Главная / Илм / Осори палеолити боло

Осори палеолити боло

Тахминан 40–35 хазор сол пеш ташаккули навъи имрузаи башар Homo sapiуns сурат мегирад.

Дар ин давра асбобу олоти санги босуръат такмил меёбад. Ба ивази се-чор намуди асосии олатхои замони мустйе асбобу абзорхои гуногуни санги ба вучуд меоянд. Бо такмили асбобу олот хачми онхо хурдтар ва василахои шикор низ бехтар мегардад.

Дар давраи палеолити боло ташаккули кабилахо шуруъ мешавад: кавми модари, ки аз гурухи экзогамии одамони бо риштахои хеши ва умумияти насаби модари бахампайваста фарохам омада буданд, дар хамин давра ба дарачаи рушду такомули худ мерасад.

Палеолити болои Осиёи Миёна кам тадкик шудааст. Зохиран, баръакси давраи мустйе, шароити табии на дар хамаи нохияхои Осиёи Миёна барои зиндагонии одамони он давр мусоид буд. Мухимтарин ёдгории палеолити боло кароргохи Самарканд мебошад, ки дар даруни худи шахр вокеъ гардидааст. Дар байни хазорон маснуоти аз се табакаи маскуни бадастомада абзорхои мухталиф, аз кабили белча, корд, асбобхои тарошанда, буранда ва гайра мавчуданд. Соли 1964 аз ин чо чоги одами палеолити боло ёфт шуд. Сардори хафриёт Д.Н. Лев чунин тахмин дорад, ки одамони ин кароргох дар манзилхои аз гил ва камиш сохташуда мезистаанд. Ганимати шикори онхо асосан асп, хар, гови вахши, шутур, охуи дашти, гусфанди вахши ва гавазн будааст[1].

paleolit-2-225x300Дигар ёдгории палеолити боло махаллест, ки бо номи «Хочагор» машхур буда, дар водии хурди силсилакухи Туркистон, дар наздикии дехаи Чоркух вокеъ аст[2]. Ин ёдгори ба охири палеолити боло тааллук дорад; эхтимол меравад, ки одамон дар ин чо 15–12 хазор сол пеш аз ин, яъне дар ахди кунунии геологи зиндагони кардаанд. Табакаи маскуни ин чо махфуз намондааст, олатхои аз санги чахмок сохташударо сел руфта бурдааст[3]. Вале ин ёдгори аз чихати фаровонии анвои олоти чахмоксанг, ки бо шакл ва сохту пардохти худ аз олоти бошишгохи Самарканд фарк мекунад, чолиби диккат аст.

Солхои 1969–1970 дар бошишгохи Шугнов, ки дар болооби Яхсу вокеъ аст, чанд табакаи маскуни кашф шуд. Дар ин махал дар магзи зардхоки чарии панчохметраи сохили дарё дар вусъати калони майдон 4 табакаи маскуни палеолити боло кофта шуд. Синни табакаи кадимтарин, мувофики мадракоти геологию археологи 35–30 хазор сол ва синни табакаи навтарин, мувофики усули радиокарбонии муайян кардани сана, 1050 сол мебошад. Аз ду табакаи аз хама боло бештар аз хама олоти мехнат ёфта шуд. Табакахои маскуни бошишгохи Шугнов чунон чойгир шудаанд, ки чихати стратиграфии онхо возех ба назар мерасад ва ин ба археологхо имкон медихад, ки инкишофи тадричии маданияти палеолити болои Точикистонро равшан тасаввур намоянд[4].

Ба мадракхои дигар низ истинод намуда, мумкин аст гуфт, ки дар Осиёи Миёнаи ахди палеолити боло ду анъанаи техники мавчудияти худро давом медод, ки яке бо палеолити Осиёи шарки ва Сибир (кароргохи Самарканд) ва дигаре бо палеолити Осиёи Пеш (Хочагор) алокаманд буд.

[1] Лев Д. Н., 1965.

[2] Окладников А. П., 1964, с. 170.

[3] Несмеянов С. А., Ранов В. А., 1964.

[4] Ранов В. А., Никонов А. А., Пахомов М. М., 1976.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …