Главная / Чамъият / Окибати бекор кардани фарзандхондии кудак

Окибати бекор кардани фарзандхондии кудак

Моддаи 143-и Кодекси оила. Окибати бекор кардани фарзандхондии  кудак 

  1. Дар сурати фарзандхондиро бекор кардани суд хукуку ухдадорихои байни фарзандхондшуда ва фарзандхондаю хешовандонаш катъ гардида, хукуку ухдадорихои байни кудак ва падару модару хешовандонаш баркарор карда мешаванд, агар инро манфиати кудак такозо кунад.
  2. Дар сурати бекор кардани фарзандхонди, кудак бо халномаи суд ба падару модараш супурда мешавад. Дар сурати набудани падару модар, инчунин агар ба падару модар супурдани кудак хилофи манфиати у бошад, кудак барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба макомоти васояту парастори дода мешавад.
  3. Суд хамчунин масъалаи нигох доштан ё надоштани ном, номи падар ва насаби кудакро, ки бо сабаби фарзандхонди ба у дода шудаанд, хал менамояд. Дигар кардани ном, насаб ё номи падари кудаки ба синни дахсолаги расида танхо бо розигии у мумкин аст.
  4. Суд бо назардошти манфиати кудак, хукук дорад фарзандхондкардагони собикро ухдадор созад, ки ба андозаи мукаррарнамудаи моддахои 81 ва 83 хамин Кодекс барои таъминоти кудак маблаг пардозанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …