Главная / Гуногун / Окибатхои харобиовари чангхои феодали (ибтидои асри XIX)

Окибатхои харобиовари чангхои феодали (ибтидои асри XIX)

Аз чангхое, ки барои ишголи Хучанд, Уротеппа, Чиззах ва Шахрисабз ба вукуъ омаданд, маълум мешавад, ки дар хар як-якуним сол шахр ва атрофи он ба харобазор табдил меёфт. Хони Хуканд Олимхон (1800-1810) дар яке аз лашкаркашихояш ба сарбозонаш амр намуд, ки шахрро тороч кунанд. Дар натича, мувофики маълумоти шохиди вокеа дар шахр «ба чуз хоку санг хар он чи ки ин вилояти пурбаракат дошт, рабуданд». Ахолии бокимондаи Уротеппа, марду зан, бо пои луч ва тани нимбарахна, нолаву фигонкунон, мисли гадоён ба назди сарбозони хон омада, холи табохи худро баён мекарданд ва хуроку пушок металабиданд. Шоира Дилшоди Барно (1900-1965) дар хотирахои худ навиштааст, ки ишголгарон аввал дехахоро горат карданд, богхо, пулхо ва иморатхои беруни шахрро оташ заданд. Баъди ба шахр зада даромадан, сарбозон, нукарон ва мукаррабони хони Хуканд хона ба хона гашта, моли мардумро талаву тороч, фосики ва беномуси мекарданд. Дар хар чо дорхо сохта буданд. Аз субх то шом одамонро катл мекарданд. Дехахо тамоман валангор гардида, киштзорхо поймол ва сузонда шуданд. Ахоли гуруснаги мекашид ва халок мешуд.

istaravshan-gorod-gde

Чангхои пурдавом чойхои дигарро низ хароб карда буд. Масалан, ишголи калъаи мустахками Шахрисабз ба кушуни Бухоро муяссар нагардид, сарбозони истилогар дехахои атрофи онро горат ва хароб менамуданд. Хар сол бахорон амир Насрулло барои нобуд кардани киштзорхои галла дастахои савораи худро ба мазрахои Шахрисабз равон мекард. Дар натича гуруснаги cap мезад, нархи галла ва дигар хурокворихо багоят баланд мешуд. Мардуми зиёде ба халокат мерасид ё худ ба куххо баромада мерафтанд.

Тачовузкорон ахолиро натанхо горат мекарданд, балки асир карда, ба чойхои дигар мебурданд ва мисли гуломон кор мефармуданд. Тавре ки каблан хам зикр карда будем, соли 1816 хони Хуканд Умархон, баъд аз ишголи Уротеппа зиёда аз ду хазор одамро ба катл расонда, сездах хазори дигарро асир карда, ба даштхои беоби мулки худ бурд. Асирон дар муддати хафт сол хукуки барои худ хонасози надоштанд. Бо кувваи онхо шахре бино шуд, ки хони номбурда онро Шахри Хон номид.

Дар натичаи чангхои пайдарпай ахолии шахрхо ва микдори заминхои корам кам мешуданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …