Главная / Гуногун / Окибати пири

Окибати пири

Бо тоифае донишмандон дар чомеи Димишк бахсе кардам, ки чавоне даромаду гуфт:
– Дар ин миён касе хаст, ки забони порси бидонад?
Голиб ишорат ба ман карданд. Гуфтамаш:
– Хайр аст?
Гуфт:
– Пире саду панчохсола дар холати назъ аст ва ба забони порси чизе хамегуяд ва мафхуми мо намегардад. Агар ба карам ранча шави, музд ёби, шояд, ки васияте хамекунад.

Даме чанд, гуфтам, барорам ба ком,
Дарегро, ки бигирифт рохи нафас.
Дарегро, ки дар хони алвони умр
Даме хурда будему гуфтанд: «Бас!».

Маони ин суханро ба араби ба шомиён хаме гуфтаму таачуб хаме карданд ва умри дарозу таасуфи у хамчунон бар хаёти дунё.
Гуфтам:
– Чи гуннаи дар ин холат?
Гуфт:
– Чи гуям аз ин вартаи холи махуф.

Надидаи, ки чи сахти хаме расад ба касе,
Ки аз дахонаш бадар мекунанд дандоне.
Киёс кун, ки чи холат бувад дар он соат,
Ки аз вучуди азизаш бадар равад чоне.

Гуфтам:
– Тасаввури марг аз хаёлат бадар кун ва вахмро бар табиат мучтавли магардон, ки файласуфони Юнон гуфтаанд: «Мизоч гарчи мустаким бувад, эътимоди бакоро нашояд ва мараз гарчи хоил, далолати кулли бар халок накунад». Агар фармои табиберо бихонам, то муоличат кунад. Дида бар кард, бихандид ва гуфт:

«Даст бар хам занад табиби зариф.
Чун хариф бинад уфтода хариф.
Хоча дар банди накши айвон аст,
Хона аз пойбаст вайрон аст.
Пирмарде зи назъ менолид,
Пирзан сандалаш хаме молид.
Чун мухаббат шуд эътидоли мизоч,
На азимат асар кунад, на илоч!».

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …