Главная / Гуногун / Овозаю дарвоза

Овозаю дарвоза

Маъракаи киморбози, ки баъзан аз шом то субх давом мекард, руз аз руз аз авчу барор мемонд. Ва окибат тамоман хунук шуд.

– Бас! Ба дилам зад! – фигон кард Касой ва картахоро пора-пора карда хаво дод.

– Рост! Ба дили ман хам зад! – картахои дасташро даронда гуфт Седой, ки хамаги ду мох пеш аз хабсхона озод шуда буд.

– Хамту гуед! – ба онхо руй овард Храмой.

замони хозира англисиОнхо нафахмиданд, ки вай ин гапро бо тамасхур гуфт ё бо тааччуб. Бо вучуди ин харфе ба забон наоварданд. Дигарон лахзае шах шуданд. Хомушии гароне лангар партофт.

– Ё тавба! – яхи хомуширо Храмой шикаст.

– Чи тавба?! – баробар суи у чашм ало карданд Касойю Седой.

– Хайр, ба дилатон зада бошад, кори табъи дилатонро ёбед, – гуфт Храмой.

– А-а-а, фахмо! – мад кашид Седой.

– Рост! Ягон кори серравган ёфтан лозим, – бо хасрат гуфт Касой.

Вай мохии ба сохил афтода барин худро ба хар тараф мезад. Гох-гохе озмоишкорона ба гушаи чашм ба рафиконаш менигарист. Ва охи сард мекашид.

– Ин кадар худатро обу адо накун, – нохост ба у руй овард Храмой. – Ин руз танхо ба сари мо омадаги не-ку. Душвор, хеле душвор, лекин токат кардан даркор…

– Аз гура халво мепазад-а?!

– Ха, хар як рузи сахт фардои боумед хам дорад.

– Эъ, факат кори ту гапфуруши, – якбора кахри Касой чуш зад. – Чора ёб, чора!

– Эх-х, дар ин замонаи пурмочаро, бесару нуг, чи чора хам меёби, – бо хасрат ох кашид Храмой.

– Баръакс, замонаи мо омадаги! – бо тантана гуфт Седой.

Хама ба у чашм духтанд.

– Ха-ха! Хама сари калобаро гум кардаги. Пишакатро касе пишт намегуяд. Ихтиёр ба дасти Бахтиёр. Дилат чи кашад, мекуни. Ба хонадузди гузаштан лозим.

– Не, – рози нашуд Касой. – Майда-чуида кати овора шудан лозим не, ягон амалиёти калон гузаронидан лозим. Нона гази калонтар газ.

– Рост, рост! – розиги баён намуданд дигарон.

Хама ба андеша рафтанд. Лахзае хама чоро сукунат фаро гирифт.

– Ёфтам! – ногахон дод зад Касой. – Ёфтам!

– Хуш, хуш, кани шунавем, чи будааст он?

– Овоза! – бо тантана нидо намуд Касой.

– Овоза? – хайрон шуд Храмой. – Чи хел овоза? Ё дарвоза будагист?

– Сари каврат будагист! – дуг зад ба у Касой. – Танхо овоза метавонад ба мо ёри дихад.

– О, чи хел овоза? – бо хайрат пурсид Храмой.

– Ба карта овора шуда, аз гапу кори дунё бехабар мондаи, – писхандомез Храмойро маломат намуд Касой.

– Ту бохабар, одам барин фахмотар гап зан, ки фахмам-да, – ранчишомез эрод гирифт Храмой.

– Овоза – яъне вохима, – ба накл шуруъ кард касой. – Ба ягон дехаи бою бадавлат рафта овоза – яъне гапи дуруг пахн мекунем, ки масалан душманхо ГЭС-и Норака кафонда бахра сар медиханд.

– Хайр чи?

– Хайр чи, хайр чи?! Баъд одамон гурехта мераванд…

– Нагурезанд-чи? – шубха кард Храмой.

– Эъ, нодон. Чон хамин кадар ширин, ки бе пайку пойтоба гурехта мераванд.

– Бовар накунанд-чи? – боз шубха кард Храмой.

– Холо эътикоди хама аз садову симо гаштаги. Ба овоза бештар бовар мекунанд.

– Хайр, ана гурехтанд, баъд чи?

– Баъд чи, баъд чи?! – ба газаб омад Касой. – Баъд кор ванг! Онхо он су, ки шуданд, мо бо чанд мошин ба деха даромада, чизу чораашонро руфта мебарем. Як умр кайфу сафо карда мехурем. Фахмо?!

– А-а-а, фахмо! – хандид Храмой ва ин ду мисраро хонд:

                   Мискин хараке орзуи дум кард,

                   Наёфта дум, ду гуш гум кард.

– Агар хамин хел тухм монда зер карда шинем, хам аз думу хам аз гуш мемонем. Амал кардан лозим, амал!

– Рост! Амал лозим! – гуфт Седой, ки то ин дам хап менишаст. – Дар хакикат овоза аз бомбаи атоми хам зуртар аст. Лекин…

– Боз чи лекин?

– Лекин аввал дехаи бойро ёфтан лозим. Баъд овозаро ки пахн мекунад? Одамон метавонанд ба мо бовар накунанд.

– Эъ, хамин хам гап шуд! – бо кахр гуфт Касой. – Ман аллакай ёфтаги.

– Наход? Кани шунавем.

– Деха дехаи Мехнатобод. Одамонаш мехнати, пулу молашон бисёр.

– Кадом Мехнатобод? Дар кишвар чи бисёр дехаи Мехнатобод.

– Мехнатободи нохияи худамон.

– Дар нохияи худамон хам се дехаи Мехнатобод хаст.

– Мехнатободи боло. Дар ин деха ман як таго дорам. “Як таго ба чои хафт падар” гуфтаанд. Бо бовари мегуям, ки тагоям корро панч мекунад. Ба гапи у дусад фоиз бовар мекунанд.

– Рози мешуда бошад? – пурсид Седой.

– Эъ, содда! Пул охана об мекунад. У-ку одам. Боз чи хел одам? Баднафс.

Маслихат пухт. Улфатхо то субх чапак заданд. Ду руз пас дар дехаи Мехнатобод бомба кафид. Овозаи “Бахри Норак хуй шудааст!” чун раъду барк пахн гашт.

– Чони худойи! – гуён, хама хурду калони деха ру ба гурез ниходанд. Фигон андохта, чонхавл медавиданд. Меафтоданду мехестанд ба кафо нимнигохе намекарданд. Гуё хар кадаре аз зходгох, аз деха, аз хонахояшон дур бишаванд, чонашон амон меёфта бошад. Овоза ба чону танашон чунон дахшат андохта буд, ки на санг мегуфтанду на харсанг, на чариву баланди. Дар кух панох ёфтанд. Ду шабу ду рузро бо азоби алим ташнаву гурусна паси сар карданд. Рузи сеюм дарак ёфтанд, ки ин хама овоза дуруг будааст. Бо тарсу ларз ба деха хамиданд. Не, деха дар чояш. Вале ёфту тофташонро руфта бурда буданд…

21 июни соли 1993

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …