Главная / Илм / Осори палеолити миёнаи ТоЧикистон

Осори палеолити миёнаи ТоЧикистон

Дар Осиёи Миёна аз мархилаи баъди хаёти башари аввалия – палеолити миёна ёдгорихои фаровон боки мондааст. Ин замони нашъунамои маданияти мусте, замони мавчудияти неандерталхо буд, ки дар худуди палеолити миёна ва боло аз онхо инсони навъи имруза ташаккул ёфтааст.

Дар ин давр куввахои истехсолкунандаи чамъият нисбат ба давраи палеолити поин тезтар ба дигаргуни ру ниходанд: техникаи тайёр кардани олот зудтар такмил ёфт, шакли олатхо нав ва вазифаи онхо гуногун гардид. Одамон натанхо нигох доштани оташ, балки гирондани онро ёд гирифтанд. Навтарин усулхои статистики имкон медихад, ки дар нохияхои мухталиф, аз чумла дар Осиёи Миёна чанд махалли маскуни асрисангии миёна, ки мумкин аст мавчудияти ягон иттиходияи калони чамоатиро инъикос гардонанд, ошкор карда шавад.

Масканхои саркушода ва гори мустйе дар бисёр чойхои Осиёи Миёна, чи дар кисмхои кухсор ва чи дар дашту вохахо ёфт шуданд. Чунончи, ин кабил икоматгоххо дар Туркманистон – дар нимчазираи Красноводск ва Купетдоги Маркази, горхои кадима дар Узбекистон – дар наздикии Тошканд ва Самарканд, масканхои саркушодаи зиёд дар Точикистон – дар Фаргонаи гарби, нохияи Уротеппа, водихои хисор ва Вахш, нохияи Дангара ва нихоят, дар солхои охир осори маданияти мустйе дар Киргизистони шимоли низ кашф гардиданд.

paleolitМагоки Тешиктош дар Иттифоки Совети ва хорича шухрати зиёд пайдо намуд[1]. Вай дар наздикии шахри Тирмиз, дар вохаи Тургондарё, дар кухсори Бойсун вокеъ гардидааст. Дар ин магок панч табакаи маскун, ки неандерталхои чандин бор ба манзили кухнаи худ бозгашт намуда боки гузоштаанд, мушохида шудааст. Аз ин чо кариб 3 хазор маснуоти санги пайдо гардид, ки 339-тои он олоти комия мебошад. Дар байни онхо ду навъи олоти хеле маъмул – корд ва белчаи санги мавчуд аст. Корд хамчун олоти бурранда ва силохи шикори хизмат мекард. Белчаро барои сохту пардохти дарахт, пуст истифода менамуданд. Олатхои дигар хеле каманд. Сайди асосии шикорчиёни тешиктоши бузи кухии сибири буд, ки дар кухистони Осиёи Миёна бисёр дучор меомад. Гайр аз ин гавазн, хирс, паланг ва дигар хайвонхои хурдтарро низ шикор мекарданд.

Тасодуфан пайдо шудани часади одами ахди мустйе – писарбачаи 8–9-сола вокеаи дорои ахамияти чахони гардид. Аз вакти ин бозёфт наздик чил сол гузашта бошад хам, бостоншиносон ба ёфтани дигар косаи сари одами неандертал муваффак нашудаанд, харчанд ки холо дар мамлакати мо даххо макони мустеи маълум аст. Дар гирди часад (косаи сар ва баъзе устухонхои скелети писарбача) шоххои бузи кухи ба шакли халка гузошта шудаанд, ки аз ин метавон бо нияти муайян ба хок супурда шудани онро тахмин кард.

Коллексияи олоти сангии Тешиктош бо осори дигар магорахо пурратар гардид. Аз байни онхо магоки ба кариби ёфташудаи Обирахматро, ки дар масофаи 100 км дуртар аз Тошканд вокеъ аст, ном бурдан мумкин аст. Материалхои хафриёти ин ёдгории хеле чолиб хануз муфассалан интишор наёфтааст. Аз ин магок бештар аз 30 хазор маснуоти давраи мустйе пайдо шуд.

Дар водии Сирдарё, дар байни Ленинобод ва Навкати Кайроккум бисёр материалхои мухим ба даст расид. Олоти ду мархилаи давраи мустйе дар ин нохия бо бакияи суфахои кадимаи Сирдарё алокаманд аст. Ин олатхо дар регхои обшустаи суфахо чамъ шудаанд. Дар ин чо хам ба мисли Тешиктош аксари олотро белча ва кордхои санги ташкил мекунанд, факат фарк дар ин аст, ки онхо на аз охаксанги чахмокии зудшикан, балки аз санги сахти сумок (порфирит) сохта шудаанд.

хамаи ин ёдгорихо мутааллики маданияти ба «истилох леваллуаю мустйе» буда, бо ёдгорихои давраи мустйеи шарки Наздик шабохат доранд[2].

Вале дар чануби Точикистон якчанд ёдгорихои давраи мустйе пайдо шуданд, ки тамоман хусусияти дигар дошта, бо тамаддуни хиндустон ва соири кишвархои дар чанубу гарби Точикистон вокеъгардида наздиканд. Калонтарин махалли ин навъи осори кадима Каробура, вокеъ дар водии Вахш (наздики Чилликул) аз чониби В.А. Ранов тадкик шудааст. Вай аз силсилаи дунгихои на он кадар баланди реги иборат аст, ки руи онхоро ба гафсии ду метр сангрезахо пушидаанд. Маснуоти кадима махз аз байни хамин сангрезахо ёфт шудаанд. Чолиби диккат аст, ки дар ин махал дар катори олоти мукаррарии мустйе маснуоти махсуси санги – олоти хакикии кайроксанг – чоппер ва чоппинг низ пайдо гардид, ки бо хамин кабил маснуоти даврахои баъдинаи маданияти Суои хиндустон бисёр монанд аст.

хафриёти майдончаи назди гори Огзикичики райони Дангара барои тадкики маданияти мустйе материали фаровон дод. Аз ин чо даххо олатхои гуногуни санги, аз чумла, белчаву кордхои гуногун ба даст омад, ки хеле хуб сохта шудаанд. Инчунин бисёр устухони хайвон низ ёфт шуд, ки неандерталихо сайд карда будаанд. Дар катори устухони хайвонхои маълуме, ки то ба хол вучуд доранд, устухони карки дарозпашм ва асп барин хайвонхое низ ёфт шуданд, ки то ба рузхои мо омада нарасидаанд.

Кисми болоии табакаи маскуни (табакаи археологии) ин чо дар чои дигар вонамехурад ва иборат аз порахои ба лой часпидаи резаи устухони сангпуштхои даштиву дигар хайвонхо мебошад. Аксари устухонпорахо сухтагианд ва ин далолат мекунад, ки мардуми Огзикичик дар хамон даврахо асосан гушти сангпуштро истеъмол мекардаанд[3].

Ба ин тарика, аз давраи мустйе сар карда, дар маданияти асри сангии Осиёи Миёна мушобихати ду минтакаи бузурги палеолит – Осиёи шарки ва Миёнаро метавон мушохида намуд. Чунин наздикии маданиятхоро дертар, дар давраи неолит хам дидан мумкин аст[4]. Мутобики мадракхои навтарин, синни осори асосии давраи мустйе дар Осиёи Миёна 50–40 хазор сол мебошад.[5]

[1] Окладников А.П., 1949.

[2] Окладников А. П., 1966 б, с. 48–49.

[3] Ранов В. А., 1975.

[4] Ранов В. А., 1965 6.

[5] Окладников А. П., 1966 6, с. 45–46; инчунин Иванов И. К., 1965.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …