Главная / Биология / ПАРРАНДАХО: ТАРТИБИ АСАБ, УЗВХОИ ХОЗИМА ВА НАФАСКАШИИ 

ПАРРАНДАХО: ТАРТИБИ АСАБ, УЗВХОИ ХОЗИМА ВА НАФАСКАШИИ 

Тартиби асаби паррандахо нисбат ба дигар хайвонхо инкишофёфтатарин буда, майнаи сарашон аз майнаи сари хазанда калон асту сатхи он чуякхо дорад. Майнаи паррандахо аз кисмхои магзи cap, хароммап ва аз асабхои шохронда иборат мебошад. Майнаи паррандахо аз кисмхои нимкураи пеши cap, майнаи миёна, майнача, майнаи дарозруя ташкил ёфтааст. Майнаи дарозруя ба тахтапушт аз байни мухрахо мегузарад.

Расми 29. Дар расм нул ва панчаи паррандагонро аз назар гузаронед. Хикоя кунед, ки ин паррандагон чи тавр хурок мехуранд.
Расми 29. Дар расм нул ва панчаи паррандагонро аз назар гузаронед. Хикоя кунед, ки ин паррандагон чи тавр хурок мехуранд.

Рафтори паррандахо аз хазандахо бо лонасози, тухмпахшкунй, чучахояшонри хурондан, мавсими будан ва гайра фарк мекунад. Сохти узви шунавоии паррандахо ба узви шунавоии хазандагон монанд буда, гуши дарунию мнёна доранд, ки аз берун онро пархои хурд пушидаанд.

сурат расми зог

Узви буи дар паррандахо суст инкишоф ёфта, узви биноиашон нагз инкишоф ёфтааст. Барои пурра дндан себаки чашм харакатнок мебошад, ки он пеш аз хама хангоми парвозашон зарур аст. Масалан, укобе, ки дар болои маргзор хеле баланд парвоз карда истодааст, муши дар алафзор давида истодаро мебинад.

Ба муносибати инкишоф сфтани нимкурахои майнаи пеш одатхои шарти дар паррандахо нисбат ба хазандахо осонтар ба вучуд меояд. Масалан, дар сахро хангоми заминрони шурнулхо чамъ мешаванд, киштзори нав, мавчудияти хурок (кирмаки хашарот, кирми лойхурак) онхоро водор мекунад, ки баробари рондани трактор ё чуфти гов парида биёянд.

Arap сохиби паррандахои хонаги бо даст хурок пошида «ту-ту» гуяд, ё ки дасташро холи афшонда, «ту-ту» гуяд хам онхо чамъ мешаванд. Ба паррандагоне, ки дар кафас нигох дошта мешаванд, аз даст хурок хурданро ёд дихед, дар онхо рефлекси шарти хосил кардан осон аст.

Гайр аз ин нимкурахои магзи cap парвози паррандахоро ба тартиб дароварда, кори аъзохоро идора мекунад. амалиёти чавобии паррандагонро ба таьсире, ки аз берун меояд, назорат ва мувофик мегардонад. Мисол, дар хавлй пайдо шучо селаи кабутархо ё тухми парранда, гунчишкхо дон хурда истодаанд, барои онхо хавфи гайричашмдошт мебошад. Хамаи онхо саросема парвоз мекунанд, Кувваи шунавои дар паррандахо хайратангез аст. Паррандахо садои аз хама пастро, ки аз хатар огох мекунад. мешунаванд. Масалан. ба тудаи паррандахои нишаега сангеро хаво дихем, санг ба замин нарасида паррандахо рохи гурезрэ пеш  мегиранд. Гайр аз ин паррандахои тезчанголи шабгард сайдро дар торики бо ёрии аъзои шунавои хис карда, аз пайи он мешаванд. Паррандахои чавон ба хониши паррандахои калон таклид карда, ба сароидан cap мекунанд, ки барои он на танхо кувваи шунавоии хуб балки махорати шунидану фарк кардани овозхоро низ бояд дошт.

Умуман, аксарияти фаъолияти паррандахо, ки ба назари мо ачоиб аст, хусусняти одатии (инстинктивии) онхо мебошад.

Тартиби хурокхазмкунии паррандагон яке аз силсилахои мураккаб ба хисоб меравад. Паррандагон чи кадар дар парвоз фаъол бошанд, хамон кадар микдори зиёди хурокро талаб мекунанд. Хуроки паррандагон бояд сергизо бошад. Азбаски паррандагон дандон надоранд, хурокро бо нулашон гирифта яклухт фуру мебаранд. Хуроки хурдаи онхо аз дахон ба халк, пас ба сурхрудаи дароз меравад.

Хурок аввал дар чигилдон (кисми васеи сурхруда) чамъ мешавад ва бо лухоби хурокхазмкуни омехта шуда, баъд ба кисми пеши меъда дохил мешавад. Деворхои ин кисми меъда аз галудхон хурокхазмкуни бой аст. Баъд аз ин хурок ба кисми дуюм, ки онро сангдон меноманд, дохил мешавад. Хуроки сахт дар ин чо байни худ соиш хурда, майда мешавад ва тавассути сурохие ба рудаи борик гузашта он чо хурок тамоман хазм мешавад. Пас аз рудаи борик ба рудан гафс гузашта, бокимондаи нолозимаш ба макъад рафта, хорич мешавад.

Дар байни рудаи борик ва рудаи гафс растаки рудаи сарбаста (курруда) хаст, ки ин чизро дар мухрадорон бори аввал мушохида мекунем. Мубодилаи моддахо дар паррандахо тез мегузарад. Бинобар ин чугз як мушро хурда, дар чор соат хазм мекунад. Фароштурук ба гуруснаги аз як руз зиёд токат надорад.

Лонаи паррамдагони гуногун.
Лонаи паррамдагони гуногун.

Аъзои нафаскашии паррандахо шуш буда, дар ковокии кафаси сина чо гирифтааст ва зохиран чисми исфанчмонанди гулобиранг аст. Сохташ аз сохти шуши обхокихо мураккабтар аст ва хун оксигенро аз шуш бисёртар гирифта. ба ивази он гази карбонатро бештар хорич мекунад. Хаво аз берун бо рохи дахону бини ба хирной рафта, ба ду бронхия (паллахои шуш), ки дар навбати худ, бронхия ба бронхиола ва бронхиола бошад ба алвеолахо (пуфак ё катакхои-халтачахои хавоин шуш) таксим мешаванд, мегузарад. Гайр аз ин ба шуш халтаи хавои пайваст аст.

Хавои шуши паррандагон дар рафти нафаскашию нафасбарори дигар мешавад, яъне вакти нафасбарори хавое, ки дар халтахои хавои мавчуд аст, аввал ба даруни шуш даромада, баъд ба берун мебарояд. Ин ходиса барои таъмини бадани паррандахо бо оксиген хангоми парвоз ахамияти калон дорад.

Паррандахо дар поёни халкашон 2-7 бандакхои овоз доранд ва аз чихати овозбарори ба ду гурух чудо мешаванд:

  1. Паррандахон хархелаовоз (ашулачихо). Мисол, гунчишк, булбул, саъба, кабк…
  2. Паррандахон якхелаовоз. Мисол: зог, акка, чугз ва гайрахо.

Дили паррандахо ба чор хучра таксим мешавад. Дар нимаи чапи дил меъдачаи чапу дахлези чап ва дар тарафи рост меъдачаи росту дахлези рост чойгиранд, ки дар байни хар яки онхо сарпушакхо хастанд. Ба нимаи чапи дил хуни артериали ва ба нимаи рости он хуни венаги мерезад.

Дар паррандагон хам монанди обхокию хазандахо ду доираи гардиши хун хаст. Доираи калони гардиши хун аз меъдачаи чап баромада, ба воситаи артерияхо ба тамоми бадан пахн мешавад. Хуни венаи аз гази карбонат сер ба воситаи шарёнхо (венахо) ба дахлези рости дил рехта, пас ба меъдачаи рости дил мегузарад. Дар шуш ивазшавин газхо ба амал мсояд. Шарёнхои шуш хуни сероксигенро ба дахлези чапи дил мебаранд. Хун аз ин чо ба меъдачаи чап ва рагхои доираи калони гардиши хун мегузарад.

Хамин тарик, хуни шарёнхо бо хуни артерияхо дар ягон чо омехта намешавад. Хуни паррандахо нисбат ба хуни хазандахо тозаю сероксиген мебошад. Паррандахо хайвони гармхунанд. Ин аст, ки харорати бадани паррандахо хатто аз харорати бадани ширхурхо баландтар (42-43 то +45) мешавад.

Узви ихрочи паррандахо як чуфт гурда мебошад, ки дар кисми акиби тан аз ду тарафи акиби сутунмухра чой гирифтаанд. Аз гурдахо найи пешобрави ба макъад рох дорад.

Паррандахо чудочинса мебошанд. Хар парранда як чуфт гадудхои чинси дорад. Масалан. дар насли модина гадудхои тухмаккуни хаст. Тухмакхои тайёршуда хачман аз хамдигар хурд буда, ранги зард доранду холо чилд надоранд. Он тухмакхо аз гадуд чудо шуда, бо навбат ба ковокии бадан мегузаранду чилди охаки пайдо карда, бо найчаи тухмакбарор ба макъад омада, хорич мешававд. Дар вакти инкишофи чанинии тухм аз найчаи тарафи чап пучоки тухм хосил мешавад.

Тухмдон бо якчоягии тухмхо дар давраи афзоиш ба як хушаи калони ангур монанд аст. Паррандахо сертухм бошанд хам, яктой тухм мезоянд. Лекин тухмхо аз руйн сохт ва хачм чунон чойгиранд, ки тухми поённи имруз хоричшаванда нисбат ба тухмхои рузхои дигар хоричшаванда калонтар аст.

Раванди он хангоми аз тухмдон баромадани хучайраи тухм то тухмгузори дар лона кариб 40 соат давом мекунад.

Тухми паррандахо аз чихати хачм, ранг ва шакл фарк карда, аз чихати сохту таркиб монандии умуми доранд. Хамаи онхо аз берун пустпардаи сахти охаки, пардаи шаффофи болон сафеда, камераи хавой, моддаи сафеда (моеи шаффоф), моддаи зарди, дар марказ бошад чанини эмбрион доранд. Пардаи охаки то 7 хазор сурохихои ба назар ноаён дорад, ки он масома ном дошта, то эмбрион меравад. Мавсими афзоиши паррандахо вобаста ба шароит гуногун аст. Масалан, паррандахои хонаги, аз чумла мург метавонад, ки тамоми сол тухм гузорад. Аммо паррамдахои ёбои дар як муддати муайян тухм мегузоранд. Мисол, шурнулхо аввали бахор баъд аз парида омадан ба таъмири лонаи кухна е ба сохтани лонаи нав шуруъ мекунанд. Онхо гурух-гурух шуда, дар болои шохахои зичи дарахтони баланд лона месозанд. Хар як гурух бсштар аз 100 лонаи ба хамдигар наздик месозад. Бештар лонаашонро дар наздикии истикоматгоххо дар хар чое, ки хурок бисёр аст месозанд. Шурнул химчахо ва шохчахоро бо нули бакувваташ шикаста, лонаи сабатчамонанд-месозад. Дар мавсими лонасози тамоми руз шавкун ва кар-кари паррандахо шунида мешавад.

Мохи апрел тухмгузори cap мешавад. Ранги тухми шурнул сабзтоб буда, догхои сурхи баланд дорад, ки ин аломати ноаёнии тухмхо буда, хусусияти мухофизати дорад. Шурнули молина 4-5 тухм гузошта, пахш мекунад. Аз таъсири гармие, ки аз бадани парранда мебарояд, дар тухм эмбрион инкишоф меёбад. Эмбрион аз хисоби моддахои зардию сафеда инкишоф ёфта, аз хисоби оксигени хаво, аз сурохихои пустлохи тухм мегузарад ва аз хучраи (камераи) хавоии тухм нафас мекашад. Эмбрион якбора ба чуча монанд намешавад. Аввал вай ба хазанда монанд шуда, думи дароз, пойхои пешу акиб ва чог дорад, ки ин хешигарии паррандахоро бо хазандахо нишон медихал. Эмбриони паррандахо дар давраи аввали инкишоф таркишхои галсама доранд, ки ин нишонаи ачдоди гузаштагони паррандахо ва хазандахоро ифода мекунад.

Баъд аз 17-18 руз аз тухмхо чучахо мебароянд, ки холо парида наметавонанд. Падару модар ба чучахо хуроквори (асосан хашарот ва кирминахои онхоро) оварда, ба дахони васеъ кушодаи онхо меандозанд. Мисол, кабутархо дар шахрхо мукимианд, зимистон ба чое парида намераванд.

Кабутари нарина ва модина чуфт шуда, тамоми умр зиндаги мекунанд. Бахорон, хатто дар мохи феврал кабутари нарина бо овози баланд гур-гур карда, дар атрофи кабутари модина мегардад ва пархои думашро пахн карда давр мезанад. Дар аввали мохи март чуфти кабутари нарина ва модина дар таркишхои лаби бом, дар тарновхо ё дар болохонахо аз шохчахои хушки борик якчоя лона месозанд. Кабутари модина хамаги 2 тухм мегузорад, ки пучокаш сафеди тунук аст. Наринаю модина бо навбат тухмро гарм мекунанд. Баъзан тухмхоро тагу ру мегардонанд, то ки баробар гарм шаванд. Пас аз 17 рузи тухмпахшкуни чучахо аз тухм мебароянд, ки бо муйчахои зард, пилки чашмхояшон бо пуст пушида шудаанд. Падару модар чучахоро дар давоми як хафта гарм мекунанд ва кариб 25 руз ба онхо аз чигилдонашон шавлаи нимхазм кардаашонро мехуронанд. Кабутархои ром кардашуда дар давоми як сол 3-4 бор тухм монда, чуча мебароранд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …