Главная / Чамъият / Овехтани либос дар назди тиреза чарима дорад!

Овехтани либос дар назди тиреза чарима дорад!

Дар шахри Душанбе – пойтахти Чумхурии Точикистон барои овехтани либосу палос дар назди утокхои (хонахои) худ ки ин метавон тиреза ва ё айвон (балкон) бошад ва он ба берун намоён бошад чарима дар хачми аз 500 то 2000 сомони мукаррар карда шудааст.

Коидаи нав аз огози соли 2018 инчониб хукми конуниро пайдо кард ва максади он ба шахр додани зебогии шахри мебошад.

libos-730x480«Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки тибки конунхои амалкунандаи Ч.Т., аз он чумла Кодекси манзили Ч.Т. ва Маромномаи сокини пойтахт овехтани либосхо дар балкон ва тирезахо катъиян манъ карда шудааст. Барои риоя нагардидани коидахои истифодабарии биною манзилхои истикомати, нигохубини онхо тибки моддаи 449 КМ ЧТ ба шахсони вокеи ба андозаи аз 500 то 1000 сомони ва ба шахсони мансабдор аз 1500 то 2000 сомони чарима таъин карда мешавад.”

Maruf Muhiddin, як корбари Фейсбук дар гурухи «Ахбор барои афкор” акси як эълонеро, ки дар бинохои истикоматии шахри Душанбе овехтаанд, нашр кард.

Дар ин эълон маъмурияти Муассисаи минтакавии раками 116-уми нохияи Синои шахри Душанбе сокинонро хушдор медихад, ки бар асоси мукаррароти Кодекси манзил ва Маромномаи сокини пойтахт дар балконхо ва тирезахо овехтани либос катъиян манъ буда, барои назорат як комиссияи доимамалкунанда алакай ба кор шуруъ кардааст. Дар ин эълон ба сокинон хушдор дода мешавад, ки барои овехтани либосхо дар балкону тирезахо онхоро метавонанд ба маблаги аз 500 то 1000 сомони ва агар сохиби манзил мансабдор бошад, аз 1500 то 2000 сомони чарима бубанданд.

Матни ин эълон чунин аст:

ТАВАЧЧУХ!!!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки тибки конунхои амалкунандаи Ч.Т., аз он чумла Кодекси манзили Ч.Т. ва Маромномаи сокини пойтахт овехтани либосхо дар балкон ва тирезахо катъиян манъ карда шудааст.

Бинобар ин аз Шумо эхтиромона хохиш менамоем, ки конунхои шахрдориро риоя намуда, аз овехтани либосхо дар балкон ва тирезахо худдори намоед.

Барои гузаронидани рейдхои муштарак аз макомотхои дахлдор комиссияи доимамалкунанда таъсис дода шуда, ба кор шуруъ намудааст.

Барои риоя нагардидани коидахои истифодабарии биною манзилхои истикомати, нигохубини онхо тибки моддаи 449 КМ ЧТ ба шахсони вокеи ба андозаи аз 500 то 1000 сомони ва ба шахсони мансабдор аз 1500 то 2000 сомони чарима таъин карда мешавад. Сокиноне ки такроран коидахои шахрдориро вайрон менамоянд, аз тарафи макомотхои дахлдор мавод тартиб дода шуда, ба чавобгарии маъмури кашида мешаванд.

Сокинони мухтарам, шарафу ифтихори бузург аст, ки мову шуумо сокини шахри Душанбе, пойтахти чумхурии сохибистиклоли Точикистон хастем.

Маъмурияти муассисаи минтакавии раками 116-уми н. СиноТел 2 37 25 51, 909 09 73 17

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …