Главная / Маданият ва санъат / ПАЙДОИШ ВА МОХИЯТИ ДАВЛАТ

ПАЙДОИШ ВА МОХИЯТИ ДАВЛАТ

Пайдоиш, мохият, нишонахо ва навъхои таърихии давлат

Замоне буд, ки дар олам давлат вучуд надошт  Вай дар мархилаи муайяни тараккиёти чамъият ба вучуд омад. То замони пайдо шудани давлат сохти чамъияти ибтидои вучуд дошт. Дар чунин чамъият давлат, хукук, синфхо ва хатто моликияти хусуси набуд. Одамон якчоя мехнат карда, воситахои рузгузарониро ба даст меоварданд. Хама одамон озод ва баробар буданд. Онхо озоди ва манфиатхои якдигарро якчоя хифз мекарданд. Муносибатхои байни одамон дар асоси расму одат ва анъана ба тартиб дароварда мешуданд. Масъалахои мухими хаёти дар мачлиси умумии аъзои ба балогат расидаи авлод хал карда мешуданд. Дохиён ва сардорони харби дар фосилаи чамъомадхо масъалахои чории хаёти чамъиятро идора менамуданд. Онхо нисбат ба дигарон хеч гуна бартарии модди надоштанд. Харвакте, ки зарурат пеш меомад, онхоро интихоб ё иваз мекарданд. Хеч гуна гурухи махсуси одамоне, ки дигаронро расман идора намоянд, вучуд надошт.

Асоси сохти ташкиливу ичтимоии хаёти аъзои чамъиятро чамоаи оилави ташкил медод, ки дар пояи муносибатхои авлоди бунёд ёфта буд. Якчанд авлод муттахид шуда, чамоаи оилавиро ташкил медоданд.

Бо максади юришхои харби, хучум ба кабилахои дигар ва гайрахо якчанд чамоаи оилави муттахид мешуданд, ки асоси онро низ нишонаи авлоди ташкил медод. Ба хамин сабаб чамъияти он замонхоро чамъияти авлоди меномиданд.

Шаклхои асосии фаъолияти хочагии одамонро шикор, мохидори ва чамъ намудани наботот ташкил медоданд. Чунин навъи хаёти хочагиро хочагии азхудкунанда меноманд.

davlat-bayraq

Гузариш аз хочагии азхудкунанда ба иктисодиёти истехсолкунанда бештар ба омилхои хислати экологидошта асос меёбад. Тагйироти номусоиди мухит, нобудшавии намудхои зиёди наботот ва хайвонот, ки одамони чамъияти ибтидои истеъмол менамуданд,ба инкишофи чамъияти ибтидои бетаъсир намонд.

Гузариши мунтазам ба иктисоди истехсолкунанда хаёти одамони чамъияти ибтидоиро дигаргун сохт.

Функсияхои нави идоракуни пайдо шуда, баркароршавии типи нави фаъолияти мехнати ба миён омад.

Инкишофи заминдори зарурати танзим ва бахисобгирии сахми хар як узви чамъияти ибтидоиро ба миён оварда, иштироки онхоро дар ташкили фондхои чамъияти, таксимоти махсулоти истехсолшуда ва

ташкили фондхои гуногун муайян намуд. Пешво дар чамъият таксимкунандаи асосии махсулоти истехсолшуда, назораткунанда ва танзимкунандаи чараёни истехсолот мегардад ва бо гузашти вакт аз омма чудо гардида, вобаста ба мавкеи ишголкардааш имконият пайдо мекунад, ки арзиши изофаи махсулотро аз худ намуда, ба дорандаи моликият табдил ёбад. Бо мураккабшавии истехсолот шахсоне пайдо мешаванд, ки функсияи мушовир, маъмур, амалдор ва гайраро ичро менамуданд.

Хамин тавр, тараккиёти куввахои истехсолкунанда ва таксимоти чамъиятии мехнат (кишоварзи, чорводори, тичорат) боиси ба синфхо чудо шудани чамъият гардид. Дар чамъият тадричан гуруххои сарватманд ва камбизоат ба вучуд омаданд. Рафтарафта зиддияти байни онхо пурзур гардид ва онхое, ки аз чихати иктисоди пуркувват буданд, ба дастгохи махсуси мачбуркуни эхтиёч пайдо намуданд. Хамин тарик, таназзули чамъияти ибтидои огоз гардид. Ба вучуд омадани синфхо, пурзуршавии истисмор ва пайдоиши моликияти хусуси боиси ташкили дастгохи мачбуркуни гардид. Ба сифати чунин дастгохи мачбуркуни факат давлат амал карда метавонист.

Вай дар натичаи тараккиёти дохилии чамъияти ибтидои, пайдоиш ва зиддияти синфхо ва нобаробарии молумулкии аъзоёни чамъият ба миён омад. Вале вайроншавии чамъияти ибтидои дар руи замин ва

тарзи пайдоиши давлатхо бо шаклхои гуногун чараён мегирифт. Давлатхо вобаста ба шароити муайяни таърихи, пайдоиши моликияти хусуси, инчунин тарзу усулхои муборизаи синфхо бо шаклхои гуногун пайдо мешуданд.

Нахустин давлатхо аввал дар Шарк пайдо шудаанд. Кувваи асосии истехсолкунанда ва табакаи бонуфузи ин давлатхо зироатпарварон будаанд. Давлатхои нахустин дар шакли шахр – давлатхо пайдо шудаанд. Онхо бе ягон таркиши ичтимои пайдо шуда, баъдтар ба давлатхои дорои тарзи истехсоли осиёи табдил ёфтаанд. Нахустин давлатхо дар хазорсолаи IV-VII то солшумории милоди дар Хитойи кадим, Байнаннахраин, Месоамерика ва Перуи Кухи дар як вакт ва новобаста аз хамдигар пайдо шудаанд. Дар онхо табакахои нави ичтимои, ба монанди зироатпарварон, хунармандон, рухониён ва идоракунандагон истикомат мекарданд. Дар он давлатхо байни одамон таксимоти молу мулк ва мехнат аник шуда, мазмуни худуди пайдо карда буд. Шахр – давлатхобо мурури замон ба марказхои маъмури, хочаги ва дини табдил ёфта, вазифахои идоракунии давлатро ичро мекарданд.

Пайдоиши давлат дар таърихи башар бо шаклхои дигар низ сурат гирифтааст. Ф.Энгельс дар асари худ «Пайдоиши оила, моликияти хусуси ва давлат» се шакли асосии пайдоиши давлатро нишон додааст: афинаги, рими ва олмони.

Давлати гуломдории Афина шакли классики пайдоиши давлат мебошад. Зеро он дар натичаи инкишофи сохти авлоди, ки асоси онро зиддиятхои синфи ташкил медоданд, бе дахолат ва зуроварии

дохиливу беруни пайдо шудааст.

Давлати Рим низ дар асоси вайроншавии сохти авлоди, бавучудоии моликияти хусуси ва ба синфхои ба хам зид чудо шудани чамъият ба вучуд омадааст.

Вале хусусияти фарккунандаи пайдоиши давлати кадими Рим аз он иборат аст, ки он натичаи муборизаи байни плебейхо ва патрисийхо мебошад. Плебейхо шахсони озод буда, аз авлоди римихо набуданд. Онхо аз махалхои ба зери итоат даровардашуда ва сохиби замин буда, андоз месупориданд ва хизмати харбиро ба чо меоварданд. Патрисийхо асилзодагон ва хокимони авлодии римихо буданд. Плебейхо барои рох ёфтан ба мансаб ва истифода бурдан аз заминхои

давлати ба мукобили патрисийхо муборизаро сар карданд. Ин мубориза боиси суръат гирифтани чараёни ташкилшавии давлати гуломдории Рим гардид.

Давлати олмони шакли дигари пайдоиши давлат мебошад. Вай дар асри V пеш аз милод дар натичаи забт шудани худуди империяи Рим аз тарафи кабилахои олмони ба вучуд омадааст. Кабилахои олмони,

ки дар сохти чамъияти авлоди зиндаги мекарданд, баъди забт намудани худуди империяи Рим онро идора карда натавонистанд. Зеро барои идора кардан дастгохи мачбуркуни лозим буд. Ба хамин сабаб макомоти сохти авлодии олмони базуди ба макомоти давлати табдил ёфтанд.

Мохияти давлат мазмун, таъинот ва мавчудияти давлатро дар бар мегирад ва масъалае мебошад, ки ба ки тааллук доштани хокимияти давлатиро муайян мекунад. Харчанд давлат дар даврахои муайяни

таърихи манфиатхои табака ё синфи хокимро ифода намуда, хукмронии акаллиятро аз болои аксарият таъмин кардааст, вале дар шароити хозира мохияти худро тагйир додааст. Давлат тадричан ба механизми самараноки бартараф намудани мухолифатхои чамъияти на бо рохи зури ва пахш кардани онхо, балки ноил шудан ба рохи созиш табдил меёбад.

Худи мавчудияти давлат дар давраи хозира чандон ба синфхо ва муборизаи синфи алокаманд набуда, бештар ба талаботу манфиатхои умумиичтимои вобаста мебошад.

 

Ин масъала хамкории окилона ва маъмулан осоиштаи куввахои гуногун ва ба хам мухолифро дар назар дорад. Лекин чунин тарзи халли масъала маънои онро надорад, ки давлатхои хозира мохияти

синфии худро пурра гум карда бошанд. Дар шароити нав мохияти синфии давлат ахамияти дуюмдарача пайдо карда, мохияти умумиичтимоии он ба чои аввал баромадааст. Акнун давлатхо фаъолияти худро барои таъмин кардани созиши умумиичтимои ва

идораи корхои чамъият равона месозанд. Бинобар ин, хангоми тахлили мохияти давлат харду омил ё харду пахлуи масъаларо бояд ба назар гирифт. Инкор кардани яке аз ин ду омил мохияти давлатро нопурра ва яктарафа бахо додан аст.

Давлат дорои нишонахои зерин мебошад:

1.Хокимияти оммави (давлати). Хокимиятро барои он оммави меноманд, ки вай бо чамъият як (мутобик) набуда, балки аз номи он, яъне аз номи тамоми халк фаъолият мекунад. Хокимияти оммави

дар симои макомот ва муассисахои давлати, инчунин шахсони мансабдори давлати тачассум ёфта, ба хокимияти давлати табдил меёбад ва ин яке аз хусусиятхои фарккунандаи чунин навъи хокимият

мебошад. Хокимияти давлати ба воситаи макомот ва шахсони мансабдор идоракунии чамъиятро ба рох монда, ба хамин тартиб аз чамъият чудо мешавад ва аз он боло меистад. Давлат якчоя бо макомот ва муассисахои давлати дастгохи махсуси мачбуркуниро

ташкил медихад. Макомоти хокимият ва идоракуни, судхо, прокурорхо, артиш, милиса, макомоти амният ва гайрахо ба сифати чунин макомот ва ташкилотхои давлати фаъолият мекунанд.

 

  1. Ташкили чойгиршавии ахоли дар худуди муайян ва амали намудани хокимияти оммави дар доираи он худуд. Давлат дорои худуди муайяне мебошад, ки дар он худуд сохибихтиёрии давлат ифода меёбад. Ахолие, ки дар ин худуд зиндаги мекунад, шахрвандони он давлат ба хисоб меравад. Фарки давлат аз ташкилотхои гайридавлати (иттифокхои касаба, хизбхои сиёси ва гайра) дар он аст, ки давлат ифодакунандаи манфиати хамаи ахолии мамлакат буда, хокимияти худро нисбат ба хамаи онхо баробар татбик менамояд. Вале ташкилотхои гайридавлати ихтиёран ташкил ёфта, факат як кисми ахолиро дар хайати худ муттахид месозанд.

 

3.Сохибихтиёри нишонаи сеюми давлат мебошад.

Сохибихтиёри дар волоият, мустакилият ва мухторияти хокимияти давлати ифода меёбад. Волоияти хокимияти давлати маънои ба хама умуми будани хокимият, бартарии он ва дорои кудрати мачбуркуни

доштани хокимияти давлатиро ифода менамояд.

Мустакилият ва мухторияти хокимияти давлати чунин маъни дорад, ки давлат дар дохили мамлакат ва берун аз он хукуки ба таври мутлак ва озодона хал намудани хама гуна масъалахоро дорад.

 

4.Алокамандии давлат ва хукук. Давлат бе хукук вучуд дошта наметавонад. Хукук давлат ва хокимияти давлатиро ба расмият дароварда, бо хамин рох онро конуни (расми) мегардонад. Давлат вазифахои худро ба шакли хукуки амали менамояд. Хамзамон бо ин, хукук фаъолияти давлат ва хокимияти давлатиро дар доираи конуният мушаххас намуда, тобеияти онхоро ба низоми хукукии мушаххас таъмин мекунад. Дар ин гуна холати тобеияти давлати ба хукук давлати демокративу хукукбунёд ташкил меёбад.

Хамин тавр, давлат ташкилоти хокимияти сиёсии чамъият мебошад, дорои дастгохи махсуси мачбуркуни буда, салохияти худро дар худуди муайян амали менамояд. Вале чунин мафхум низ ба монанди мафхумхои дигари давлат нисбатан шарти буда, танхо нишонахои хукукии давлатро ифода менамояд ва мохияти пурраи ин институти мураккабро дар бар намегирад.

Дар таърихи бисёрасраи инкишофи инсоният давлатхои зиёде якдигарро иваз намудаанд. Бинобар ин, навъхои таърихии давлат низ гуногун мебошанд.

Онхоро ба навъхои таърихии давлатхои Шарк, гуломдори, феодали, капиталисти ва сотсиалисти чудо менамоянд. Давлатхои кадимаи шарки (Миср, Бобулистон, Хитой, Хиндустон ва гайра) кариб 5 хазор

сол пеш дар минтакахои дорои заминхои оби пайдо шудаанд. Асоси иктисодии ин давлатхоро моликияти давлат ба замин ва иншооти оби ташкил медод. Дар ин давлатхо хамчун анъана ба синфхо чудошавии

чамъият вучуд надошт. Дар онхо анъанахои мавчудбуда накши калон мебозиданд. Бисёр давлатхои кадимаи Шарк асрхои дароз бе тагйир мемонданд ва ба ин сабаб инкишоф намеёфтанд. Сохтори хокимияти

давлати дар онхо шакли истибдоди дошта, тамоми хокимият ба як шахс – шох ё амири мутлак ба таври мероси карор дошт, ки бо ёрии дастгохи пуркуввати бюрократии харби идора карда мешуд.

Дар давлати типи гуломдори диктатураи гуломдорон аз болои гуломон, дар давлати типи феодали хукмронии феодалхо аз болои дехконон ва дар давлати капиталисти хокимияти буржуазия аз болои

синфи коргар таъмин карда мешуд. Дар баробари сарнагун шудани сохти буржуази ва иваз шудани он ба навъи давлати сотсиалисти диктатураи синфи коргар ба вучуд омад.

Давлати гуломдори аслихаи гуломдорон барои истисмори табакаи гуломон буд. Он манфиати гуломдоронро мухофизат карда, хама гуна мукобилияти гуломонро пахш менамуд, хукмронии аккалиятро аз

болои аксарият таъмин мекард. Гулом аз хама гунна хукуку озодихо махрум буда, хамчун хайвон хариду фуруш карда мешуд. Чунин холат боиси норозигии гуломон гардида, муборизаи онхоро бар зидди со-

хти мавчуда тадричан пурзур мекард. Дар натичаи шуришхои пайдархами гуломон пояхои давлати гуломдори суст шуда, барои гузаштан ба навъи давлатдории феодали замина мухайё мегардид. Охистаохиста давлати гуломдори ба давлати феодали иваз шуда, чамъияти гуломдори ба чамъияти феодали табдил ёфт.

Гузариш ба давлати феодали давраи дуру дарозро дар бар гирифта, танхо дар асрхои V-VI милоди аввалин давлатхои феодали ба вучуд омаданд. Дар ин чамъият заминдорон ва дехконон табакахои асоси

ба хисоб мерафтанд. Заминдорон табакаи истисморкунанда ва дехконон табакаи истисморшаванда ба хисоб мерафтанд. Феодалхо, ки сохиби замин буданд, дар айни замон сохиби хокимияти сиёси ба

шумор мерафтанд. Давлати феодали хамчун воситаи аз тарафи феодалхо пахш намудани мукобилияти дехконон буд. Вазифаи ин навъи таърихии давлатдори таъмин намудани хукмронии феодалхо аз болои дехконон буд. Тезутундшавии муборизахои синфи дар давлатхои феодали бо шуришхои зиёде меанчомид.

Дар ин маврид шумо аз таърих шуришхои Степан Разин ва Йемелян Пугачевро дар Россия, шуриши Восеъро дар Бухорои Шарки дар асри XIX ва гайрахо хондаед. Ин муборизахо боиси бархам хурдани давлати феодали ва ба чои он барпо гардидани давлати капиталисти гардидаанд. Давлати капиталисти бо дарачаи нисбатан баланди инкишофи худ аз навъхои давлати гуломдори ва феодали фарк мекунад. Дар чунин давлат ду синфи бо хам зид – коргар ва буржу-

азия вучуд дошт. Бо мурури таракки кардани капитализм зиддияти байни раванди истехсолоти хислати чамъиятидошта ва шакли хусусии азонихудкунии он пурзур мегардад. Истисмори коргарон торафт

шиддат гирифта, норозигии онхо аз сохти мавчуда меафзуд. Дар натичаи инкилоб ин навъи давлат ба давлати сотсиалисти иваз гардид.

Инкилоби Октябри соли 1917 дар Россия барои бунёди давлати навъи сотсиалисти дар чахон замина гузошт. Чумхурии мо, ки ба хайати давлати Шурави дохил мешуд, дар катори дигар чумхурихои иттифоки барои барпо намудани давлати сотсиалисти саъю кушиш менамуд.

Давлати Шурави ду мархаларо тай намуд. Мархалаи диктатураи пролетариат, ки аз октябри соли 1917 то пурра ва катъиян галаба кардани сотсиализм, яъне охири солхои 50-ум ва аввали солхои 60-умро дар бар мегирад ва мархалаи дуюм – давраи ташаккули давлати умумихалки мебошад. Агар дар мархалаи аввали инкишоф давлати сотсиалисти иродаи синфи коргарро ифода карда бошад, пас дар мархилаи дуюм мохияти он ифода кардани иродаи оммаи халк мебошад.

Дар охири соли 1991 Иттиходи Чумхурихои Шуравии Сотсиалисти бархам хурд. Дар арсаи чахон ташкилоти нав – Иттиходи Давлатхои Мустакил созмон дода шуд. Таъсисдихандаи ИДМ 11 чумхурии собик Иттиходи Чумхурихои Шуравии Сотсиалисти, аз чумла: Арманистон, Белоруссия, Казокистон, Киргизистон, Молдавия, Озарбойчон, Россия, Точикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Украина буданд.

Дар соли 1993 Гурчистон низ узви ИДМ гардид. Созишнома оид ба созмон додани Иттиходи Давлатхои Мустакил аз 8 декабри соли 1991, Протокол ва Эъломияи Иттиходи Давлатхои Мустакил аз 21декабри соли 1991 ва Оинномаи Иттиходи Давлатхои Мустакил аз 22 январи соли 1993 санадхои таъсисии ИДМ мебошанд. Иттиходи Давлатхои Мустакил мувофики хуччатхои таъсиси, Оиннома ва фаъолияти амалии худ ташкилоти минтакавии байналмилали мебошад. Вай дар асоси шартномаи байналмилали аз тарафи давлатхои мустакил таъсис дода шудааст. ИДМ бо максади хамкори дар сохахои сиёси, иктисоди, гуманитари, фарханги ва гайрахо барпо карда шудааст. Дар хуччатхои таъсисии ин ташкилот зарурати хамкорихо дар сохаи таъмини сулх ва бехатари, андешидани чорахо оид ба кам кардани силох ва харочоти харби, бархам додани силохи ядрои ва дигар силоххои катли ом, ноил шудан ба беярокгардонии умуми ва пурра махсус таъкид шудааст.

Давлатхои аъзои ИДМ дар назди худ вазифа гузош таанд, ки инкишофи хаматарафаи давлатхоро дар доираи фазои ягонаи иктисоди, инчунин кооператсия ва интегратсияи байнидавлати ба рох монанд.

Бо максади харчи самаранок хал кардани ин вазифа кишвархои аъзои ИДМ мохи сентябри соли 1993 оид ба барпо намудани Иттиходи иктисоди шартнома  бастанд. Барои амали намудани максадхои гузошташуда кишвархои аъзои ИДМ ба хулоса омаданд, ки фаъолияти худро дар асоси принсипхои баробари, эхтироми сохибистиклолият, истифода набурдани кувва ё тахдиди он, ягонагии каламрави давлатхо, хал намудани бахсхо бо рохи осоишта, дахолат накардан ба корхои дохили ва беруни, таъмини хукук ва озодихои инсон, хамкории байни давлатхо, ичрои софдилонаи ухдадорихои аз руи хуччатхои Иттиход ба зимма гирифтаашон ва гайра ба рох мемонанд.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …