аз хати барфй поён фаромада, хатман об  мешаванд. Дар чон онхо сангпорахои хачман гуногун ва дигар чинсхои кухие, ки пирях овардааст, боки мемонанд. Онро моренаи канори меноманд.

Анбухи яхи пайдоишаш атмосфериро, ки дар сатхи Замин харакат мекунад пирях меноманд. Пирях дар он нохияхое хосил мешавад, ки боришоти сахти атмосфери нисбат ба об ва бухор шудан зиёдтар тахшин мешавад.

айсберг

Дар Помири Гарби пиряхи Хирсон мавчуд аст, ки хар сари чанд вакт харакат карда, мачрои дарёи Абдукахорро банд мекунад ва барои ахоли ва хочагии халки чумхури зарари калон мерасонад (масалан, солхои 1937. 1951, 1963, 1973).

Ахамияти пиряххо. Дар руи Замин пиряххои кухи нихоят бисёранд. Масохати онхо хамаги 1.5 фоизи масохати сатхи хушкиро ташкил медихад. Ахамияти пиряххо дар табиат ва хаёту фаъолияти хочагии одамон нихоят калон аст. Пиряххо барои нохияхои камбориши руи Замин хамчун манбаи об хизмат мекунанд. Якеа з чунин нохияхо Осиёи Миёна мебошад. Масохати умумии пиряххо дар куххои Осиёи Миёна 17-18 хазор километри мураббаъро ташкил медихад. Аз он 60 фоиз ба Чумхурии Точикистон рост меояд. Пиряххои Точикистон асосан дар кухистони Помир вокеъ гардидаанд. Масохати онхо  8500 километри мураббаъ буда, аз 8493 пиряхи хурду калон иборат аст. Аз онхо дарёхои калони Осиёи Миёна гизо гирифта, заминхои хушкро обшор мегардонанд.

Ба гуфайли обе, ки ба ин дарёхо чорй мешавад, дар биёбонхои Осиёи Миёна вохахои сабзу хуррам ба вучуд омадаанд. Зиёда аз 90 фоизи оби ширини руи Замин ба пиряххои руизаминй poст меояд. Инсоният мумкин аст дар оянда онро истифода барад. Холо олимон барои чустучуи рохи истифодаи айсбергхои шинокунандаи укёнус фикру андеша меронанд.

Савол ва супориш

  1. 1 Пиряххо чи тавр хосил мешаванд?
  2. Пиряххои кухи аз пиряххои пушанда чи фарк доранд?
  3. Оё пиряххо харакат мекунанд?
  4. Пиряххо дар табиат ва хастии инсон чи ахамият доранд?

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …