Главная / Чамъият / ПЕШГИРИИ ЗУРОВАРИ ДАР ОИЛА

ПЕШГИРИИ ЗУРОВАРИ ДАР ОИЛА

Конуни Чумхурии Точикистон  

ДАР БОРАИ ПЕШГИРИИ ЗУРОВАРИ ДАР ОИЛА  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2013, №3, мод. 197)  

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро вобаста ба пешгирии зуровари дар оила танзим намуда, вазифахои субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оиларо доир ба ошкор, пешгири ва бартарафсозии сабаб ва шароитхои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.

zurovari

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ
Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
– зуровари дар оила – кирдори зиддихукукии касдонаи дорои хусусияти чисмони, рухи, шахвони ё иктисоди, ки дар доираи муносибатхои оилави аз чониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани хукук ва озодихои у, расонидани дарди чисмони ё зарар ба саломатии у мегардад ё тахдиди расонидани чунин зарарро ба вучуд меорад;
– пешгирии зуровари дар оила – мачмуи чорахои хукуки, иктисоди, ичтимои ва ташкилии аз чониби субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила амалишаванда, ки ба химояи хукуку озодихо ва манфиатхои конунии инсон ва шахрванд дар доираи муносибатхои оилави, ба пешгирии зуровари дар оила, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитхои ба он мусоидаткунанда равона карда шудаанд;
– зуроварии чисмони дар оила – кирдори зиддихукукии касдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила, ки дар натичаи  истифода бурдани кувваи чисмони боиси расонидани дарди чисмони ё зарар ба саломати шудааст;
– зуроварии рухи дар оила – таъсиррасонии касдонаи рухи, паст задани шаъну эътибори як узви оила аз чониби дигар узви оила бо рохи  тахдид, тахкир, иръоб ва ё мачбуркуни ба содир намудани хукуквайронкунихо ё кирдорхое, ки барои хаёт ва саломати хавфноканд, инчунин ба вайроншавии инкишофи рухи, чисмони ё шахсият оварда мерасонад;
– зуроварии шахвони дар оила – кирдори зиддихукукии касдонаи як узви оила, ки ба озодии чинси ва дахлнопазирии чинсии дигар узви оила тачовуз мекунад, инчунин харакатхои дорои хусусияти шахвони, ки нисбат ба узви ноболиги оила содир шудаанд;
– зуроварии иктисоди дар оила – кирдори зиддихукукии касдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила вобаста ба махрум сохтан аз манзили истикомати, хурок, либос, молу мулк ё воситахое, ки чабрдида тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба онхо хукук дорад ва ин кирдор метавонад боиси вайрон гардидани солимии чисмони, рухи ё сар задани дигар холатхои ногувор гардад;
– чабрдида аз зуровари дар оила (минбаъд – чабрдида) – узви оила, ки ба у аз чониби дигар узви оила касдан зарари чисмони, маънави ё модди расонида шудааст;
– амрномаи мухофизати – хуччате, ки аз чониби макомоти корхои дохили ба шахси зуровари дар оиларо содирнамуда ё шахсе, ки тахдиди содир намудани онро мекунад, дода мешавад;
– субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила – макомоти давлати, макомоти худфаъолияти чамъияти, корхона, муассиса, дигар ташкилотхо ва шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки барои пешгирии зуровари дар оила масъул мебошанд.

Моддаи 2.  Максадхои Конуни мазкур
Максадхои Конуни мазкур аз инхо иборатанд:
– химояи хукукии оила хамчун асоси чамъият;
– танзими хукукии муносибатхои вобаста ба пешгирии зуровари дар оила;
– мусоидат намудан ба татбики сиёсати давлати оид ба пешгирии зуровари дар оила;
– ташаккули вазъи токатнопазирии чомеа нисбат ба зуровари дар оила;
– ошкор, пешгири ва бартарафсозии сабаб ва шароитхои ба зуровари дар оила мусоидаткунанда;
– мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи пешгирии зуровари дар оила
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи пешгирии зуровари дар оила ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Доираи амали Конуни мазкур
Амали Конуни мазкур нисбат ба шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки дар Чумхурии Точикистон истикомат дошта, дар акди никох мебошанд ва аъзои оилаи онхо, хамчунин нисбат ба шахсоне, ки бо пешбурди хочагии умуми якчоя зиндаги мекунанд, татбик мегардад.

Моддаи 5. Принсипхои пешгирии зуровари дар оила
Пешгирии зуровари дар оила ба принсипхои зерин асос меёбад:
– эхтироми хукуку озодихои инсон ва шахрванд;
– конуният;
– инсондусти;
– махфи будани иттилоот оид ба зуровари дар оила;
– дастгири ва таъмини пойдории оила;
– иштироки ахли чомеа, макомоту ташкилотхои давлати, чамъияти ва хусуси дар низоми ичтимои ва хукукии хифзи хаёт ва саломатии аъзои оила;
– бартарии чорахои пешгирикунанда нисбат ба чорахои чавобгари;
– ногузирии чавобгари барои зуровари дар оила.

Моддаи 6. Хукукхои чабрдида
Чабрдида хукукхои зеринро дорад:
– кумаки тибби, равони, хукуки ва ичтимоиро гирад;
– бо розигии хаттиаш дар марказхои ёрирасон, марказхо ё бахшхои офиятбахшии тиббию ичтимои барои чабрдидагон чойгир карда шавад;
– маслихатхои хукуки ва дигар иттилоотро оид ба хифзи амнияташ гирад;
– ба макомоти худфаъолияти  чамъияти бо максади махкумкунии чамъиятии рафтори шахси зуровари дар оиларо содирнамуда мурочиат намояд;
– ба макомоти корхои дохили, прокуратура ё суд дар бораи ба чавобгари кашидани шахси зуровари дар оиларо содирнамуда мурочиат намояд.

 

БОБИ 2. СУБЪЕКТХОИ ПЕШГИРИКУНАНДАИ
ЗУРОВАРИ ДАР ОИЛА
Моддаи 7. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба пешгирии зуровари дар оила
Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба пешгирии зуровари дар оила мансубанд:
– таъмини татбики сиёсати  давлати оид ба пешгирии зуровари дар оила;
– тасдик намудани барномахои давлати оид ба пешгирии зуровари дар оила;
– хамохангсозии фаъолияти субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила;
– тасдик намудани низомнома ва оинномаи намунавии марказхои ёрирасон;
– амали намудани дигар ваколатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд.

Моддаи 8. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати оид ба пешгирии зуровари дар оила
Макомоти махаллии хокимияти давлати оид ба пешгирии зуровари дар оила ваколатхои зеринро доранд:
– таъмини ичрои барномахои давлати оид ба пешгирии зуровари дар оила;
– тахия, тасдик ва амали намудани барномахои махалли оид ба пешгирии зуровари дар оила ва хамкори бо дигар субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила;
– андешидани тадбирхо оид ба пешгирии зуровари дар оила;
– таъсис додани муассисахое, ки хифзи ичтимои ва хукукии шахрвандонро аз зуровари дар оила амали менамоянд;
– амали намудани дигар ваколатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд.

Моддаи 9. Ваколатхои макомоти давлатии кор бо занон ва оила оид ба пешгирии зуровари дар оила
Макомоти давлатии кор бо занон ва оила оид ба пешгирии  зуровари дар оила ваколатхои зеринро доранд:
– иштирок дар тахия ва татбики барномахо оид ба пешгирии зуровари дар оила ва хамкори бо дигар субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила;
– тахлили сабаб ва шароитхои ба зуровари дар оила мусоидаткунанда;
– пешниходи таклифхо ба макомоти махаллии хокимияти давлати чихати андешидани тадбирхо оид ба пешгирии зуровари дар оила;
– андешидани тадбирхои иттилоотию таблиготи оид ба пешгирии  зуровари дар оила;
– амали намудани дигар ваколатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд.

Моддаи 10. Ваколатхои комиссияхо оид ба хукуки кудак доир ба пешгирии зуровари дар оила
Комиссияхо оид ба хухуки кудак доир ба пешгирии зуровари дар оила ваколатхои зеринро доранд:
– иштирок дар тахия ва татбики барномахо оид ба пешгирии зуровари дар оила ва хамкори бо дигар субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила;
– пешниходи таклифхо ба макомоти махаллии хокимияти давлати чихати андешидани тадбирхо оид ба пешгирии зуровари дар оила дар байни ноболигон;
– татбики чорахои зарури нисбат ба чабрдидаи ноболиг ва офиятбахшии у дар хамкори бо дигар субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила;
– намояндаги дар макомоти тафтишоти пешаки ва суд чихати хифзи манфиатхои конунии ноболигоне, ки тахти зуровари дар оила карор гирифтаанд;
– баррасии масъалаи ба хонаи кудакон фиристодани кудакони мунтазам тахти зуровари дар оила карордошта;
– чихати андешидани тадбирхои дахлдор ба макомоти корхои дохили пешниход намудани маълумот оид ба шахсоне, ки нисбат ба узви ноболиги оила зуровари содир намудаанд ё тахдиди содир намудани онро кардаанд;
– амали намудани дигар ваколатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд.

Моддаи 11. Ваколатхои макомоти корхои дохили оид ба пешгирии зуровари дар оила
Макомоти корхои дохили оид ба пешгирии зуровари дар оила ваколатхои зеринро доранд:
– иштирок дар тахия ва татбики барномахо оид ба пешгирии  зуровари дар оила ва хамкори бо дигар субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила;
– кабул, баррасии мурочиатхо ва дигар маълумот дар хусуси зуровари дар оила ё тахдиди содир шудани он бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;
– ошкор намудани сабаб ва шароитхои барои зуровари дар оила мусоидаткунанда;
– ба кайд гирифтани шахси зуровари дар оиларо содирнамуда ва нисбати у татбик намудани чорахои тарбиявию пешгирикунанда;
– хангоми мурочиат ба чабрдида фахмонидани хукукхои у ва дар холати зарури ба муоинаи тибби фиристодани чабрдида;
– бо розигии хаттии чабрдида ба марказхои ёрирасон, марказхо ё бахшхои офиятбахшии тиббию ичтимои барои чабрдидагон фиристодани у;
– додани амрномаи мухофизати ба шахси зуровари дар оиларо содирнамуда;
– тартиб додани мавод, огоз намудани парвандаи хукуквайронкунии маъмури ё парвандаи чинояти нисбат ба шахси зуровари дар оиларо содирнамуда бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;
– ба кайд гирифтани оилахое, ки дар онхо мунтазам ходисахои зуровари чой доранд ва татбик намудани чорахои пешгирикунанда чихати устувор намудани оила;
– пешбурди бахисобгирии омории ходисахои зуровари дар оила;
– ташкили курсхои махсуси таълими оид ба масъалахои пешгирии зуровари дар оила барои кормандони макомоти корхои дохили;
– амали намудани дигар ваколатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд.

Моддаи 12. Ваколатхои макомоти сохаи маориф оид ба пешгирии зуровари дар оила
Макомоти сохаи маориф оид ба пешгирии зуровари дар оила ваколатхои зеринро доранд:
– иштирок дар тахия ва татбики барномахо оид ба пешгирии зуровари дар оила ва хамкори бо дигар субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила;
– хамкори бо падару модар ё дигар намояндаи конунии ноболиг оид ба масъалахои таълиму тарбияи фарзандон;
– ошкор намудан ва чихати андешидани тадбирхои мушаххас ба макомоти дахлдори давлати пешниход намудани маълумот оид ба тарбиягирандагон ва таълимгирандагоне, ки тахти зуровари дар оила карор гирифтаанд;
– андешидани тадбирхои иттилоотию таблиготи оид ба пешгирии зуровари дар оила;
– амали намудани дигар ваколатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд.

Моддаи 13. Ваколатхои макомоти сохаи тандурусти оид ба пешгирии зуровари дар оила
Макомоти сохаи тандурусти оид ба пешгирии зуровари дар оила ваколатхои зеринро доранд:
– иштирок дар тахия ва татбики барномахо оид ба пешгирии зуровари дар оила ва хамкори бо дигар субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила;
– тахия ва дар амалияи муассисахои сохаи тандурусти чори намудани тавсияхои методи оид ба расонидани кумаки аввалияи тиббию равони ба чабрдидагон;
– расонидани кумаки аввалияи тибби, хамчунин расонидани кумаки равони, равонпизишки, наркологи ва пешгирию табобати ба чабрдида ва шахси зуровари дар оиларо содирнамуда;
– пешниход намудани маълумот ба макомоти корхои дохили оид ба мурочиати чабрдида ва кумаки тиббии ба у расонидашуда;
– амали намудани дигар ваколатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд.

Моддаи 14. Ваколатхои макомоти сохаи хифзи ичтимоии ахоли оид ба пешгирии зуровари дар оила
Макомоти сохаи хифзи ичтимоии ахоли оид ба пешгирии зуровари дар оила ваколатхои зеринро доранд:
– иштирок дар тахия ва татбики барномахо оид ба пешгирии зуровари дар оила ва хамкори бо дигар субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила;
– хангоми мурочиат ба чабрдида фахмонидани хукукхои ичтимоии у ва расонидани кумаки ичтимои ба чабрдида;
– дар хамкори бо макомоти давлатии шугли ахоли андешидани тадбирхо чихати бо чои кор таъмин намудани чабрдида ва шахси зуровари дар оиларо содирнамуда;
– амали намудани дигар ваколатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд.

Моддаи 15. Ваколатхои макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, макомоти худфаъолияти чамъияти, корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо оид ба пешгирии зуровари дар оила
1. Макомоти худидоракунии шахрак ва дехот фаъолияти субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оиларо дар худуди шахрак ва дехот хамоханг сохта, дар тахия ва татбики барномахои махалли оид ба пешгирии зуровари дар оила иштирок мекунанд, барои пешгири ва бартарафсозии окибатхои он тадбирхои заруриро меандешанд.
2. Макомоти худфаъолияти чамъияти дар худуди дахлдор оид ба  пешгирии зуровари дар оила корхои фахмондадихи, таблиготи ва ташвикотиро амали намуда, чихати пойдории оила тадбирхо меандешанд.
3. Корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо, сарфи назар аз шакли ташкилию хукукиашон, чихати пешгирии зуровари дар оила ва бартарафсозии окибатхои он тадбирхои заруриро меандешанд ва метавонанд ба чабрдидагон, ки кормандон ё аъзои онхо мебошанд, барои баркарорсозии саломатиашон кумак расонанд.

Моддаи 16. Марказхои ёрирасон
1. Марказхои ёрирасон аз чониби макомоти давлати, шахсони вокеи ва ё хукуки дар шакли муассиса таъсис дода мешаванд. Марказхои ёрирасон шахси хукуки буда, ба ташкилотхои гайритичорати мансубанд ва фаъолияти худро дар асоси низомнома ё оиннома амали менамоянд.
2. Марказхои ёрирасон оид ба пешгири ва хифзи ичтимоию хукуки аз зуровари дар оила вазифахои зеринро ичро менамоянд:
– иштирок дар татбики барномахо оид ба пешгирии зуровари дар оила ва хамкори бо дигар субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила;
– кабули чабрдидагон;
– ба таври ройгон ба чабрдида расонидани кумаки зарурии тибби, равони, хукуки ва ичтимои;
– додани панохгох барои будубоши муваккатии чабрдида;
– ба макомоти корхои дохили бо розигии чабрдида пешниход намудани  маълумот дар бораи далелхои ошкоршудаи тахдиди вокеии содир намудани зуровари дар оила ё далелхои содир шудани чунин зуровари;
– тахлил ва чамъбасти сабаб ва шароитхои ба зуровари дар оила мусоидаткунанда;
– андешидани тадбирхо чихати баланд бардоштани сатхи огохсозии ахоли оид ба масъалахои пешгирии зуровари дар оила;
– бо дархости дигар субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила пешниход намудани  маълумот доир ба холатхои зуровари дар оила;
– вазифахои дигаре, ки низомнома ё оинномаи маркази ёрирасон пешбини намудаанд.

Моддаи 17. Марказхо ё бахшхои офиятбахшии тиббию ичтимои барои  чабрдидагон
1. Марказхо ё бахшхои офиятбахшии тиббию ичтимои барои чабрдидагон вобаста ба эхтиёчоти мушаххас бо карори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати  дар мувофика бо макомоти сохаи тандурусти дар беморхонахои марказии шахри, нохияви ё дармонгоххои марказии шахри, нохияви таъсис дода шуда, шахси хукуки намебошанд. Речаи кории марказхо ё бахшхои офиятбахшии тиббию ичтимои барои чабрдидагон бояд ба речаи кории беморхона ва дармонгох мувофик бошад.
2. Харочоти офиятбахшии тиббию ичтимоии чабрдида аз чониби шахси зуровари дар оиларо содирнамуда тибки нархномаи барои муассисахои тандурусти мукарраргардида чуброн карда мешавад.
3. Чабрдида дар марказхо ё бахшхои офиятбахшии тиббию ичтимои дар асоси аризаи у ё роххати макомоти дахлдори давлати чойгир карда мешавад. Барои дар марказхои мазкур чойгир кардани чабрдидаи ноболиг розигии падар, модар ё шахсони онхоро ивазкунанда, макомоти васоят ва парастори зарур мебошад.
4. Чабрдида дар марказхо ё бахшхои  офиятбахшии тиббию ичтимои дар давоми мухлате, ки барои муоличаи тибби ва офиятбахшии равонию ичтимоии у зарур аст, нигох дошта мешавад.
5. Марказхо ё бахшхои офиятбахшии тиббию ичтимои  барои чабрдидагон вазифахои зеринро ичро менамоянд:
– расонидани кумаки аввалияи тиббию санитари, ичтимои, равони ва дигар намудхои кумак;
– хангоми зарурат фиристодани чабрдида барои муоличаи дахлдор;
– хангоми зарурат бо розигии чабрдида ба макомоти хифзи хукук пешниход намудани  маълумот дар бораи зуроварии содиршуда;
– бо дархости дигар субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила пешниход намудани  маълумот доир ба холатхои зуровари дар оила.

 

БОБИ 3. ЧОРАХОИ ФАРДИИ ПЕШГИРИИ ЗУРОВАРИ ДАР ОИЛА. МАБЛАГГУЗОРИИ ФАЪОЛИЯТ ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ ЗУРОВАРИ ДАР ОИЛА
Моддаи 18. Чорахои фардии пешгирии зуровари дар оила
1. Чорахои фардии пешгирии зуровари дар оила барои таъсиррасонии максаднок ба шуур ва рафтори шахси зуровари дар оиларо содирнамуда чихати пешгирии содир намудани хукуквайронкуни аз чониби у ва таъмини амнияти чабрдида татбик карда мешаванд.
2. Чорахои фардии пешгирии зуровари дар оила аз инхо иборат мебошанд:
– сухбати хусусияти тарбиявидошта;
– ба макомоти корхои дохили овардани шахси зуровари дар оиларо содирнамуда;
– амрномаи мухофизати;
– дастгиркунии маъмури;
-татбики чорахои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, аз чумла чорахои мачбуркунии дорои хусусияти тибби;
– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон махрум кардан аз хукуки падарию модари, бекор кардани фарзандхонди, васоят ё парастори;
– чойгир кардани чабрдида дар марказхои ёрирасон, марказхо ё бахшхои офиятбахшии тиббию ичтимои барои чабрдидагон.
3. Чорахои фардии пешгирии зуровари дар оила бо назардошти хислатхои фардии шахсе, ки нисбат ба у ин чорахо татбик карда мешаванд ва хавфнокии кирдори содирнамудаи у интихоб карда мешаванд.
4. Шахсони манфиатдор метавонанд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз болои карор дар бораи  татбики чорахои фардии пешгирии зуровари дар оила шикоят кунанд.

Моддаи 19. Асосхои татбики чорахои фардии пешгирии зуровари дар оила
1. Асосхо барои татбики чорахои фардии пешгирии зуровари дар оила холатхои зерин шуда метавонанд:
– аризаи чабрдида ё маълумоти шахсони вокеи ва хукуки;
– ошкор намудани холати зуровари дар оила аз чониби макомоти корхои дохили;
– маълумоте, ки аз чониби дигар субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила пешниход шудаанд.
2. Ариза ва маълумот оид ба содир шудани зуровари дар оила ё тахдиди содир шудани он аз чониби макомоти дахлдори давлати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барраси карда мешаванд.

Моддаи 20. Сухбати хусусияти тарбиявидошта
1. Сухбати хусусияти тарбиявидошта бо шахси зуровари дар оиларо содирнамуда ва чабрдида аз чониби субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила бо максади ошкор кардани сабаб ва шароитхое, ки боиси содиршавии зуровари дар оила шудаанд, фахмонидани окибатхои ичтимоию хукукии он, баркарорсози ва тахкими устувории оила гузаронида мешавад.
2. Сухбати хусусияти тарбиявидошта дар бинои хизматии субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила, инчунин дар чои зист, тахсил ё чои кор гузаронида мешавад.
3. Шахсе, ки бо у сухбати хусусияти тарбиявидошта гузаронида мешавад, дар бораи катъ кардан ва минбаъд такрор накардани кирдори зиддихукуки огохонида мешавад.
4. Сухбати хусусияти тарбиявидошта бо ноболигон дар хузури падару модар, омузгор ё дигар намояндаи конунии онхо гузаронида мешавад.

Моддаи 21. Амрномаи мухофизати
1. Барои баровардани амрномаи мухофизати мурочиат оид ба холати содир шудани зуровари дар оила ё тахдиди содир намудани он асос мебошад.
2. Шахсе, ки амрномаи мухофизатиро гирифтааст, ухдадор аст талаботи дар он пешбинишударо ичро намояд. Дар  холати ичро накардани талаботи зикргардида шахси мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгарии маъмури кашида мешавад.
3. Амрномаи мухофизати ба шахси мукаллафи зуровари дар оиларо содирнамуда, ки хангоми баровардани он ба синни 16- солаги расидааст, дода мешавад.
4. Амрномаи мухофизати ба шахси зуровари дар оиларо содирнамуда аз чониби сардор ё муовинони сардори макомоти корхои дохилии махалли содир шудани зуровари дар оила дар муддати 24 соат аз лахзаи содир шудани зуровари дар оила ё чой доштани тахдиди содиршавии он ё аз лахзаи додани ариза дар бораи содир шудани зуровари дар оила дода мешавад.
5. Амрномаи мухофизати ба мухлати то 15 руз дода мешавад. Дар асоси аризаи чабрдида ё намояндаи конунии у мумкин аст мухлати амрномаи мухофизати бо дархости сардори макомоти корхои дохили ва розигии прокурор то 30 руз дароз карда шавад.
6. Дар амрномаи мухофизати насаб, ном  ва номи падари шахси зуровари дар оиларо содирнамуда ё  тахдиди содир кардани онро намуда, вакт ва чойи додани амрнома, чой, вакт ва холати содир кардани  зуровари дар оила ё тахдиди содир кардани он,  талаботи пешбинишуда  ва мухлати амали онхо, окибатхои  хукуки дар сурати давом додани харакатхои зиддихукуки ва риоя накардани талаботи амрномаи мазкур, мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси амрномаи мухофизатиро бароварда зикр мегарданд.
7. Амрномаи мухофизати нисбати шахси зуровари дар оиларо содирнамуда метавонад талаботи зеринро пешбини намояд:
– манъ кардани хама гуна зуровари нисбати чабрдида,  бар хилофи хохиши чабрдида анчом додани чустучуи, пайгири, ташриф, муошират ва дигар муносибатхое, ки хукуку озодихои чабрдидаро махдуд месозанд;
– тавсия барои дар вакти муайян ба манзили истикомати хозир шудан;
– манъ кардани истеъмоли нушокихои спирти ва моддахои мадхушкунанда дар вакти амали амрномаи мухофизати.
8. Ичро накардани талаботи дар кисми 7 моддаи мазкур зикргардида, ки боиси чавобгарии маъмури гардидааст, мухлати амали амрномаи мухофизатиро бознамедорад.
9. Аз болои амрномаи мухофизати ба суд шикоят кардан мумкин аст. Шикоят дар мухлати то се шабонаруз бояд барраси гардад. Шикоят ба суд амали амрномаи мухофизатиро бознамедорад.
10. Нусхаи амрномаи мухофизати ба чабрдида дода мешавад.
11. Назорати ичрои талаботи амрномаи мухофизати аз тарафи макомоти корхои дохилие, ки онро баровардааст, амали карда мешавад.

Моддаи 22. Дастгиркунии маъмури
Бо максади пешгирии зуровари дар оила, ки таркиби хукуквайронкунии маъмуриро дорад ва кофи набудани амрномаи мухофизати чихати таъмини амнияти чабрдида, шахси мансабдори макомоти корхои дохили бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дастгиркунии маъмурии шахси зуровари дар оила содирнамударо анчом медихад.
Моддаи 23. Маблаггузории фаъолияти субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила
Фаъолияти субъектхои пешгирикунандаи зуровари дар оила аз хисоби бучети давлати, шахсони вокеи ва хукуки ва дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, маблаггузори карда мешавад.

БОБИ 4. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
Моддаи 24. Риояи махфияти маълумот вобаста ба зуровари дар оила
Маълумот дар бораи хаёти шахси ва оилавии чабрдидагон иттилооти махфи буда, бояд ифшо нашаванд. Ифшо намудани иттилооти мазкур аз чониби шахсе, ки вобаста ба вазъи хизмати аз зуровари дар оила бохабар шудааст, боиси чавобгарии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад.

Моддаи 25. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур
Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти
Чумхурии Точикистон       Эмомали РАХМОН
ш. Душанбе,

19 марти соли 2013,

№ 954

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …