Главная / Чамъият / ПАЛАТАИ ХИСОБИ ЧТ

ПАЛАТАИ ХИСОБИ ЧТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ХИСОБИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

(Ахбори мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2011, №6, мод. 460; Конуни ЧТ аз 30.05.2017 с., №1425; аз 30.05.2017 с., №1426)

Конуни мазкур масъалахои вобаста ба вазъи хукуки, ваколат, сохтори ташкили, вазифа, хукук ва ухдадорихои Палатаи хисоби Чумхурии Точикистонро ба танзим медарорад.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон

  1. Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон (минбаъд – Палатаи хисоб) макоми олии назорати молиявии Чумхурии Точикистон мебошад, ки аудити мустакили берунаро оид ба баходихи ба ичрои бучети давлати анчом дода, чихати такмили он пешниход омода месозад.
  2. Ваколати Палатаи хисоб вобаста ба гузаронидани аудити мустакили беруна ба тамоми шохахои хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон пахн мегардад. Палатаи хисоб дорои ваколатхои ичроия, конунгузори ва хифзи хукук набуда, ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон вобаста мебошад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1426)
  3. Палатаи хисоб наметавонад ба афзалият ва норасоихои сиёсати  Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи молияи давлати ва истифодабарии моликияти давлати бахо дихад. Палатаи хисоб хукук дорад  ба татбики сиёсати мазкур бахо дихад ва аз руи натичахои он хулосахои худро пешниход намояд.
  4. Палатаи хисоб шахси хукуки буда, дорои мухр бо тасвири Нишони давлатии Чумхурии Точикистон, ном ва аломати худ аст. Махалли чойгиршавии доимии Палатаи хисоб шахри Душанбе мебошад. (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

palatai-hisobi

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– аудити беруна – аудите, ки аудиторони нисбат ба ташкилоти санчидашаванда мустакил ва ба рохбарияти он хисоботдиханда набуда  мегузаронанд;

– аудити самараноки – омузиш ва тахлили фаъолияти объекти аудит доир ба сарфаноки,махсулноки ва натичаноки;

– аудити натичаноки – омузиш ва тахлили самаранокии барномахои давлати, лоихахо, самтхои фаъолият ва кори макомоти давлати ва ташкилотхои бучети (минбаъд – ташкилотхо) барои расидан ба максадхояшон ва ичрои супоришхо;

– аудити молияви –  омузиш ва тахлили хисоботи молияви ва низоми бахисобгирии объекти аудит, ки ба аудитор имкон медихад акидаи худро оид ба хисоботи молияви, ки бо риояи талаботи конунгузори дар бораи стандартхои бахисобгири ва хисоботи молияви тахия карда шудааст, изхор намояд;

– маблагхои гайрибучети – маблагхои пулии  давлат, ки ба бучетхои чумхурияви ва махалли дохил карда нашуда, бо таъиноти максадноки муайян истифода мешаванд, хамчунин маблагхое, ки дар ихтиёри  ташкилотхо карор дошта, аз бучетхои чумхурияви ва махалли чудо карда нашуда, аз хисоби дигар сарчашмахо ташаккул ёфтаанд;

– маблагхои махсус – маблагхое, ки ташкилотхо ба гайр аз маблаги аз бучетхои чумхурияви ва махалли чудошаванда мегиранд. Маблагхои махсус даромади ташкилотхо мебошанд, ки аз хисоби фуруши махсулот, ичрои кор ва хизматрасони ё амали намудани фаъолияти дигар ба даст меоянд;

– истифодабарии гайримаксадноки маблагхо –  истифодабарии гайримаксаднок, бесарфа ва бемахсули маблагхо аз бучетхои чумхурияви ва махалли, хамчунин маблагхои гайрибучети ва махсус;

– бархурди манфиатхо – холате, ки манфиатхои шахсии корманди Палатаи хисоб бо талаботи поквичдонона ва бегаразона ичро намудани ухдадорихои хизматии у мувофик намеоянд.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи Палатаи хисоби  Чумхурии Точикистон

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1426)

Моддаи 4. Принсипхои фаъолияти Палатаи хисоб 

Фаъолияти Палатаи хисоб мутобики принсипхои зерин амали мегардад:

– конуният;

– мустакилият;

– бегарази, сахехи, поквичдони;

– ошкорбаёни то андозае, ки ба талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон мухолифат надошта бошад;

– риояи стандартхои касби;

– риояи принсипи коллегиали.

Моддаи 5. Максад ва вазифахои Палатаи хисоб

  1. Палатаи хисоб бо тартиби мукарраргардида оид ба лоихаи бучети давлати ва ичрои он хулоса пешниход менамояд.
  2. Палатаи хисоб бо максади пешниходи маълумоти бегаразона ба Президенти Чумхурии Точикистон ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон барои мусоидат ба назорати истифодабарии маблагхои гирифташуда ва харчгардидаи бучети давлати ва идоракунии зарурии захирахои давлати аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон санчишхо мегузаронад.
  3. Аудити аз чониби Палатаи хисоб гузаронидашаванда сохторхо ва намудхои фаъолияти зеринро дар бар мегирад:

–  тамоми макомоте, ки аз бучети далати маблаггузори карда мешаванд, аз чумла сохторхое, ки кисман ё пурра дар хисоби хочаги карор доранд;

– тамоми ташкилотхое, ки дар онхо хиссаи сармояи давлат ба таври назорати махсуб меёбад;
– Бонки миллии Точикистон ва дигар бонкхои давлатии Чумхурии Точикистон;

– фондхои гайрибучети ва барномахои максадноки умумидавлати;

– Агентии давлатии сугуртаи ичтимои ва нафака;

– ташкилотхо бо шаклхои гуногуни моликият, ки ба онхо маблагхои бучети дар намуди кумаки молияви (дар асоси бебозгашт) чудо мегарданд;

– амали намудани созишномахои байнихукумати, ки окибатхои молияви ва окибатхои дигари хочаги доранд;

– хусусигардонии моликияти давлати, аз чумла ичрои шартномахои хусусигардонии бо давлат басташуда аз чониби сохибони нав;

– идоракуни ва истифодабарии захирахои табиии Чумхурии Точикистон, аз чумла татбики созишномахо оид ба таксимоти махсулот;

– истифодабарии кумакхо ва хизматрасонии маблагхои карз ва захирахои давлати бо асъори хоричи аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон;

– воридоти маблагхо ба бучети давлати аз сарчашмахои хоричии сармоягузори ва мувофики максад сарф кардани онхо.

  1. Максадхои асосии аудите, ки Палатаи хисоб мегузаронад, инхоянд:

– арзёбии эътимоднокии низоми идоракунии молияви, инчунин сахехии хисоботи молияви, ки сохтори дахлдор омода намудааст (аудити молияви);

– арзёбии комёбшави ба ичрои вазифахои дар назди ташкилот ё ягон сохтори он гузошташуда (аудити самараноки);

– арзёбии сарфаноки ва максаднокии истифодабарии маблагхои бучетие, ки ба сохтори дахлдор чудо карда шудаанд (аудити натичаноки). 

  Моддаи 6. Мустакилияти Палатаи хисоб

  1. Палатаи хисоб бо максади химояи мустакилияти амалиёти корхои зеринро ичро менамояд:

– объектхоро барои санчиш интихоб менамояд ва новобаста аз дигар сохторхои давлати ва шахсони мансабдор, ки ин сохторхоро рохбари менамоянд, аудит мегузаронад;

– агар дар Конуни мазкур тартиби дигар пешбини нагардида бошад, мустакилона мавзуъ, усул ва мухлати санчиш, инчунин шакли пешниходи хулосахои дахлдорро муайян менамояд;

– агар  макомоти ичроия ё конунгузори хокимияти давлати ба он бо дархост чихати гузаронидани аудити гайринакшави мурочиат намоянд, дар хар як холати мушаххас оид ба конеъ гардонидани дархости мазкур карор кабул менамояд. Дар сурати рад кардани дархост он ба макоми дархосткунанда чавоби асосноки хатти ирсол менамояд.

  1. Кормандони макомоти дигари давлатии назорати хукук надоранд дар бинохои Палатаи хисоб бе ичозати хаттии раиси он чорабинихои назорати гузаронанд.
  2. Маблаггузории фаъолияти Палатаи хисоб бо тартиби мукарраргардида аз хисоби маблагхои Бучети давлатии Чумхурии Точикистон дар сатри алохида пешбини карда мешавад.

БОБИ 2. СОХТОР, ВАЗЪИ ХУКУКИИ АЪЗОИ ПАЛАТАИ ХИСОБ ВА БАРХУРДИ МАНФИАТХО

Моддаи 7. Сохтори Палатаи хисоб

  1. Ба хайати Палатаи хисоб раис, муовини раис ва панч сараудитор, ки аъзои Палатаи хисоб мебошанд, дохил мешаванд.
  2. Ба Хайати мушовараи Палатаи хисоб раис, муовини раис ва сараудиторон дохил мешаванд.
  3. Дар чаласахои Хайати мушовара раиси Палатаи хисоб ё дар  сурати набудани раис муовини у раиси мекунанд. Дар сурати набудани раис ва муовини у ин вазифа ба ухдаи сараудитори собикаи бештари коридошта, ки дар чаласаи мазкур иштирок дорад, вогузор карда мешавад.
  4. Аъзо ва кормандони  Палатаи хисоб наметавонанд вазифаи  дигареро ичро намоянд, вакили макомоти намоядаги, узви хизб ва созмонхои сиёси бошанд, ба сохибкори машгул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмиву эчоди ва омузгори.
  5. Сохтори дастгохи маркази, низомномаи Палатаи хисоб ва  низомномахои вохидхои сохтории онро раиси Палатаи хисоб тасдик менамояд.

Моддаи 8. Вазъи хукукии аъзои Палатаи хисоб

  1. Раис, муовин ва сараудиторони Палатаи хисоб хукуки дахлнопазири доранд. Онхоро бе розигии макоме, ки онхоро ба вазифа таъин намудааст, хабс кардан, дастгир намудан, мачбуран овардан, кофтуков кардан, ба истиснои дастгир намудан дар чои содиршавии чиноят, манъ аст. Раис, муовини раис ва аъзои Палатаи хисоб хамчунин мавриди кофтукови шахси карор дода намешаванд, ба истиснои холатхое, ки конун барои амнияти дигарон мукаррар намудааст.
  2. Раис, муовин ва сараудиторони Палатаи хисоб бе розигии макоме, ки онхоро ба вазифа таъин намудааст, ба чавобгарии маъмури, ки бо тарики суди таъин гардидааст, кашида намешаванд.
  3. Дахлнопазирии раис, муовин ва сараудиторони Палатаи хисоб хамчунин ба манзили онхо, утокхои кори ва наклиёти хизматиашон пахн гардида, дар онхо гузаронидани кофтуков ва гирифтан, гуш кардани гуфтугухои телефони ва кофтукови шахсии онхо, инчунин гирифтани мукотибот, молу мулк ва хуччатхо танхо бо ичозати Суди Олии Чумхурии Точикистон баъди огоз кардани парвандаи чинояти нисбат ба раис, муовин ва сараудиторони Палатаи хисоб амали карда мешавад.
  4. Нисбат ба раис, муовин ва сараудиторони Палатаи хисоб парвандаи чинояти танхо аз чониби Прокурори генералии Чумхурии Точикистон огоз карда мешавад.
  5. Парвандаи чинояти нисбат ба раис, муовин ва сараудиторони Палатаи хисоб танхо аз чониби Суди Олии Чумхурии Точикистон барраси карда мешавад.
  6. Андозаи музди мехнати раис, муовин ва сараудиторони Палатаи хисоб, инчунин шарт ва тартиби пардохти онхоро Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  7. Аъзои Палатаи хисоб хукук доранд дар чаласахои кумитахои Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои вобаста ба сохаи фаъолияти Палатаи хисоб иштирок ва маъруза намоянд. Раиси Палатаи хисоб ё дар набудани у муовини раис хукук доранд дар чаласахои Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои вобаста ба хисоботи солонаи Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи ичрои бучети давлати ва иштирок дар мухокимаи парламенти оид ба ичро бучети давлати, инчунин доир ба масъалахои дигари вобаста ба вазифахои Палатаи хисоб  иштирок ва маъруза намоянд.
  8. Нисбат ба хар гуна амалхое, ки бо максади  монеъ шудан ба аъзоён ва кормандони Палатаи хисоб зимни ичрои ухдадорахои хизматиашон ва ба хотири мачбуркунии он (онхо)  барои кабули кароре, ки хилофи Конуни мазкур аст, сурат мегиранд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон чорахо андешида мешаванд.

Моддаи 9. Бархурди манфиатхо

  1. Агар узв ё корманди Палатаи хисоб дар холате карор дошта бошанд, ки дар он метавонад бархурди манфиатхо пайдо шавад, онхо дархол дар ин хусус рохбари бевоситаи худро огох месозанд.
  2. Холатхои пешгири ва бартараф намудани бархурди манфиатхо аз тарафи аъзо ва кормандони Палатаи хисоб дар Кодекси одоби Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон пешбини карда мешаванд, ки он аз тарафи раиси он пешниход гардида, аз чониби Хайати мушовараи Палатаи хисоб тасдик карда мешавад. Риояи Кодекси одоби Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон барои аъзо ва кормандони он хатми мебошад. Хар  шахси манфиатдор метавонад бо Кодекси одоби Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон шинос  шавад.

БОБИ 3. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСИ, ТАРТИБИ ТАЪИН,  МУХЛАТИ ВАКОЛАТХО ВА КАТЪИ ВАКОЛАТХО 

Моддаи 10. Талаботи тахассуси нисбат ба раис ва муовини раиси Палатаи хисоб

Ба номзад ба вазифаи раис ё муовини раиси Палатаи хисоб талаботи зерин пешниход мегарданд:

– доштани танхо шахрвандии Чумхурии Точикистон;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1426)

– донистани забони давлати;

– тахсилоти оли дар сохаи иктисод ё хукук;- тачрибаи кори дар вазифахои рохбарикунандаи сохахои ба вазифахои Палатаи хисоб алокаманд дар муддати на камтар аз панч сол;

– синни на камтар аз сию панчсола;

– надоштани доги суди.

 Моддаи 11. Тартиби ба вазифа таъин намудани раис ва муовини раиси Палатаи хисоб

(КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

Раис ва муовини раиси Палатаи хисоб ба вазифа бо пешниходи Президенти Чумхурии Точикистон аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ба мухлати хафт сол таъин карда мешаванд. Раис ва муовини раиси Палатаи хисоб наметавонанд ба ин вазифа зиёда аз ду маротиба таъйин карда шаванд.  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

Моддаи 12. Талаботи тахассуси ба сараудиторони Палатаи хисоб

Ба номзад ба вазифаи сараудитори Палатаи хисоб талаботи зерин пешниход мегарданд:

– доштани танхо шахрвандии Чумхурии Точикистон;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1426)

– донистани забони давлати;

– тахсилоти оли дар сохаи иктисод ё хукук;

– собикаи кории на камтар аз панчсола дар сохахои ба вазифахои Палатаи хисоб алокаманд;

– синни на камтар  аз сисола;

– надоштани доги суди.

Моддаи 13. Тартиби ба вазифа таъин намудани сараудиторони Палатаи хисоб

(КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

Сараудиторони Палатаи хисоб бо пешниходи Президенти Чумхурии Точикистон аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ба мухлати хафт сол ба вазифа таъин карда мешаванд. Сараудиторони Палатаи хисоб наметавонанд ба ин вазифа зиёда аз ду маротиба таъйин карда шаванд. (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

Моддаи 14. Боздоштан ва катъ гардидани ваколатхои раис ва муовини раиси Палатаи хисоб

  1. Ваколатхои раис ва муовини раиси Палатаи хисоб дар холати мавчуд будани яке аз асосхои зерин боздошта мешаванд:

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бедарак гоибшуда эътироф шуда бошанд;

– бинобар вазъи саломати муддати тулони ухдадорихои худро ичро карда натавонанд;

– ба сифати номзад ба вакили макомоти намояндагии хокимияти давлати ба кайд гирифта шуда бошанд.

  1. Карор дар бораи боздоштани ваколатхои раис ва муовини раиси Палатаи хисоб аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад.
  2. Раис ва муовини раиси Палатаи хисоб пеш аз мухлат бо пешниходи Президенти Чумхурии Точикистон аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар холатхои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:

– дар асоси ариза бо хохиши худ;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– бинобар вазъи саломати ё бо сабабхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ичро карда натавонистани ухдадорихои хизмати;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– катъ гардидани шахрвандии Чумхурии Точикистон ё сохиб шудан ба шахрвандии давлати дигар;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1426)

– эътибори конуни пайдо кардани хукми айбдоркунандаи суд нисбати у;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– эътибори конуни пайдо кардани халномаи суд дар бораи махдуд намудани кобилияти амал ё гайри кобили амал эътироф шудани у;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– эътибори конуни пайдо намудани карори суд дар бораи татбик гардидани чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– вафот ё эътибори конуни пайдо намудани карори суд дар бораи фавтида эътироф гардидани у;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– ба кори дигар гузаштан;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– расидан ба синни нафака;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– нафакагири Чумхурии Точикистон ё давлати хоричи будан;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– машгул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи у номувофик аст;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– риоя накардани тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо.  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

Моддаи 15. Боздоштан ва катъ гардидани ваколатхои сараудиторони Палатаи хисоб

  1. Ваколатхои сараудиторони Палатаи хисоб дар холатхои мавчуд будани яке аз асосхои зерин боздошта мешаванд:

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бедарак гоибшуда эътироф шуда бошанд;

– бинобар вазъи саломати муддати тулони ухдадорихои худро ичро карда натавонанд;

– ба сифати номзад ба вакили макомоти намояндагии хокимияти давлати ба кайд гирифта шуда бошанд.

  1. Карор дар бораи боздоштани ваколатхои сараудиторони Палатаи хисоб аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад.
  2. Сараудиторони Палатаи хисоб пеш аз мухлат бо пешниходи Президенти Чумхурии Точикистон аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар холатхои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:

– дар асоси ариза бо хохиши худ;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– бинобар вазъи саломати ё бо сабабхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ичро карда натавонистани ухдадорихои хизмати;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– катъ гардидани шахрвандии Чумхурии Точикистон ё сохиб шудан ба шахрвандии давлати дигар;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1426)

– эътибори конуни пайдо кардани хукми айбдоркунандаи суд нисбати у;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– эътибори конуни пайдо кардани халномаи суд дар бораи махдуд намудани кобилияти амал ё гайри кобили амал эътироф шудани у;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– эътибори конуни пайдо намудани карори суд дар бораи татбик гардидани чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– вафот ё эътибори конуни пайдо намудани карори суд дар бораи фавтида эътироф гардидани у;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– ба кори дигар гузаштан;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– расидан ба синни нафака;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– нафакагири Чумхурии Точикистон ё давлати хоричи будан;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– машгул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи у номувофик аст;  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

– риоя накардани тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо.  (КЧТ аз 30.05.2017 с., №1425)

Моддаи 16. Талаботи тахассуси ба рохбари дастгохи Палатаи хисоб

Ба номзад ба вазифаи рохбари дастгохи Палатаи хисоб талаботи зерин пешниход мегарданд:

– доштани танхо шахрвандии Чумхурии Точикистон;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1426)

– донистани забони давлати;

– тахсилоти оли;

– собикаи кории на камтар аз панчсола дар вазифахои рохбарикунандаи вобаста ба идоракунии маъмури ё молияви дар макомоти давлати;

– надоштани доги суди.

Моддаи 17. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани рохбари дастгохи Палатаи хисоб

Рохбари дастгохи Палатаи хисоб аз чониби Раиси Палатаи хисоб бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Моддаи 18. Кормандони дастгохи Палатаи хисоб

  1. Дастгохи Палатаи хисоб аз чумлаи мутахассисон ва дигар кормандон ташкил карда мешавад.
    2. Рохбарии умумии дастгохи Палатаи хисоб аз чониби рохбари дастгох амали карда мешавад. Хукук, ухдадорихо ва масъулияти кормандони Палатаи хисоб тибки Конуни мазкур, Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи хизмати давлати”, конунгузории мехнат ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 19. Кодекси одоби Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон

  1. Раис, муовини раис, сараудиторон ва кормандони Палатаи хисоб ухдадоранд Кодекси одоби Палатаи хисоби Чумхурии Точикистонро, ки коида ва меъёрхои рафтори кормандони Палатаи хисобро хангоми амали намудани ваколатхо ва вазифахои хизмати ба танзим медарорад, риоя намоянд.
  2. Раис, муовини раис, сараудиторони Палатаи хисоб баъд аз таъини онхо ба вазифа дар чаласаи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон бо мазмуни зайл савганд ёд мекунанд:

“Ман, (насаб, ном ва номи падар), ба ичрои ваколатхои раиси (муовини раиси, сараудитори) Палатаи хисоб шуруъ намуда, бо арзи садокат ба Чумхурии Точикистон савганд ёд мекунам. Конститутсия Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро риоя намуда, поквичдонона, бегаразона ва ба дарачаи баланди касби вазифахои худро ба манфиати давлат ва мардуми Точикистон ичро менамоям. Агар хамин савганди ёдкардаамро вайрон кунам, дар назди конунхои Чумхурии Точикистон чавобгар мебошам”.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1426)

  1. Аз чониби раис, муовини раис, сараудиторон ва кормандони  Палатаи хисоб ичро накардани коидахои Кодекси одоби Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон боиси чавобгарии онхо тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад.

БОБИ 4. МАКСАДИ САНЧИШХОИ АУДИТОРИ ВА ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРИИ ПАЛАТАИ ХИСОБ 

Моддаи 20. Максади санчишхои аудитори

Максади гузаронидани санчишхои аудитори аз чониби Палатаи хисоб инхоро дар бар мегирад:

– арзёбии мувофикати истифодабарии захирахои давлатии бучети ва захирахои дигар ба конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бучети давлати ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– арзёбии харидории сарфакорона ва истифодабарии самараноки захирахои давлати барои комёбшави ба максадхои дар бучети давлати пешбинишуда ва натичанокии харочоти маблагхои бучети.

Моддаи 21. Методологияи аудит

  1. Палатаи хисоб барои амалигардонии фаъолияти аудитории худ  методологияи заруриро тахия ва татбик менамояд, аз чумла:

– дастурамал оид ба гузаронидани санчишхои аудитори, ки методикаи Палатаи хисоб  дар сохаи аудитро дар бар мегирад;

– стандартхои аудит бо назардошти тачрибаи пешрафтаи байналмилали.

  1. Методологияи аудит кисми таркибии Дастури Палатаи хисоб мебошад.

Моддаи 22. Мазмуни фаъолияти аудитории Палатаи хисоб

  1. Палатаи хисоб санчишхоро, ки аз мархилахои зерин иборатанд, мегузаронад:

– банакшагирии санчишхои аудитори;

– ичрои корхои аудитори дар махалхо;

– омода намудани хулосахои аудитори;

– назорати бартараф намудани камбудихои аз тарафи аудиторхо ошкоршуда.

  1. Палатаи хисоб накшаи санчишхои аудиториро барои соли оянда тахия менамояд, ки дар он ташкилотхо (ё сохторхои ташкилотхо) ва намудхои фаъолияти онхо, ки бояд санчида шаванд, нишон дода мешаванд. Палатаи хисоб хукук дорад илова ба накшаи санчишхо, санчишхои гайринакшави гузаронад.
  2. Хангоми муайян намудани мавзуъ ва намуди санчиши аудитори, ки бо истифодаи муносибат дар асоси арзёбии таваккал ичро мешавад, Палатаи хисоб меъёрхои зеринро ба назар мегирад:

– ахамиятнокии мавзуи санчиши аудитори;

– дарачаи таваккал, ки  ба амалиёти мазкур хос аст;

– мухлате, ки аз лахзаи анчом ёфтани санчиши кабли гузаштааст;

– хачми маблагхои бучети, ки ба ташкилот ё барномаи мазкур чудо карда мешаванд;

– норасоихо дар низоми идоракунии дохили, ки дар чараёни санчиши кабли аз чониби Палатаи хисоб  ё дигар идорахои санчиши  ошкор карда шудаанд.

  1. Барои хар як санчиши аудитори сараудиторон мустакилона ё якчоя  лоихаи накшаи гузаронидани аудитро тартиб медиханд, ки сипас ба Хайати мушовараи Палатаи хисоб  барои тасдик пешниход мегардад.
  2. Дар хар як накшаи гузаронидани санчиши аудитори максади муайян нишон дода мешавад, ки дар рафти аудит бояд амали карда шавад.
  3. Хангоми зарурат, дар доираи санчиши аудиторие, ки аз чониби  Палатаи хисоб гузаронида мешавад, мумкин аст тахлили  умумии низоми молияви ва низоми идоракунии дохилии ташкилот гузаронида шавад. Максади тахлили мазкур аз мукаррар кардани камбудихои чидди дар низоми молиявии ташкилотхо ва мувофикати хисоботи молияви ба стандартхои хисоботдихи, ки Вазорати молияи Чумхурии Тоикистон тасдик намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 23. Огохкуни дар бораи  аудити гузаронидашаванда

  1. Палатаи хисоб на дертар аз 5 рузи кори рохбари ташкилоти санчидашавандаро дар бораи санаи огози санчиш ва давомнокии он огох мекунад.
  2. Пас аз гирифтани огохинома рохбарияти ташкилоти санчидашаванда барои таъмини  шароити мувофики кори ба кормандони Палатаи хисоб, инчунин дастрасии бемахдуд ба кормандони масъули ташкилоти санчидашаванда ва маълумоти зарури дар тамоми мухлати гузаронидани аудит чорахо меандешад.
  3. Агар сараудиторе, ки барои санчиши мазкур масъул аст, тахмин намояд, ки огохкунии пешаки метавонад барои расидан ба максадхои он тахдид кунад, огохкунии пешаки амали намегардад. Дар ин холат сараудитор ба рохбари ташкилоти санчидашаванда мактуби раиси Палатаи хисобро бо талаби фавран  андешидани чорахо оид ба бетаъхир гузаронидани аудит месупорад.

Моддаи 24. Хукук ва ухдадорихои кормандони Палатаи хисоб  хангоми гузаронидани санчиш, дастраси ба иттилоот,  махфият ва санчиши минбаъдаи бартараф намудани камбудихои аз чониби кормандон нишондодашуда

  1. Санчиш аз тарафи кормандони Палатаи хисоб гузаронида мешавад, ки онро сараудитор рохбари менамояд.
  2. Кормандони Палатаи хисоб ба хамаи хуччатхо, ки дар ихтиёри ташкилоти санчидашаванда карор доранд ва ба акидаи онхо  ба максади аудит алокаманданд, хукуки дастрасии бемахдуд доранд. Онхо хукук доранд ин хуччатхоро нусхабардори намоянд.
  3. Кормандони Палатаи хисоб хукук доранд ба мавчудият ва санчиши шароити нигохдории  арзишхои моддии ташкилоти санчидашаванда, ки дар ихтиёри  ташкилот мебошанд,  новобаста аз он, ки арзишхои мазкур  дар бинохои худи ташкилот  ва ё тахти нигохдории масъули дигар ташкилот карор доранд, бовари хосил кунанд.
  4. Кормандони Палатаи хисоб хукук  доранд аз шахсони масъул шарху маълумоти зарури шифохиро бо дархост барои максадхои хизмати дар хар вакт ба даст оранд. Онхо инчунин метавонанд аз кормандони ташкилоти санчидашаванда пешниходи  маълумотро  дар шакли чадвал ва руйхатхои махсус  талаб намоянд.
  5. Кормандони Палатаи хисоб хукук  доранд  ба бинохои ташкилоти санчидашаванда бо максадхои хизмати хар вакт ворид шаванд.
  6. Агар ташкилоте, ки дар он Палатаи хисоб санчиш мегузаронад, ба кормандони Палатаи хисоб барои пешниходи хуччатхои дархостшуда ва дастраси ба кормандони масъул монеа шавад, сараудитор оид ба ин масъала дархол рохбарияти худро дар шакли хатти огох месозад.
  7. Ба кормандони Палатаи хисоб пахн намудани  маълумоте, ки дар натичаи санчиш дастрас шудааст, манъ аст. Кормандони Палатаи хисоб ухдадоранд ба тамоми маълумоте, ки хангоми аудит ба онхо ошкор гардидааст, хамчун маълумоти махфи муносибат намоянд. Онхо  бо кормандони ташкилоти санчидашаванда танхо он масъалахоеро мухокима менамоянд, ки  ба санчиш муносибати мустаким доранд.
  8. Хуччатхои кори, ки аз чониби кормандони Палатаи хисоб дар чараёни санчиш тартиб дода мешаванд, махфи ба хисоб рафта, моликияти  Палатаи хисоб мебошанд. Нигохдории хуччатхо бояд тавре ба рох монда шавад,  ки шиносоии кормандони ташкилоти санчидашаванда бо мазмуни хуччатхои мазкур гайриимкон бошад.
  9. Пас аз анчоми санчиш сараудитор бояд рохбари ташкилотро аз натичахои санчиш шинос намояд ва дар мавриди рози будани у бо хулоса ва натичаи санчиш ба санади санчиш имзохои худро гузоранд. Дар мавриди рози набудани рохбари ташкилот бо натичаи санчиш ва рад кардани баимзорасонии санади санчиш, сараудитор, ки барои гузаронидани санчиш масъул аст, бо иштироки комиссия санад тартиб дода, ба он имзо мегузорад. Рохбари ташкилот бояд ба таври хатти сабаби рад кардани баимзорасонии санадро асоснок намояд.
  10. Агар аз ташкилоте, ки дар он санчиш гузаронида шуда буд, то мухлати мукарраршуда ба эроду тавсияхо шархи чавоби пешниход нагардад ё ин ки он максади худро дар бораи пурра ё кисман ислох накардани камбудихои дарчгардида изхор намояд, дар ин маврид сараудитор нусхаи хотимавии хулосаро омода намуда, ба он чавоби ташкилоти санчидашударо (агар  он мавчуд бошад) замима мекунад ва онро барои барраси ба Хайати мушовараи Палатаи хисоб пешниход менамояд.
  11. Дар сурати аз чониби Палатаи хисоб ошкор гардидани  холатхои азонихудкуни, исрофкори, тасарруф ва норасоии маблагхои давлати маводхои санчиш ба макомоти дахлдори хифзи хукук фиристода мешаванд.
  12. Дар сурати ризоияти ташкилоти санчидашаванда барои бартараф намудани камбудихо тибки тавсияхои пешниходнамудаи Палатаи хисоб хатман протокол тартиб дода мешавад, ки дар он мухлати ичрои тавсияхои мазкур нишон дода мешавад. Бо максади назорати ичрои тавсияхои пешниходнамудаи Палатаи хисоб ва бартараф намудани камбудихои ошкоргардида сараудитор санчиши минбаъдаи ичрои тавсияхо ва бартараф намудани камбудихоро амали менамояд.
  13. Агар  сараудитор дар чараёни санчиши назорати ба хулоса ояд, ки тавсияхои Палатаи хисоб аз тарафи ташкилоти санчидашуда пурра ё кисман ичро нашудаанд ва камбудихои кайдгардида бартараф нагаштаанд, далелхои мазкур барои барраси ба Хайати мушовараи Палатаи хисоб пешниход карда мешаванд.

Моддаи 25. Хукук ва  ухдадорихои ташкилоте, ки дар он аудит гузаронида мешавад

  1. Шахси мансабдори ташкилоте, ки дар он аудит гузаронида мешавад, хукук дорад:

– вакт ва мухлати гузаронидани аудити самаранок, натичахои он, хулоса ва тавсияхоро (агар онхо мавчуд бошанд) донад;

– ба кормандони Палатаи хисоб, ки хуччати дахлдорро барои гузаронидани аудити самаранок пешниход накардаанд, ичозат надихад;

– асоснокии пурраи хатти дар бораи тамдиди мухлати гузаронидани аудитро дастрас намояд ва дар холате ки агар шахси мансабдор ба хулоса ояд, ки тамдид намудани мухлати гузаронидани аудит беасос аст, ба суд мурочиат намояд;

– чуброни зарарро, ки дар натичаи харакатхои гайриконуни аз чониби кормандони Палатаи хисоб расонида шудааст, талаб намояд;

– дар мавриди харакатхои гайриконунии кормандони Палатаи хисоб, макомоти хифзи хукукро огох созад.

  1. Шахси мансабдори ташкилоте, ки дар он аудит гузаронида мешавад,  ухдадор аст:

– ба кормандони Палатаи хисоб  барои  гузаронидани аудит шароити мусоиди кори фарохам оварда, тамоми маълумоти дархостшавандаро  пешниход кунад, дурусти ва пуррагии маълумотхои мазкурро таъмин намояд;

– ба амалхои кормандони Палатаи хисоб дахолат накунад, онхоро ба иштибох набарад, барои гузаронидани аудит монеа нашавад ва микёси гузаронидани онро махдуд насозад;

– ба кормандони Палатаи хисоб барои гузаронидани аудит ва омузиши хуччатхо дар давоми вакти кори бе катъ намудани фаъолияти ташкилоти санчидашаванда ичозат дихад.

  1. Барои рад ё саркаши намудан аз пешниходи саривактии маълумоти зарури ё хуччатхо тибки талаби Палатаи хисоб, хамчунин пешниходи маълумоти бардуруг ва саркаши аз додани чавоб ба саволхои ба таври конуни додашуда, шахси мансабдори ташкилоте, ки дар он аудит гузаронида мешавад, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад.

Моддаи 26. Чалб кардани экспертхои беруна

  1. Палатаи хисоб барои кумак дар ичрои кори аудитори метавонад аз хизматрасонии экспертхои беруна истифода барад.
  2. Харочоти маблаги хизматрасонии экспертхои беруна аз хисоби сметаи харочоти   Палатаи хисоб  пардохт карда мешаванд.
  3. Интихоби  экспертхои беруна дар доираи тартибе, ки аз чониби раиси Палатаи хисоб пешниход ва Хайати мушовараи Палатаи хисоб тасдик намудааст, амали мегардад.

БОБИ 5. ВАЗИФАХО ВА САЛОХИЯТИ ХАЙАТИ МУШОВАРАИ ПАЛАТАИ ХИСОБ 

Моддаи 27. Вазифахо ва салохияти Хайати мушовараи Палатаи хисоб

  1. Макоми олии Палатаи хисоб Хайати мушовараи Палатаи хисоб мебошад.
  2. Хайати мушовараи Палатаи хисоб Дастури Палатаи хисоб ва мазмуни кори сохахоеро, ки сараудиторон рохбари менамоянд, тасдик мекунад.
  3. Мачлиси Хайати мушовараи Палатаи хисоб аз руи зарурат аз чониби раиси он ё бо талаби аз се як хиссаи аудиторони Палатаи хисоб, вале на кам аз як маротиба дар як мох, даъват карда мешавад.
  4. Хайати мушовараи Палатаи хисоб дар мавриде салохиятнок хисобида мешавад, ки агар дар он на кам аз се ду хиссаи аъзои Палатаи хисоб иштирок дошта бошад.
  5. Хайати мушовараи Палатаи хисоб дар мачлиси худ карор кабул менамояд, ки он аз чониби раиси Хайати мушовара имзо карда мешавад.
  6. Мачлисхои Хайати мушовараи Палатаи хисоб ба таври кушода гузаронида мешаванд. Дар холатхои пешбининамудаи конунгузори ва Дастури Палатаи хисоб мачлисхои пушида низ гузаронида мешаванд.
  7. Хайати мушовараи Палатаи хисоб:

– накшаи кории солона ва тагйиру иловахоро ба накша тасдик менамояд;

– лоихаи сметаи харочоти Палатаи хисобро тасдик менамояд;

– оид ба конеъ гардонидани дархост барои гузаронидани аудити гайринакшави карор кабул мекунад;

– хулосахои аудитории Палатаи хисобро тасдик менамояд;

– Дастури Палатаи хисоб ва дастурамал оид ба тартиби гузаронидани санчишхои аудиториро тасдик мекунад, инчунин ба хуччатхои мазкур тагйирот ворид менамояд

– Кодекси одоби Палатаи хисоби Чумхурии Точикистонро тасдик мекунад;

– хисоботи рохбари дастгохи Палатаи хисобро мешунавад;

– хисоботхои солона ва фосилавии Палатаи хисобро мешунавад;

– тартиби интихоби экспертхои берунаро тасдик менамояд;

– оид ба дигар супоришхое, ки ба аудиторон дода мешаванд, карор кабул мекунад.

БОБИ 6. ХИСОБОТДИХИ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРИ

Моддаи 28. Хисоботдихии солона оид ба фаъолияти аудитори

  1. Палатаи хисоб ба Президенти Чумхурии Точикистон ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хулосаи аудиториро оид ба хисоботи солонаи Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи  ичрои бучети давлати барои соли гузашта пешниход менамояд. Хулосаи Палатаи хисоб бояд аз чамъбастхои зерин иборат бошад:

– ичрои бучети давлати дар асоси конун, сарфакори ва самараноки;

– ба максад мувофик будан ва самараи иктисодии пешбинишудаи тагйирот  дар андозаи  карзи давлатии дохили ва хоричи;

– окибатхои пешбинишавандаи кафолати карзхои аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон пешниходшуда;

– сахехии бахисобгири ва хисоботи молиявии ташкилотхое, ки маблагхои бучети давлатиро харч менамоянд.

  1. Палатаи хисоб хар сол ба Президенти Чумхурии Точикистон ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хисоботи чамъбастиро оид ба фаъолияти аудитории худ пешниход менамояд.

Моддаи 29. Хисоботи даври

Палатаи хисоб хукук дорад ба Президенти Чумхурии Точикистон ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хулосахои аудиториро доир ба масъалахои хусусияти фавридошта, ки кабули чорахои таъхирнопазирро талаб менамоянд, пешниход намояд.

Моддаи 30. Хисоботи солона доир ба фаъолияти Палатаи хисоб

  1. Палатаи хисоб ба Президенти Чумхурии Точикистон ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон на дертар аз охири семохаи аввали соли молиявии навбати хисобот оид ба ичрои бучети Палатаи хисобро пешниход менамояд.
  2. Дар хисобот маълумотхои зерин пешниход мегарданд:

– масъалахои кадри;

– такмили ихтисоси кормандон;

– такмили методологи;

– технологияхои иттилооти;

– масъалахои маблаггузории Палатаи хисоб. 

Моддаи 31. Интишори хулосахои аудитори

Палатаи хисоб хисоботхои худро дар воситахои ахбори омма интишор менамояд. 

БОБИ 7. ХАМКОРИИ ПАЛАТАИ ХИСОБ БО МАКОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВИВА БАЙНАЛМИЛАЛИ 

Моддаи 32. Хамкории Палатаи хисоб бо макомоти назорати давлатии молияви

  1. Палатаи хисоб бо макомоти назорати давлатии молияви ва  вохидхои назорати дохилии молияви дар сохторхои давлати ва гайридавлати, ки пурра ё кисман аз хисоби маблагхои бучети давлати маблаггузори карда мешаванд ё моликияти давлати ба хисоб мераванд, хамкори менамояд.  Барои амали намудани чунин хамкори Палатаи хисоб хукук дорад тамоми хуччатхои зарури ва хулосахои макомоти назорати давлатии молияви ва вохидхои назорати дохилиидоравии молиявиро, ки тайёр карда шудаанд, ба даст орад, бо кормандони онхо машваратхо гузаронад ва мубодилаи маълумот намояд.
  2. Палатаи хисоб ба кормандони макомоти назорати молиявии дохилиидорави барои иштирок дар чорабинихо оид ба такмили ихтисос, ки аз чониби Палатаи хисоб гузаронида мешаванд, ичозат медихад ва низоми коромузиро дар Палатаи хисоб барои такмили ихтисоси кормандони онхо ташкил менамояд.
  3. Палатаи хисоб аудити самаранокии назорати молиявии дохилиидоравиро дар ташкилотхо мунтазам мегузаронад.

Моддаи 33. Хамкории байналмилалии Палатаи хисоб

  1. Палатаи хисоб дар доираи ваколатхои худ хамкории байналмилалиро бо макомоти олии назорати молиявии  кишвархои хоричи амали менамояд.
  2. Бо ин максад Палатаи хисоб:

– ба хамкорихои бевоситаи иттилооти, ташкили, хукуки ва дигар намудхои хамкорихо, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ё созишномахои байналмилали пешбини намудаанд, мусоидат  менамояд;

– дар такмили ихтисоси кадрхо, ки дар макомоти барои гузаронидани аудит вазифадор фаъолият мекунанд, инчунин дар гузаронидани тадкикоти илми дар сохаи аудити беруна кумак мерасонад ва кумак мегирад;

– оид ба лоихахои созишномахои байналмилали, инчунин доир ба ворид намудани тагйиру иловахо ба созишномахои байналмилалии амалкунанда пешниход тахия менамояд;

– дигар ухдадорихоро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

БОБИ 8. САНЧИШХОИ МУСТАКИЛИ ПАЛАТАИ ХИСОБ 

Моддаи 34. Аудити самараноки

  1. Максади аудити самараноки аз сифатан бехтар намудани чараёни идоракунии захирахои давлати дар асоси пешниходи маълумоти пурра, сахех ва бегаразона оид ба фаъолияти ташкилотхое, ки ба раванди бучет чалб гардидаанд, иборат мебошад.
  2. Аудити самараноки хисоботро оид ба масъалахои иктисод, молия, самаранокии фаъолияти амалиёти ва маъмурии Хукумати Чумхурии Точикистон ва хамчунин тавсияхоро оид ба такмили конунгузории бучети ба Президенти Чумхурии Точикистон ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тахия ва пешниход менамояд.
  3. Хисобот метавонад масъалахои зеринро дар бар гирад:

1) масъалахои ба фаъолияти маъмурии бахши давлати, ки нисбат ба он Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон бартарии аудити муайян намудааст;

2) кайдхои мухосиби ва дигар кайдхо, ки аз тачрибаи умумии кабулшудаи пешбурди бахисобгири фарк мекунанд;

3) бахисобгирии нодурусти воситахои давлати, коммунали ё воситахои ташкилоти санчидашаванда;

4) мавчуд набудани кайдхои бахисобгири ва дигар кайдхо ё амалиёти нокифоя барои:

а) хифзи моликияти давлати ё моликияти ташкилоти санчидашаванда;

б) таъмини аудити самараноки оид ба чамъовари ва чойгир намудани маблагхои пули ва пардохтхо.

  1. Вазифахои асосии аудити самараноки инхоянд:

– санчиши назоратии фаъолияти ташкилоти назоратшаванда ва муайян намудани сабабхои гайрисамаранок истифода бурдани маблагхои бучети аз тарафи гирандагони онхо;

– чустучуи тахлили ва муайян намудани алокамандии сабабу натичахои кори макомоти ичроияи хокимияти давлати ва хулосахои он;

– ташаккули таркиби, муайян намудани тавсияхо барои бехтар кардани самаранокии фаъолияти ташкилотхои санчидашаванда;

– ба макомоти конунгузор додани имконияти баходихи ба натичанокии кабули карорхо оид ба танзими раванди бучети;

– таъмини макомоти ичроияи хокимияти давлати бо маълумот ва тавсияхо оид ба баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захирахо.

Моддаи 35. Аудити молиявии Палатаи хисоб

  1. Фаъолияти Палатаи хисоб хар сол аз чониби ширкати аудитории касби бояд тахти аудити молияви карор дода шавад, ки он аз чониби раиси Палатаи хисоб пас аз  гузаронидани озмун (тендер) таъин мегардад.
  2. Ба вазифаи ширкати аудитории мазкур омода намудани хулоса оид ба сатхи риояи санадхои меъёрии хукукии дахлдор аз чониби Палатаи хисоб хангоми харчи маблагхои бучети дохил мешавад.
  3. Хулосаи ширкати аудитори дар мачлиси Хайати мушовараи Палатаи хисоб барраси карда мешавад.
  4. Пардохти хакки хизматрасонии ширкати аудитории касби аз хисоби маблагхои дар сметаи харочоти Палатаи хисоб пешбинигардида амали карда мешавад.

 

Моддаи 36. Баходихии мустакил ба сифати аудитхо, ки аз чониби  Палатаи хисоб гузаронида мешаванд

Ба сифати аудитхое, ки Палатаи хисоб гузаронидааст, дар панч  сол на камтар аз як маротиба бо тартиби мукаррарнамудаи Президенти Чумхурии Точикистон бахо дода мешавад ва хулосаи он ба Президенти Чумхурии Точикистон ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход мегардад.

 

БОБИ 9. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 37. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 38. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

          Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                 Эмомали РАХМОН    

 

ш. Душанбе,

28 июни соли 2011,

№ 749

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Богчаи бачагон (Кудакон) дар Душанбе

Хамаи волидон (падару модарон) дар чустучуи богчахои кудакон (бачагона) -и хуб дар шахри Душанбе –пойтахти …