Главная / Илм / ПАНИР дар Канзи Шифо (Китоб)

ПАНИР дар Канзи Шифо (Китоб)

panir-660x330Панир дар вакташ ин тавр тайёр карда мешуд. Ба шир панирмоя мезаданд, баъд он монанди чургот гафс мегардад. Сони онро намак зада, дар халтачахои матлуб андохта, дахани онхоро махкам баста, зери санг ё чизи дигари вазнин муддате мегузоранд. Дар натичаи фишор хурдан обияти он чудо шуда, сахт ва панир мешавад. Агар намакин кардан хоханд, боз аз болояш намак зада, таъмашро шур сохта, баъд барои истеъмол тайёр мекарданд.

Мизочи панири нав тайёркардашуда дар дарачаи дувум сард ва тар аст. Хислатхои шифобахши он: хурдани панир меъда, рудахо ва гурдахоро кувват мебахшад (модоме ки гурда кави бошад, дар он санг пайдо намешавад), дарунро мулоим месозад; агарчи панир дерхазм хам ки бошад, дар бадан моддахои солим пайдо мекунад ва баъд аз хазм ёфтан зуд ба узвхои бадан мегузарад. Агар панирро бо магзи чормагз ва гиёхи кокути даромехта бихуранд, баданро багоят фарбех мегардонад, пустро мулоим мекунад.

Панирро пухта, баъд кабоб карда бихуранд, исхоли сафровиро манъ мекунад. Панирро варак карда, ба чашм гузошта банданд, нуктахои сурхаки хунини дар чашм афтода ва дарди чашмро дафъ мекунад. Чун панирро дар об чуш диханд ва он обро зани бачамакон бинушад, шираш зиёда мегардад; агар касони дигар бинушанд, намегузорад, ки реш ва захмхои рудахо варам кунанд.

Панир ба одамони сардмизоч зарар мекунад, иштихои онхоро мебандад; агар баъд аз хурдан хазм наёбад, боиси пайдо шудани гирехи кулинч (колит), иловус (варам ва дарди рудахои борик) ва торикии чашм мегардад. Дар ин холат асал, наъноъ ва кокути бихуранд, ислохи зарар менамояд.

Мизочи панири намакин (брынза) ва кухнаи он дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Агар ин навъашро бихуранд, балгамро пароканда месозад, иштихо ва рудахоро кувват мебахшад, рутубатхои нодаркори баданро хушк месозад. Агар инро бо асал хамир сохта гузошта банданд, пучакхоро мекафонад ва милкаки нохунро шифо мебахшад. Агар бо равгани зайтун даромехта гузошта банданд, бугумхои шахшударо ислох мекунад, решхои раддии бадфиолро шифо мебахшад. Агар бо оби борон сиришта пай дар хам гузошта банданд, аз магзи бугумхо чизи гачмонандро кашида берун мекунад бе хеч гуна дард. Агар бо навшодир куфта гузошта банданд, догхои кунчидакро дур месозад, кутури пустро шифо мебахшад. Агар бо пудинаи кухи (кийикути) куфта гузошта банданд, захрхои чонварони нешдорро аз бадан дафъ менамояд.

Вале хурдани ин гуна панир дар бадан моддахои сафровиро пайдо мекунад, ташнаги меоварад, хориши пуст ва кутурро ба амал меоварад. Бо вучуди гармии мизочаш ба одамони сардмизоч зарар мекунад, зеро ки муковамати бадани онхо нисбатан суст аст; низ ба онон, ки узвхои дохилиашон гирех доранд, зиёнкор аст; баданро логар мегардонад, дар гурда, хичак (пешобдон) ва дигар узвхо санг пайдо менамояд. Барои он ки ин кабил зарархояш зохир нагарданд, бо магзи чормагз бихуранд ё баъд аз он ин магзро бихуранд, кифоя аст, ки безарар гардад.

Агар панир бисёр кухнашуда бошаду бихуранд, баданро захролуд месозад. Агар ин ба одамони гарммизоч зарар кунад, мевахои обдор ва туршихо истеъмол намудан лозим аст. Панири гайричакидаро, яъне паниреро, ки обашро фишурда берун накарда бошанд, бихуранд, хоб меоварад, барои табхои дик (логаркунанда), сил, тафси меъда даво мешавад, хушки ва шахшулии пусти баданро ба ислох меоварад, васвосро дафъ месозад; барои беморихои сафрови ва тафсидани хун нафъ дорад. Вале ин ба одамони сардмиэоч зарар дорад, беморихои сард ва тарро ба зухур меоварад ва дар гурдаву хичак санг пайдо мекунад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

litosfera

СОХТОРИ ЛИТОСФЕРА

Дар параграфи пешина мо кайд кардем, ки литосфера (аз калимаи юнонии lithos – санг ва …