Главная / Чамъият / Осорхонахо ва фонди осорхонахо

Осорхонахо ва фонди осорхонахо

Конуни Чумхурии Точикистон

Дар бораи осорхонахо ва фонди осорхонахо

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2012, №7, мод. 688; КЧТ аз 19.03.2013с. №957)

Конуни мазкур асосхои хукукии фаъолияти осорхонахо ва фонди осорхонахоро дар Чумхурии Точикистон мукаррар намуда, муносибатхои чамъиятиро дар ин соха танзим карда, хукуки конститутсионии шахрванлонро чихати бахрабардори аз ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон таъмин ва хифз менамояд.

осорхона

Боби 1.  Мукарароти умуми 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода шудаанд:

осорхона – муассисаи гайритичоратии фарханги, ки бо максади дарёфт, бакайдгири, нурухбанди, баркароркуни, нигохдори, тахкик ва намоиши оммавии ашё ва коллексияхои таърихию фарханги таъсис дода мешвад;

сарвати таърихию фарханги –ашёи осорхонавие, ки дорои ахамияти умумибашари,таърихи, илмию бадеи ва фарханги буда, дар осорхонахои давлати, гайридавлати ва коллексияхои шахси чамъовари ва нигохдори карда мешавад;

ашёи осорхонави- ашёи арзишманди кадими ё муосир, ки таърих,сифат ё нишонахои махсусаш барои чомеа хифз, омузиш ва намоиши оммавии онро зарур месозад;

коллексияи осорхонави- мачмуи ашёхои осорхонави, ки аз руи хусусиятхои умумии пайдоиш, намуд ва дигар нишонахо дар фонди осорхона гурухбанди шудаанд;

фонди осорхона– мачмуи ашёи осорхонави, ва коллексияи осорхонави, ки ба таври доими дар осорхона карор доранд ва тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мавриди истифода истифода карор мегиранд;

Фехристи давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон – хуччати бахисобгирие, ки маълумоти заруриро дар бораи хар як ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон дар бар мегирад;

комиссияи харидори – макоми машварати экспертии осорхона, ки масъалаи интихоб ё харидории ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии дорои ахамияти таърихию фархангиро барраси менамояд;

харидории ашёи осорхонави ва коллексияи осорхониви – яке аз воситахои асосии чамъовари, нигохдори ва хифзи ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави;

экспертизаи иллми ашёи осорхонави – намуд фаъолияти илми – тахкикоти оид ба мавриди тахкикот, тахлил ва арзёбии илм корор додани ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави, ки арзиши таърихию фарханги ва зарурати харидории онхоро бо хулоса тасдик менамояд;

нигохдори – яке аз намудхои асосии фаъолияти осорхона, ки шароити модди ва хукукии хифзи ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавиро таъмин мекунад;

табъу нашри ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави – яке аз шаклхо асосии фаъолияти осорхона, ки хадафашон бо рохи тахия кардан ва ба табъ расонидани махсулоти чопи, ташкили намоишхои оммави, интишор дар нашрияхо ва дигар воситахо ба ахли чомеа дастрас намудани ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави мебошад. 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи осорхонахо ва Фонди осорхонахо

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи осорхонахо ва Фонди осорхонахо ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикстон онхоро эътироф кардааст иборат мебошад.  

Моддаи 3. Назорати давлатии осорхонахо ва Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон

  1. Дар Чумхурии Точикистон назорати давлатии осорхонахо ва Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон ба зиммаи макоми ваколатдори давлатии сохаи фарханг мебошад.
  2. Макоми ваколотдори давлатии сохаи фарханг аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Боби 2. Осорхонахо дар Чумурии Точикистон  

Моддаи 4. Таъсис ва фаъолияти осорхонахо дар Чумхурии Точикистон

  1. Осорхонахо дар Чумхурии Точикистон бо тартиби макаррнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад.
  2. Барои таъсиси осорхона инхо заруранд:

– ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавие, ки шумора ва арзиши таърихию фархангиашон бо хулосаи экспертизаи илми тасдик карда шудааст;

– бинои хифзшаванда ва тачхизоти барои нигохдори ва намоишии ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави мувофик;

– сарчашмахои маблаггузори.

  1. Фаъолияти осорхонахо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, оинномаи онхо ва карорхои муассис (муассисон) сурат гирифта, онхо метавонанд фаъолияти даромадноки барои максадхои оинномавиашон заруриро амали намоянд. Осорхонахо хукук доранд бевосита дар бинои осорхона фуруши расмхо, суратхо, китобхо, тухфахо ва дигар ашё бо истифодаи тасвири бино ва иншоот, рамзхои осорхона, ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии дар онхо тачассумёфтаро ба рох монанд.(КЧТ аз 19.03.2013)
  2. Дар бинои осорхона фаъолияти дигар ташкилотхо, ба истиснои фаъолияти муваккатии бо осорхона мувофикшудаи муассисахои эксперти тахкикоти ва баркарорсози оид ба экспертиза, тахкик ва баркарорсозии ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави, манъ аст.

Моддаи 41. Осорхона-мамнуъгох
1. Осорхона-мамнуъгох намуди махсуси осорхона мебошад, ки дар худуди объектхои мероси таърихию фархангии ба мамнуъгохи таърихию фарханги мансуббуда ва манзарахои табиии ба онхо алокаманд таъсис дода мешавад. Дар мавриди зарури дар худуди чунин мамнуъгох истехсолоти анъанави ва дигар намуди фаъолият тибки оинномаи он амали карда мешавад.
2. Осорхона-мамнуъгох тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар худуди худ хифзи объектхои мероси таърихию фарханги ва дастрасии шахрвандонро ба онхо таъмин менамояд, нигохдори, омузиш ва таргиби объектхои зикршударо ба рох мемонад, инчунин барои хифзи табиат ва туризм шароит фарохам меорад. (КЧТ аз 19.03.2013 № 957)  

Моддаи 5. Максади таъсиси осорхонахо дар Чумхурии Точикистон

Осорхонахо дар Чумхурии Точикистон бо максади зерин таъсис дода мешаванд:

– нигохдории ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави;

–  пурагардонии фонди осорхонахо бо рохи харид ва ташкили экспедитсияхо ва харфиёт;

– омузиш ва тахкикиашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави;

– нашри маълумот дар бораи ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави;

– омузиш ва тахкики мероси таърихию фарханги берун аз осорхона;

– мунтазам ташкил кардани намоишхои оммавии ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави;

– таргиби ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон дар хорича ва ташкили намоиши ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии хоричи дар Чумхурии Точикистон;

– ташкили мунтазами намоиши ашёи касбу хунархои кадима, малака ва тачрибаи истехсоли ашёи арзиши таърихию фархангидоштаи муосир. 

Моддаи 6.Бархамдихии осорхонахо дар Чумхурии Точикистон

  1. Осорхонахо дар Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бархам дода мешавад.
  2. Хангоми бархамдихии осорхонахои давлати ашёи осорхонавива коллексияи осорхонавии он тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба дигар осорхонахои давлати вобаста карда мешавад ва дар ин хусус макоми ваколатдри давлатии сохаи фарханг карор кабул менамояд.

Боби 3. Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон 

Моддаи 7. Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон

  1. Фонди осорхонахоиЧумхурии Точикистон аз ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави иборат буда, кисми таркибии мероси таърихию фархангии халки Чумхурии Точикистон ба хисоб меравад.
  2. Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон аз кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон ва кисми гайридавлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон иборат аст.

Моддаи 8. Шаклхои моликият ба ашёи осорхонавии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон

  1. Ашёи осорхонави ва колексяи осорхонавии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон моликияти давлати ва хусуси буда наметавонад.
  2. Ашёи осорхонави ва колексияи осорхонавии кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон хусуси гардонида намашвад. 

Моддаи 9. Тартиби харидории ашёи осорхонави ва колексияи осорхонави

  1. Харидории ашёи осорхонави ва колексияи осорхонави тавассути комисияи харидори амали мегардад.
  2. Вазифаи комисияи харилори бо рохи харидан, таъмини хифз нигохдори, баркароркуни ва ба шахрвандон дастрас кардани сарватхо таърихию фарханги мебошад.
  3. Сарватхои таърихию фарханги дар асоси хулосаи экспертизаи илми ва санади комисияи харидори бо имзои хамаи аъзои он барои Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон харидори мешавнд. Хулоса экспертизаи илми бо мухри осорхона ва имзои эксперт тасдик карда мешавад.
  4. Воситахои молиявие, ки барои харидории ашёи осорхонави ва колексияи осорхонави пешбини шудаанд, ба дигар максадхо истифода бурда намешаванд. 

Моддаи 10. Дохил кардани ашёи осорхонави ва колексияи осорхонави ба Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон

  1. Ашёи осорхонави ва колексияи осорхонави дар асоси хулоса экспертизаи илми аз чониби макоми ваколатдори давлатии сохаи фарханг ба Фонди осорхонахои Чумхурии Тоочикистон дохил карда мшаванд.
  2. Тартиби ба Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон дохил кардани ашёи осорхонави ва колексияи осорхонави бо Низомномаи Фонди осорхонахои умхурии Точикистон, ки онро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик кардааст, муайян карда мешавад.
  3. Ба молики ашёи осорхонави ва колексияи осорхонавии кисми гайридавлатии  Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон аз чониби макоми ваколатдори давлати сохаи фарханг шаходат номаи дахлдор дода мешавад. (КЧТ аз 19.03.2013с. №957) 

Моддаи 11. Хорич кардани ашёи осорхонави ва колексияи осорхонави аз Фонди осорхонахои Чумхурии Точкистон

  1. Ашёи осорхонави ва колексияи осорхонави дар асоси хулоса экспертизаи илми аз чониби макоми ваколатдори давлатии сохаи фарханг аз Фони осорхонахои Чумхурии Точикистон хорич карда мешавад.
  2. Тартиби аз Фонди осорхонахои Чумхурии Точкистон дохил кардани ашёи осорхонави ва колексияи осорхонавиро Низомномаи Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
  3. Ашёи осорхонави ва колексияи осорхонави аз Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон аз рузи дар Фехристи давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон ба кайд гирифтани маълумот дар бораи хорич намудани онхо хорич кардан мешаванд. 

Моддаи 12. Фехристи давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон

  1. Фехристи давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точкистонро макоми ваколатдори давлатии сохои фарханг тартиб медихад.
  2. Тартиби пешбурди Фехристи давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад. 

Моддаи 13. Воридот ва содтроти ашёи осорхонави ва колексияи осорхонави

  1. Ашёи осорхонави ва колексияи осорхонавии Фонди осорхонахои Чумхурии Точкистон аз чониби молик ё шахси ваколатдори он тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар асоси шаходатномаи дахлдори макоми ваколаидори давлатии сохаи фарханг аз худуди Чумхурии Точикистон содир карда мешаванд.
  2. Ашёи осорхонави ва колексияи осорхонавии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон аз чониби шахсони вокеи ва хукуки бо тартиби мукаррарнамудаи коннунгузории Чумхурии Точикистон муваккатан аз худуди Чумхурии Точикистон содир карда мешавад.
  3. Сарватхои таърихию фарханги ба худуди Чмхурии Точикистон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ворид карда мешаванд.

Боби 4. Кисми давлатии фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон 

Моддаи 14. Кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикисион

  1. Ашёи осорхонави ва колексияи осорхонавие, ки осорхонахои давлати ва дигар ташкилотхо аз хисоби бучети давлати,  маблаги муассисон ва динар воситахо харидори мекунанд, ба кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон дохил карда мешаванд.
  2. Кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон таксимнопазир аст. 

Моддаи 15. Дасигирии давлатии кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхури Точикистон

  1. Дасигирии молияви, шароити нигохдори ва истифодаи ашёи осорхонави ва колексияи осорхонавии кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон ба зиммаи Хукумати Чумхурии Точикистон ва макомоти махаллии хокимияти давлати мебошад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макоми ваколатдори давлатии сохаи фарханг бо максади хифзи ашёи осорхонавии нодири таърихию фарханги, бехдошти фаъолияти осорхонахои бузург, ки ашёи осорхонавии мухимро хифзу нигохдори мекунанд ва чихати харидории ашёи осорхонави ва колексияи осорхонавие, ки ахамияти сарвати таърихию фарханги доранд карорхои дахлдор кабул карда метавонад. (КЧТ аз 19.03.2013с. №957)

Моддаи 16. Бегона кардани ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон

  1. Ашёи осорхонави ва колексияи осорхонавии кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон бегона карда намешавад.
  2. Дар холатхои нобуд ё гум шудани ашёи осорхонави ва колексияи осорхонави макоми ваколатдори давлатии сохаи фарханг дар хорич кардани ашёи осорхонави ва колексияи осорхонавии кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон карор кабул менамояд. 

Моддаи 17. Идоракунии оперативии ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон

  1. Ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонаваии кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон бо максади идоракунии оперативи ба осорхонахои давлати ва дигар муасисахои давлати вобаста карда мешаванд.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ба осорхонахои давлати ё дигар муасисахои давлати додани хукуки идоракунии оперативии ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон  карор кабул мекунад.
  3. Осорхонахои давлати ё дигар муасисахои давлатие, ки ба онхо хукуки идоракунии оперативии ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон дода шудааст вазифахои зеринро амали менамояд.

– хифз ва таъмини бехатарии ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави;

– тахия ва нигохдории хуччатхои бахисобгирии ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави;

– истифодаи ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави бо макасадхои илми, маърифати, фарханги ва эчодию истехсоли.

Моддаи 18. Назорати давлатии кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон

Назорати давлатии кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон аз чониби макоми ваколатдори давлатии сохаи фарханг дар шаклхои зерин амали мегардад:

– санчиши холати хифз ва шароити нигохдории ашёи осорхонави ва коллнесияи осорхонави;

– ирсоли дархост ва дарёфти маълумот оид ба ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави, ки барои амали намудани бахисобгирии давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон зарур аст. 

Боби 5. Кисми гайридавлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон 

Моддаи 19. Кисми гайридавлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон

Ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон, ки ба кисми давлатии он мансуб нестанд, кисми гайридавлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон ташкил медиханд. 

Моддаи 20. Дохил кардани ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави ба кисми гайридавлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон

Ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави ба кисми гайридавлатии Фонди осорхонхои Чумхурии Точикистон дар асоси аризаи молики онхо ба тартиби мукарарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дохил карда мешавад. 

Моддаи 21. Хорич кардани ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави аз кисми гайридавлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон

Дар холатхои нобуд ё гум шудани ашёи осорхонави ва коллексияхои осорхонавии осорхонаи  гайридвалати макоми ваколатдори давлатии сохаи фарханг тибки конунгузории Чумхурии Точикистон онхоро аз кисми гайридавлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон хорич мекунад. 

Моддаи 22. Нигохдори ва бакайдгирии ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии кисми гайридавлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон

Ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии кисми гайридавлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон бояд тибки Низомномаи Фонди осорхонаи Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта, нигохдори карда шаванд. 

Моддаи 23. Назорати давлатии холати нигохдории кисми гайридавлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон ва фаъолияти осорхонахои гайридавлати дар Чумхурии Точикистон

Назорати давлатии холатхои нигохдории кисми гайридавлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон ва фаъолияти осорхонахои гайридавлатиро макоми ваколатдори давлатии сохаи фарханг дар шаклхои зерин амали менамояд:

– санчиши холати хифз ва шароити нигохдории ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави;

– аз молики ашёи осорхонави ва коллнексияи осорхонави талаб намудани тнгйири макон ё бехбуди шароити хифзу нигохдории ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави;

– ирсоли дархостхо ва дарёфти маълумот оид ба ашёи осорхонави ва коллнексияи осорхонавии осорхонахои гайридавлати, ки барои амали намудани бахисобгирии давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон зарур аст. 

Моддаи 24. Дастгирии давлатии осорхонахои гайридавлати ва кисми гайридавлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон

Макоми давлати дар доираи ваколатхои худ метавонад дастгирии давлатии осорхонахои гайридавлати ва кисми гайридавлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон дар шаклхои зерин амали намояд;

– чалб намудани муассисахои давлати ба баркарорсозии ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави;

– дар холаихо зарури дар хазинахои давлатинигохдори намудани ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави;

– кисман чуброн намудани харочоти таъмини бехатарии ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави. 

Моддаи 25. Ахдхо оид ба ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии кисми гайридавлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон

  1. Хангоми ичрои ахдхо оид ба ихтнёрдори кардани (тухфа кардан, хариду фуруш) ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии кисми гайридавлатии Фонди осорхонахои умхурии Точикистон тухфагир ё харидор ухдадор аст, киухдадоридар шартнома ё конун нисбат ба ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави пешбинишударо ба зимма бигирад. Дар ин маврид давлат хукуки афзалиятноки харидори дорад. Тибки хукуки афзалиятнок харидории ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавиро аз номи давлат макоми ваколатдори давлатии сохаи фарханг амали менамояд.
  2. Хангоми ба мерос гирифтани ашёи осорхонави ва коллексяи осорхонавии кисми гайридавлатии Фонди осорхонахо Чумхурии Точикистон меросгиранда ухдадор аст, ки тамоми масъулият меросгузоро нисбат ба ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави ба зимма гирад. Агар дар васиятнома мукаррароти дигар пешбини нашуда бошад, баъди ба мерос гирифтани ашё осорхонави ва коллексияи осорхонави меросгир хукук дорад, ки ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавиро тибки салохдиди худ ихтиёрдори намояд. (КЧТ аз 19.03.2013с. №957)
  3. Агар меросгир ухдадорихои худро нисбат ба ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии бамеросгирифтааш ичро накунад ё ба таври номатлуб ичро кунад, давлтхукук дорад, ки тибки конунгузории Чухурии Точикистон ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавиро харидори намояд.
  4. Ахдхо оид ба тухфа кардан, хариду фуруш ё ба мерос гирифтани ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии кисми гайридавлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистоназ рузи бакайдгири дар Фехристи давлатии Фонди осорхонахои Чухурии Точикистон эътибор пайдо мекунад.

Боби 6. Таъмини дастрасии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон 

Моддаи 26. Дастраси ба ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон

  1. Ба шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд ашёи оморхонави ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонахои Чмхурии Точикистон дстрас мебошад.
  2. Тартиби дастрас намудани ашёи осорхонави ва коллексияи осоррхонавии Фонди Чумхурии Точикисторо Хукумати Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 27. Нашри маълумот дар бораи ашёи осорхонави ва коллексияхои осорхонави

  1. Хукуки нашри нахустини маълумот дар бораи ашёи осорхонави ва коллексяи осорхонави ба осорхонае додо мешавад, ки ашёи осорхонави ва коллексияи осорхонави ба он вобаста шудаанд.(КЧТ аз 19.03.2013с. №957)
  2. Осорхонахо вобаста ба ичрои вазифахои илмию тахкикоти ва илмию маърифати дар нашри маълумот оид ба ашёи осорхонави ва коллексяи осорхонавии худ мустакил ва масъуланд.
  3. Хукумати Чумхурии Точикистон барои нашри маълумот оид ба ашёи осорхонави ваколлнексияи осорхонавии кисми давлатии Фонди осорхонахои Чумхурии Точикистон заминаи модди фарохам меорад. 

Боби 7. Хамкорихои БайналмилалИ

Моддаи 29. Хамкорихои Байналмилали

  1. Осорхонахои Чумхурии Точикистон дар хамкорихои байналмилалии сохахои осорхонашиноси, таърихнигори, бостоншиноси,иттилооти, инчунин дар чаласа ва конфиренсияхои байналмилали оид ба масъалахои марбут ба фаъолияти осорхонахо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ширкат меварзанд.
  2. Осорхонахои Чумхури Точикистон хукук доданд, ки ба созмонхои фархангии байналмилали хамрох шуда, дар татбики барномахои марбут ба масъалахои соха иштирок намоянд. 

Боби 8. Мукарророти ХотимавИ 

Моддаи 30. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки Конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 31 Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи осорхонахо ва фонди осорхонахо»

Конуни Чумхурии Точикистон сз 28 феврали соли 2004 «Дар боари осорхонахо ва фонди осорхонахо» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии ТОчикистон, с 2004, №2, мод. 47; с. 2007, №5, мод. 373) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор додо шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон

Ш. Душанбе

3 июли соли 2012

№838

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …