Главная / Илм / ПАНЕЛИ МАСЪАЛАХО

ПАНЕЛИ МАСЪАЛАХО

Панели масъалахо (Панель задач – Taskbar) яке элементхои асосии идоракунии системаи оператсионии Windows ба шумор меравад. Ин панел дар кисми поёнии Мизи кори чойгир буда, дар он элементхои зиёди идоракуни ё информатсиони чой дода шудаанд. Яке аз элементхои хеле мухими Панели масъалахо тугмаи Пуск (Огоз – Start) ба хисоб меравад, ки бо ёрии он Менюи асосии система кушода мешавад.

Дар Панели масъалахо одатан нишонахои хурдкардашудаи папкахо ё программахои кушодашуда ва хуччатхои муваккатан раванди корашон катъгардонидашуда, нишон дода мешаванд. Барои корро бо онхо давом додан, кифоя аст, ки нишонаи лозимиро аз панели масъалахо чудо намоем.

Дар Панели масъалахо хамчунин метавонад тугмае намудор бошад, ки он барои аз речаи алифбои руси (Ru) ба лотини (En) ва баръакс, баргардонидани клавиатура хизмат расонад. Ба гайр аз ин тугма, дар системаи Windows, барои клавиатураро аз речаи руси ба лотини ва баръакс баргардонидан, аз пахши якчояи тугмахои Alt ва Shift истифода мебаранд. Агар хангоми пахши ин тугмахо речаи клавиатура тагйир наёбад, он гох тугмахои Ctrl ва Shift -ро санчидан лозим аст.

paneli-asosi

Хамин тарик, аз Панели масалахо дидан мумкин аст, ки чи микдор объектхои система кушода шудаанд. Баъзан нусхахои зиёди як хуччат кушода мешаванд, ки ин албатта ба фоидаи кор нест. Хангоми кушодани шумораи зиёди хуччатхо суръати кори компютер сусттар мешавад ва дар хотираи фаврии он фазои холии кори камтар мемонад. Дар инмаврид информатсияи дар Панели масъалахо махфузбуда имконият медихад, ки хуччатхои нолозим сари вакт пушида шаванд.

Дар Панели масъалахо хамчунин тугмахои индикатсионии программахои системави чой дода мешаванд, ки онхо характери информатсиони доранд. Масалан, индикатори вакти чории компютери аз чумлаи чунин тугмахо ба хисоб меравад.

Агар барои коркарди хуччатхо майдони кории васеътар зарур бошад, он гох Панели масъалахоро аз экран муваккатан бардоштан мумкин аст. Ин амалро бо ёрии командаи Менюи асоси ПускНастройкаПанель задач и меню «Пуск»… (ОгозТанзимкуниПанели масъалахо ва менюи «Огоз»…) амали гардонидан мумкин аст. Хангоми ичрои ин команда равзанаи робитавии Свойства: Панель Задач (Хосиятхои Панели масъалахо) кушода мешавад. Дар ин равзана тугмаи кабатии Параметры панель задач (Параметрхои панели масъалахо)-ро пахш намуда, дар квадратчаи сатри Автоматически убирать с экрана (Ба таври автомати аз экран бардошта шавад) аломати байракча – мегузорем. Пас аз пахши тугмаи Ok Панели масъалахо аз экран бардошта мешавад. Агар мо хохем, ки Панели масъалахои пинхоншударо дар экран бинем, кифоя аст, ки нишондихандаи мушро ба хати худудии поёнии Мизи кори гузорем. Хангоми ба дигар чо бурдани нишондихандаи муш, Панели масъалахо аз нав аз экран гайб мезанад. Барои аз нав дар Мизи кори баркарор кардани Панели масъалахо зарур аст, ки командаи болоиро аз нав такрор намоем ва аз квадратча аломати -ро бардорем.

Кайд намудан зарур аст, ки Панели масъалахо метавонад дар дигар кисмхои худудии Мизи кори (рост, чап, боло) низ чойгир шавад.

Саволхо:

  1. Панели масъалахо объекти Windows аст ё элементи идоракунии он?
  2. Панели масъалахо асосан дар кадом кисми Мизи кори чойгир карда мешавад?
  3. Функсияхои Панели масъалахо аз чихо иборатанд?
  4. Элементхои асосии Панели масъалахо кадомхоянд?
  5. Бо кадом рох Панели масъалахоро аз экран муваккатан бардоштан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Дар экран Панели масъалахоро нишон дихед ва элементхои дар он чойгиршударо муоина намоед.
  3. Равзанахои папкаи хусуси ва зерпапкахои онро кушоед ва онхоро ба воситаи Панели масъалахо фаъол гардонед.
  4. Панели масъалахоро аз экран муваккатан бардоред ва аз нав онро баркарор намоед.
  5. Ба воситаи пахши дукаратаи индикатори соати компютер равзанаи Свойства: Дата и время (Хосиятхо: Таърихи руз ва вакт)-ро фаъол гардонед, онро аз назар гузаронед ва баъд пушед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …