Главная / Биология / ПАРРАНДАХОИ ТОЧИКИСТОН

ПАРРАНДАХОИ ТОЧИКИСТОН

Мувофики маълумотхои орнитологи машхури точик, академик Абдусаломов И.А. Точикистон аз паррандахои гуногун бой аст. Масалан, дар нимбиёбонхои Точикистон хар сол садхо намуди паррандагонро дидан мумкин аст, ки баъзеи онхо мукими буда, лигарашон мавсимй ё рохгузару кучманчи мебошанд. Хусусан, кабки биёбони, суфитургайи пупидор, чугз, гунчишкхо, магасхурак бешгар вомехуранд.

Дар обанбору кулу дарёхои Точикистон шабонапар, лаклаки сиёх, кози хинди, мургобии сурх, мургобии пахннул, мургобии сафед, кашкалдок мургоби, кассобак, мохихурак, гунчишки обии сафедшикам, дуррочи ало, гунчишки чигарранги оби ва гайра хастанд.

Расми 36. Паррандахои Точикистон. 1. Бургут. 2. Фароштурук; 3. Еуми гушдароз, 4. Филин; 5. Бедона; 6. Укоби лошахур; 7. Кабк; 8. Каргаси ришдор: 9 Зоч; 10. Шохин: 11 Мурги тугдор: 12. Гунчишк. 13. Аккаи ало; 14. Зог
Расми 36. Паррандахои Точикистон.
1. Бургут. 2. Фароштурук; 3. Еуми гушдароз, 4. Филин; 5. Бедона; 6. Укоби лошахур;
7. Кабк; 8. Каргаси ришдор: 9 Зоч; 10. Шохин: 11 Мурги тугдор: 12. Гунчишк. 13. Аккаи ало; 14. Зог

Дар махалхои ахолинишин ва водихои кухсори Точикистон бештар ба суфитургайи пупидор, гунчишкхо, саъба, фотимачумчук, мусича, аккаи ало, эзорсурхак, тутпухтак, майна, гунчкшкхои испани сахрои, фаропггурук, булбул вохурдан мумкин аст.

Дар дашгу доманаи куххои Точикистон куркурикарок, зоги кабуд, гунчишки дашти, гунчишки ало, суфитургайи сахрои зиндаги мекунанд. Дар чангалу даштхои кухи бошад кабк, харкафтар, чугз, шохин, аккаи сиёх. алошакшака, зардак, папппахурак (гунчишки хинди), булбул, фотимачумчуки калон вомехуранд.

 

Паррандахои Точикистон. 15. Тутпухтак; 16. Мурги хилол: 17. Магасхураки бихиштй: 18. Дугдог; 19. Мусича; 20. Худхуд; 21. Достнул; 22. Кози хиндй; 23. Эзорсурхаки сиех,; 24. Булбул; 25. Майна. 26. Ухоби дашти
Паррандахои Точикистон.
15. Тутпухтак; 16. Мурги хилол: 17. Магасхураки бихиштй: 18. Дугдог; 19. Мусича;
20. Худхуд; 21. Достнул; 22. Кози хиндй; 23. Эзорсурхаки сиех,; 24. Булбул; 25. Майна.  26. Ухоби дашти

Точикистон дар рохи харакати паррандагон ба суйи мамлакатхои гарм зокеъ гаштааст. Бинобар ин хар гирамох дар ин чо паррандагони гуногунро дидан мумкин аст. Зимистони сарзамини мо гарм ояд, бисёре аз паррандахои рохгузар якчанд вакт дар ин чо монда, баъд ба тарафи шимол мераванд (сочхо ва суфитургайхо ва гайрахо).

Паррандахои Точикистои. 27 Уцоби морхур; 28. Заргулдор; 29 Дурроч.
27 Уцоби морхур; 28. Заргулдор; 29 Дурроч.

Иклими мусоиди водию дарахои Точикистон ва фаровонии хурок боиси зиёд шудани паррандахои мукими гаштааст. Холо намудхои онхо аз 40 зиёд аст. Онхо имкон доранд, ки аз баландкуххо ба дараю водихо ва сахрохо фаромада? зимистонро гузаронанд.
Дар чумхурии мо тазарв, кабк, мурги хилол, дугдог, мургоби, кози хокистаррангро на барои гушташон, балки барои дилхуши, халоват бурдан зинда шикор мекунанда. Кабк, бедона, чур, тутй, булбулро барои зебои ва овози форам доштан дар кафас нигох медоранд. Кисме аз паррандагонро барои шикор (укоб) баъзеашонро барои бози (кабк, бедона, хурус) нигох медоранд, ки ба ин кор хеч рох додан лозим нест.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …