Главная / Чамъият / Овардани дузах ба арасот

Овардани дузах ба арасот

Овардани дузах ба арасот

Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам фармуданд, ки дузахро хафтод хазор махор аст, яъне чои кашидан. Хар махореро хафтод хазор фаришта мекашаду меоварад. Хануз миёни дузах ва ахли арасот чандсола рох монда бошад, дузах  чунон мегуррад, ки тамоми пайгамбарон аз аввал то охир ба ду зону дарафтода мегуянд: нафси, нафси, яъне, эй бор Худоё, худи моро начот дех.

Аз тарсу хайбати киёмат умматону хешу табори худро фаромуш карда, факат барои халос ёфтани худашон дуо мекунанд. Дар он хол аз ахли арасот хеч кас бар по истода  намонад, магар хазрати Мухаммади Мустафо салаллоху алайхи  ва саллам, ки истода бошаду асо ба даст гирифта ва чодари  шафоат бар душ.

Дузахро бинад меояд пурчушу хуруш ва аз хашм худ ба худ мечушад. Чун хазрати Наби салалоху алайхи ва саллам дузахро бинад, ки ба он чушу хуруш меояд, пеши дузах равад.

Хитоби Хазрати Худованд даррасад, ки, эй дузах, хабиби моро мутеъ ва фармонбардор бош.

Чун Саиди олам салаллоху алайхи ва саллам наздики дузах расад, бонг бар дузах занад, ки, эй дузах, сокин бош.

Дузах сокин шаваду гуяд: – Ё Расулаллох, маро бо ту чи  кораст, чун Хак таъоло харом гардонида аст бар ман гушти туро?

Дар он хол, ки хамаи пайгамбарону расулони мукаррам  нафси, нафси, – гуянд ва хазрати Мухаммади Мустафо  салаллоху алайхи ва саллам уммати, уммати, гуяд.

Эй осии бечора, вакте ки пайгамбарони бокамоли нубувватро хол чунин бошад, хеч медони, холи мо осиёни харобрузгор чи гуна хохад шуд?!

Рузест рузи фардо пурвахму шуру гавго,

Окил чаро насозад имруз кори фардо?

Халкон чунон бигирянд аз хайбати киёмат,

К-аз оби чашми эшон гардад замин чу дарё.

* * *

Рузи киёмат рузест, ки мард аз бародари худ, фарзанд аз модару падари худ, шавхар аз зани худ ва падар аз писар бигурезад.

Эй бародару; хохари азиз, ёд кун аз он соат, ки туро дар мавкифи хисоб бидоранд ва як-як гунохи туро ба руи ту оранд ва агар мункир шави, дасту пои ту бар ту гувохи диханд.

Имруз коре макун, ки фардо дасту пои ту бар ту гувохи диханд.

Он рузи адлу рости хохад буд, ки доди мазлумонро аз золимон бигиранд, то хадде ки агар гусфанди шохдор бар гусфанди бешох зулм карда бошад, онро чазо хоханд дод. Он гох дигар хайвонот, ки гайри фариштагону одамиёну париён ва девон бошанд ва он чи Худои таъоло хоста бошад, ки монад фармон шавад. ки хок шавед ва хама хок шаванд. “Ва якулул кофиру ё лайтани кунту туробо”.

Одами кофир чун он холро бинад, орзу кунад, ки эй кошке, хук ё хар мешудаму ин вакт хок шуда, аз азоб халос мешудам. Шайтон низ дар он руз иззату акроми одамизодро дида, орзу мекунад, ки эй кош, ман хам аз хок мебудам ва намегуфгам, ки ман аз одам бехтарам, то имруз иззату икром меёфтам.

Хар киро номаи аъмоли у ба дасти роста у диханд, хисоби вай осон бошад.

Фардои киёмат чун номаи аъмоли бандаро ба дасташ диханду дар номаи худ як неки набинад, гуяд: – Худовандо,- агарчи ин гунохон кардаам, аммо ба сафхои чамоат низ хозир шудаам ва некихо низ кардаам, хикмат чист, ки дар номаи худ имруз хама бади мебинам?

Фармон расад, ки, эй банда, ин бадихои ту аст, ки бар як руи нома навиштаанд. Некихои туро дар тарафи дигар навиштаанд, ту бадихои худро бихон, то бидони, ки чи кори бадкардаи.

Банда баланд-баланд хонданро cap кунад.

Фармон расад, ки, эй банда, охиста бихон, то хамсоягони ту нашунаванд ва дигарон аз гунохи ту огохи наёбанд.

Бандаи бечора номаи худро хондан гирад, ба хар гунохе, ки расад, гумон кунад, ки ин соат аз вай ба вучуд омадаасг.

Чун баъда хонданро тамом кунад, сари хичолат дар пеш афканаду тарсон дил бар азоб бинихад.

Фармон расад, ки бандаи ман, харчи кардаи, биёмурзидам гуноххони туро. Аз ту афв кардам, эй банда, бихон некихои худро.

Банда хонданро, охиста cap кунад. Фармон шавад, ки, эй банда, баланд бихон то хамсоягони ту бишунаванд, ки чи некихо аз ту ба вучуд омадааст.

Банда номаи некихои худ баланд бихонад. Хитоби Хазрати парвардигор даррасад, ки, эй бандаи ман, хама некихои туро кабул кардам, ба фазли ман ба бихишт рав.

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун кофирро даьват карда шавад ба суи хисоб ва меояд фариштаи азоб ва пора кунад синаи уро ва бароварад дасти чапи уро аз паси пушти вай, дар миёни ду китфи вай. Пас дихад уро амалномаи вай ба дасти чапи у.

Гузошта мешавад дар рузи киёмат тарозуи баркаши аъмол. Як паллааш дар чониби рости арш ва ин паллаи некихо бошад. Ва нихода шавад паллаи дигар аз чониби чапи арш ва ин паллаи гунохон бошад. Дар миёни тарозу монанди куххо аз амалхои чину инс пур бошад аз некихо ва бадихо дар рузе, ки баркашида шаванд.

Гуфта шудааст, ки оварда шавад шахсеро, ки наваду нух нома дошта бошад. Дарозии хар нома ба микдори дарозии дидани чашм бошад. Дар он хатохо ва гунохони вай навишта шуда бошад. Пас дар паллаи тарозу он номахо нихода шаванд ва бароварда шавад барои у когазе мисли ангушти дасте.  Дар он навишта шудааст. ки “Ло илоха илаллох Мухаммаду-р- расулуллох”.

Чун нихода шавад ин когази калимаи тайиба дар паллаи дигар, пас вазнин шавад ин палла ба сабаби ин когази калимаи тайиба бар хама гунохони вай. Касеро, ки паллаи некихояш зиёд бошад, пас он кас дар айшу рохат аст ва  айш мекунад дар чаннат чи гунае ки хохад. Касеро ки паллаи гунохонаш зиёд бошад ва паллаи некихояш сабук бошад, пас чои бошиши у дузах бошад, наъузу биллох.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …