Главная / Биология / ПАЙДОИШИ ШИРХУРХО

ПАЙДОИШИ ШИРХУРХО

Хусусиятхои сохт ва афзоиши ширхурхои тухмзой ба хазандахо наздик эудани онхоро нишон меднхад. Ширхурхои тухмзой бар хилофи дигар ширхурхо макьад доранд. Харорати баданашон 24- 34 дарача буда, тагйирёбанда аст. Тухмашон ба тухми хазандахо монанд мебошад.

Ширхурхои хозира бо баъзе хазандагони мункаризшуда (бо намояндагони сусморхои даррандадандон) бисёр монанди доранд, зеро онхо хам дандонхои пеш, ашк ва курси доштанд.

Дар ширхурхои аввалин инкишоф ёфтани пашм кярорати баданро доими гардонд ва дертар дар онхо гадудхои шири
инкишоф ёфта, мархилаи охирини ширхурхо — зиндазоии насл пайдо шуд.

Расми 45. Намояндахои ширхурхои Точикистон 1 Паланги барфи: 2. Калпамуши оби: 3. Куршабпарак; 4. Бузи шохпарма; 5. Хсрпушт; 6. Кундузи обй; 7. Чайра; 8. Сугур.
Расми 45. Намояндахои ширхурхои Точикистон 1 Паланги барфи: 2. Калпамуши оби: 3. Куршабпарак; 4. Бузи шохпарма; 5. Хорпушт; 6. Кундузи обй; 7. Чайра; 8. Сугур.

Синфи ширхурхо ба якчанд катор таксим мешавад.

  1. Катори ширхурхои хашаротхур. Намояндахои ин катори ширхурхо таърихан дар охирхои давраи геологии бурохаксанги пайдо шудаанд. Дар онхо магзи cap нисбатан хурд буда чуякхо надошт. Дандонхо низ нагз инкишоф наёфта буд.

Фуки онхо ба хартумчаи харакатнок монанд буда, гадудхои буйфахми доштанд.

Хачми бадани ширхурхои кашаротхур нисбат ба дигар ширхурхо хурд аст. Намояндагони онхо курмуш, заминкоб, хорпушт буда, дар айни замон ба гайр аз Австралия ва Америкаи Чануби боз дар дигар китъахо пахн шуда, хаёти румзамини, кабати замини, оби ва рундарахти мегузаронанд.

Курмуш кисми зиёди умрашро дар зери хок гузаронда, кирми лойхурак ва кирминаи хашаротро мехурад. Вай заминро бо пойхои пешаш мекобад. Панчаи он ба белчаи хокандоз монанд аст. Баданаш бо муйхои гуллшо зич пушидааст, ки заррахои хок ба он намедарояд. Узвхои шомма ва ломисаашон нагз инкишоф ёфтааст. Чашмхои номукаммали онхо дар зери муйхо пинхон буда, факат равшаниро аз торикй фарк мекунаду халос. Курмуш суфраи гуш надорад.

Бахорон курмуши модина 3-5 насли хурди барахнаю нобино зоида, онхоро кариб 1 мох шир мемаконад.

Курмуш гамбускхои саври ва кирмаки хашаротро хурда, фоида мерасонад, вале кирми лойхуракро хурдану решаи растанихоро хоидан, ба руйи алафзор хоктуда хосил карданаш зараонокии вай аст. Пусти муинаи курмуш барои духтани телпак, палто, гиребон хуб аст, валс арзиши он хеле кимат меафтад.

Хорпушт муйхои шаклдигаркарда (сих) дорад, вале дар зери шикамаш пашм хаст. Пойхояш кутох буда, суст харакат мекунад. Хорпушт аз хатар лунда мешавад. Вай хайвони шабгард буда, чашмони хурди бино дорад. Дар он узвхои сомеа ва шомма нагз инкишоф ёфтаанд. Хуроки асосиаш хашарот мебошад, ки вайро аз таги баргу алафхои хазон ёфта мехураду фоида мерасонад. Хорпушт гайр аз нн, кирми лойхурак, курбокка, муш, мор, инчунин тухми паррандаро мехурад, ки ин зарари вай асг. Хорпушт дар зимистон ба паногохе даромада, дуру дароз хоб мекунад. Дар ин Вакт харорати баданаш паст шуда, кам нафас мегирад, дилаш суст кор мекунад, то бахор карахт тпуда хоб меравад.

Заминкоб ба муш монанд буда, сари хартумчадору чашми майда дорад. Баданаш то 10 см дарози дошта, рангаш хокистари аст. Заминкоб аз минтакаи тундра то минтакаи биёбон пахн шуда, хашаротро мехурад. Вай пойхои кутохдошта, чолоку серхаракату пурхур мебошад ва дар як шабонаруз 2,5-4 баробар аз вазни худ зиёд хурок мехурад.

  1. Дар катори ширхурхон дастбол куршабпарак ягона ширхурест, ки кобилияти парвоз кардан дорад. Куршабпарак дар ангушти дарози пойхои пеш пардаи мулоими ёзандаи пустй дорад, ки он ба дарозии тана то ба пойхои акибу дум мерасад. Куршабпарак дар вакти парвоз бол мезанад. Дар ин холат ангуштонаш ба ду тараф пахн мешаванд, пардаи белшакл меёзад. Мушакхои кафаси синааш нагз инкишоф ёфта, устухонаш зиншакл мебошад. Устухонбандаш сабук аст. Гуши дароз дорад. Куршабпарак ширхури даррандаи шабгард буда, хурокаш хашарот аст. Хашаротро дар хаво чустучу карда, бо дахонаш чолокона медорал. Кобилияти дар торики рох ёфтани куршабпарак аз кадим диккати олимонро чалб кардааст. Рузона куршабпаракхо бо ангуштхои пойхои акиб ба ягон чойи панох (дар таххона холигии бомпуш ё ковокии дарахт) андармон шуда, сарозер овезон меистанд. Вай шабона ба шикор баромада, гамбуск, шапарак ва пашшахоро дошта, бо дандонхои хурди тезаш хоида мехурад.

Дар куршабпарак кувваи босира суст ва кувваи сомеа нагз инкишоф ёфтааст. Агар чашми онро бо пластилин с лейкопластир баста дар фазои хона якчанд тор ё ришта кашем ва ба хар чояш зангулача овезон карда, куршабпаракро cap дихем аз байни хамаи он торхо бехато гузашта ба чое дакка намехурад. Яъне, куршабпарак овозхои маълум ва хатто ултрасадохоро ба осони пай мебарад ва аз лаппиши тор зангулача ларзида садое мебарорад, ки мо намешунавем, овозро пешаки хис мекунад ва равиши харакатро тагйир дода, бо рохи бемонеа гузашта меравад.

Баъд аз саршавии хунуки куршабпарак ба хоби зимистони меравад ё ба мамлакатхои гарм парвоз мекунад. Аввали тобистон куршабпараки модина 1-2 насл гузошта, рузхои аввал бачаашро дар болои худ бардошта мегардад.

Гайр аз куршабпараки дарозгуш дар бешахои тропикии Америка дастболи хунмак зиндаги мекунад, ки шабона бо дандонхои тези худ як парча пусти ягон хайвонро канда, хуни чоришударо мемакад.

Дар бешахои тропикии Осиё, Африка. Австралия куршабпараки калоне (сагхои болдор) зиндаги карда, меваи растанихоро мехуранд. Ин хайвон нисбат ба дигар болдастхо калон буда, кушодии болхояш то ба 1,5 м мерасад. Рузона дар шохи дарахгони баланд хоб карда, шабона ба богхои мева хучум мекунад ва ба хочагии ахоли зарар мерасонад. To хол 1050 намуди дастболхо маълум аст.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …