Главная / Чамъият / Окибатхои шикоят кардан ва эътироз овардан

Окибатхои шикоят кардан ва эътироз овардан

Моддаи 154-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Окибатхои шикоят кардан ва эътироз овардан 

  1. Шикоят кардан ва эътироз овардан ичрои карорро ба истиснои ичрои карор оид ба таъин кардани чазо дар намуди хабси маъмури бозмедорад.
  2. Пас аз гузаштани мухлати барои шикоят кардан ё эътироз овардан муайянгардида судяе, ки карорро баровардааст, парвандаро бо шикоят, эътироз ва эродхои нисбат ба он расида ба суди мархилаи кассатсиони мефиристад ва дар ин бора  шахсонеро, ки  шикоят ё эътироз овардаанд, огох мекунад.
  3. Шахсе, ки аз руи карор шикоят кардааст ва эътироз овардааст, хукук дорад онро то огози мачлиси суди мархилаи кассатсиони бозхонад.
  4. Шахсе, ки аз руи карор шикоят кардааст ва эътироз овардааст, хукук дорад онро тагйир дихад ё шикоят ё эътирози худро бо далелхои нав пурра кунад. Зимнан дар эътирози иловагии прокурор ё дар шикояти шахс дар бораи тагйир додани шикоят, хамчунин дар шикояти иловагии чабрдида ё намояндагони онхо, ки пас аз гузаштани мухлати овардани шикоят ё эътироз ба карор пешниход шудааст‚ дар бораи бад кардани вазъи шахсе, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудааст, агар чунин талаб дар шикоят ё эътирози пештар овардашуда чой надошта бошад, масъала гузоштан мумкин нест.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …