Главная / Чамъият / Окибатхои хукукии фарзандхондии кудак

Окибатхои хукукии фарзандхондии кудак

Моддаи 137-и Кодекси оила. Окибатхои хукукии фарзандхондии кудак 

  1. Кудакони фарзандхондшуда ва авлоди онхо нисбат ба фарзандхондагон ва хешовандонашон, фарзандхондагон ва хешовандони онхо, нисбати фарзандхондшудагон ва авлоди онхо дар хукуку ухдадорихои молу мулкии ва гайримолумулкии шахси аз руи аслу насаб ба хешовандон баробар карда мешаванд.
  2. Кудакони фарзандхондшуда нисбати падару модари худ ва хешовандони онхо хукуки гайримолумулки ва молумулкии шахсиро аз даст дода, аз ухдадорихо нисбати онхо озод мешаванд.
  3. Хангоми ба фарзандхонди кабул кардани кудак аз тарафи як шахс, агар фарзандхондкунанда мард бошад, хукукхои гаримолу мулкии ва молумулкии шахси ва ухдадорихо бо хохиши модар ва агар фарзандхондкунанда зан бошад бо хохиши падар нигох  дошта шуда метавонад.
  4. Агар яке аз падару модар вафот карда бошад, он гох бо хохиши падару модари вафоткарда (бобою бибии кудак) хукуку ухдадори нисбат ба хешовандони волиди вафоткарда метавонанд нигох дошта шаванд, агар инро манфиати кудак талаб кунад. Хукуки падару модари падар ё модари фавтида барои муошират бо кудаки фарзандхондшуда мутобики моддаи 67 хамин Кодекс амали мегардад.
  5. Дар хусуси нигох доштани муносибатхои кудаки фарзандхондшуда бо яке аз падару модар ё бо хешовандони падар ё модари вафоткарда дар халномаи суд оид ба фарзандхонди зикр карда мешавад.
  6. Окибати хукукии ба фарзандхонди гирифтани кудак, ки дар кисмхои 1 ва 2 хамин модда пешбини шудааст, сарфи назар аз сабти фарзандхондкардагон ба сифати падару модар дар санади сабти таваллуди кудак фаро мерасад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …