Главная / Илм / ПАНЕЛИ АСБОБХОИ РАВЗАНАИ ПРОГРАММАИ «РОХБАЛАД»

ПАНЕЛИ АСБОБХОИ РАВЗАНАИ ПРОГРАММАИ «РОХБАЛАД»

Дар банди Вид-и менюи равзанаи программаи Рохбалад хамчунин сатри Панели инструментов (Панели асбобхо) пешбини карда шудааст (Расми 35). Дар холати фаъол гардонидани ин сатр дар равзанаи Рохбалад панеле илова карда мешавад, ки онро Панели асбобхо меноманд (Расми 35). Панели асбобхо аз пайдарпайии якчанд тугмахо иборат аст.

panel-instrumentovБарои фахмидани таъиноти ин тугмахо кифоя аст, ки нишондихандаи мушро ба болои онхо гузошта, каме интизор шавем.

Таъиноти тугмахои панели асбобхо чунин аст:

  •  ба кафо: барои фаъолгардонии пайдарпайии нишонахои папкахо ва зерпапкахои интихобкардашуда аз охир;
  •  ба пеш: барои фаъолгардонии такрории пайдарпайии нишонахои папкахо ва зерпапкахои интихобкардашуда аз аввал;
  •  барои аз зерпапка ба папкаи волидайни гузаштан;
  •  барои объекти интихобкардашударо ба буфер равон кардан;
  •  барои нусхаи объекти интихобкардашударо ба буфер равон кардан;
  •  барои объекти дар буфер махфузбударо ба папкаи ин тихобкардашуда гузоштан;
  •  барои амали ичрокардашударо бекор кардан;
  •  барои объектхои интихобкардашударо нобуд кардан;
  •  барои иваз кардани хосиятхои объектхои интихобкарда шуда;
  •  барои гузаштан аз як шакл ба шакли дигари инъикоси нишонахои объектхои папкаи интихобкардашуда.

Саволхо:

  1. Панели асбобхои равзанаи программаи хидматии Рохбалад дар кадом кисми равзана чойгир шудааст?
  2. Панели асбобхои Рохбалад кадом асбобхоро дар бар гирифтааст?
  3. Бо кадом усул таъиноти асбобхои Панели асбобхои программаи Рохбаладро фахмидан мумкин аст?
  4. Оё Панели асбобхои программаи Рохбаладро муваккатан аз равзана бардоштан мумкин аст? Агар мумкин бошад, пас чи тавр?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва расмхои асбобхои панел ва таъиноти онхоро дар дафтаратон сабт намоед.
  2. Равзанаи папкаи Рохбаладро кушоед ва хар як асбоби Панели асбобхои онро муоина намуда гуед, ки онхо барои ичрои кадом амалиёт пешбини карда шудаанд.
  3. Аз имкониятхои Панели асбобхои равзанаи Рохбалад истифода бурда, равзанахои папкаи хусусии худ ва зерпапкахои онро кушоед, аз зерпапкахо ба папкахои волидайни гузаред, баъзе аз объектхои папкаатонро нест намоед ва нусхаи баъзеашонро ба буфер равон карда баъд ба дохили ягон зерпапка гузоред.
  4. Кушиш намоед, ки супоришхои дар дарси гузашта бо ёрии командахои менюи равзана ичро намудаатонро бо ёрии асбобхои Панели асбобхо низ ичро намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …