Главная / Биология / ПАЙДОИШИ ХАЁТ БО ТАСАВВУРОТИ ХОЗИРАИ ОДАМОН

ПАЙДОИШИ ХАЁТ БО ТАСАВВУРОТИ ХОЗИРАИ ОДАМОН

Маълум аст, ки нишонахои асоси ё хосиятхои хаёт муайян набошанд, масъалаи пайдоиши хаётро хал кардан мумкин нест. Агар мо дар бораи таркиб, сохт ва равандхое, ки дар организми зинда мегузаранд, маълумоти кофи дошта бошем, пас бечуну чаро оиди он даврае, ки хаёт метавонист пайдо шавад ва омилхое, ки ба пайдоиши он оварда мерасонданд, тасаввурот хосил карда метавонем.

hayot

Бешубха, ин масъалаи мушкилтарини биологияи замони хозира мебошад, махсусан, агар ба назар гирем, ки пайдоиши хаёт аз даврахои муайяни таърихи Замин ибтидо гирифта, омузиши он душвор аст.

Дар раванди инкишофи олами модди метавон эволютсияи биологиро чунин тасаввур кард. Барои фахмидани ин моро зарур аст, ки роххои табдилёбии моддаро аз ибтидои хосилшавии моддаи гайриорганики дар фазои кайхон то ташкилёбии системаи сайёрахо мушохида бисозем.

Эволютсияи элементхои химияви дар фазои кайхон Фазои байни ситорахо гуфта чиро мегуянд? Кадом равандхо дар он мегузаранд? Чавоб ба ин ва саволхои дигари ба инхо монандро дар хамбастагии ду фан – химия ва нучум (астрономия) чустучуй кардан лозим аст.

Спектроскопия нуктаи мухимтарини алокамандии нучум ва химия мебошад. Тахлили рушноии ситорахои нурпоши кайхон дар бораи таркиби химиявии онхо маълумоти гани медихад. Аз тахкики тайфхо (спектрхо) нафакат элементхои химиявиро муайян кардан мумкин аст, балки маълумотхои дигар, масалан, дар бораи хароратро низ ба даст овардан имкон дорад. Шиддати хати элементро мукоиса карда, харорати манбаъро чен кардан мумкин аст. Дар натичаи чен кардани шиддатнокии нисбии хатхои асосии тайфи бошад, мавчудияти хар як элементи химиявиро метавон муайян намуд.

Аз охири асри XIX инчониб олимон дар кайхон зиёда аз 2 млн. тайф (спектр)-и 15 хазор ситора ва офтобро ба кайд гирифтанд. Онхо дар асоси нурпошии ситорахо ба хулосае омаданд, ки дар хама чои кайхон элементхои химияви баробар вучуд дошта, конунхои ягонаи физикави амал мекунанд.

Гидроген дар кайхон элементи аз хама зиёд пахншуда мебошад. Атоми он аз як протон ва аз як электрон иборат аст.

Агар моддаи нахустини коинот факат аз гидроген иборат мебуд, пас имруз нафакат мавчудият, балки пахншавии элементхои дигари химиявиро низ муайян кардан имкон медошт.

Дар кайхони аввалин, ки аз гидрогени тоза иборат буд, ситорахо хосил шудаанд. Ситорахо аз массаи бузурги дорои кувваи чозиба ва бо хамдигар алокаманд иборат буда, хангомиба вучуд омадани онхо харорат ба дарачае баланд мегашт, ки реаксияи хастаи (ядрои) рух медод. Реаксияи хастаи асоси якчояшавии ядрои атомхои гидроген мебошад.

Массаи хастаи атоми гелий, ки аз ду протон ва ду нейтрон иборат аст, 4,0026 вохиди массаи атомро ташкил мекунад. Зери фишор ва харорати баланд реаксияи омехташавии атомхои гидроген огоз ёфта, чор атоми гидроген ба як атоми гелий омехта мешаванд. Аммо массаи як атоми гидроген ба 1,0079 вазни массаи атоми баробар аст. Пас, чор атоми он 4,0316 вазни массаи атоми дорад. Фарки байни массаи чор атоми гидроген ва массаи як атоми гелий ба 0,029 вазни массаи атоми баробар мебошад.

Мавчудияти баъзе элементхои химияви дар кайхон Ин микдори зиёд нест, аммо махз он кайхонро ба харакат медарорад. Мутобики конуни нигохдории масса ва энергия ин фаркияти масса ба энергияи нурпоши табдил меёбад.

Мувофики муодилаи (баробарии) Эйнштейн, энергия ба хосили зарби масса ба квадрати суръати рушнои баробар аст. Табдилёбии гидроген ба гелий талафи ночизи массаро (0,7% ба хар як атоми гелий) хамрохи карда, микдори хеле зиёди энергия хорич мешавад.

Таъсири хамдигарии минбаъдаи элементхо ба пайдоиши элементхои дигар оварда мерасонад. Эхтимол, реаксияи элементхо байни худ дар хосилшудани молекулахои мураккабтар ва мачмуи онхо – заррачахои гарду чанг ифода меёбад.

Газхо ва заррачахои гарду чанг дар фазои кайхон чамъ гаштани материяи газу чангро таъмин мекунанд.

Мисоли ин гуна чамъои губор (абр)-и азим дар галаситорахои (бурчи) Орион мебошад. Ин губорнокиро дар мавзеи «шамшер»-и Орион тавассути дурбин дидан мумкин аст.

Кутри (диаметри) галаситорахои Орион 15 соли рушнои буда, хамон кадар газу чангро дар бар мегиранд, ки онхо барои хосил гаштани 100000 ситорахои хачмашон баробари Офтоб кифояанд. Яке аз чунин губорнокихои зиёд дар галактикаи мо – Рохи Кахкашон буда, кутри он 100000 соли рушноиро дарбар мегирад.

Реаксияи синтези хастаиро дар мисоли омехташавии атомхои гидроген дидан мумкин аст, ки дар натича атоми гелий пайдо мешавад.  Губорнокии Орион аз Замин дар масофаи 1500 соли рушнои чойгир аст ва губорнокии наздиктарин ба сайёраи мо мебошад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

7-2

ГАСТРУЛЯТСИЯ ЧИСТ?

Бластула аз микдори зиёди бластамерахо иборат буда (масалан, дар нештаршаклхо аз 3000 хучайра), дар рафти …