Главная / Гуногун / ПАРВОЗ БА КУЛЛАХОИ ОРМОН

ПАРВОЗ БА КУЛЛАХОИ ОРМОН

(Мухит ва хаёти илмии Имоми муаззам рахамуллох).

Тавлид ва туфулият (кудакиву навчавони )-у умри бобаракати Хазрати Абуханифа/р/ дар даврони   хилофати Абдулмулк ибни Марвони уммави-хилофати оли уммавиёни араб, дар шахри Куфаи Ирок гузашта аст ва дар давраи хилофати бани Аббоси араб ва эронитабор, яъне, Халифа Мансури Аббоси…

Гавхари илхому дарёи каромоти Худодод, ки дар ниходи Абуханифа /р/ Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон ибни Кайс /р/ чуш мезад ва шохини чавону тезчангро, ки чуёи мурги маъни буд, омодаи парвозхои дуродур, ба фарози куллахои ахдофу ормон мекард…

«Абуханифа нозири як силсила хаводиси асри уммави ва аббоси буд, зеро нимаи аввали навчавонии зиндагонии илмиашро дар сояи давлати хонадони уммави ва нимаи дигарро дар асри аббоси сипари намуд ва бо пайравони фиркахову мазохибу акоиди мухталиф, ки дар сарзамини Ирок зиндаги ва фаъолият доштанд хамаср буд. Сарзамине, ки ба тарбияи мардони равишхои мухталифи дини ва сиёси шухрат дошт. Имоми Аъзам дар ин вакт таъсири мутакобилаи маданияти исломи ва ачнабиро эхсос мекард». 47.- 42.

Ироки онвакта, ки яке аз гушахои тараккиёфтаи марзи исломи буд, ба як маркази тамаддунхои мухталиф табдил ёфта буд. Имоми Аъзам Абуханифа аз овони хурдсоли сар карда, аз фарханги тамаддунхои юнони, араби, хинди, яхуди ва эрони, яъне, форси, ба хуби огохи ёфт ва аз хирмани файзбори маънавиёти хар як аз ин марзи тамаддунхо (ба хусус аз таърих ва илму адаби фарханги форси, ки худ намояндаи он махсуб мешуд С.Б). хушае баргирифт.

«…Абуханифа (чуноне, ки гуфта шуд) дар асри Абдулмулк ибни Марвон-халифаи уммави ба дунё омад ва дар асри вилояти Хаччочи Сакфи, ки волии Ирок буд, ба чавони ва рушд расид ва давраи хилофати халифаи одил ва басо фозил Умар ибни Абдулазиз мусодиф бо давраи чавонии Имом буд. -Билохира у нозири сарнавиште низ буд, ки уммавиён ба он мувочех шуданд.

Имом бо Мухаммад ибни Абдуллох ибни Хусайн ибни Хасан ибни Али ибни Абутолиб /р/ ва бародараш Иброхим/р/ муосир буд ва шуриши онхо алайхи хукмравойии Абучаъфари Мансур-халифаи аббоси, дар хамон аср судат гирифт. Иллати шуриши мазкур ин буд, ки Аббосиён дар ибтидои мархала мардумро ба пуштибонии худ, ба Ибни Унвон, ки хилофатро барои алавиён (хонадони Хазрати Али разиаллох) мехоханд, даъват мекарданд ва чун якчоя уммавиёнро аз сахнаи сиёсат ва раёсат бубардоштанд, кудратро худ ба даст гирифтанд. Ин хаводиси сиёси бо руйи кор шудан масойили каломи ва ихтилофи фаркахои исломи, дар он аср аз мухимтарин авомиле буд, ки таваччухи Имомро ба суи худ кашида буд».47.-42.

Бале, Имом Абуханифа дар ибтидо шомил ба фиркаи ахли калом буд ва умед дошт, ки аз баракати афкори ахли калом дар халли бисёре аз масойил ба манзиле хохад расид. Аммо худ шохиди он гашт, ки фиркаи бузурги дини – фалсафии бо ном ахли калом, ки корашон ба чуз ишголи хокимияту чоху чалол ва насаббози дигар чизе нест ва чудоиандозист ва бори «фиркаи калом»-ашон кач асту ба манзил нарасиданист, зуд аз ин рох баргашт ва худ мустакилона ва бо шучоати тамом мардона кадам ниход ва тавассути шохрохи мурод-илми Калом ба чустучуи халли масойили мубрами ичтимоие, ки барои мардум муфид асту Куръон хидоят менамояд ва шариати гурройи Мухаммадия /с/ хам хамонро такозо мекунад, кадам ниход. «Ва возех аст, иштигол ба мавзуоти каломи бидуни ин, ки инсон аз улуми дини, ба кадри иктазойи илми Калом бахрае дошта бошад, имкон надорад ва аз ин ру, маълум мешавад, ки Имоми Аъзам доройи истеъдод ва нишоти илми буда, вале кабл аз интикол ба фикх, ба илми Калом таваччухи бештаре дошт. Устодони Имоми Аъзам (дар Хадис) чахор хазор нафар, аз тобеиъин нишон дода шуда, ки аз он чумла Лайс ибни Саъд ва Молик ибни Анас – Имоми Мадина аст…».47.-50.

Ва билкул галат аст, андешаи он мухаккиконе, ки каломро як рохе мепиндоранду фикхро илме дигар. Илми фикх он риштаи илми хукук ва илохиётшиносист, ки махз дар заминаи илми калом сабзида расидааст. Илми фикх тарошае нест, ки аз боми фалак афтода бошад. Бинобар хамин Имом Абуханифа (р) ба гуфтаи мухаккики варзидаи чабхаи каломии Имоми Аъзам, устоди фозил Иноятуллохи Иблог»… ва у равиши хосеро (бо амри имону вичдон) барои мусалмонон пайрези менамуд ва хакро бо чехраи  вокеиаш,  ба мардум муаррифи мекард. Аз хамин чост, ки мулохиза мекунем, Имом дар пахлуи равиши хоси каломии худ доройи равиши хоси сиёси низ буда».47.-43

Бале, хаводиси сиёси ва кашмакашхои хонадони ва задухурдхои хулафойи Уммави ва Аббоси, сабабгори он шуда, ки Имом Абуханифа назариёти сиёсии хешро дар асоси такя ба Куръон ва Хадис, ба мардум ва хамчунин ба гуруххои мухолиф баён созад. Барои амали гаштани ин ниятхои басо нек ва чомеъасоз, Имомро зарур буд, ки аз руи Каломуллох, яъне, Куръони Мачид ва аходиси Расули акрам /с/, равиши осонеро барои мардум муайян созад, ки хам ба мардум макбул бошаду хам ба ахли хос. Бинобар хамин Имом Абуханифа /р/ назар ба баёни назариёти хеш, дар хикмати калом, бештар ба халли масойили чабхаи фикхи доштаи он машгул шуд, то ки ба иборае, як консепсияи рохнамои чомеъасози хоси худро созмон дихад, ки он битавонад дархури тамоми фиркаву мазохиб ва гуруххои сиёсии билоди исломи гардад. Ва махз ин ниятхову ормонхои чомеъасоз ва башарбунёду башарободу башардустонаи Имоми Аъзам Абуханифа /р/ сабабгори он шуда, ки у битавонад дар умри бобаракати худ рисолахои бузурги каломии хеш ба монанди «Ал-фикх ал- акбар» («Фикхи акбар»), «Ал-фикх-ал-абсат», «Ал-олим-вал-мутааллим», «Рисолаи Абуханифа ба Абумуслим Ал-Батти -Имоми Басра», «Ал- Муснад»-и шариф ва «Ал-васият» (ё худ «Васиятномаи Имом Абуханифа»)-ро руи когаз биоварад, ки тамоми доройии у сарфи ин корхои начиб гашта буд. Бинобар хамин уст, яъне, Имом Абуханифа, машхур дар олами Ислом, бо номи Имоми Аъзам /р/ ва пешвойи мучтахиддин ва сирочи уммати Расулуллох (с).

Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа /р/ аз оилаи сарватманд буд ва падари хирадманди у Хоча Собит аз руи суннат сараввал назди устоди фунуни адаб ва балогат бурд, у ин улумро аз бар кард. Баъд мутаваччехи улуми дини, ичтимои ва мантику калом ва хикмат гашт ва дар муддати кутох кулли илми асри хешро фаро гирифт, яъне, аз кабили илми калом, фикх (фикхи ибтидои ва оли) тавхид, сарфу нахв, лугат, тафсир ва кироъату хифзи Куръони Мачид, хикмати Куръон ва хикмати аходиси Паёмбари гироми (с), хифзи хадис, илми тиб, лисони араби ва гайра мислухум. «Устодаш Шуъуби (р) махорати Абуханифаро дида ба у гуфт:

-Ман дар вучуди ту бедори ва харакати гайбиро мулохиза мекунам, бояд илм ва тафаккурро аз даст надихи!» 63.-15-16.

«-Бо он, ки Имоми Аъзам бо уламо камтар ихтилоф мекард, вале асари заковат дар симояш машхуд буд, аз он ру Шуъуби уро ташвик кард. Аз мочаройи у ва Шуъуби маълум мешавад, ки Имом дар аввал мархала ба илми калом дастрас ва алока дошт ва Шуъуби хост уро бештар рохнамои кунад, зеро Имом бо вучуди ин, ки бо дигар уламо ихтилоф намекард, аз худ равиши хоси фикри ва кудрате дошт, ки метавонист, ки бо табакоти мухолиф ва пайравони мазохиби ботила мунозира кунад, то чое, ки Шуъуби ин истеъдоди уро дарк кард» . 47.-50.

Хулоса, ки Имом Абуханифа (р) тамоми улуми ройичи асри хешро ба кадри зарури фаро гирифт ва хаёти модди ва амалии худро ба тичорати матоъ огоз кард ва бо вучуди иштигол бо ин кор шугли илмии худро аз даст надод ва «Дил ба ёру даст ба кор» буд. С.Б.Б.,) ва бештар таваччухи вай ба илми калом (ин лафзи араби буда, маъниаш «калима», «сухан» ва «нутк» аст; илми мазкур илми илохиёти назариявии мусалмонист, ки барои асосноккунии таълимоти дини, ба далелхои мантики шакли истинод меоварад, хамчунин ахли каломро мутакаллимун ва мунтакаллим низ мегуянд (С.Б.Б.;) ва тахлили назариёти фиркахо ва асхоби мухталифе буд, ки дар карни аввали хичри, зухур намуда буданд». 47.-49.

Хазрати Абуханифа аз хурдсоли маълумоти кофие оиди улуми ичтимои пайдо кард, Куръон ва забони арабиро хуб омухт ва аз он болидахотир буд, ки шунидани сухбатхои пурхикмат ва кудсиёнаи се тан аз охирин асхоби Паёмбари гироми(с), яъне, Анас ибни Молик (р) Рофеъ ибни Хадич (р) ва Абдуллох ибни Чазия (р) насибаш гашта буд, 49.-11. Дар оилаашон хама ба точики-форси такаллум мекарданд. Мухити зист ва вазъи Ироки онруза (пойтахти хилофати Аббосиён соли 132 хичри (740м) шахри Багдод интихоб шуд, хулафои суннии уммави бошанд, ба чои Мадина шахри Димишкро пойтахти хилофати худ карор дода буданд), ки пешравии икгисоди, ичтимои ва сиёсиву фарханги, дар он ба назар мерасид, аксари ахолиро низ ва ба хусус сарватмандонро хам, ба шугли илму дониш ва хунарманди водор   менамуд. Дини Мубини Ислом мухаррики ба харакатдарорандае буд, барои пешравихову пирузихои пайдархами, дар пешрави ва дигаргуншавии вазъи иктисодиву сиёси ва илмиву фархангии хилофати исломии уммавия ва абосси. Дар ин давра байни гуруххо ва фиркахову табакоти динии онвакта бахсу мунозирахои тулони доир мегардид. Имом Абуханифа (р) – он дарахти пурсамар ва пурбору пуртавозуъ хамеша шохиду иштирокчии бахсу мунозироти доманадори дини ва фалсафи, байни намояндагони фиркахои гуногун буд. Баъдтар барои иштирок дар чунин бахсхо (ин кабки сармасти дари) зиёда аз 20 маротиба, аз Куфа ба Басра сафар кардааст. Ва дар хар сафари худ як сол ва камтар аз он дар Басра мемонд. Бо намояндагони мазохибу фиркахои каломи ва гуруххову чараёнхои динии замонаш, ба мисли азракия (фиркаи охири асри VII-дар Ирок ба вучуд омад, бо рохбарии Нофия ибни Ал-Азрак). Начдия (дар байни 73 фирка худро бихишти мехисобиданд; аз руи хадиси Паёмбар (с), шиъиён (дар асоси назариёти Хазрати Али (р) ба вучуд омад, яъне, назариёти фиркаи ахли байт) сабъиён, кайсония, зайдия, имомия (шиъайи имомия, ки муътакид ба чонишинии Хазрати Али, баъди Паёмбар (с) мебошанд), чабрия, муътазилия, мурчиъа ва табакоти хорич, аз кабили; абозия, суфрия,(дар охири асри VII- дар Басраи Ирок ба вучуд омад, асосгузораш Зайд бинни Ал-Асфар) ва гайра бахсу мунозирахои шадид мекард ва фатвои эшонро ботил мебаровард. Дар ибтидои хаёт Хазрати Имом Абуханифа (р) илми каломро хуш пазируфта буд ва гумон дошт, ки тавассути хикмати калом метавон ба кулли суолхои чомеъаи инсони чавоб ёфт, аммо ин акида аз чониби худи Имом Абуханифа (р) ботил карда шуд. Аз чумла худи Имом Абуханифа (р) чунин кайд карда:

Дар он чо (яъне, дар хавзаи Басра, С.Б.Б). икомат меварзидам, дар ин муддат бо табакоти хорич, аз кабили абозия, суфрия ва гайра мунозира кардам. Ман дар собик илми каломро бехтарин улум мешуморидам ва мегуфтам, ки ин илм аз асл ва решаи дин бахс мекунад ( ин аст хулосабарории бузурги Хазрати Хаким Имом Абуханифа (р) С.Б.Б)., вале пас аз он, ки умреро дар ин рох сарф кардам, аз мафкураи сардарпечу ба решу бун баргаштам». 97.13., Хаким Имом Абуханифа (р) низоъи беасосу чохилонаи намояндагони мазохиби замонашро бад медид, у муваххид ва устоди факеху ягонаи асри худ буд. Вале инро хам инкор намекард, ки хакикат зодаи бахс аст. Хикмати мазхабии ин факехи кабиру Имоми шахир ба илми тавхид -, Куръони мачид, Сунна – Хадисхои Хазрати Мухаммад (с) ва ичмоъ (афкори чамъи асхоби Паёмбар(с) ва афкори фукахо ва уламои ханафи такя мекунад ва эхтиром медораду медоранд муъминони ин мазхаби беназир, чахор ёр, чахор хаким ва чахор ахтари тобон, чахор пири тарикат, яъне, чахор хулафойи рошиддин (иршодкунандаи дин ва бархак) Хазрати Абубакр (р), Хазрати Умар (р) Хазрати Усмон (р) ва Хазрати Алии Муртазо (ъ-с)-ро) аз руи васияти Хазрати Паёмбар (с), ки бо эшон дар «Меъроч» аз чониби Худованди ягонаву бархак амр шуда ва он кас гуфтаанд ба Хазрати Али (ъ-с), ки: «Ё Али, фармони Худои таъоло шуд, ки: – Эй Мухаммад ъалайхиссалом, баъд аз ту Абубакр ва Умар ва Усмон халифа шаванд, хатми хилофат бар Али(ъ-с) шавад, чунон, ки хатми нубувват (паёмбари) бар ту шуд». 9.35-36). Агар касе аз руи амри Худованд хурмати чахор ёри Паёмбар (с) – ро ба чой наёварад кофир аст, ба гуфти Расули акрам(с): «-Ихтилоф ва саркаши (дар Ислом) овардан кофирист!»

«Дар нимаи аввали асри VIII раёсати Куфа бо устоди фарзона ва мухаддиси варзидаи худ бузургфакех Хаммод ибни Абусулаймон ифтихор дошт. Мардум дар хосил кардани матолиби фикхии худ бо мазхари у икдом меоварданд. Баъди вафоти Хаммоди факех садрнишини илми фикх писари эшон таъин гардиданд. Ёрону пайравони падараш дар атрофи у чамъ меомаданд. Мутаассифона писари Хаммод ниёзхои фикхии мардумро посух гуфта натавонист, зеро тавоноии илмии у дар нахв ва илми калом буд. Он гох чойгузини писари Хаммод Мусо ибни Касир шуд.

Мусо ибни Касир бо бузургони илми фикх хамнишин буд, аммо у дар фарогирии илми фикх хуччати котеъи замони хеш набуд. Баъди чанде у азми сафари Хач намуд. Таваччухи мардум ба суи Абуханифа шуд. У талаби мардумро пазируфта чунин гуфт: «-Намехохам, ки илм бимирад». Ба иборае харидорони дукони маънавии Имом Абуханифа торафт зиёд мешуданд ва аз чоми сахбои фикху фаросати у мутабаххир мешуданд. У дар ин муддат -шогирдони зиёдеро ба камол расонид. Имомон Абуюсуфи Кози, Имом Мухаммад ибни Хасан, Абумутеи Балхи, Абумукотили Самарканди, Зуфар ибни Хузайл, писараш Хаммод ибни Абуханифа, Абдулло Ибни Муборак аз шогирдони хеле машхури у мебошанд. Имом Абуханифа нисбати шогирдони худ, хам сахтгиру серталаб буду хам мушфику мехрубон. Падари яке аз шогирдони пешкадамаш, яъне, падари Абуюсуфи Яъкуб ба хузури Абуханифа омад. У ибрози назар намуд, ки вазъи иктисодии оилаашон бад аст. Аз ин ру, падар Абуюсуфро аз дарс чавоб гирифтан хост. Имоми дилогох Абуханифа 1000 динори ироки, ба падари шогирдаш дода, Абуюсуфро дар халкаи омузиши илм нигох дошт. Хамин тавр Абуханифа, дар майдони фикх кадамхои устувор ба пеш ниход, ки дигарон дар анчоми он очиз буданд» (Иктибоси ин ду хошия аз китоби олими чавон шодравон Бегичон Рустамзода, бо номи «Имоми Аъзам -Абуханифа кист?»  сах. 8., Душанбе-1999).

Чуноне, ки гуфта шуд хаёти Хазрати Абуханифа (р) дар даврони хокимияти хилофати суннихои уммавияи араб ва баъд аббосияи арабу эронитабор гузаштааст. У хамаги 70 сол умр дидааст ва хамасри  се сахобаи мухтарам: – Анас ибни Молик (р), Рофеъ ибни Хадич (р) ва Абдуллох ибни Чазия (р) ва ба кавле хамасри 16 – сахобаи киром (р) буд ва бо эшон дидор хам карда буд. Хамчунин бисёре аз кубарои замон чун Абу-Юсуфи Яъкуб Ал-Кози (р), Мухаммад Хасани Шайбони (р)-ин харду шогирдони Абуханифа (р) буданд; Бишри Хофи (р), Козии Хофи (р), Довуди Тои (р), Нух ибни Марями Чомеъи (р); Сайид ибни Умар (р), Яъкуб ибни Ахфас (р),  Зайд ибни Али (р), Хасан ибни Зайд (р) ва Имом Зуфар  (шогирди Имоми Аъзам (р) ва Имом  Молик (р)  ва Имом Мухаммади Бокир (р) ва бо Абдуллох ибни Хусайн ибни Хасан ибни Али ибни Абутолиб(р) ва бародараш Иброхим (р), хамаср буд, ва бо Имом Чаъфар, яъне, Имом Чаъфари Содик (р) ва Суфёни Саври ва Хаммод ибни Абусулаймон ва Иброхими Нахъи, Иброхими Адхам, Ибни Муборак, Ибни Ато, Ибни Мусаъар ва гайра ва сухбатхое, ки бо бархе аз эшон дошт, дар хаёти илмиву ирфони ва динии хеш (ва бахусус, дар илми калом) бахрахои фаровоне бардоштааст ва эшон низ дар навбати худ аз илму дониши Имоми Аъзам Абуханифа (р) баракате ёфтааст.

Хазрати Имоми Аъзам дар таълимоти хеш бештар ба Куръон ва хадисхои сахехи Расули акрам (с) такя мекард ва онхоро бештар аз накли сахобаи киром (р)-у тобиъин ва кубарои замони худ чамъ меовард ва истифода мекард. Аз машхуртарин мухаддисоне, ки дар замони Имом Абуханифа (р) мезист, дуст ва устодаш Имом Чаъфари Содик (р) буд, ки бештар аз ин бузургвор хадис меомухт. Яке аз мухаддисон Солех ибни Абул-Асвад гуяд:

«Аз Имом Чаъфар ибни Мухаммад (Содик) шунидам, ки мегуфт: -Пеш аз он, ки маро аз даст дихед, аз ман зиёда Хадис бипурсед, чунки касе баъд аз сари ман ба Шумо мисли хадисхои ман гуфта наметавонад».

Бале, ду имоми машхури чамоаи суннимазхабон-Абуханифа Нуъмон ибни Собит ва Молик ибни Анас, аз шогирдони у (Имом Чаъфари Содик) буданд. Ва «Аз Абуханифа ривоят кунанд, ки гуфтааст: – Касеро аз Чаъфар ибни Муххамад факехтар надидаам».

Хамчунин дар кутуби «Тазкиратул-хуффоз»-и Аз-Захаби (Ч.1.С.166), «Хазинат-ул-асфиё»-и Гуломсарвар Сохиби Лохури (ч.1.с.43), омада: «Абуханифа бо Имом Чаъфари Содик сухбат дошт ва файзи том аз он файёзи замон хосил кард» (110-31).

Мухаккики дигар Аз-Зирикли, дар китоби худ «Ал-ъалом» (ч.2с. 121) «Овардааст, ки: «Ду Имоми ахли суннат ва чамоъат аз у (яъне, Имом Чаъфари Содик, С.Б.Б). илм омухтанд: Имом Абуханифа ва Имом Молик ибни Анас».( 110-31).

«Баъзе аз муаллифон, дар кутуби хеш зимни бахс, аз манокиби Имоми Аъзам, аз устодони у низ ба тафсил сухан рондаанд.

Аз чумлаи муаллифини фавкуззикр, муаллифи асари «Ал-Хайрот-Ал-хисон» – Аллома ибни Хачари Байхаки аст, ки аз кутуби манокиб накл карда, ва низ ба интикоди бархе донишмандон ишора намуда, ки дар хакикат ин интикод муттаваччехи тобиъин будани Имоми Аъзамро собит месозад. Муаллифи мазкур аз шонздах тан сахобае ба хайси устодони Имоми Аъзам(р), ки аз эшон ривояти Хадис (яъне, аходиси сахехи Расули Акрам (б), С.Б.Б). намуда, карори зайл ном мегирад:

Анас ибни Молик (р), Абдуллох ибни Анас – Ал-Чихни (р), Абдуллох ибн Ал-Хорис ибну-ч-Чазъ – Аз-Зубайди (р), Чобир ибни Абдуллох (р), Абдуллох ибни Абу-Авфи, Восилат ибн Ал-Аскаъ (р), Маъкал ибни Ясор(р), Абутафил(р), Омир ибни Восила (р), Ойиша бинти Ачрад(р), Сахл ибни Саъд(р), Соиб ибни Холид ибни Сувайд(р), Соиб ибни Язид ибни Саъид(р), Абдуллох ибни Басра(р), Махмуд ибни Ар-Рабеъ(р) Абдуллох ибни Чаъфари Абуамома(р).

Дар ривояти худи Имоми Аъзам Абуханифа (р) аз бархе сахобае, ки зикр шуд як идда ихтилофот мавчуд аст, аммо ривояти вай аз Анас ибни Молик(р) мавриди якини аксари донишмандон мебошад…».51-52.

Дар овони 29 солаги Абуханифа (р) ба факеху илохиётшиноси шахири давр Абуисмоили Хаммод ибни Абусулаймон (р) дусти пайдо карда, ба омузиш ва пажухиши илми Хадис ва илми фикх, яъне, дустдоштатарин илми Паёмбар (с) машгул мешавад. Риштаи дустии эшон то вафоти Хаммод (р)-18 сол давом кард. Дар ин муддати тулони Абуханифа(р) аз шогирди то ба дарачаи ёвару мушовири бехтарини устоди фарзонаи хеш расид. Кабл аз вафот Хаммод(р) васияти инкишофу тавсиъа ва такмили фикхро ба Абуханифа (р) махсус донист. Баъд аз даргузаштани устоди хеш, Абуханифа (р) муддати дах сол дар Куфа буд ва аз маъруфтарин факехони вохахои Куфа ва Басра гардид. «Абуханифа (р) баъди дарёфти олитарин шаходатнома дар илми калом ва Хадис ва фикхро омухтан, аз Хаммод (р) мактаби фикхиро (баъди дарёфти номаи иршод) асос гузошт…». Яъне, бо номи «Мактаби фикхи ханафи (Абуханифа)» 49-11. Дар бораи он, ки Имоми Аъзам Абуханифа (р) дар назди кадомин устодон ва машойихи замон дарси илму адаб гирифтаанд ва ё аз эшон,   новобаста  аз  синну  солашон  хикмате  андухтаанд, байни мухакикон бахсхои зиёд мавчуданд. Аммо такя ба китоби Имомалхарамайни Шарифайн-Хочи Шахобиддин Ахмад ибни Хачар Ал-Хайтами Ал-Маккии (тарчумаи форсиаш «Манокиби Имоми Аъзам рахматуллохи алайх»), бо номи «Ал-Хайрот ал-хисон фи манокиб Ал-Имоми Аъзам Абуханифа Ан-Нуъмон» баён медорем, ки «асотид ва шуюхи Хазрати Имом (р) бисёранд, ки ин мухтасар гунчоиши зикри ононро надорад». Намояндаи охири асри VIII ва ибтидои асри IX ва шогирди Имом Мухаммад, донои замон «-Аллома Имом Абухафси Кабир (яке аз бузурггарин факехи ахди Сомониён, ки аслан аз сугдиёни Бухоро аст, аз дехи Нур ва писари у хам факехи машхури ахди Оли Сомони буд бо номи Абухафси Сагир ва харду аз мубаллигони ханафияанд,  С.Б.Б). чахор хазор тан аз асотид (устодон)-и Имоми Аъзам(р)-ро ном бурда аст ва гайри Абухафси факехи  Кабир боз дигар сарчашмахо овардаанд, ки:-устодони Имом Абуханифа (р) дорои чахор хазор шайх аз тобиъин будаанд, пас ту хисоб кун, асотиди дигари эшонро, ки чи кадар бояд бисёр бошанд.

Аммо аз асотиди маъруфи Хазрати Имом(р) метавон исми Лайс ибни Саъд(р), Молик ибни Анас-имоми Дорулхичрат (хамчунин бояд илова кард исми асотиди у Иброхими Нахъи, Хаммоди Абусулаймон, Имом Чаъфари Содик ва гайра С.Б.Б.,) -ро ном гирифт, чунонки Дори Катни ва чамъе дигар, ки охирини эшон Абумухаммади Айни (р) аст гуфтаанд…

Дар бораи шогирдони Имоми Аъзам (р) гуфтаанд, ки шогирдони Имоми Аъзам (р) он кадар зиёданд, ки шуморидани эшон амри мухол аст ва сабти он имкон надорад. Аз ин чихат баъзе аз аима (имомон) гуфтаанд, ки: «Барои хеч як аз аимаи машхури Ислом, монанди он чи, ки барои Абуханифа(р) аз ёрону шогирдон ба зухур расид, ин мункабат ба ин поя нарасид ва он чунон, ки уламоу оммаи мардум, аз Имоми Аъзам (р) ва ёрони эшон, дар тафсири аходиси мушаббаху масоили мустанбата ва ахкоми хаводису акзияи дигар бахра бурдаанд, аз дигарон ба ин паймона бахра набурдаанд, ки Худои ъазза ва чалл эшонро подоши хайр дихад.

Ва яке аз мутааххирини мухаддисин, дар шархи холи Имоми Аъзам (р) худуди хаштсад тан аз шогирдони эшонро бо зикри ному насаби эшон муаррифи карда аст, ки накли асомии онхо ба тул меанчомад (ва шояд малоли хонандаро бедор кунад). 62-51-52.

Аммо бо такрор, маъруфтарин шогирдони Имоми Аъзам(р) инхо. будаанд: Суфёни Саври (р) Имом Молик ибни Анас (р), Иброхими Адхам (р), Абдуллох ибни Муборак (р), Имом Абуюсуфи Яъкуб Козиюлкузот (р), Имом Мухаммад (р), Имом Муслим (р), Имом Зуфар ибни Хузайл (р), Имом Абумукотили Самарканди (р), Имом Хаммод ибни Абуханифа (р), Имом Абумутеъи Балхи (р), Имом Музанни (р), ва бародарзодааш Имом Тахови (р), Ибни Мисъар (р) Мотаридии Самарканди ва гайра мислухум.

Бале, сабаби зиёд шогирд доштани Имоми Аъзам (р) хам ин буда, ки он Хазрат (р) дар кофиаи улуми шаръи, аз чумлаи тафсиру Хадис ва дар кофиаи улуми абзори, аз он чумла, сарфу нахв, адабу мантик ва микёсхои хаками ва улуми зохиру ботин, дарёе буд амик ва пешвое буд алалтахкик.

Ва чуноне, ки гуфта шуд, Имом Абуханифа (р) аз хурдсоли, ба илми калом майлу рагбати беандозае дошт ва сабаби таваччухи хосаи у нисбат ба илми мазкур, яъне, ба хикмати илми калом ин буд, ки у тамоми асархои фикхии хешро дар заминаи ин илм руи когаз овард.

Аммо ба гуфтаи устоди фозил мухаккики чабхаи каломии Имом Абуханифа (р) мухтарам Иноятуллохи Иблог, истидлоли киёсии Имом тавре, ки аз бархе назариёти каломии у бармеояд оройи асолат ва афзоиши зоти ва асли буда, сабагаи самъи ва ривояти надорад, то ба шиносоии устодии Имом эхсоси зарурат намоем.

Аз далойили киёсии Имом Абуханифа (р) дар назариёти каломии вай яке он аст, ки дар мавзуи иртиботи «Имон» бо «амал» ва ин, ки аз имон хорич аст чунин зикр намуда аст:

«-Муъминон ба иллати ин, ки имон доранд ба намоз, закот, руза ва фитри руза, ба зикри Худо мепардозанд, бандаги ба чой меоранд ва шукри Худой ба чо меоранд. Зеро имон доранд ва имон муктазии аъмоли мутазаккира аст ва чунон нест, ки имон ба иллати он бошад, ки Хач мекунанд, намоз мегузоранд ва руза мегиранд, зеро нахуст имон оварда ва баъдан ба фаройиз амал кардаанд. Бинобар он ибодати онхо ноши аз имон аст, на он, ки имон ноши аз ибодат бошад, Ва ин нукта шабехи он аст, ки мадюн нахуст ба дин икрор мекунад, сипас онро таъдия менамояд ва чунон набуда, ки нахуст адо ва баъдан икрор кунад, яъне, адои дин ноши аз икрор аст, на ин, ки икрор ноши аз адои дин бошад. Хамчунон бардагон аз ин, ки ба бандагии хочагони хеш муътарафанд, эшонро хидмат мекунанд ва чунон нест, ки эътироф ба бандаги ноши аз хидмат бошад, балки хидмат ноши аз эътироф аст, зеро басо мардуманд, ки бо дигарон хидмат мекунанд, аммо ба бандагии онхо эътироф надоранд ва низ касонеанд, ки ба бандаги эътироф доранд, аммо хидмат намекунанд ва накардани хидмат сабаби заволи ин икрор намешавад». 47-50-51.

Ин  буд  як  хушае  аз  хирмани  пургановати  истидлоли   Имом Абуханифа (р) дар усули илми киёс.

…Фикхи исломи (илми кавонин ва ахкоми шаръи, акоид ва хукуки исломи), ки ба Куръон, сунна, ичмоъ ва киёс такя менамояд, аслан аз чониби  чахор тан аз бузургону  хакимони  илми  фикху  илохиёти исломи; Абуханифа Нуъмон ибни Собит ибни Кайс ибни Марзбони Куфи (р)-асосгузори  мазхаби  ханафи  (699-767),  Абуабдуллох Мухаммад ибни Идриси Шофеъи (р) (767-819)-асосгузори мазхаби шофеъи (шогирди Абуабдуллох Мухаммад ибни Хасан аш-Шайбонии Ханафи, ва Абуюсуфи Яъкуб Ал-Кози) Молик ибни Анас (р) (715-795)-асосгузори мазхаби моликия ва Ахмади Ханбал (780-855)-асосгузори мазхаби ханбалия ва шогирдони эшон ташрех, танзим ва тартибу мукаммал карда шудааст, ки он на ин ки танхо аз чониби уламои бузурги   фикхи исломи, балки аз чониби олимони барчастаи хукукшиносии чахон низ ба хадди койил эътироф карда шудааст. Ва то ба имруз ин асархоро тамоми олимони сохаи хукук, таърих, фалсафа ва улуми чомеъашиноси, илохиётшиноси, сиёсатшиноси ва гайра ба таври васеъ мавриди омузиш ва истифодаи худ карор додаанд ва хамчунин оиди дини мубини Ислом ва   ахамияти он хамчун оини начотбахши башарият, акидахои холисонаву пурхикмати хешро иброз доштаанд, ки дар фароварди китоби хозир, яъне, дар бахши хотимавии рисола, ба марзи ин мавзуъ ворид хохем шуд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

restrukturizatsiya-kredita-v-vtb

ФАЙЗИ БОЗСОЗИ

ОТАШДИЛ Вай паси миз нишаста ба хайёл рафта буд… Айёми манктабхони зуд–зуд ба завод меомад. …