Главная / Чамъият / Овардани шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, ба чойи тартибдихии протоколи хукуквайронкунии маъмури

Овардани шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, ба чойи тартибдихии протоколи хукуквайронкунии маъмури

Моддаи  60-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Овардани шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, ба чойи тартибдихии протоколи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Овардани шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, яъне ба чойи тартибдихии протоколи хукуквайронкунии маъмури мачбуран овардани шахси ба чавобгарии маъмури кашидашаванда ва намояндаи шахси хукуки бо максади тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури, агар тартиб додани протокол хатми бошад, хангоми гайриимкон будани дар чояш тартиб додани он ва ё шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, хуччатхои муайянкунандаи шахсият надошта бошад ва набудани шохидоне, ки дар бораи вай маълумоти заруриро дода метавонанд, аз чониби шахсони зерин анчом дода мешавад:

– аз чониби шахсони мансабдори макомоти корхои дохили хангоми ошкор шудани хукуквайронкунии маъмури, ки мутобики моддаи 98 Кодекси мазкур парвандахоро оид ба он макомоти корхои дохили барраси менамоянд ё хукуквайронкунии маъмурие, ки макомоти корхои дохили дар бораи он мутобики Кодекси мазкур протокол тартиб медиханд, инчунин хангоми ба онхо мурочиат намудани шахсони мансабдоре, ки барои тартиб додани протоколхои хукуквайронкунии маъмурии муайян ваколатдоранд, хангоми ошкор намудани хама гуна хукуквайронкунии маъмури – ба бинои хизматии макомоти корхои дохили, дигар макомоти ваколатдори давлати ё бинои макомоти худидоракунии шахрак ва дехот;

– аз чониби хизматчиёни харбии Кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон ва шахсони мансабдори посбонии харбикунонидашуда хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури ва расонидани зарар ба молу мулк ё иншооти тахти мухофизаташон карордошта ё суикасд ба чунин молу мулк ё иншоот алокаманд, инчунин бо дохил шудан ба минтакаи тахти мухофизаташон карордошта – ба бинои хизматии макомоти корхои дохили, бинои хизматии посбонон ё бинои хизматии чузъу томхои кисми харби ё бинои хизматии макомоти идоракунии Кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон;

– аз чониби хизматчиёни харбии Кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмурии тибки Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбинигардида дар сохаи хифзи тартиботи чамъияти, тартиби идоракуни, ахлоки чамъияти ва амнияти чамъияти – ба бинои хизматии макомоти корхои дохили ё бинои макомоти худидоракунии шахрак ва дехот;

– аз чониби шахсони мансабдори макомоти Бозрасии давлатии автомобили хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури вобаста ба коидахои бехатарии харакат дар рох ва истифодаи воситахои наклиёт – ба бинои хизматии макомоти корхои дохили ё бинои хизматии дигар макомоти давлати;

– аз чониби шахсони мансабдори Бозрасии харбии автомобили хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури вобаста ба коидахои бехатарии харакат дар рох ва истифодаи воситахои наклиёт аз чониби ронандагони воситахои наклиёти Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон – ба бинои комендатураи харби ё кисми харби;

– аз чониби шахсони мансабдори макомоти назорати риояи конунгузори дар бораи хифз ва истифодаи мухити зист, фонди чангал, олами хайвонот ва наботот, захирахои мохи, коидахои шикор ва мохидори хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури дар сохаи дахлдор – ба бинои хизматии макомоти корхои дохили ё бинои дигар макомоти давлати;

– аз чониби хизматчиёни харбии макомоти сархади, дигар хизматчиёни харби, шахсони мансабдори макомоти корхои дохили, инчунин дигар шахсони ичрокунандаи вазифаи хифзи Сархади давлатии Чумхурии Точикистон хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури доир ба химоя ва хифзи Сархади давлатии Чумхурии Точикистон – ба бинои хизматии макомоти сархадбон, бинои хизматии макомоти корхои дохили, бинои хизматии кисми харби ё бинои макомоти худидоракунии шахрак ва дехот;

– аз чониби шахсони мансабдори макомоти гумрук хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури дар сохаи конунгузори оид ба гумрук – ба бинои хизматии макомоти гумрук;

– аз чониби шахсони мансабдори макомоти андоз хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури дар сохаи конунгузори оид ба андоз – ба бинои хизматии макомоти андоз;

– аз чониби шахсони мансабдори макомоти назорати маводи нашъаовар, хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури дар ин соха – ба бинои хизматии макомоти назорати маводи нашъаовар  ё макомоти корхои дохили;

– аз чониби шахсони мансабдори макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури дар ин соха – ба бинои макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия;

– аз чониби хизматчиёни харби ва кормандони макомоти системаи ичрои чазои чинояти хангоми ошкор намудани хукуквайронкунии маъмури дар муассисахои системаи ичрои чазои чинояти ва тавкифгоххои тафтишоти – ба бинои хизматии муассисаи системаи ичрои чазои чинояти ё макомоти корхои дохили.

  1. Шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, аз руи имкон бояд дар мухлати кутох ба бинои хизматии макомоти дар кисми 1 моддаи мазкур зикргардида оварда шуда, у барои тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури наметавонад аз ду соат зиёд нигох дошта шавад.
  2. Дар бораи овардани шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст протокол тартиб дода мешавад ё дар протоколи хукуквайронкунии маъмури ва ё дар протокол дар бораи дастгиркунии маъмури сабти дахлдор карда мешавад. Нусхаи протокол дар бораи овардани шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, ба шахси овардашуда бо хохиши у супорида мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …