Главная / Илм / ПЕШОБ дар Канзи Шифо (Китоб)

ПЕШОБ дар Канзи Шифо (Китоб)

peshobМурод аз ин пешоби инсон дар назар дошта мешавад. Мизочаш гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: умуман хар як пешоби хайвонотро чушонида гафс гардонида, гузошта банданд ё бимоланд, реш ва захмхои бадфиол (злокачественные язвы) ва носурхоро хушк мегардонад ва сихат мебахшад. (Носур — захми бехнашаванда).

Бо пешоби инсон бардавом бишуянд, реш ва захмхои чукур, шукуфахои пуст, захмхои обдор, решхои даванда, кутур, хориш, сабусаки сар, обила, решхои сар ва доначахои пуроби сар — хамаашро шифо мебахшад ва инчунин намегузорад, ки решхои бадфиол зиёда гарданд. Пешоби инсонро бо танакори сурх сиришта, бад бо он бишуянд ё онро бимоланд, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад, доги песро аз пуст пок мекунад ва иллати пустпартоиро ба ибро меоварад.

Агар пешоби худ ё тифлро биёшоманд, зарари хавои мурдорро дафъ мекунад ва газидани чонварони захрнок ва ё захрхурда бошанд, безарар мегардонад. 1. Агар мор газида бошад, хар руз ду каф аз пешоби худ ё пешоби тифлро бардавом бинушанд, таъсири захри онро ба тамом мешиканад. Хар пагох ба дили нахор ду каф-ду каф пешоби худро биёшоманд, сипурзро то ба хадде пок мегардонад, ки хатто ёфтани он душвор мегардад. Ё ки хар руз хамин микдор пешоби худро бо ним вазни он оби барги бодиринг бинушанд, сипурзро пок мегардонад; агар тавонанд пеш аз нушидан кадаре рох рафта, хаста гашта, баъд бинушанд, дар ин бобат бехтар аст.

Бо пешоби гарм макъадро (махрачгохро) бишуянд, варами онро тахлил медихад. Агар бо он хукна (клизма) кунанд, дарди рудахоро дафъ мекунад. Пешобро дар пусти анор гарм карда, дар гуш чаконанд, кирми онро мекушад. Пешобро ба чашм бимоланд, обравии муттасил, дард ва торикии чашмро дафъ мекунад. Агар дар натичаи захм пайдо шудан ба чашм гул афтода бошад, пешобро дар зарфи мис бо асал чушонида, ба чашм бимоланд, онро пок мекунад.

Хокистари токро бо пешоб хамир карда, гузошта банданд, хунравиро аз хар як узве, ки бошад, катъ мекунад. Пешоби тифли ноболигро биёшоманд, барои душвории нафастири, нафаси роста (ростнафас) даво мешавад. (Ростнафас — чунон аст, ки бемораш хоб карда нафас гирифта наметавонад, факат нишаста сар боло дошта ё дар холати хестаги метавонад нафас бикашад).

Кафки пешобро ба озаххо бимоланд, онхоро хушк карда мерезонад. Хислатхои дигари пешоби инсон дар боби «Инсою» зикр ёфт. Пешоби модагов багоят поккунанда аст, онро бимоланд захм ва решхои кудаконро шифо мебахшад ва бо он бишуянд, захмхои бехнашавандаро ба ибро меоварад. Пешоби барзаговро аз ру бимоланд, дарди меъдаро, ки аз сарди бошад, шифо мебахшад, бавосирро дафъ мекунад. Ва агар инро бо сирко даромехта бимоланд ё даханро бо он чайконанд, дарди дандонро сокин мекунад. Агар куфтаи хардалро (горчицаро) микдоре дар пешоби барзагов андохта, баъд бо он бишуянд, карахтии узвхоро дафъ мекунад.

Пешоби хукро ба чашм бимоланд, гули чашмро пок мекунад. Ва агар биёшоманд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Пешоби шутурро биёшоманд, варами чигарро тахлил медихад ва гирехи онро мекушояд ва истискоро (водянкаро) дафъ мекунад, сахтии сипурзро ба ислох меоварад, бохро кави мегардонад, беморихои сарди узвхои дохилиро шифо мебахшад. Агар дар гуш чаконанд, захм ва чарохати онро бех месозад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …