Главная / Маданият ва санъат / ПАНДУ АНДАРЗХОИ ФИРДАВСИ

ПАНДУ АНДАРЗХОИ ФИРДАВСИ

Агар ду бародар нихад пушт, пушт,
Тани кухро хок молад ба мушт.
Бузурги саросар ба гуфтор нест,
Дусад гуфта чун ними кирдор нест.
Чу неки кунад кас, ту подош кун
В-агар бад кунад , низ пархош кун.
Ба ранч андар аст, ай хирадманд, ганч,
Наёбад касе ганч нобурда ранч.
Чавонмардию рости пеша кун,
Хама некуи андар андеша кун.
Бибахшу бихур, то тавони дирам,
Ки чуз ин дигар чумла дард асту гам.
Ба хар кор дар пеша кун рости,
Чу хохи, ки нагзоядат кости.
Макун дусти бо дуругозмой,
Хамон низ бо марди нопокрой.
Зи гети ду чиз аст човиду бас,
Дигар хар чи бошад, намонад ба кас.
Сухан гуфтани нагзу кирдори нек,
Бимонад чунон, то чахон аст рек83.
Хама сар ба сар тан ба куштан дихем,
Аз он бех ки кишвар ба душман дихем.
Ба гети намонад ба чуз номи нек,
Хар он кас, ки хохад саранчоми нек.
Касе, к-у чахонро бувад хостгор,
Варо дониш ояд, на гавхар ба кор.
Хунармандро шоду наздик дор,
Чахон бар бадандеш торик дор,
Чу ди84 рафту фардо наёмад ба пеш,
Мадех хира барбод авкоти85 хеш.
Хирадмандию пешбини куни,
Тавоноию покдини куни.
Мар онро, ки дониш бувад, туша бурд,
Бимирад танаш, ном харгиз намурд.
Хама сар ба сар дасти неки баред,
Чахони чахонро ба бад маспаред.
Бимонад дуто човидон як гухар,
Хунармандию донишу додгар.
Набошад касе дар чахон пойдор,
Хама номи неку бувад ёдгор.
Ба нопокзода мадоред умед,
Ки занги нагардад ба шустан сапед.
Зи бадасл чашми бехи доштан,
Бувад хок дар дида анбоштан.
Падар чун ба фарзанд монад чахон,
Кунад ошкоро бар-у бар нихон.
Гар у бифканад фарру номи падар,
Ту бегона хонаш, махонаш писар.
Ту чандон, ки боши, сухангуй бош,
Хирадманд бошу чахончуй бош.
Нигар, то чи кори, хамон бидрави,
Сухан хар чи гуи, хамон бишнави.
Хирад мояи човидони бувад,
Хирад пояи зиндагони бувад.
Мабошед густох бо ин чахон,
Ки у тираги дорад андар нихон.
Чахон ёдгор асту мо рафтани,
Ба мардум намонад ба чуз мардуми.
Ба анбарфурушон агар бигзари,
Шавад чомаи ту хама анбари.
В-агар бигзари суи ангиштгар,
Аз-у чуз сиёхи набини асар.
Хирадманд бошу беозор бош,
Хамеша забонро нигахдор бош.
Ниёгони мо номдорон буданд,
Ба дахр андарун точдорон буданд.
Набардоштанд аз касе саркаши,
Ба тезиву тундиву бедониши.
Маёзор муре, ки донакаш аст,
Ки чон дораду чони ширин х(в)аш аст.
Чу паймони озодагон бишкани,
Нишони бузурги ба хок афгани.
Надони, ки мардони паймоншикан
Сутуда набошанд дар анчуман.
Биё, то чахонро ба бад наспарем,
Бу кушиш хама дасти неки барем.
Набошад хаме неку бад пойдор,
Хамон бех, ки неки бувад ёдгор.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Фирдавси дар кадом мавзуъхо панду хикматхо гуфтааст?
2. Фирдавси ду чизро човидон гуфтааст, он ду чизро ёбед.
3. Касе, ки дар талаби дунё бошад, барои у дониш ба кор ояд ё симу зар?
4. Байти: «Ба нопокзода мадоред умед,
Ки занги нагардад ба шустан сапед» — чи маъни дорад?
5. Ба фикри шумо хислату атвори бад ирси аст ё илочи рафъ дорад?
6. Абёти:
«Падар чун ба фарзанд монад чахон,
Кунад ошкоро бар-у бар нихон.
Гар у бифканад фарру номи падар,
Ту бегона хонаш, махонаш писар» — ро чи хел мефахмед?

7. Панди бистум ба кадом маколи халки хаммаъно аст?
8. Пандхои дуюм, чорум, нухум ва бисту якумро ба наср баргардонед.

Муаллиф: А. Фирдавси

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …