Главная / Илм / ПАНЧАНГУШТ дар Канзи Шифо (Китоб)

ПАНЧАНГУШТ дар Канзи Шифо (Китоб)

panjangusht_vitex-600x330Панчангушт ( Витекс ба русс.)ин буттаест баргаш монанди панч ангушти дасти одами ва аз як нукта ба хар тараф кашидашуда мебошад. Дар чамохири Осиёи Маркази онро хамчун растании ороиш парвариш медиханд. Инро ба забони араби аслак ва ба хинди синбхолу меноманд ва дар баъзе махалхо точикон сода карда симболи мегуяндаш. Дар худи шахри Душанбе аз пахлухои кучахо бисёр буттахои ин мавчуд мебошанд. Гулаш дар хуша бунафш ва гохо сафед мебошад, аз нимаи бахорон то тангии тирамох гул мекунад ва тухм мебандад. Тухмаш ба микдори мурч аст. Бинобар хамин инро дар Эрон мурчи кухи мехонанд. Мизочаш гарм ва хушк дар дарачаи дувум аст.

Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд дарунро мебандад, варам ва моддахои гафсро тахлил медихад, гиреххои дар магзи сар ва дар чигар пайдошударо мекушояд; дарди сарро, ки аз зиёд шудани рутубат ва ба хам расидани варам дар майна бошад, шифо мебахшад; ва агар дар рагхои ширёнии (артерияи) майна варам пайдо шуда ва ин варам аз зиёд шудани балгам дар магзи сар ба амал омада бошад, онхоро тахлил медихад; беморихои девонаги ва дилтапак (дилбози)-ро дафъ мекунад; хуни бандшудаи хайз ва бавосирро мекушояд, яъне равон мекунад, гирехи дар сипурз баамаломадаро мекушояд, варами бачадонро тахлил медихад, асабхои печидаро рост мегардонад, кафидани макъадро сихат мебахшад, захри морро аз бадан дафъ менамояд. Одатан аз ин растани чонварони газанда мегурезанд.

Барги тарашро куфта, монанди фулус курсхо пахн кунанд, ки вазни хар як курс такрибан 2,5 грамм бошад. Баъд онхоро дар руйи тозае, ки бо равгани гов чарб карда шуда бошад, аз як руяш бирён намоянд. Сони дар асали сараи бахори андозанд. Аз ин таркиб то се руз пагохи ба дили нахор як курси онро зане, ки ба иллати парсут гирифтор бошад, бихурад. Агар бигуворад, яъне бифораду мувофакат кунад, то ду хафта хар як курси онро субх ва як курси дигар ба вакти шом бихурад. Агар аз ин сихат ёбад, хуб аст ва агар на, тарк намояд. Аммо асаре аз парсут монда бошад, боз як хафтаи дигар низ ду махал ё як махал истеъмол намояд. Дар рузхои хурдан аз махсулоти шири, туршихо, сабзихо (кашниз, шибит, кабуд ва гайра), чизхои тармизоч ва равгани бисёр пархез намояд.

panjangusht_vitex-300x256Парсут озорест, ки баъзе занонро баъди зоидан содир мегардад, намудаш гуногун мебошад: баъзеро дарунаш меравад, рангро зард, баданро заиф ва логар мегардонад. Бемор ба ягон хурок рагбат намекунад.

Агарчи камтар бихурад, ба зуди хазм намеёбад, то агар ба воситаи даво ихроч накунанд, он гизо аз шикамаш дафъ намегардад, низ сохибаш ором хам намегирад. Баъзе занхоро баробари он чизхое, ки зикр ёфтанд, боз таби сабук хам мегирад.

Барги тари ин буттаро куфта гузошта банданд, дарди сари рутуби ё аз варами ширёнхои майна ба судур омада бошад, шифо мебахшад. Оби баргашро бинушанд, девонагиро сихат мекунад, гиреххои майнаро мекушояд; тапидани дилро, ки аз зиёд шудани моддахои балгам ва савдо ба зухур пайваста бошад, шифо мебахшад, гиреххои даруни чигар ва сипурзро мекушояд.

Барг ва самари панчангуштро куфта, занхо аз таг бардоранд ё ки барги онро баробармикдор бо пудинаи дашти гирифта, сухта, дудашро занхо ба миёни похои худ бигиранд, хайзи бастаро равон мекунад. Самар ва барги онро дар об чушонида, занхо то ноф дар он об даромада нишинанд, варами бачадонро тахлил медихад ва агар шахсеро, ки макъадаш варам карда бошад, барои он низ даво мешавад.

Барги онро бо барги ток якчо куфта, бо маскаи тоза мархам сохта, гузошта банданд, хояхои сахтгаштаро ба холи аслиашон меоварад. Хар як кисми панчангуштро дуд кунанд, чонварони зарарнок аз он атроф мегурезанд.

panjangusht_vitex-tuxmБаргхои тари онро пахн карда, яъне густарда бар болояш нишинанд, куввати бох, яъне пушти камарро мешиканад. Барги тари онро дар оташ гарм карда, гузошта банданд, варамхои хунукро тахлил медихад ва агар ба хояхо об фуромада бошад, хамин тавр бо ин гармбанди кунанд, инро хам шифо мебахшад.

Аз чуби он асо сохта, ба он такя карда бигарданд, шахвати мардиро катъ мекунад. Баргхои онро ба зери чогахи хоб бигустаранд, дар хоб чимоъ кардан, яъне дар хоб шайтон заданро бат ибро меоварад, инчунин бархостани олати мардиро кать мекунад.

Хислати тухмаш назар ба барги он сабуктар аст. Хурдани панчангушт ба гурда зарар дорад ва дарди сар меоварад. Дар ин маврид шилми бодомхоро хурдан чоиз аст, ки зиёнашро ислох намояд.

Микдори як бор хурдан аз барг ва тухми панчангушт дар як руз то 4,5 грамм аст. Бехтар он аст, ки инро бидуни шилми бодомхо, ки ислохкунандаи зарараш мебошад, истеъмол накунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …