Главная / Биология / ПАЙДОИШИ ОБХОКИХО

ПАЙДОИШИ ОБХОКИХО

Хамаи Обхокихо дар об тухм мегузоранд. Насли аввалашон дар об инкишоф меёбад, ки ба хаёти мохи монанд аст. Олимон хисоб кардаанд, ки обхокихои кадима аз мохиён пайдо шудаанд. Дар байни бозёфтхои палеозоологй мохиёни панчапар маълуманд, ки онхоро ачдоди Обхокихо донистан мумкин аст. Онхо устухонбанди доштанд, чуфти шиноварии онхо барои хазидан дар руйи об мутобик буд. Гайр аз ин пуффаки шиноварии мохиён барои обхокихо сарчашмаи шуш гардид. Холо хам намояндахои мохиёни панчапари кадима дар укёнуси Хинд хастанд.

008

Дар даврахои кадим дар натичаи хушк ё кам шудани об як кисми мохиёни панчапар аз як обанбор ба дигар обанбор рафта ба хаёти нимхушкию нимоби мутобик мешуданд ва хурокашойро аз хушки низ пайдо мекарданд ва аз хавои атмосфера нафас мегирифтанд. Дар натича чуфти шиновари пешашон ба пойи пеш пуффаки шиновариашон ба шуш, дили духонагиашон ба сехонаги табдил ёфтаанд. Бо дигар шудани иклим ва мухити зиндаги бадани Обхокихои кадима хурд шуда, намудхои онхо хеле кам боки мондааид. Хамин тарик дар муддати 200 миллион сол Обхокихо инкишоф ёфта, якчанд Намудхои он то ба замони мо омада расидаанд.

Савол ва супоришко:

  1. Дар бораи пайдоиши обхокихо маълумот дихед.
  2. Оид ба мушак, устухонбанди ва сохти асаби обхокихо накл кунед.
  3. Узвхои дарунии обхокихоро номбар кунед.
  4. Дар хусуси ахамияту зарари обхокико мисолхо биёред.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …