Главная / Чамъият / Окибати акди никохи беэътибор донисташуда

Окибати акди никохи беэътибор донисташуда

Моддаи 31-и Кодекси оила. Окибати акди никохи беэътибор  донисташуда

 Акди никохе, ки суд беэътибор донистааст, ба истиснои холатхои дар кисмхои 4 ва 5 хамин модда мукарраргардида, хукуку ухдадорихои дар Кодекси мазкур пешбинигардидаи зану шавхарро ба миён намеоварад.

  1. Нисбати молу мулки якчоя бадастовардаи шахсоне, ки акди никохашон беэътибор дониста шудааст, меъёрхои Кодекси граждании Чумхурии Точикистон дар бораи моликияти умумии сахми истифода мешавад. Ахдномаи акди никохе, ки зану шавхар бастаанд (моддахои 41-43 Кодекси мазкур), беэътибор дониста мешавад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  2. Беэътибор донистани акди никох ба хукуки кудаконе, ки аз ин акди никох таваллуд ёфтаанд ё дар давоми сесад рузи баъди беэътибор донистани акди никох ба дуньё омадаанд, таъсир намекунад (кисми 2 моддаи 49 хамин Кодекс).
  3. Хангоми баровардани халномаи дар бораи беэътибор донистани акди никох суд метавонад хукуки зан ё шавхарро, ки баъди бастани чунин акди никох хукукаш поймол гардидааст, барои мутобики моддахои 90, 91 хамин Кодекс аз зан ё шавхари дигар гирифтани таъминот эътироф намояд, нисбати таксими молу мулки то рузи беэътибор донистани акди никох бадастомада бошад, метавонад мукаррароти дар моддахои 34, 38-39 хамин Кодекс муайянгардидаро татбик кунад, инчунин шартномаи акди никохро пурра ё кисман беэътибор донад.

Зан ё шавхаре, ки дар натичаи бастани акди никохи аз чониби суд беэътибор донисташуда хукукаш поймол гардидааст, хукук дорад мувофики коидахои пешбининамудаи конунгузории граждании Чумхурии Точикистон чуброни зарари модди ва маънавии ба у расонидашударо талаб намояд. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1395)

  1. Зан ё шавхари софдил хангоми беэътибор донистани акди никох хукук дорад насаберо, ки хангоми сабти акди никох интихоб намудааст, нигох дорад. (КЧТ аз 26.11.15г., №1239)
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …