Главная / Чамъият / ПЕШВОИ МИЛЛАТ КИСТ – КОНУНИ ТОЧИКИСТОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ КИСТ – КОНУНИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ  ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛХУ ВАХДАТИ МИЛЛИ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с., 2016, №11, мод. 872)

Конуни конститутсионии мазкур вазъи сиёси ва хукукии Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллатро хамчун бунёдгузори давлати сохибистиклоли Точикистон, сулх ва вахдати милли, бо максади таквияти асосхои сохтори конститутсионии Чумхурии Точикистон, истиклолияти давлати ва тамомияти арзи, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Точикистон, тахкими демократия, таъмини рушди иктисоди, ичтимои ва фарханги, хифзи арзишхои таърихии давлатдории милли, фарохам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои хар як инсон мукаррар мекунад.

emomali-rahmon

Моддаи 1. Мавзуи танзими Конуни конститутсионии мазкур

Конуни конститутсионии мазкур дар баробари салохияти Президенти Чумхурии Точикистон, ки Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон муайян кардаанд, инчунин мафхум ва вазъи сиёсиву хукукии Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, имтиёзу кафолатхои ичтимои ва иктисодии уро дар давраи фаъолият ва баъди катъ гаштани фаъолияти президентиаш мукаррар менамояд.  

Моддаи 2. Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат

  1. Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат шахсияти барчастаи таърихии миллат мебошад, ки дар ичлосияи шонздахуми Шурои Олии Чумхурии Точикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Точикистони сохибистиклол, баркарорсозии сохти конститутсиони, ба даст овардани сулху вахдати милли сахми беназир гузошта, тибки Конститутсияи Чумхурии Точикистон соли 1994 дар асоси овоздихии умумихалки аввалин Президенти Чумхурии Точикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати сохибихтиёр, демократи, хукукбунёд, дуняви ва ичтимои накши арзанда гузошта, миллатро аз парокандаги, давлатро аз нестшави ва халкро аз чанги шахрванди рахо намуда, дар рушди сиёси, иктисодиву ичтимои ва таърихиву фархангии давлати мустакили Точикистон хизматхои бузурги такдирсоз намудааст.
  2. Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустакили точикон, сулху вахдати милли, кафили рушди босубот ва устувори чомеаи Точикистон мебошад.
  3. Ба сифати Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат Президенти Чумхурии Точикистон – Эмомали Рахмон, ки барои халки Точикистон хизматхои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.
  4. Нисбат ба Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат махдудияти бештар аз ду мухлат пай дар пай интихоб шудан ба вазифаи Президенти Чумхурии Точикистон татбик намегардад.

Моддаи 3. Салохияти Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат

  1. Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат вобаста ба хизматхои бузурги таърихиаш дар назди халку давлати Точикистон чунин салохиятро якумра доро мебошад:

– ба халки Точикистон, макомоти давлати ва шахсони мансабдор оид ба масъалахои мухими сохтори давлати, амнияти кишвар, сиёсати дохили ва хоричи мурочиат намояд, ки ба инобат гирифтани онхо барои макомоти давлати ва шахсони мансабдори давлатихатми мебошад;

– дар чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, ичлосияхои Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, мачлисхои Хукумати Чумхурии Точикистон ва чаласахои Шурои амнияти Чумхурии Точикистон иштирок карда, оид ба масъалахои баррасишаванда суханрони намояд;

– дар холати ба вучуд омадани бухрони сиёси, иктисоди ва ичтимои барои халли онхо мусоидат намуда, машварату маслихат дихад.

  1. Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат хамчун Президенти собик узви якумраи Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Раиси Харакати чамъиятии вахдати милли ва эхёи Точикистон мебошад.
  2. Барои Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат дар толори чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, ичлосияхои Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, мачлисхои Хукумати Чумхурии Точикистон ва чаласахои Шурои амнияти Чумхурии Точикистон чойи махсуси ифтихоричудо карда шуда, бо тачхизоти зарури таъмин карда мешавад.
  3. Масъалахои мухими давлати ва чамъияти, самтхои асосии сиёсати дохилию хоричии кишвар бо Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат мувофика карда мешаванд.

Моддаи 4. Таъсиси орден ва чоизаи давлатии Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат 

  1. Ба хотири арчгузори ба хизматхои содиконаи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат дар назди Ватан чунин орден ва чоиза таъсис дода мешаванд:

– ордени «Пешвои миллат – Эмомали Рахмон», ки барои хизматхои шоён дар фаъолияти давлати ва чамъияти аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон сарфароз гардонида мешавад;

– чоизаи давлатии «Пешвои миллат – Эмомали Рахмон», ки хар се сол барои хиссаи арзанда дар рушди демократия, тахкими сулху суботи чомеа ва дустии байни халкхо аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон сарфароз гардонида мешавад.

  1. Тасвири ордени «Пешвои миллат – Эмомали Рахмон» ва тартиби сарфарозгардони бо онро конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  2. Ордени «Пешвои миллат – Эмомали Рахмон» дорои имтиёзхое мебошад, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст.
  3. Низомномаи чоизаи давлатии «Пешвои миллат – Эмомали Рахмон» аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Моддаи 5. Дахлнопазирии Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат 

  1. Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ухукуки дахлнопазири доранд.
  2. Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат барои амалхояш дар давраи ичрои ваколатхои Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон – Сарвари давлат, Президенти Чумхурии Точикистон ва салохияти Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат ба чавобгари кашида намешавад.
  3. Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллатро дастгир намудан, ба хабс гирифтан, кофтуков кардан ва мачбуран овардан манъ аст.
  4. Дахлнопазири ба моликият, хамчунин моликияти аъзои оила, ба манзили истикомати, бинои хизмати, наклиёт, воситахои алока, мукотиба ва хуччатхои Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат татбик мегардад. Ба моликияти Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат ва аъзои оилаи у ягон махдудият гузошта намешавад.
  5. Сирри бонки ва дахлнопазирии хисобхои бонкии Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат ва аъзои оилаи у кафолат дода мешавад.

Моддаи 6. Таъмини фаъолияти Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат

  1. Барои таъмини фаъолияти Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат баъди катъ гаштани ваколати президентиаш бинои хизматичудо карда шуда, Дафтардории Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат таъсис дода мешавад.
  2. Сохтор ва басти вазифавии Дафтардории Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат аз чониби Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат мукаррар карда мешаванд. Кормандони Дафтардори макоми хизматчии давлатиро доранд.
  3. Барои Дафтардории Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат дар кисмати марказии пойтахти мамлакат – шахри Душанбе ва дар зодгохаш бинохои алохидаи коричудо карда мешаванд, ки онхо бо тачхизоти зарури, воситахои техникию коммуникатсиони, алока ва наклиёт таъмин мегарданд.
  4. Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат барои мулокотхои расмии худ хукук дорад аз толорхо ва кароргоххои хукумати истифода намояд.
  5. Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат бо шиносномаи дипломати ройгон таъмин карда мешавад.
  6. Ба Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат дар фурудгоххои Чумхурии Точикистон толорхои хайатхои расми ройгон хизмат мерасонанд.
  7. Бо дархости Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат дар радио ва телевизиони давлати дар вакти ба у мувофик вакти эфирии ройгон чудо карда мешавад.

Моддаи 7. Таъмини Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат бо воситахои алока

Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат хукук дорад дар худуди Чумхурии Точикистон якумра аз воситахои алокаи хукумати ва дигар намуди алока ройгон истифода намояд. Тамоми намудхои хизматрасонии алока дар доираи хизматрасонии хукумати амали карда мешаванд.

Моддаи 8. Таъмини амнияти Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат

  1. Хаёт, саломати, озоди ва шаъну шарафи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат тахти химояи давлат карор доранд. Шахсоне, ки ба хаёт, саломати, озоди ва шаъну шарафи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат суикасд мекунанд, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
  2. Таъмини амнияти Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат ба макомоти давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон вогузор карда мешавад.
  3. Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат дар чойи будубоши доими ва муваккати бо химояи якумраи давлати таъмин карда мешавад.
  4. Аъзои оилаи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат бо химояи давлати таъмин карда мешаванд.

Моддаи 9. Таъмини Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат бо манзили истикомати

Ба Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш катъ  гардидааст, хонаи истикоматихамчун моликияти хусуси ва бустонсарои давлати бо хизматрасонии зарурии давлатичудо карда мешаванд.

Моддаи 10. Таъмини Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат бо наклиёт

Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат баъди катъи ваколати президентиаш якумра бо автомашинаи хизмати ва ронанда таъмин карда мешавад. 

Моддаи 11. Харочот вобаста ба намояндаги ва ташрифи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат ба давлатхои хоричи

  1. Харочот вобаста ба намояндаги ва ташрифи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат ба давлатхои хоричи аз хисоби бучети чумхурияви пардохт карда мешаванд.
  2. Ташкил ва омодасозии ташрифи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат ба давлатхои хоричиро Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон таъмин менамояд.

Моддаи 12. Фонди Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат

  1. Бо максади амали намудани икдомхои созандаи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон Фонди Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат таъсис дода мешавад.
  2. Хачми Фонди Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат дар бучети давлати барои соли таквими муайян карда мешавад.
  3. Тартиби ихтиёрдори намудани маблагхои Фондро Президенти Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Моддаи 13. Осорхона, китобхона, бойгони ва мучассамаи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат

  1. Дар давраи ичрои ваколати Президенти Чумхурии Точикистон аз чониби Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат таъсис дода мешаванд.
  2. Осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат сарвати милли буда, моликияти давлати ба шумор мераванд.
  3. Дар пойтахти Чумхурии Точикистон ва зодгохи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат осорхонахо таъсис дода мешаванд.
  4. Дар пойтахти Чумхурии Точикистон ва зодгохи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат пас аз вафоташ мучассамаи у гузошта мешавад.

Моддаи 14. Таъмини хизматрасонии тибби ва табобатию истирохатии Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат

Ба Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат пас аз катъи ваколати президентиаш якумра хизматрасонии ройгони тибби ва табобатию истирохати, ки дар давраи ичрои ваколати президентиаш таъмин карда мешуд, нигох дошта мешавад.

Моддаи 15. Таъмини нафака, сугуртаи хаёт ва саломатии Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат

  1. Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш катъ гардидааст, бо нафакаи хармоха ба андозаи 80 фоизи музди мехнати мохонаи Президенти амалкунандаи Чумхурии Точикистон таъин карда мешавад.
  2. Хаёт ва саломатии Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш катъ гардидааст, аз хисоби бучети чумхуриявиба андозаи музди мехнати солонаи Президенти амалкунандаи Чумхурии Точикистон сугуртаи хатмии давлати карда мешаванд.

Моддаи 16. Сарчашмахои маблаггузори ва дигар масъалахои таъмини фаъолияти Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат 

  1. Харочоти дар Конуни конститутсионии мазкур пешбинишуда, аз чумла барои орден ва чоизаи давлатии «Пешвои миллат – Эмомали Рахмон», Фонди Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, нигохдории Дафтардори, осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, аз хисоби бучети чумхурияви пардохт карда мешаванд.
  2. Хизматрасонии тибби, табобатию истирохати, манзили, наклиёти ва дигар намудхои хизматрасони ба Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат аз чониби макомоти ваколатдори давлати таъмин карда мешавад.

Моддаи 17. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни конститутсионии мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни конститутсионии мазкур мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 18. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Асосгузори сулху вахдати милли–Пешвои миллат»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 25 декабри соли 2015 «Дар бораи Асосгузори сулху вахдати милли–Пешвои миллат» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2015, №12, к.1, мод. 1105) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 19. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни конститутсионии мазкур

Конуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

          Президенти

Чумхурии  Точикистон                                                                 Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе,

14 ноябри соли 2016,

№ 1356

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

moddai-83-karori-shahrsozi

Чуброни зараре, ки дар натичаи норасоихо дар кори вобаста ба тахкикоти мухандиси, тахияи хуччатхои лоихави, сохтмон, тачдид, таъмири асосии объектхои сохтмони асоси расонида шудаанд

Моддаи 83-и  Карори шахрсози. Чуброни зараре, ки дар натичаи норасоихо дар кори вобаста ба тахкикоти …