Главная / Илм / ПАХТА дар Канзи Шифо (Китоб)

ПАХТА дар Канзи Шифо (Китоб)

paxta-660x330Пахта — ин зироати машхур ва хеле кадим аст. Таърихаш хазорхо солро дар бар мегирад. Ду навъ мебошад: яке пахтаи сафед медихад, ки нихолаш сершох мебошад ва дар хар шохе мувофики куввати заминаш кусакхо дорад, ки ин самараш кариб кулула мебошад. Дигаре бешох, рост ва баланд мехезад, вале кусаки ин нисбатан майдатар ва дарозаки нугдор — наххои ин нисбатан махинтар ва дарозтар аст.

Одатан чигити инхо кишта мешаванд, аз замин нихоли нав дубаргашавон бармеояд ва баъд баргхои мукаррари зохир намуда, бо мурури рузхо шона мебандад, гул мекунад, кусак мегирад ва инак, он расида пахтааш мешукуфад. Дар чохои мо пахтаро хар сол як бор аз нав мекоранд, вале дар минтакахои гармо як бор коранд, ду сол хосил медихад. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст; мизочи чигиташ дар дарачаи дувум гарм ва тар; мизочи гулаш гарм ва тар аст, ки илова бар ин боз хислати фарахбахши хам дорад.

Хислатхои шифобахши он: аз гулаш шароб тайёр мекунанд ба ин усул. 400 грамм гули тару тозаашро дар 1,6 килограмм оби борон ё оби мукаттар як шабонаруз тар карда, баъд то сеяки об мондан бо оташи мулоим мечушонанд. Пас хуб молида, аз матоъи бофташ зич гузаронида, соф менамоянду бо 800 грамм канди сафед кивом месозанд. Дар лахзахои охири кивом 2,25 грамм заъфаронро ос карда, дохили он мекунанд. Аз ин таркиб хар руз як бор 70 грамм бо гулоб ё бо бедмишк ва ё бо араки говзабон бихуранд, девонаи навро сихат мебахшад; васвос ва тапидани дил (дилбози), ки аз гарми бошанд ва инчунин хафа (бугма) шудани гулугохи бачадонро ба ибро меоварад. Агар 25 грамми онро бинушанд, аз бисёр хурсанди бахшидан кайф мекунанд ва ба холате кариб ба масти меоварад.

Гули онро ба танхойи ё бо барги тараш якчо куфта гузошта банданд, обила ва сухтагии оташро дафъ мекунад — шифо мебахшад. Агар либоси пахтагин ё либоси пашмин ва абрешимро, ки тор ё пудаш аз пахта бошад, бипушанд, баданро кувват мебахшад, гарм нигох медорад, аъзои баданрохушк ва сахт мегардонад, инчунин барои беморихои вобаста ба холати майна ва асаб, ки монанди: ларзак, сусти ва нотавонии аъзо, фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози), кузоз (столбняк) ва монанди инхо форам ва мувофик аст. Дуди пахтаро дар бини кашанд, зукомро дафъ мекунад.

Пахтаи наддофи кардашударо, яъне бечигитро то сиёх шуданаш сухта, яъне сухтаи онро ба хадди хокистар нарасонида гузошта банданд, варамхоро тахлил медихад, хоришро дафъ мекунад ва сухтагии оташро шифо мебахшад. Пахтаро аз чигиташ чудо карда, даруни захмхои чукуррафтаро аз он пур намоянд, римашро аз чукурии он мекашад ва захмро хушк карда сихат мебахшад. Пахтаро то орд барин махин гаштанаш куфта бипошанд, чарохатхоро хушк ва сихат мекунад. Агар аз ин куфта захмхои кухнаро пур кунанд, гушти хароми онхоро мегудозад ва дафъ месозад, рими онхоро низ аз чохои чукур мекашад.

Пахтаро гарм карда, ба узвхои дардманд ва варамхои сард дар хар узве, ки бошад, гузошта банданд ва муддате хамон тавр бигузоранд, инчунин ба хояхои обфуромада хамин тавр гузошта банданд, дардро дафъ мекунад, варамро тахлил медихад ва оби дар хояхо фуромадаро пароканда мегардонад. Пахтаро куфта, гарм карда, ба руйи барги гармкардашудаи беданчир пахн намуда, ба варами хоя гузошта банданд, онро тахлил медихад. Чигити нав аз пахта чудо кардашударо куфта, андак занчабили куфтаги ва об бар он пошида, гарм карда, чун фатила аз пахта созанду як сари онро ба озаххои мехшакл гузошта, сари дигари онро бисузонанд, ки гарми ва тезии он ба озаххо расад, вале насузад ва то се руз хамин тавр дог кунанд, озах нест мешавад.

paxta-2-768x549

Магзи бепусти чигитро бихуранд, узвхои даруни сина ва шикамро мулоим мекунад, сурфаро, ки аз гарми бошад, дафъ месозад. Агар инро бо дорчини ва шакар бихуранд, бохи (пушти камари) одамони сардмизочро кувват мебахшад, вале агар бо сиканчабин (сиркоасал) бихуранд, барои пуркувват кардани бохи одамони гарммизоч дармон мегардад.

Микдори як бор хурдан аз магзи чигит дар як руз то 23 грамм аст. Равгани чигитро бимоланд, догхои кунчидакро дафъ мекунад ва чарохатхоеро, ки дар рухсора пайдо шуда бошанд, шифо мебахшад. Оби баргхои тару тозаашро ба воситаи куфтан ситонида, аз он об чанд бор 75 грамми (хусусан бо шарбати себ) бинушанд, рафтани даруни кудакон ва гайрикудаконро мебандад.

Баргашро куфта, бо равгани гули сурх сиришта гузошта банданд, никрис (дард ва варами ангуштони дасту похо) ва дардхои дигари луккосзанандаи доимиро шифо мебахшад, ки дар ин бобат давои бемисл аст. Агар барги пахтаро бо барги чилмангуштак (семизут) якчо куфта гузошта банданд, дарди бугумхоро, ки хох аз гарми ва хох аз хунуки бошад, даво мешавад.

Баргхои майдатар ва андак решааш — хардуро дар об чушонида, дар он об занхо то ноф даромада нишинанд, бугмаи бачадонро, ки дафъа-дафъа бехуши меоварад, шифо мебахшад ва дарди ин узвро таскин медихад. Баргхои онро дар соя хушк карда, куфта бипошанд, хуни чарохатро, ки аз буридани тег, расидани тир ва гайра равон бошад, манъ мекунад.

Хар як кисми дарахт ва самари пахтаро куфта гузошта банданд, меъдаро кувват мебахшад, хуни дар узвхои бадан шахшударо тахлил медихад ва онро ба руйи пуст мекашад. Агар як сари шохи пахтаро дар гуш гузоранд ва сари беруни онро бисузонанд, оби ба даруни гуш рафтаро, ки берун оварданаш душвор гашта бошад, ба худ мекашад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …